Имрӯзҳо, бар асоси қонуни танзими пӯшиши занон, дар саросари кишвар, кӯчаҳову бозорҳо, мактабу донишгоҳҳо, рӯзномаву шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу сарусадоҳо атрофи масъалаи рӯсарӣ (ҳиҷоб) ба вуҷуд омадааст. Дар ин баҳсҳо фишору мушкилиҳо аз ду ҷониб эҳсос мешавад:
а) Аз як тараф, барои худи ҳукумат ва давлат;
б) Аз тарафи дигар, мазлумият ва фишори болои занон.
Гурӯҳе, ки ҳукуматро танқид мекунанд, мегӯянд, чаро мақомоти қудратӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ болои занон фишор меоранд, рӯсариву рӯймолҳои онҳоро ба зӯрӣ аз сар мекананд ва ба корхонаҳои давлатӣ ё ҷойҳои ҷамъиятӣ роҳ намедиҳанд. Онҳо инро поймолкунии озодии шахсӣ медонанд.
Гурӯҳи дигар, ки аз занон дифоъ мекунанд, чунин рафторро зулм медонанд ва бар онанд, ки дар бархӯрд бо занони мусалмон табъиз вуҷуд дорад яъне рафторе, ки нисбат ба дигар пайравони адён дида намешавад.
Мутаассифона, ин нофаҳмиҳо, тафсири ғалат ва татбиқи нодурусти қонунҳо сабаб шудаанд, ки номи ҳукумат ва қонунҳои кишвар дар чашми ҷомеаи ҷаҳонии исломӣ бад ҷилва кунад ва ситаму зулми баъзе мансабдорон ба гардани ҳукумат баста шавад. Дар ҳоле ки дар асл, ҳадафи қонун, огоҳсозӣ ва ҷилавгирӣ аз он гурӯҳе аз занон аст, ки либосҳои зоҳиран исломӣ, вале бегонаро бо рӯймолҳои сиёҳу ниқобдор ба хотири таблиғи таассубу бегонапарастӣ мепӯшанд, на аз рӯи тақво. Ҳукумат бо либоси миллӣ ва рӯймоли тоҷики зид нест.
Афсӯс, ки баъзе масъулон “барои худро дар чашми болоён ширин кардан”, ба ҷойи татбиқи дурусти қонун, амалҳои зӯрӣ мекунанд ва на танҳо обрӯи ҳукуматро мебаранд, балки бар зидди дини Худо ва шариат ҳам амал менамоянд.
Хусусан ҳамин гуна афрод бо рафтори худ диндоронро чунон бад ҷилва медиҳанд, ки баъзе мусалмонон аз ҳиҷобашон шарм медоранд ё дар зиндагии шахсӣ ба душвориҳо дучор мешаванд. Мисолҳо бисёранд: ихроҷи донишҷӯдухтарон аз донишгоҳ барои пӯшидани рӯймол, маҳрум шудан аз ҷойи кор, мондан миёни ду роҳ — ё диндору бекор бошанд, ё кор кунанду аз рӯймол даст кашанд.
Охир, кӣ бештар мазлум аст аз зане, ки ҳиҷобаш боиси радди ҷомеа бошаду нимбараҳнагияш боиси фахр?
Ин гуна рафторҳо ва тарғибҳо хилофи арзишҳои динӣ, инсонӣ ва миллӣ мебошанд. Пӯшиши як зани тоҷик — либоси пӯшида ва рӯймол — на танҳо арзиши динӣ, балки ҷузъи фарҳанги миллӣ аст. Баръакс, либоси нимбараҳнаи аврупоие, ки гӯё “бо матои миллӣ” дӯхта шудааст, вале қисматҳои урёни баданро намоён мекунад, на танҳо арзиши миллӣ нест, балки намунаи бегонапарастӣ аст.
Ин тоифа, ки худро “ислоҳкор” мепиндорад, дар амал мисли ҳамон гурӯҳҳое ҳастанд, ки бо ниқобу ҳиҷобҳои резинӣ, фарҳанги бегонаи салафиву ваҳҳобиро таблиғ мекунанд. Яке бо номи дин дини Худоро бадном мекунад, дигаре бо номи арзишҳои миллӣ — давлату миллатро. Ҳарду гурӯҳ фарҳанг, дин ва ҳувияти миллиро зери хатар мегузоранд.
Шармандагии бештар он аст, ки баъзе омӯзгорону устодоне, ки бояд рамзи ахлоқ ва ҳидоят бошанд, тарғибгари беиффатӣ мешаванд. Ҳатто ҳолатҳое вуҷуд дорад, ки муаллим аз донишҷӯ сигор ё нос талаб мекунад.
Кадом ақли солим метавонад бипазирад, ки рамзи арзиши миллӣ он бошад, ки рӯсарии занонро бигиранд? Оё арзиши миллӣ барои ҷомеаи мусалмоннишин ин аст, ки занонро нимбараҳна гардонанд? Ҳеҷ гоҳ.
Арзиши миллӣ он аст, ки инсон ба он ифтихор кунад. Шиносномаи зани мусалмон рӯсарии ӯст ва фарз буда аз ҷониби Худо.
Миллате, ки занонашро нимбараҳна кунад, мардонашро бепарво ва беҳаё месозад. Оё чунин миллатро метавон дар миёни ҷаҳони ислом ва инсоният боиззат номид?
Мо чӣ гуна метавонем аз кишварҳои аврупоӣ, ки дар онҳо писарон бо модаронашон зиндагӣ мекунанд, падари худро намешиносанд, мард бо мард издивоҷ мекунад, ва зан бо зан фарзанд ба фарзандхонӣ мегиранд, ибрат гирем?
Касоне, ки бо номи қонун ва дастур аз боло рӯсарии занонро ба зӯр аз сар мекашанд, бояд донанд, ки онҳо фармонро нодуруст фаҳмидаанд. Қонуни Тоҷикистон зидди пӯшиши мазҳабии бегона аст (мисли пӯшиши салафиву ваҳҳобӣ), на зидди рӯймоли сар ва пӯшиши миллии тоҷикона. Ислом барои пӯшиши зан модели мушаххасе таъйин накардааст. Тоҷик метавонад рӯймоли сар ва либоси миллиро, ки аврати занро мепӯшонад, ба унвони ҳиҷоб пӯшад ва ҳеҷ қонун бо ин мухолифат надорад.