Сипос Худовандеро, ки суханварон аз сутудани ӯ оҷизанд, ва ҳисобгарон аз шумориши неъматҳои ӯ нотавон, ва талошгарон аз адоиҳаққи ӯ дармондаанд. Худое, ки афкори жарфандеш зоти ӯро дарк намекунанд ва дасти ғаввосони дарёи улум ба ӯ намерасад.
Парвардигоре, ки барои сифоти ӯ ҳадду марзе вуҷуд надорад, ва таърифи комиле наметавон ёфт, ва барои Худо вақте муайян ва саромаде мушаххас наметавон таъйин кард… Сароғози дин худошиносӣ аст, ва камоли шинохти Худо бовар доштани ӯ, ва камоли бовар доштани Худо шаҳодат ба ягонагии ӯст, ва камоли тавҳид ихлос, ва камоли ихлос Худоро аз сифоти махлуқот ҷудо кардан аст. Зеро ҳар сифате нишон медиҳад, ки ғайр аз мавсуф, ва ҳар мавсуфе гувоҳӣ медиҳад, ки ғайр аз сифат аст. Пас касе ки Худоро бо сифати маҳлуқот таъриф кунад, ӯро ба чизе наздик карда, ва бо наздик кардани Худо ба чизе, ду Худо матраҳ шуда, ва бо тарҳшудани ду Худо аҷзое барои ӯ тасаввур намуда, ва бо тасаввури аҷзоъ барои Худо ӯро нашинохта аст.
Иди Наврӯз яке аз идҳои миллии форси тоҷик аст,ки ба истилоҳ кӯҳансол аст, ки накам умр аз шаш ҳазорсола дорад. Наврӯз, ки қарнҳои дароз аст бар ҳамаи ҷашнҳои ҷаҳон фахр мефурӯшад, аз он рӯ “ҳаст”, ки як қарордоди маснуии иҷтимоӣ ва ё як ҷашни таҳмилии сиёсӣ нест; ҷашни ҷаҳон аст ва рӯзи шодмонии замин, осмону офтоб ва ҷӯши шукуфтанҳо ва шӯри зоданҳо ва саршор аз ҳаяҷони ҳар “оғоз”. Наврӯз дасти мардумро мегирад ва аз зери сақфҳо, дарҳои баста, фазоҳои хафа, лойи деворҳои баланд ва наздики шаҳрҳо ва хонаҳо ба домани озод ва бекаронаи табиат мекашонад: гарм аз баҳор, рӯшан аз офтоб, ларзон аз ҳаяҷони офариниш ва офаридан, зебоийи боду борон, ороста бо шукӯфа, ҷавона, сабза ва муаттари,ки хамаи ин неъматхои Парвардигор хотираи хешовандии инсон бо табиатро баён месозад.
Наврӯз ҳарсола барпо мешавад. Ин ид дар рӯзи 21-уми март фаро мерасад ва дар ҳамаи кишварҳои форсизабон – Эрону Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамчунин кишварҳо минтақахои навбунёдшуда, ки дар даврони ҳукумати шурави бодасти худи шурави бо ном ҳамчун миллат ва давлат ноадлонаву ситаморона сохта шуд, ба номи – Узбакистону Қирғизистону Қазоқистону Туркманистон, ки пеш аз шурави ин давлатҳои номбар шуда сарзамини тоҷикон ва давлати (Сомониён) тоҷикон буд ин ҷашни(Наврӯз) миллии форси тоҷикро хурсандона ҷашн мегиранд ва ҳамчунин дар кишварҳои Озарбойҷон, Туркия, Руссия
(Татаристон,Догистон,Осетия),Ҳиндустон,Покистон… ҳам таҷлил мешавад.
Ойини муқаддаси Ислом дар мавриди Наврӯз, яке аз расмҳои куҳан ва решадори мо, чӣ рафторе дорад?
Наврӯз ба унвони як расми миллӣ, ҷои мазаммат ва манъ надорад, чаро ки асли Наврӯз ба унвони нишоне аз ойинҳои ботил мавриди такриму эҳтиром нест, балки фақат рангу бӯи миллӣ, аввали баҳор,чашни кишоварзон, баробаршавии шабуруз ва бумии он манзури назари мардуми мост. Ҳазрати Расули Худо (с) фармудаанд:
“Он ки суннати некеро поягузорӣ кунад ва бад-он амал шавад, барои ӯ подоши амали худаш ба иловаи монанди подоши дигар амалкунандагон (ба он суннат) хоҳад буд бидуни он ки аз подоши амалкунандагон кам шавад. Ва он касе ки суннати бадеро поя гузорад ва бад-он амал шавад, ваболи амали худаш ва дигарон бар ӯҳдаи ӯст бидуни он ки аз визру ваболи дигарон коста шавад.” (Ибни Моҷа (1/75, р 207), Табаронӣ дар Авсат (4/343, р 4386), Доримӣ дар Сунан (1/140, р 512). Ҳусайн ибни Салим дар зайли ривояти номбурда дар Сунани Доримӣ мегӯяд: исноди ривоят ба ҷиҳати Осим ҳасан аст, аммо ҳадис саҳеҳ мебошад.)
Он тавре ки дар боло зикр кардем наврӯзи ин замона ба дину мазҳаби мо ҳеҷ мухолифате ба фармудаҳои Ислом надошта ва ба эътиқоди мусулмонон ихлоле ворид нахоҳад кард.
Зеро замоне,ки Ислом омад, масоиле ки ба дини ислом халал мерасонданд, аз миён рафтанд. Аз ҷумла, дар рӯзи наврӯз оташ гирондан, аз болои оташ паридан, то ин ки гуноҳҳояшон резад, оташро муқаддас шуморидан, баҳамоии зану мард, нӯшидани шароб то имрӯз ин амалҳои зишту ширкомези ғайришаръӣ аз байн рафтаанд. Масоиле, ки ба дини ислом зиддият надошт, зарар надошт боқӣ монданд.
Дар айёми Навруз монанди хонатакони, оштикунии каҳрихо, шуруъи корҳои деҳкони, аёдати беморону куҳансолон, ба ятимон тухфа додан барин одатҳои хуби ахлокию беҳдошти анҷом дода мешавад боқи мондааст.
Навруз як чузъ фарҳанги миллии мост. Идҳои Курбону Фитр ҷузъҳои дигар. Ин ид ба хамдигар ҳеҷ ихтилофе надоранд. Ҳар кадом ба ҷои худ аст.
Мо тоҷикон тули 1400 сол аст, ки аз дини мубини Ислом пайравӣ карда баъзе аз суннатҳои исломро ба Наврӯз ва баъзе аз сунатҳои қадимаи миллиро ба дини Ислом ворид кардаем.
Ба мисоли дар рӯзи идҳои Қурбону Рамазон, ки тифлон хона ба хона мегарданду калонсолон барои онҳо тӯҳфа ё тухм медиҳанд, ин аз ҷашнгирии Наврӯз расм шудааст, на ин ки аз дини Ислом ба мо омадааст. Мардуми мусулмон ин суннатро аз Наврӯз гирифтаанд. Дигар ин ки дар рӯзи Наврӯз ояи Қуръон мехонанд ва вақте, ки деҳкон ба кишту кор шурӯъ мекунад, аз пирон дуо мегирад. Ин аз дини Ислом гирифта шудааст.Хулоса ин,ки Навруз як чузъи фарханги миллии мост ва идхои Курбону Фитр чузъи динии мо. Ин ду ид (милли ва динӣ) ба хамдигар хеҷ ихтилофе надоранд. Хар кадом ба ҷои худ аст.
Феълан Наврӯз дар шакли ҳимоят аз камбизоатон, рӯзи хушӣ ба унвони иди баҳор, эҳёи табиат ва соли нав дар миёни мардуми мусулмон боқӣ мондааст”.
Азизони ман агар мо ба манобеъ ва сарчашмаҳои динӣ бингарем, меёбем, ки хости дин, барчидани басоти сунани миллии як қавм нест, балки бар он аст, ки ин суннатҳоро самту сӯи олӣ бахшад. Дин танҳо ончиро ки бо фитрати одамӣ муғойират дорад бармечинад, чунон ки Қуръони Карим ҳурмат ва эҳтироми моҳҳои ҳаромро, ки расме ҷоҳилӣ буд, пос дошт:
“Эй касоне ки имон овардаед! Ҳурмати шаори Худо ва моҳҳои ҳаромро нигаҳ доред…” (Моида/2).
Ҳазрати Алӣ (р) дар номае ба яке аз фармондони хеш фармуданд:
“Ойини писандидаеро барҳам марез, ки бузургони ин уммат бад-он рафтор намудаанд ва ба василаи он, мардум ба ҳам пайвастаанд ва раият бо якдигар созиш кардаанд. Ва ойине магузор, ки чизе аз суннатҳои неки гузаштаро зиён расонад, то подош азони ниҳандаи суннат бошад ва гуноҳи шикастани он бар ту монад.” (Наҳҷул балоға, таҳқиқи Субҳи Солеҳ, с 431).
Дар мавриди иди Наврӯз ва ҷашн дар он, агар касе бихоҳад назари Ислом роҷеъ ба онро бидонад, роҳе ҷуз ин надорад, ки бояд бубинад манобеи исломӣ чӣ мегӯянд. Манобеи исломӣ яъне Қуръон, суханони Паёмбар (с), Аҳли байти ӯ, саҳобагон, тобеин ва тобеи тобеин.
Ривоёт дар таъйиди Наврӯз:
1) Берунӣ дар Ал-осорул-боқия оварда аст: “Овардаанд, ки дар Наврӯз, ҷоме пур аз ҳалво барои Пайғамбар (с) ҳадия оварданд. Он ҳазрат пурсид: “Ин чист?” Гуфтанд: “Имрӯз, рӯзи Наврӯз аст.” Пурсид: “Наврӯз чист?” Гуфтанд: “Иди бузурги эрониён аст.” Фармуд: “Оре, дар ин рӯз буд, ки Худованд Аскараро зинда кард.” Пурсиданд: “Аскара чист?” Фармуд: “Аскара, ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг, тарки диёр карда, сар ба биёбон ниҳоданд ва Худованд ба онон фармуд, бимиред, пас мурданд. Пас ононро зинда кард ва абрҳоро амр фармуд, ки бар онон биборанд. Аз ин рӯст, ки суннати об пошидан (дар Наврӯз) ривоҷ ёфта аст.” Он гоҳ аз ҳалво тановул кард ва ҷомро миёни асҳоб қисмат кард ва фармуд: “Кош ҳар рӯз барои мо Наврӯз буд.” (Ал-осорул-боқия, с 230).
2) Имом Бухорӣ дар Ат-таърихул-кабир аз Ҳаммод ибни Салама аз Алӣ ибни Зайд аз Сиъри Тамимӣ чунин ривоят мекунад: “Барои Алӣ(р) фолуда оварданд. Алӣ (р) пурсид: ин чист? Гуфтанд: имрӯз Наврӯз аст. Алӣ (р) фармуд: ҳар рӯзро Наврӯз кунед.” (Ат-таърихул-кабир, Бухорӣ, ҷ 1, с 414).
3)Устоди ҳазрати Имом Абуҳанифа(Р) ҳазрати Содиқ (р) ба Муалло ибни Хунайс таълим фармуда, ки чун рӯзи Наврӯз шавад, ғусл кун ва покизатарин ҷомаҳои худро бипӯш ва ба беҳтарин бӯйҳои хуш худро хушбӯ гардон ва дар он рӯз рӯза бидор. Пас чун аз намози пешин ва пасин (аср) ва нофилаҳои он фориғ шавӣ, чаҳор ракъат намоз бигузор яъне ҳар ду ракъат ба як салом, ва дар ракъати аввал, баъд аз Ҳамд, даҳ мартаба сураи “Иннно анзалноҳу…” бихон, ва дар ракъати дуюм, баъд аз Ҳамд, даҳ мартаба сураи “Қул ё айюҳал-кофирун…”, ва дар ракъати сеюм, баъд аз Ҳамд, даҳ мартаба сураи “Қул ҳуваллоҳу аҳад…”, ва дар ракъати чаҳорум, баъд аз Ҳамд, даҳ мартаба “Қул аъузу би раббил-фалақ…” ва “Қул аъузу би раббин-нос…” бихон, ва баъд аз намоз, ба саҷдаи шукр бирав ва ин дуоро бихон:
اَللّهُمَّ صَلِّ عَلى مُحَمَّدٍ وَ الِ مُحَمَّدٍ الاْوْصِيآءِ الْمَرْضِيِّينَ وَعَلى جَمِيعِ اَنْبِيآئِكَ وَرُسُلِكَ بِاَفْضَلِ صَلَواتِكَ وَبارِكْ عَلَيْهِمْ بِاَفْضَلِ بَرَكاتِكَ وَصَلِّ عَلى اَرْواحِهِمْ وَاَجْسادِهِمْ.
َاللّهُمَّ بارِكْ عَلى مُحَمَّدٍ وَ الِ مُحَمَّدٍ وَبارِكْ لَنا فى يَوْمِنا هذَا الَّذى فَضَّلْتَهُ وَكَرَّمْتَهُ وَشَرَّفْتَهُ وَعَظَّمْتَ خَطَرَهُ.
اَللّهُمَّ بارِكْ لى فيما اَنْعَمْتَ بِهِ عَلَىَّ حَتّى لا اَشْكُرَ اَحَداً غَيْرَكَ وَوَسِّعْ عَلَىَّ فى رِزْقِى يا ذَا الْجَلالِ وَالاِْكْرامِ.
اَللّهُمَّ ما غابَ عَنّى فَلا يَغيبَنَّ عَنّى عَوْنُكَ وَحِفْظُكَ وَما فَقَدْتُ مِنْ شَىْءٍ فَلا تُفْقِدْنِى عَوْنَكَ عَلَيْهِ حَتّى لا اَتَكَلَّفَ ما لا اَحْتاجُ اِلَيْهِ يا ذَا الْجَلالِ وَالاِْكْرامِ.
(Тарҷума): Бор Худоё! Раҳмат фирист бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад, авсиёи писандида, ва ҳам бар ҳамаи паёмбарон ва фиристодагонат ба беҳтарин раҳматҳоят, ва баракат деҳ бар эшон ба беҳтарин баракотат, ва бар ҷисму ҷонашон раҳмат фирист!
Бор Худоё! Бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад баракат деҳ ва ба мо дар ин рӯзе, ки бартарияш додӣ ва гиромияш намудӣ ва шарофат ва бузургияш бахшидӣ баркат деҳ!
Бор Худоё! Маро дар он чи дар он бар ман инъом кардӣ баракат бибахш, то ба ғайр аз Ту дигареро сипос накунам, ва дар рӯиям гушоиш ва вусъат деҳ, эй соҳиби ҷалол ва бузургворӣ!
Бор Худоё! Ҳар чи аз ман ниҳон бошад, пас кӯмак ва нигаҳдории ту аз ман ниҳон мабод, ва ҳар чизро гум кунам пас мабод гумам кунӣёриатро то ба ранҷу заҳмат наяфтам барои он чи мӯҳтоҷи он нестам, эй соҳиби ҷалол ва бузургворӣ!
Чунин кунӣ (эй Муалло!) гуноҳони панҷоҳ солаи ту омурзида шавад, ва бисёр бигӯ: Ё зал-ҷалоли вал-икром! (яъне эй соҳиби ҷалол ва бузургворӣ!)
(Поёни ривоят ба нақл аз Мафотеҳул-ҷинон, фасли ёздаҳум дар аъмоли ҳар моҳи нав ва аъмоли Наврӯз ва аъмоли моҳҳои румӣ, с. 517).
4) Заҳабӣ дар Сияру аъломин-нубало аз Мукаррам ибни Аҳмади Қозӣ аз Аҳмад ибни Абдуллоҳ ибни Шозони Марвазӣ аз падараш аз ҷаддаш ривоят мекунад: аз Исмоил шунидам, ки мегӯяд: ман писари Ҳаммод писари Абӯҳанифа писари Нӯъмон писари Собит писари Марзбон, аз форсҳои озода, ҳастам. Ба Худо савганд, ки ҳеҷ гоҳ дар миёни мо бардагӣ набуд. Падарбузургам (Абуҳанифа) дар соли 80 қамарӣ ба дунё омадааст. Ҷаддам Собит назди Алӣ ибни Абӯтолиб (р) рафт, дар ҳоле ки хурдсол буд, он гоҳ Алӣ (р) барои ӯ ва фарзандонаш дуои баракат кард, ва мо умедворем дуои Алӣ (р) дар ҳаққи мо ба иҷобат расад.” Сипас, ривоятро чунин идома медиҳад: “Нӯъмон ҳамон касест, ки дар рӯзи Наврӯз барои Алӣ (р) фолуда бурд. Алӣ (р) фармуд: ҳар рӯзро Наврӯз созед”. (Сияру аъломин-нубало, Заҳабӣ, ҷузъи 6, сафҳаи 395 аз Ал-мактабатуш-шомила).
Ин ривоят ҳамчунин дар Вафаётул-аъён, Таҳзибул-асмо, Тақрибут-таҳзиб, Таҳзибул-асмо, Таърихи Бағдод ва дигар манобеи мӯътабар ворид шудааст.
5) Фирӯзободӣ дар Ал-қомус овардааст: “Миқдоре ҳалво барои Алӣ (р) оварданд. Пурсид, ки ин чист? Гуфтанд, ки барои Наврӯз аст. Фармуд, ҳар рӯзи мо Наврӯз аст. Ва дар Меҳргон гуфт, ҳар рӯзро барои мо Меҳргон кунед.” (Ал-қомус, Фирӯзободӣ, ҷ 2, с 279).
Шавоҳиди дигар дар таъйиди Наврӯз аз сӯи Ислом
1) Ба эътиқоди бархе коршиносони табдили гоҳшумор, дар ҷаласаи машваратии ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) барои тақвим, Ҳурмузони тозамусалмон ширкат дошт ва тақвими шамсиро, ки бо Наврӯз шурӯъ мешавад, барои ҳозирон шарҳ кард ва халифа он тақвимро барои умури девонӣ ва хароҷ пазируфт. (Гоҳшумории ҳиҷрии қамарӣ ва мелодӣ, дуктур Ризо Абудуллоҳӣ, с. 25 ва 26).
2) Хароҷ дар давраи аббосиён бар асоси Наврӯз танзим мешудааст. (Таърихи Табарӣ, ҷ 9, с 218 ва ҷ 10, с 39 ва ҷ 11, с 203).
3) Хулафои умавӣ ва аббосӣ, ҳадияҳои Наврӯзро мепазируфтанд, ҳатто дастур медодаанд, то барояшон ирсол гардад. (Таърихи Яъқубӣ, ҷ2, с 306 ва 313).
4) Аз дербоз то кунун, Наврӯз дар сурудаҳои шоирони тозигӯ ва порсизабон ҳузури ҷиддӣ дорад, ва ин низ шоҳиде гӯё бар ҳузури Наврӯз дар фарҳанги порсиёни мусалмон аст.
Он чи камина аз ин бузургони номбар шуда нақл кардам, ҳуҷҷат аст барои тамоми мусалмонон (ҳам барои шиа ва ҳам барои аҳли суннат).
Аммо ин ки фалон кас чӣ гуфта ва фалон кас чи мегуяд дар мавриди Наврӯз ,ин ки ҳуҷҷат нест. Яъне мо набояд фикру назари як шахсро бар гардани Ислом бор кунем. Ин ки расми инсоф нест.
Пас, бояд бипазирем, ки ибрози назар дар ин мавзӯъ, чи ба мувофиқат ва чи ба мухолифат, амрест иҷтиҳодӣ, ва дар умури иҷтиҳодӣ, агар касе ба хато равад, як подош насибаш гардад, ва агар иҷтиҳодаш дуруст аз об барояд, ду подош насиби ӯст, ва дигар, маҷол барои ҷанҷолу сарусадо боқӣ намемонад. Бигузор, касе ки Наврӯзро ғайри шаръӣ медонад, бар раъйи худ бимонад ва онро ҷашн нагирад ва дар ин рӯз аз манзил берун наояд ва мотам гирад, вале агар касе онро, бо таваҷҷӯҳ ба адиллае, ки арз шуд, ҷоиз ва ғайри мамнуъ аз ноҳияи шариат қаламдод кунад, бигузор онро ҷашн гирад, ки агар гуноҳе дар миён бошад, бар гардани ӯст, на он дигарӣ.