Яке аз фирқаҳое, ки дар муқобили аксари муслимин қарор гирифта, фирқаи маъруф ба “ваҳҳобият” аст. Ин фирқа мансуб ба муассиси он, Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ибни Салмони Наҷдӣ аст. Ў касе аст, ки бо иддиои зинда кардани тавҳид ва салафигарӣ (ҳамон ақоид ва афкори Ибни Таймияро дар нимҷазираи Арабистон пиёда кард). Оли Сауд низ ҷорӣ ва пахшу интишоркунанда ва пуштибони афкори онҳо шуд. Ин фирқа аз қарни дувоздаҳум то кунун бар ҷой мондааст. Ҷо дорад бо муассиси ин фирқа ва чигунагии густариши он ошно шавем.

Шарҳи ҳоли Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб

Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар соли 1111 ҳ қ таваллуд шуд ва дар соли 1206 ҳ қ аз дунё рафт. Даврони кўдакиро дар шаҳри худ Уяйна дар Ҳиҷоз ва ба хусус Наҷд гузаронид. Баъд аз муддате вориди мадрасаи илмии ҳанбалиҳо шуд ва дар назди уламои Уяйна ба фарогирии улум пардохт.

Барои такмили дарсҳои худ, вориди Мадинаи Мунаввара шуд. Баъд аз он шурўъ ба мусофират ба кишварҳои исломӣ намуд; чаҳор сол дар Басра ва панҷ сол дар Бағдод иқомат намуд ва ба Эрон низ мусофират кард; дар Курдистон як сол ва дар Ҳамадон ду сол монд.

Онгоҳ сафаре ба Исфаҳон ва Қум намуд ва баъд аз фарогирии фалсафа ва тасаввуф, ба кишвари худ Ҳиҷоз, баргашт. Баъд аз ҳашт моҳ, ки дар хонаи худ эътикоф намуда буд, берун омад ва даъвати худро оғоз намуд.

Бо падараш ба шаҳри Ҳармала ҳиҷрат кард ва то вафоти падар дар онҷо монд; дар ҳоле, ки падараш аз ў розӣ набуд.

Аз он ҷо ки Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, ақоиди хурофии худро, ки бар хилофи оммаи мусулмонон буд ва дар ҳақиқат ҳамон ақоиди Ибни Таймия буд мунташир месохт, баъд аз вафоти падараш мардум хостанд ўро бикушанд, ки вай ба шаҳри худ Уяйна фарор кард.

Қарор шуд амири шаҳр, Усмон ибни Муаммар ўро ёрӣ кунад то битавонад афкор ва ақоидашро дар Ҷазиратулараб мунташир созад. Ва барои таъкиди ин паймон, амири Уяйна хоҳараш Ҷавҳараро ба никоҳи Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб даровард.

Лекин ин паймон ва издивоҷ давом наёвард. Ба ҳамин далел аз тарси ин ки амир ўро бикушад ба Даръия, шаҳри Мусайламаи Каззоб фарор кард.

Аз ҳамон мавқеъ, ки дар Уяйна буд, ба кўмаки амири шаҳр ба фикри иҷрои ақоид ва афкори худ баромад ва қабри Зайд ибни Хаттобро вайрон кард ва ин амр ба фитна ва ошўб кашида шуд.

Дар Даръия низ бо Муҳаммад ибни Сауд –бобои оли Сауд– ки амири он шаҳр буд, мулоқот кард. Қарор шуд Муҳаммад ибни Сауд низ, вайро ёрӣ кунад ва дар иваз, Ибни Абдулваҳҳоб низ ҳукумати вайро таъйид намояд.

Муҳаммад ибни Сауд низ ба хотири таъйиди ин паймон, яке аз духтарони худро ба никоҳи ў даровард. Аввалин кори ў ин буд, ки ҳукм ба куфру ширк ва куштани амири Уяйна дод ва сипас Оли Саудро барои ҳамла ба шаҳри Уяйна ташвиқ кард.

Дар асари он ҳамла, шумори зиёде кушта, хонаҳояшон ғорат ва вайрон шуд ва ба зану номусашон ҳам таҷовуз намуданд.

Ин гуна буд, ки ваҳҳобиҳо ҳаракати худро ба номи нусрат ва ёрии тавҳид ва мубориза бо бидъат ва ширк ва мазоҳири он, сар карданд.

Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ҳамаи мусалмононро, беистисно кофир медонист.

Ба ин фикр ва иттиҳом, ки мусулмонон ба Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ мутавассил мешаванд ва бар қубури авлиёи худ гунбад ва боргоҳ месозанд ва ба қасди зиёрати қубур, сафар мекунанд ва аз авлиёи илоҳӣ талаби шафоат мекунанд ва…(Таърихи Наҷд”-и Олусӣ. Ас-Савоиқул илоҳия”-и Сулаймон ибни Абдулваҳҳоб. Фитнатул ваҳҳобия).

Баъд аз пирўзӣ бар Уяйна ба сарзаминҳои дигар низ, лашкаркашӣ карда ва бо баҳонаи густариши тавҳид ва нафйи бидъат ва ширк ва мазоҳири он аз миёни муслимин, ба сарзамини Наҷд ва атрофи он, монанди Яман ва Ҳиҷоз ва навоҳии Сурия ва Ироқ, ҳамлавар шуданд ва ҳар шаҳре, ки ақоиди ононро қабул намекард ғорат карда, мардумашро ба хоку хун мекашиданд. (Ҷазиратул араб фил қарнил ишрин с 341.)

Баъд аз вуруд ба Аҳсо ва Фусул ва арзаи ақоиди худ, мардум бо онон байъат накарданд, дар натиҷа сесад нафар аз мардони он русторо кушта, амвол ва сарвати онҳоро ба ғорат бурданд. (Таърихул мамлакатул арабиятус Саудия 1/51.)

Ваҳҳобиён бо ин афкори хашен, сабаби эҷоди ихтилоф ва даргирӣ миёни муслимин шуданд ва истеъморро (Амрико ва Англияро) хушнуд намуданд.

То ҷое, ки Лаврид Карзун дар васфи шариати ваҳҳобият мегўяд: Ин олитарин ва пурбаҳотарин дине аст, ки барои мардум ба ҳадя оварда шудааст. (АлМухаттатотул истеъмория лимукофиҳатил Ислом с 78.)

Бо ин ки Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб аз дунё рафтааст, вале мусташриқин ва истеъморгарон, ҳамеша дар садади дифоъ аз афкори ў ҳастанд то ҷое, ки мусташриқи яҳудӣ Ҷувлад Тасҳир ўро паёмбари Ҳиҷоз хонда ва мардумро ба пайравӣ аз афкору андешаҳои ў ташвиқ кардааст. (Ҳамон китоби пешин с 105.)

Куштори бераҳмонаи шиаён дар Карбало

Куштори ваҳҳобиён дар ҳарамҳои Аҳли Байт алайҳимус салом ба ростӣ саҳифаи таърихро сиёҳ карда, лаккаи нанги ҳамешагӣ бар пешонии ваҳҳобиён ниҳодааст.

Салоҳуддин Мухтор, ки худ ваҳҳобӣ аст, менависад: Дар соли 1216 ҳ қ амири Сауд бо лашкари зиёде аз мардуми Наҷд ва Ашоири ҷануби Ҳиҷоз ва дигар нуқот, ба қасди Ироқ ҳаракат кард ва дар моҳи зулқаъда, ба Карбало расиданд.

Онҳо тамоми бурҷу бори он шаҳрро вайрон карда ва бештари мардумро, ки дар кўчаву бозор буданд ба қатл расонданд, наздики зўҳр бо амвол ва ғаниматҳои фаровон аз шаҳр хориҷ шуданд.

Онгоҳ панҷяки амволи ғоратшударо худи Сауд бардошт ва бақияро ба нисбати ҳар пиёда як саҳм ва ҳар савора ду саҳм, байни лашкариён тақсим намуд. (Таърихул мамлакатул арабиятус Саудия ҷ3 с73.)

Шайх Усмони Наҷдӣ аз муваррихони ваҳҳобӣ менависад: Ваҳҳобиён ғофилгирона вориди Калбало шуданд, биёре аз аҳли онро дар кўча ва бозор ва хонаҳо куштанд, рўи қабри Ҳусайнро вайрон карданд ва он чӣ дар дохили қубба буд, ғорат карданд ва ҳар чӣ дар шаҳр аз амвол, аслиҳа, либос, фарш, тилло ва Қуръонҳои нафис ёфтанд, бо худ бурданд. Наздики зўҳр аз шаҳр хориҷ шуданд; дар ҳоле, ки қариб ду ҳазор нафар аз аҳолии Карбалоро кушта буданд. (Унвонул маҷд фи таърихи Наҷд 1/121 ҳаводиси соли 1216 ҳ қ.)

Баъзеҳо менависанд, ки ваҳҳобиён дар як шаб, бист ҳазор нафарро ба қатл расонданд. (Таърихчаи нақду баррасии ваҳҳобиҳо с 162.)

Мирзо Абўтолиби исфаҳонӣ, дар сафарномаи худ менависад: Ҳангоми баргашт аз Ландан ва убур аз Карбало ва Наҷаф дидам, ки қариб бисту панҷ ҳазор ваҳҳобӣ вориди Карлбало шуданд ва садои: Мушриконро бикушед ва кофиронро зебҳ кунед, сар медоданд, беш аз панҷ ҳазор нафарро куштанд ва захмиҳо ҳисоб надошт.

Саҳни муқаддаси Имом Ҳусайн пур аз хун ва баданҳои сарбурида буд. Ман баъд аз ёздаҳ моҳ, дубора ба Карбало рафта будам, дидам, ки мардум, он ҳодисаи дилхарошро нақл карда ва гиря мекунанд, ба тавре, ки аз шунидани он мўйҳо бар бадан рост мешуд. (Масири толибӣ с408.)

Ваҳҳобиён баъд аз куштори бераҳмонаи аҳли Карбало ва ҳатки ҳурмати ҳарами Ҳусайнӣ бо ҳамон лашкар, роҳии Наҷафи Ашраф шуданд, вале мардуми Наҷаф ба хотири огоҳӣ аз ҷараёни қатлу ғорати Карлбало, бо омодагӣ ба дифоъ ва муқобила бархостанд ва ҳатто занҳо аз манзилҳо берун омада ва мардони худро ба дифоъ, ташвиқ ва таҳрик мекарданд то асири қатлу ғорати ваҳҳобиён нашаванд.

Дар соли 1215 ҳ қ низ гурўҳе аз ваҳҳобиён барои вайрон кардани марқади мутаҳҳари ҳазрати Амиралмўъминин Алӣ алайҳис салом ба тарафи Наҷаф ҳаракат карданд, ки дар роҳ бо гурўҳе аз бодиянишинон даргир шуда ва шикаст хурданд. (Мозии Наҷаф ва ҳозируҳо 1/325.)

Онҳо дар муддати наздик ба даҳ сол, чандин бор ҳамлаҳои сахте ба шаҳри Карбало ва Наҷаф доштанд. (Таърихи мамлакати Саудия 1/92.)

Қатли оми мардуми минтақаи Тоиф дар Ҳиҷоз

Шояд баъзеҳо тасаввур кунанд, ки ваҳҳобиҳо фақат сарзаминҳои шианишинро мавриди ҳамлаву ғорат қарор додаанд, вале бо як нигоҳе бо амалкарди онон дар Ҳиҷоз ва Шом, равшан хоҳад шуд, ки ҳатто манотиқи суннинишин низ аз ҳамлаҳои ваҳшиёнаи онон дар амон набудааст.

Ҷамил Сидқии Зуҳовии шофеӣ, дар бораи ҳамлаи ваҳҳобиён ба Тоиф менависад: Аз зишттарин корҳои ваҳҳобиён дар соли 1217 ҳ қ қатли оми мардуми Тоиф аст, ки бар хурду бузург раҳм накарданд.

Тифли ширхораро дар рўи синаи модараш сар буриданд, ҷамъеро, ки машғули фаро гирифтани Қуръон буданд куштанд. Ва ҳатто гурўҳе, ки дар масҷид машғули намоз буданд ба қатл расониданд. (Хонандагони азиз диққат дошта бошанд, ки ваҳҳобиҳо имрўзҳо низ дар кишварҳои мухталиф дар масҷид ва дар моҳи рамазон дар ҳоли намоз мусулмононро борҳо куштаанд ва бо фахр ин равишро идома медиҳанд.)

Ва китобҳое, ки дар миёни онҳо шуморе Қуръон ва нусхаҳое аз Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим ва дигар китобҳои ҳадисӣ ва фиқҳӣ буд, дар кўчаву бозор афканданд ва онҳоро поймол карданд. (Фаҷрус содиқ”-и Ҷамил Сидқӣ Зуҳовӣ с 22.)

Ваҳҳобиён пас аз қатли оми мардуми Тоиф, дар номае, уламои Маккаро ба оини худ даъват карданд. Онҳо дар Каъба гирд омаданд то ба номаи ваҳҳобиён посух гўянд, ки ногаҳон ҷамъе аз ситамдидагони Тоиф дохили Масҷидулҳаром шуданд ва он чӣ бар онон гузашта буд, баён карданд.

Мардум сахт ба ваҳшат афтоданд чандон, ки гуё қиёмат барпо шудааст. Онгоҳ уламо ва муфтиёни мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат, ки аз Маккаи Мукаррама ва дигар шаҳрҳои исломӣ барои адои маносики ҳаҷ омада буданд, ба куфри ваҳҳобиён ҳукм карданд ва бар амири Макка воҷиб донистанд, ки бар муқобила бо онон бишитобад ва афзуданд, ки бар мусулмонон воҷиб аст, дар ин ҷиҳод ширкат намоянд ва дар сурати кушта шудан, шаҳид хоҳанд шуд. (Сайфул ҷабрил маслул алал аъдо, Шоҳ Фазл Расули Қодирӣ с 2.)

Тасмим ба куштори умуми уламои аҳли суннат. Дарёдор сартип Аюб Сабрӣ сарпарасти Мадрасаи Олии Нерўи Дарёӣ дар давлати Усмонӣ менависад: Абдулазиз ибни Сауд, ки зери таъсири суханони Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб қарор гирифта буд, дар аввалин суханрони худ дар ҳузури бузургони қабилаҳо гуфт: Мо бояд ҳамаи шаҳрҳо ва ободиҳоро ба тасарруфи худ дарорем ва ҳукму ақоиди худро ба онон биомўзем. Барои таҳаққуқ бахшидан ба ин орзу, ночор ҳастем, ки олимони аҳли суннатро, ки муддаии пайрави аз суннат ва шариати муҳаммадӣ ҳастанд, аз рўи замин бардорем.

Ва ба иборати дигар мушриконеро, ки худро ба унвони уламои аҳли суннат қаламдод мекунанд, аз дами шамшер бигзаронем.

Ба хусус уламои саршинос ва мавриди таваҷҷўҳро, чун то инҳо зинда ҳастанд ҳамкешони мо рўи хуше нахоҳанд дид.

Бинобар ин бояд нахуст касоне, ки худро ба унвони олим қаламдод мекунанд, решакан намуда сипас Бағдодро тасарруф кард. (Таърихи ваҳҳобиҳо с 33.)

Боз ҳамин нависанда менависад: Сауд ибни Абдулазиз дар соли 1218 ҳ қ ба ҳангоми тасаллут бар Маккаи Мукаррама бисёре аз донишмандони аҳли суннатро бедалел ба шаҳодат расонд ва бисёре аз бузургон ва ашрофро бе ҳеҷ иттиҳоме ба дор овехт ва ҳар, ки дар эътиқодоти мазҳабӣ, худро собитқадам нишон дод, ба шиканҷаҳои гуногун таҳдид кард.

Он гоҳ мунодиёне фиристод, ки дар кўча ва бозор бонг заданд: “Мардум! Ба дини Сауд дохил шавед ва дар зери сояи густардааш ҷой гиред”(Таърихи ваҳҳобиҳо с 74.)

Хутбаи куфромези Сауд дар Мадинаи Мунаввара Сауд ибни Абдулазиз, пас аз тасарруфи Мадинаи Мунаввара, ҳамаи аҳолии Мадинаро дар масҷиди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ гирд овард ва дарҳои масҷидро баст ва ин гуна суханро оғоз намуд. “Эй мардуми Мадина! Бар асоси ояи шарифаи “Дин ва оини шумо имруз ба камол расид ва ба неъмати Ислом мушарраф шудед, ҳазрати Аҳадият аз шумо розӣ ва хушнуд гардид.

Адёни ботилаи ниёкони худро раҳо кунед ва ҳаргиз аз онҳо ба некӣ ёд накунед, аз дуруд ва раҳмат фиристодан бар онҳо сахт парҳез намоед, чун ҳамаи онҳо ба оини ширк даргузаштаанд”. (Таърихи ваҳҳобиён с 107.)

Аз байн бурдани мероси фарҳангӣ Ҳифзи таърихи гузаштагон ва мероси фарҳангии онҳо нишонгари тамаддуни як ҷомеа ба шумор меравад, ки давлатҳо барои посдорӣ аз онҳо, маконҳои махсус таъсис намуда ва коршиносони моҳир тарбият мекунанд ва дар ин замина иҷозат намедиҳанд, ки ҳатто як сафол ва ё китоби кўчаки сангӣ ҳам аз байн биравад.

Шакке нест, ки тамаддуни исломӣ, танҳо тамаддуни пештози асри худ буд, ки мусулмонон дар сояи таълимоти осмонии худ, онро поярезӣ намудаанд.

Шукуфоии ин тамаддун дар қарни чаҳорум ва панҷуми ҳиҷрии қамарӣ, ба авҷи худ расид ва бинобар шаҳодати муҳаққиқони ғарбӣ, нуфузи ин тамаддун аз тариқи Андалус ва ҷангҳои Салибӣ ба Европа, яке аз муҳимтарин сабабҳои шукуфоии ғарб ба шумор меравад.

Осор ва биноҳои марбут ба шахси Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва ёрони бовафои он ҳазрат, ҷузве аз мероси умумии ин тамадуни бузурге буда ва ҳифзу нигаҳдорӣ аз онҳо, нишонаи тақдир аз бунёнгузорони ин фарҳанг ва тамаддун ба шумор меравад.

Иқдом ба вайрон кардану аз байн бурдани ин осор, нишонаи ақибмондагии фикрӣ ва бетаваҷҷўҳӣ ба созандагӣ ва бунёнгузорони таърих ва тамаддун мебошад, ки бо гузашти замон, воқеияти таърих ва асолати динӣ, ба дасти фаромўшӣ супорида мешавад.

Ва аз ҳама муҳимтар, сабаби ақибмондагии ангезаҳои фикрӣ ва нобудии истеъдодҳои дурахшон дар ҷомеаи башарӣ мегардад.

Бо муроҷиат ба Қуръони Карим равшан мешавад, ки умматҳои пешин, барои ҳифзу нигаҳдории осори паёмбарони худ, ҳиммат мегузоштанд ва ба он табаррук меҷустанд.

Ба монанди сандуқе, ки дар он мавориси хонадони Мўсо ва Ҳорун қарор дошт ва онро дар ҷангҳо бо худ мебурданд, то бо табаррук ба он, бар душман пирўз гарданд. Худованди Мутаол дар ин замина мефармояд:“Ва паёмбарашон ба онҳо гуфт: Нишонаи ҳукумати ў ин аст, ки “Сандуқи аҳд”-ро ба сўи шумо хоҳад овард (ҳамон Сандуқе, ки) дар он оромиш аз Парвардигори шумо ва ёдгориҳои хонадони Мўсо ва Ҳорун қарор дорад.”(Сураи Бақара 248.)

Ҷалолиддини Суютӣ нақл мекунад, ки вақте Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ояи шарифаи ро дар масҷид тиловат фармуд шахсе бархост ва пурсид: Мақсад аз ин хонаҳо чист? Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуд: Хонаҳои Паёмбарон.

Дар ин мавқеъ Абўбакр бархост ва ба хонаи Алӣ ва Заҳро ишора кард ва гуфт: Эй Паёмбари Худо! Ин хона аз ҷумлаи он хонаҳост, ки Худо рухсат ба рафъат ва манзилати он додааст? Ҳазрат фармуд: Оре, балки аз бартарини онҳост. (Дуррул мансури Суютӣ 6/203.)

Ин достон нишон медиҳад, ки хонаҳои паёмбарон ва солеҳин аз эътибор ва ҷойгоҳи хоссе бархурдор аст ва пайдост, ки ин манзалат, иртибот ба ҷанбаи моддӣ ва хишту гили онҳо надорад, балки ин арзиш ба хотири инсонҳои волое аст, ки дар онҷо сукунат доштаанд.

Сайру саёҳат дар кишварҳое, ки қубури анбиё ва фарзандони онон қарор дорад нишон медиҳад, ки пайравони паёмбарон, нисбат ба ҳифзи қубури онон ва сохтани биноҳои зебо бар рўи онҳо, иҳтимоми хоссе меварзиданд ва лашкари исломӣ низ ҳангоми фатҳи Шом, даст ба вайрон кардани қубури паёмбарон назаданд, балки ходимони онҳоро дар маъмурияти худ боқӣ гузоштанд. Бинобар ин, ин биноҳо то имрўз маҳфуз монда ва барои мусулмонон, балки барои тамоми муваҳҳидони ҷаҳон, ҷозибаи хоссе дорад.

Агар сохтани бино бар қубури анбиё ва авлиё, нишонаи ширк буд, ҳатман фатҳкунандагони он сарзамин, аз тарафи раҳбарони исломӣ, ба вайрон кардану нобудии он биноҳо мепардохтанд.

Китобҳои таърихӣ ва сафарномаҳо, гувоҳ бар вуҷуди садҳо оромгоҳ ва марқадҳои бошукўҳ дар сарзамини ваҳй ва кишварҳои исломист.

Масъудӣ мутаваффои 345 ҳ қ муваррихи маъруф, мушахасоти комили қубури имомони қабристони Бақиъ ва дигар Аҳли Байтро баён намудааст. (Мураввиҷууз заҳаби Масъудӣ 2/288.)

Ва Ибни Ҷубайри Андулисӣ, ҷаҳонгарди маъруфи охирҳои қарни шашум, ки машриқзаминро се бор зери пой ниҳода, дар сафарномаи худ ҳараму зиёратгоҳҳои анбиё ва солеҳин ва имомони Аҳли Байтро дар Миср, Макка, Мадина, Ироқ ва Шом муфассал баён карда ва дар зимни хусусиёти равзаи имомони Бақиъ, хусусиёти зареҳи онҳоро низ баён намудааст. (“Реҳлат”-и Ибни Ҷубайрс183, барои огоҳии бештар ба китоби “Ваҳҳобият, мабонии фикрӣ ва корномаи амалӣ” с149-179, ба таълифи донишманди фарзона ва фақеҳи тавоно ҳазрати Оятуллоҳ Субҳонӣ муроҷиат шавад.)

Вайрон кардани осори бузургони Макка

Ваҳҳобиён дар соли 1218 ҳ қ баъд аз мусаллат шудан бар Макка, тамоми осори бузургони динро вайрон намуданд.

Онон дар Муалло, қуббаи зодгоҳи Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳиро ва ҳамчунин қуббаи зодгоҳи Абўбакр ва Имом Алӣ ва ҳазрати Хадиҷаро вайрон ва бо хок яксон карданд.

Тамоми осори бостоние, ки дар атрофи хонаи Худо ва бар рўи Замзам буд, вайрон карданд ва дар тамоми манотиқе, ки мусаллат мешуданд осори солеҳинро аз байн мебурданд. Онҳо ҳангоми вайрон кардан, табл мезаданд ва ба рақсу овозхонӣ мепардохтанд. (Кашфул иртиёб с27 ба нақл аз Таърихи Ал-Ҷабарутӣ.)

Онон шақоватро баҷое расониданд, ки хонаи ҳазрати Хадиҷаро ба ҳоҷатхона табдил карданд ва тасмим доштанд, ки зодгоҳи Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳиро низ чунин кунанд, ки як шахси некўкор, дар онҷо китобхонае таъсис кард ва аз кори зишти ваҳҳобиён пешгирӣ намуд. (Насиҳатӣ лиихвонино Ан-наҷдийин.)

Оташ задани китобхонаҳои бузург

Дардноктарин корҳое, ки ваҳҳобиҳо муртакаб шуданд ва нанги он барои ҳамеша дар пешонии онон боқӣ монд, оташ задани китобхонаи бузурги “Ал-Мактабатул ҳарбия” буд, ки беш аз 60 ҳазор унвон китоби гаронқадру камназир ва беш аз 40 ҳазор нусхаи мунҳасир ба фард дошт, ки дар миёни онҳо бархе аз осори хаттии даврони ҷоҳилият ва қарордоди яҳудиён бо куффори қурайш бар зидди Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, вуҷуд дошт ва ҳамчунин осори хаттии ҳазрати Алӣ ва Абубакр ва Умар ва Холид ибни Валид ва Ториқ ибни Зайд ва баъзе аз саҳобаи Паёмбари Гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва Қуръони Маҷид ба хатти Абдуллоҳ ибни Масъуд вуҷуд дошт.

Дар ҳамин китобхона, силоҳҳои гуногуни Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва бутҳое, ки ҳангоми зуҳури Ислом мавриди парастиши мушрикон қарор мегирифт, монанди лот ва уззо ва манот ва ҳубал, мавҷуд буд.

Носир Ас-Саид аз қавли яке аз муваррихон нақл мекунад, ки ҳангоми тасаллут, ваҳҳобиён ин китобхонаро ба баҳонаи вуҷуди куфриёт дар он, ба оташ кашиданд ва ба хокистар табдил карданд. (Таърихи Оли Сауд 1/158 Кашфул иртиёб 187-324. Ас-Саҳеҳу мин сиратин набийил аъзам 1/81.Оли Сауд мин айна ило айна с47.)

Вайрон кардани осори бузургони Мадина

Оли Сауд дар соли 1344 ҳ қ ки тасаллути комил бар Ҳиҷоз ёфт, тамоми осори саҳобаро дар Мадина нобуд карданд. Монанди зодгоҳи Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн дар Мадина, қубури шаҳидони Бадр, боргоҳи имомони Бақиъ яъне Имом Ҳасан, Имом Саҷҷод, Имом Боқир ва Имом Содиқ ва Байтул аҳзоне, ки Имом Алӣ барои ҳазрати Заҳро бино карда буд ва марқади мутаҳҳари Фотима духтари Асад модари Амири мўъминон Алӣ.

Бархе аз ақоид ва фатвоҳои ваҳҳобиён:

1-Ҳаром будани рафтан ба зиёрати қубури авлиёи илоҳӣ.

2-Ҳаром будани бино бар қубури анбиё ва авлиё, ба хотири ширк донистани ин амал.

3-Ҳаром будани сохтани масҷид бар қубури авлиё.

4-Ҳаром будани намоз ва дуо хондан дар канори қубури авлиё.

5-Ҳаром ва ширк донистани табаррук ба осори анбиё ва авлиё.

6-Ҳаром будани садо задани анбиё ва авлиё баъд аз марг ва ширк донистани он.

7-Ҳурмати истиғоса ба авлиёи Худо баъд аз марг ва ширк донистани он.

8-Ҳаром будани кўмак хостан аз авлиёи илоҳӣ баъд аз марг ва ширк донистани он.

9-Ҳаром будани шафоат хостан аз авлиё баъд аз марг ва ширк донистани он.

10-Ҳаром будани қасам хўрдан ба ғайри Худо, монанди Паёмбар ё валӣ ё Каъба ва ширк донистани он.

11-Ҳаром будани қасам додани Худо ба ҳаққи набӣ ё валӣ.

12- Ҳаром будани назр барои Паёмбар ё валӣ.

13-Ҳаром будани барпоии ҷашн дар идҳо ва мавлуди анбиё ва авлиё.

14-Ҳаром будани барпоии азодорӣ дар суги авлиё.

15-Ҳаром будани равшан кардани чароғ дар сари қубур.

16-Ҳаром будани таъмири қубури авлиё ва зинат додани онҳо.

17-Ҳаром будани парпоии азодорӣ ва маҷолиси фотиҳа.

18-Ҳаром будани тавассул ба анбиё ва авлиё ва нисбати ширк додан ба он.

Мусулмонон аз дидгоҳи ваҳҳобиён

Ваҳҳобиён, танҳо худро мусулмон ва аҳли тавҳиди холис дониста ва бақияи мусулмононро мушрик ва дур аз эҳтиром медонанд, ки хонаҳояшон ҷои ҳарб ва ширк аст ва мўътақиданд, ки танҳо шаҳодат кофӣ нест, агар мусулмон ба масҷиди Расули Худо ё қасди зиёрати Расули Худо ё талаби шафоат аз он ҳазрат ва ғайра дошта бошад. Онон мўътақиданд: Касоне, ки мўътақид ба тавассул, шафоат, истиғоса ба арвоҳи авлиёи илоҳӣ, табаррук ва ғайраанд, мушриканд ҳар чанд исми мусулмонро бар худ ниҳодаанд ва чӣ басо ширки онон аз ширки мардуми замони ҷоҳилият хатарноктар аст.

Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар китоби “Кашфуш-шубаҳот” лафзи ширк ва мушрикинро бар мусулмононе, ки пайрави ақоиди онҳо нестанд тақрибан 24 бор такрор кардааст.

Ҳамчунин таъбирҳое монанди: куффор, ибодаткунандагони бут, муртаддин, мушрикин, душманони тавҳид, душманони Худо ва муддаиёни Исломро, дар ҳудуди бист бор ба кор бурдааст.

Ташобуҳи байни ваҳҳобиҳо ва хавориҷ

Бо муроҷиат ба таърихи хавориҷ ва баррасии ҳолоти онон равшан мешавад, ки дар мавориди гуногуне ин ду фирқа ба якдигар монанданд, ки ба баъзеи онҳо ишора мекунем.

1-Ҳамон гуна, ки хавориҷ орои нодир ва хилофи машҳур доштанд, монанди ин ки муртакиби гуноҳи кабираро кофир медонистанд, ваҳобиён низ ҳамаи мусулмононро мушрик медонанд.

2-Хавориҷ мўътақиданд, ки метавон дорулисломро дар сурате, ки сокинони он муртакиби гуноҳи кабира шаванд, дорулҳарб номид, ваҳҳобиён низ чунинанд.

3-Дар сахтгирӣ дар дин ва ҷумуд ва таҳаҷҷур дар фаҳми он монанди ҳам буданд, хавориҷ ба калимаи “Ло ҳукма илло лиллоҳ” чанг зада Имом Алиро аз ҳукумат барканор карданд, ваҳҳобиён низ бо мулоҳизаи бархе аз оёт ва канор гузоштани оёти дигар, ба кофир будани муслимин ҳукм намудаанд.

4-Ҳамон гуна, ки хавориҷ аз дин хориҷ шуданд, ваҳҳобиён низ бо эътиқоди хурофӣ ва ботил аз дин хориҷ шуданд. Лизо дар Саҳеҳи Бухорӣ ҳадисе омадааст, ки бар онон қобили интибоқ аст:

Бухорӣ ба санади худ аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ нақл мекунад, ки фармуд: Мардоне аз тарафи машриқзамин хуруҷ мекунанд, онон Қуръон мехонанд, вале аз гулўи онон таҷовуз намекунад, аз дин хориҷ мешаванд, ҳамон гунае, ки тир аз камон хориҷ мешавад. Аломати онон тарошидани сар аст”. (Саҳеҳи Бухорӣ китобут тавҳид боби 57 ҳадиси 7123.)

Асталонӣ дар Иршодус-сорӣ дар шарҳи ин ҳадис мегуяд: “موو قبوو المشووك” яъне аз тарафи шарқи Мадина, мисли Наҷд ва монанди он аст. (2-Иршодус сорӣ шарҳи Саҳеҳи Бухорӣ ҷ15 с626.)

Медонем, ки Наҷд маркази ваҳҳобиён ва ватани аслии онон буд, ки аз он ҷо ба дигар шаҳрҳо мунташир шуданд. Ва ҳамчунин тарошидани мўи сар ва баланд гузоштани риш, аз шиорҳо ва нишонаҳои онон аст.

5-Дар аҳодис дар васфи хавориҷ мехонем; “Онҳо аҳли Исломро мекушанд ва бутпарастонро раҳо мекунанд”. (Маҷмўъул Фатово”-и Ибни Таймия ҷ13 с32.)

Ин амал айнан дар ваҳҳобиён низ мушоҳида мешавад.

6-Абдуллоҳ ибни Умар дар васфи хавориҷ мегўяд: “Инҳо оётеро, ки дар шаъни куффор нозил гашта мегирифтанд ва бар мўъминин ҳамлу татбиқ менамуданд”. Ин амал дар ваҳҳобиён низ ҳаст.

Равишҳои даъвати ваҳҳобиён

Инон барои пешбурди ақоид ва афкори худ, аз роҳҳои мухталиф истифода мекунанд, ки ба баъзеи онҳо ишора мекунем:

1-Мубориза ва муқобила бо китобҳо

Ваҳҳобиён бо равишҳои мухталиф дар садади муқобила бо шиа ва осори илмии онон баромаданд, чун шиаи имомия бештар аз бақияи мазоҳиби исломӣ, ба матраҳ кардани мабоҳиси илмӣ, мепардозад. Чаро ин ҳама муқобила бо шиа? Агар сухани онон мутобиқ бо ҳақ аст ва дигарон бар ботил, чаро аз ботил метарсанд? Чаро монеъ аз нашри китобҳои шиа дар миёни ҷавононанд? Чаро агар як донишҷўи ваҳҳобӣ китобе аз шиа дар дасташ бошад, бояд аз маркази илмӣ берун ронда ва хориҷ карда шавад? Чаро намегузоранд соҳибони фикру андеша, худ тасмим бигиранд? Чаро осори шиа, ки дар намоишгоҳи байналмилалии китоби Миср, ки арза шуд, бояд тавассути ваҳҳобиён харидори ва сўзонида шавад? (Ас-Салафия байна аҳлис-сунна вал имомия с680.)

2-Таҳрифи китобҳо

Яке аз роҳҳои муқобила бо мухолифин назди ваҳҳобиён, таҳрифи китобҳои ҳадис ва тафсир ва таърихи аҳли суннат аст. Ривоёт ва калимотеро, ки бар зидди онон омада таҳриф мекунанд, онгоҳ супориши чопи онро ба чопхонаҳо медиҳанд. Бинобар ин, агар касе дар китоби худ ба ҳадисе истидлол карда ва масдари онро низ зикр менамуд, бо муроҷиат ба чопҳои нави замони ҳозир, он ҳадисро намеёбед, вале бо муроҷиат ба чопҳои қадим пай мебарем, ки ин ҳадис дар чопҳои баъд, ҳазф шудааст.

Хусусан ин ки саъй мекунанд бо чопхонаҳо иртибот барқарор карда ё бо онон шарик шаванд ва бо поён овардани нархи китобҳои таҳрифшуда ё бепул кардани он, ба дасти аксари ҷомеа бирасонанд.

Муҳаммад Нурӣ Дирсавӣ мегўяд: “Таҳриф ва ҳазфи аҳодис, аз корҳои доимӣ ва ҳамешагии ваҳҳобиён аст. Ба унвони намуна, Нўъмони Олусӣ тафсири падараш шайх Маҳмуди Олусиро ба номи Руҳулмаонӣ, таҳриф намуд ва матлаберо, ки ба зарари ваҳҳобиён буд ҳазф кард ва агар ин таҳриф набуд, тафсири вай аз тафосири намуна маҳсуб мешуд”.

Намунаи дигар ин ки дар китоби “Ал-Муғнӣ”-и Ибни Қудомаи ҳанбалӣ баҳси “Истиғоса”-ро ҳазф карданд, чун дар назари онон истиғоса ширк маҳсуб мешавад, онгоҳ онро чоп намуданд. Шарҳи Саҳеҳи Муслимро бо ҳазфи аҳодиси сифот, чоп намуданд. (Рудуд ало шубаҳотис-салафия”-и шайх Дирсавӣ с249.)

Намунаи дигар: “Атабӣ мегўяд: Дар назди қабри Паёмбари Гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ нишаста будам, ки аъробие омад ва гуфт: Салом бар ту эй Расули Худо, шунидам, ки Худованд мефармояд: “Ва агар ин мардум, вақте ки ба худ зулм мекунанд ба назди ту меомаданд ва аз Худо талаби омурзиш мекарданд ва Паёмбар ҳам барои онҳо талаби омурзиш мекард, Худоро тавбапазир ва меҳрубон меёфтанд”. Ба дурустӣ, ки ман ба назди ту омадам, то туро барои бахшиши гуноҳонам ба сўи Парвардигорам шафеъ қарор диҳам, сипас ин шеърро хонд: Эй беҳтарин касе, ки дар бузургтарин ҷойгоҳ дафн шудаӣ, Ҷонам фидои он қабре, ки ту дар он сокин ҳастӣ Дар он иффату ҷуд ва карам вуҷуд дорад Сипас аъробӣ баргашту рафт ва дар ҳамин лаҳза ба чашми ман хоб ғалаба кард ва ман хобидам ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳиро дар хоб дидам, ки он ҳазрат ба ман фармуданд: “Эй Атабӣ худро ба аъробӣ бирасон ва ба ў башорат деҳ, ки ба дурустӣ, ки Худованд ўро бахшид”. (Шаъб-ул-имон”-и Байҳақӣ 3/496р4178. Тафсири Ибни Касир 1/521.)

Саид Мамдўҳи шофеӣ мегўяд: «Ин қиссаро имоме, ки фазлу илми ўро ҳама қабул доранд, Нававии шофеӣ (мутаваффои 676-и ҳиҷрӣ) дар китоби «Ал-Азкор»-аш нақл карда, вале муҳаққиқи китобаш, (ки пайравӣ мактаби ваҳҳобият аст) дар чопе, ки соли 1409-и ҳиҷрӣ дар “Дорулҳудо”-и Риёзи Арабистон чоп шудааст, даст аз амонатдорӣ кашида ва ин қиссаро ҳазф кардааст. Ва ба ин таҳриф басанда накарда ва монанди онро дар ҷойҳои дигар, низ анҷом додааст, ба монанди ин ки Имом Нававӣ дар ҳамин китоби “Ал-Азкор” фаслеро ба унвони “Дар зиёрати қабри Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва зикрҳои зиёрат…» оварда аст, вале ин муҳаққиқ ин иборати Нававиро таҳриф карда ва ба ҷои иборати ў навиштааст: Фасл “дар зиёрати масҷиди Расули Худо” Сипас Саид Мамдўҳ мегўяд: Аз Худо битарсанд ин бозикунандагон (бо осори исломӣ) бубин чӣ гуна ботилро бо ботил ёрӣ мекунанд ва ин мард ботилро таъйид кард ва ба имом Нававӣ ва мазҳаби Шофеӣ нисбати дурўғ баст ва рост фармуд Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ онҷо, ки фармуд: “Агар ҳаё надорӣ ҳар чӣ мехоҳӣ анҷом бидеҳ. (”Рафъул манора» Саид Мамдўҳ с.56, дар ҳошия.)

Ин корҳо мутаассифона дар миёни онон ривоҷи фаровон дорад, хусусан нисбат ба аҳодис ва қисматҳое аз таърих, ки фазилате аз фазоили Аҳли Байт дар он буда ва ё зикре аз лағзиши хулафо ва ё яке аз саҳоба аст.

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуд: “Кадом як аз шумо вазир ва кўмаккори ман дар ин амр (амри таблиғ) хоҳад шуд то бародари ман ва чунину чунон бошад”. Баъд аз он ки Алӣ ин мақомро пазируфт, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба Алӣ фармуд: “Ту бародари ман ва чунину чунон ҳастӣ”.

Бо муроҷиат ба таърихи Табарӣ пай мебарем, ки ба ҷои казо ва казо “Васийӣ ва халифатӣ” буда, ки дасти таҳриф онҳоро ҳазф кард ва ба ҷои он, калимоти мубҳам қарор додааст, чун ин гуна аҳодис бо ақоидашон созгорӣ надорад.

Гоҳе ҳам лағзишҳои хулафо ё маноқиби Аҳли Байтро ин гуна таҳриф мекунанд, ки ба ҷои онҳо чанд нуқта мегузоранд. Хонанда намедонад, ки ба ҷои ин нуқтаҳо чӣ матолиби ҳассосе аст, ки метавонад сарнавишти таърихро иваз кунад.

Дар баъзе аз маворид низ аввал ё охири ҳадисро ҳазф мекунанд, чун бо ақоидашон созгорӣ надорад, ҳамон гуна, ки Бухорӣ дар мавориди зиёде ин чунин кардааст.

Гоҳе низ агар ҳадисро наметавонанд ҳазф кунанд, дар садади тазъифи он беҳеҷ далел ва мадраке мебароянд; ҳамон гуна, ки Ибни Таймия дар бораи ҳадиси Ғадир ва ҳадиси Вилоят ва дигар аҳодис инчунин кардааст.

Аз ҷумла шавоҳид бар таҳриф ба нуқсон, ин аст, ки бархе аз масодири ҳадисӣ, ки аз китоб нақл мекунанд, бо муроҷиат ба он китоб асаре аз онро намебинем!

Ба унвони намуна: Ҳадиси “амон”-ро, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд:

“النجوم أمان لأهل السماء فاذا ذهبت

ذهببوا و اهل بيتي أمان لأهل اللأرض فاذا

ذهب أهل بيتي ذهب أهل الأرض”

“Ситораҳо амонанд барои аҳли осмонҳо агар аз байн бираванд аҳли осмон низ аз байн мераванд ва Аҳли Байтам амонанд барои аҳли замин, агар Аҳли Байтам бираванд, аҳли замин низ хоҳанд рафт”.

Баъзе аз китобҳои ҳадисӣ аз Муснади Аҳмад нақл мекунанд, вале ин ҳадис дар он китоб мавҷуд нест.

3-Мухтасар кардани китобҳо

Яке дигар аз роҳкорҳои таблиғии ваҳҳобиён, мухтасар кардани китобҳо ва мутуни аслии ҳадисӣ, таърихӣ ва тафсирӣ аст.

Ба ин навъ, ки бахшҳоеро, ки мувофиқ ба ақоидашон нест ба унвони ин ки китобро мехоҳанд мухтасар кунанд то барои мардум бештар қобили фоида бошад, ҳазф мекунанд ва сипас онро ба чопхонаҳо медиҳанд ва бо ҳамон вазъ ба бозор арза карда гоҳе бепулу маҷҷонӣ дар байни мардум пахш мекунанд ва ин гуна, ҳақоиқро таҳриф карда ва ба унвони мусалламоти таърих, ҳадис ва тафсир, ба ҷомеа таҳмил мекунанд.

Мо бо талхиси бархе аз китобҳои тўлонӣ ва муфассал мухолиф нестем, чун имрўза башар ба хотири машғулияти зиёд, камтар метавонанд ба мутолиаи китобҳои муфассал бипардозанд, вале ба мухтасар кардани гузинишӣ ва муғризона, мухолифем.

Дар ин китобҳои мухтасари таърихӣ, таънаҳоеро, ки дар хусуси хулафо ҳатто Муовия, Язид ва баъзе аз саҳоба ворид шуда ҳазф мекунанд ва низ фазоили Аҳли Байтро аз ҷой ҷои китобҳо мебардоранд.

Дар ҳоле, ки ба аҳодиси сохташуда, ки дар шаън ва манзалати хулафо ва бархе аз саҳоба дар он китоб омада, коре надоранд! Ва маълум аст бо ин амали зишт ва ҷинояти фарҳангӣ чӣ зулме дар ҳаққи хонандагоне мешавад, ки қазоваткунандагон дар тўли таъриханд.

Ва чӣ гуна касоне, ки номуқаддасанд муқаддас шуморида шуда ва дар муқобил касоне, ки муқаддасанд ба фаромўшӣ супорида мешаванд.

4-Истифода аз мавсими ҳаҷ

Яке дигар аз равишҳои таблиғӣ, истифодаи фаровон аз мавсими ҳаҷ аст мавсиме, ки дар он садҳо ҳазор ҳоҷии мусулмон аз атрофи олам ҷамъ мешаванд. Ваҳҳобиён аз ин мавқеият ба хубӣ дар нашри афкори худ истифода мекунанд.

Мубаллиғинро байни ҳоҷиён ба забонҳои мухталиф мефиристанд ва бо баҳси илмӣ ва ҳадяи китоб ва даъват ба марокизи илмиашон -агар аз шахсиятҳои илмӣ бошад- ба таблиғи мазҳаби худ мепардозанд.

Ҳатто ахиран мушоҳида шуда, ки дар байни ҳуҷҷоҷи эронӣ китобҳои форсӣ бар зидди шиаро дар тиражи бисёр боло ба таври ройгон пахш мекунанд китобҳое, ки бисёр мармузона навишта шуда ва дар садади тасбити ақоиди худ ва тахриби ақоиди шиа ва мазоҳиби дигари исломӣ аст.

Лозим ба зикр аст, ки ақоиди пўчи ваҳҳобиён, на танҳо ба шиаён таъсир намегузорад, балки дигар мазҳаби аҳли суннат низ аз ақоид ва амалкарди онҳо безор ҳастанд. Намунаи шикасти ононро дар эҷоди гурўҳи инҳирофии Толибон ва Ал-Қоида ва саранҷоми онон метавон дарёфт.

Бинобар изҳороти яке аз бузургон, дар кишвари Тоҷикистон аз сўи ваҳобиҳо боғи бузург таҳия ва аз фарҳангиён барои тадрис дар муҳити донишгоҳ ва мадорис иқдом ба сабти ном намуда ва пас аз як давраи семоҳа, ҳудуди 400 нафар аз баргузидагонро ба Арабистон бурда ва дар донишгоҳи Ал-Исломияи Мадинаи Мунаввара таҳи ду сол давраи омўзишӣ, ақоиди ваҳҳобият ва роҳи мубориза бо фарҳанги шиа, ононро ба шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна мефиристанд.

Монанди ин кор дар Озарбойҷон низ анҷом гирифта ва ҳатто исми касонеро, ки ҳамноми имомони Аҳли Байт буданд, тағйир дода ва сипас ононро барои тарвиҷи афкори ваҳҳобият ба кишварашон фиристодаанд.

Фақат дар мавсими ҳаҷҷи соли 1381 2 миллиону 685 ҳазор ҷилд китоб ба 20 забони зиндаи дунё, ғолибан бар зидди шиа тавассути давлати Саудӣ дар миёни зоирони хонаи Худо пахш шудааст. (Маҷаллаи Миқот,шумораи 43 саҳ 198, ба нақл аз рўзномаи Уккоз таърихи 11\9\81.)

Яке аз уламои саршиноси шиа дар минтақаи Қатифи кишвари Саудӣ, дар шаби 12 раҷаб соли 1382 дар Маккаи Мукаррама изҳор дошт: Китобе, ки зидди шиа аст ба мошинҳои бузург дар минтақаи Қатиф ва Аҳсоъ дар миёни шиаён ройгон пахш кардаанд. (Ҷаридаи Ар-Раъюл оммул Кувейтия таърихи 30\6\2001 номаи мазкур дар сойтҳои мухталифи интернет қарор гирифтааст.)

Ҳамин китоб, дар кишвари Кувейт, соли 1380 сад ҳазор тираж чоп ва пахш гардид, ки тавассути донишманди мутааҳҳид ҷаноби оқои Меҳрӣ намояндаи валии фақеҳ, ба давлати Кувейт эълон гардид: Агар аз нашр ва пахши ин китоби тавҳиномез ва зиддишиа пешгирӣ нашавад, бими он меравад, ки Кувейт, ба Лубнони дигар дар минтақа табдил шавад.

5-Тўҳматҳо бар зидди шиа

Доктор Абдуллоҳ Муҳаммади Ғарбӣ яке аз нависандагони Мисрӣ дар китоби пур аз дурўғ ва тўҳмати худ “Ва ҷоа даврул маҷус” менависад:

“Наҳзати имом Хумайнӣ, як наҳзати маҷусӣ аҷамӣ ва касравӣ аст, на наҳзати исломӣ, арабӣ ва Муҳаммадӣ. (Ва ҷоа даврул маҷус с 357. )     

Ў кинатузӣ ва душманиро то онҷо пеш бурда, ки менависад:

“Медонем, ки хатари ҳокимони Теҳрон барои Ислом аз хатари яҳуд бар Ислом, сахттар аст ва аз онон ҳеҷ умеди хайре интизор намеравад ва нек медонем, ки онҳо ба зудӣ, бо яҳуд ҳамдостон шуда ва ба ҷанги бо мусулмонон хоҳанд омад! (Ҳамин китоби пешин с 374.)

Ин дар ҳолест, ки тамоми дунё медонад, ки имрўз барои ҳукумати ғосиби саҳюнистӣ, душмане сахттар аз низоми исломии Эрон вуҷуд надорад ва ифтихори ин низом ин аст, ки билофосила баъд аз пирўзии инқилоби исломӣ, сафорати давлати ғосиби Исроилро барои ҳамеша дар Эрон таътил ва ба ҷои он, сафорати Фаластинро кушод.

Доктор Носириддини Қаффорӣ аз асотиди донишгоҳи Мадинаи Мунаввара дар китоби “Усулу мазҳабиш шиатил имомия”, ки рисолаи доктории ў буд, навиштааст: (Имом) Хумайнӣ, номи худро дар азони намозҳо дохил карда ва ҳатто номи худро бар номи Паёмбар низ муқаддам намудааст. Дар Эрон, азон дар намозҳо баъд аз ба даст гирифтани (имом) Хумайнӣ ҳукуматро ба унвони ҳокими Эрон ва ҳокими ҳамаи ҷомеаи (мусулмонон) чунин аст: Аллоҳу акбар Аллоҳу акбар, Хумайнӣ раҳбар, яне Хумайнӣ пешвои мост, сипас (мегўянд:) Ашҳаду анна Муҳаммадан Расулуллоҳ. (Усулу мазҳабуш шиатул имомия 3/1392.)

Ин дар ҳолест, ки ҳар кас баъд аз пирўзии инқилоби исломӣ дар Эрон ба шаҳрҳои мухталиф ва масоҷиди ин кишвар биравад, пай ба дурўғ будани ин нисбати нораво мебарад.

Оре, он чӣ воқеият дорад ин аст, ки намозгузорон баъд аз тамом шудани намоз дар дуои ҷамъӣ, ки мехонанд раҳбарии имом Хумайниро, эълон медоранд.

Сабабҳои таҳоҷум бар зидди шиа

Яке аз ангезаҳои таҳоҷуми васеи ваҳҳобиён бар зидди мазҳаби Аҳли Байт тарсу ваҳшати онон аз густариши фарҳанги бархоста аз Қуръон дар миёни ҷавонон ва донишмандони таҳсилкарда ва истиқболи онон аз мактаби нуронии Аҳли Байт, ки мутобиқ бо суннати ростини ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳи алайҳи ва олиҳ аст.

Ба чанд намуна таваҷҷўҳ кунед:

Доктор Исом Имод, фориғуттаҳсили донишгоҳи “Имоми Муҳаммад ибни Сауд” дар Риёз ва шогирди Ибни Боз (муфтии аъзами саудӣ), имом ҷамоати яке аз масоҷиди бузурги Санъо ва аз мубаллиғини ваҳҳобият дар Яман, ки китобе низ дар исботи куфр ва ширки шиа бо номи: “Ас-Силату байнал исно ашария ва фирақул ғулот” навиштааст, зимни ошноӣ бо яке аз ҷавонҳои шиа, бо фарҳанги нуронии Ташайюъ ошно шуда ва аз фирқаи ваҳҳобият даст мекашад ва ба мазҳаби шиа мушарраф мегардад.

Доктор Исом дар китобе, ки ба ҳамин муносибат таълиф намуда, менависад:

Ва ҳар андозае, ки китобҳои бародарони худ аз ваҳҳобиёнро мехонем, ба яқинамон изофа мешавад, ки оянда барои мазҳаби дувоздаҳ имомӣ аст, чун онон (ваҳҳобиҳо) бо тундравие, ки доранд сабаби ҳаракати сареъ барои мазҳаби шиа дар байни ваҳҳобиён ва дигар мусулмонон шудаанд. (Минҳаҷул ҳадис вас-саҳеҳ фил-ҳивор маал ваҳҳобийин с178.)

Он гоҳ аз қавли шайх Абдуллоҳи Ғунаймон устоди донишгоҳи исломӣ дар Мадинаи Мунаввара нақл мекунад:

Ваҳҳобиён ба яқин дарёфтаанд, танҳо мазҳабе, ки дар оянда аҳли суннат ва ваҳҳобиятро ба тарафи худ ҷазб хоҳад кард, ҳамон мазҳаби шиаи имомӣ аст. (Минҳаҷул ҳадис вас-саҳеҳ фил-ҳивор маал ваҳҳобийин с178.)

Шайх Рабиъ ибни Муҳаммад аз нависандагони бузурги Саудӣ менависад:

“Ва аз ҷумла чизҳое, ки тааҷҷубамро зиёд карда ин аст, ки бародарони мо ва аз он ҷумла фарзандони яке аз уламои бузург ва машҳур дар Миср ва ҳамчунин толибилмоне, ки муддати тўлонӣ бо мо дар ҳалқаҳои илм ҳамнишинӣ доштанд ва низ бархе аз бародароне, ки мо гумони хуб ба онҳо доштем, ин роҳ ва равишро пеш гирифтанд ва ин роҳи ҷадид ҳамон “Ташайуъ” аст. Ва ба табиати ҳол, ман аз аввалин лаҳза дарк кардам, ки ин бародаронро монанди дигар афрод дар олами Ислом, партавҳои нуронияти инқилоби исломӣ ба ҳайрат овардааст”. (Муқаддимаи “Шиатул имомия фи мизонил Ислом с5.)

Шайх Муҳаммад Мағровӣ, аз дигар нависандагони машҳури ваҳҳобӣ мегўяд:

“Баъд аз интишори мазҳаби дувоздаҳ имомӣ дар шарқи олами исломӣ, бар ҷавонон дар кишварҳои Мағриб тарсидем…”. (Муқаддимаи “Ман саббас саҳобата вал Муовия фауммуҳу ҳовиятун с4.)

Доктор Носир ибни Абдуллоҳ ибни Алии Қаффорӣ устоди донишгоҳҳои Мадина менависад: “Ва ба таври яқин ба сабаби кўшишҳое, ки бузургони дувоздаҳ имомӣ анҷом доданд, иддае аз ҷавонони мусулмон, шиа шудаанд. Ва ҳар касе китоби “Унвонул маҷд фи таърихил Басра ван Наҷд”-ро бихонад, ин амр ўро ба ваҳшат меандозад, ки баъзе аз қабилаҳо, ҳамагӣ шиа шудаанд. (Муқаддимаи “Усулу мазҳабуш шиатил имомия ал-исно ашария 1/9.)

Ҷолибтар аз инҳо, сухани шайхи Маҷдӣ Муҳаммадалӣ Муҳаммад нависандаи бузурги ваҳҳобӣ аст, ки мегўяд:

“Яке аз ҷавонҳои аҳли суннат бо ҳолати ҳайрат ба назди ман омад. Ангезаи ҳайрати ўро ҷўё шудам, дарёфтам, ки дасти як шиа ба вай расидааст ва ин ҷавони суннӣ тасаввур карда, ки шиаён, малоикаи раҳмат ва шери бешаи ҳақ мебошанд”. (Интисорул ҳақ с11 ва14.)

Ваҳҳобият, сабаби тафриқа

Миллати мусулмон, ки бо илҳом аз раҳнамудҳои ҳаётбахши Ислом тавониста буд, пайванди бародарӣ дар миёни худ ба вуҷуд оварад ва дар сояи калимаи тавҳид дар баробари ҳуҷумҳои сахти салибиён ва қасоватҳои санавиён (Муғул) собит ва устувор бимонанд, вале бо камоли таассуф, бо зуҳури мактаби ваҳҳобият дар қарни ҳафтум, ин ваҳдат дарҳам шикаст.

Ва бо иттиҳоми нодурусти бидъат ва ширк ба мусулмонон, зарбаҳои ҷуброннопазире ба суфуфи баҳампайвастаи онон ворид сохт ва бо нобудии осори бузургони дин ва костан аз мақоми анбиё ва авлиё, дар хизмати истеъмори шуми ғарб ва душманони деринаи Ислом даромад.

Дар қарни 12 ҳ қ Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб – меҳвари аслии афкори ваҳҳобият- мусулмононро ба ҷурми истиғоса ба анбиё ва авлиёи илоҳӣ мушрик ва бутпараст қаламдод кард ва фатво бар такфири онон дод, хунашонро ҳалол ва қатли ононро ҷоиз ва амволи ононро ҷузъи ғаноими ҷангӣ, ба ҳисоб овард ва бинобар ин дидгоҳ ва ақида, ҳазорон мусулмони бегуноҳро ба хоку хун кашиданд.

Имрўз муфтиёни ваҳҳобӣ, ки амалан дар хизмати бегонагон қарор гирифтаанд, бо фатво ба ҳурмати издивоҷ бо шиа ва наҷосати зебҳи онон ва ҳурмати пардохти закот ба фуқарои шиа, роҳи ҳар гуна ваҳдатро бастаанд.

Шайх Абдуллоҳ Ҷабрин, яке аз уламои бузург ва узви Дорулфатвои Арабистон, дар посух ба суоле дар бораи кофӣ ва ҷоиз будани пардохти закот ва садақот ба фуқарои шиа мегўяд: Закот набояд ба кофир ва бидъатгузор пардохт шавад ва рофизиён (шиа) бешак кофиранд, бинобар ин агар садақа ба онҳо пардохт шуда бошад, бояд дубора пардохт гардад, чун ин садақа ба касе дода шуда, ки аз он барои куфр кўмак мегирад ва дар ҳоли ҷанг бо Ислом ва тасаннун аст, пардохти закот ба ин гурўҳ ҳаром аст.

Гуфта мешавад: Вай фатвоҳои дигаре низ бар зидди шиа содир карда, ки аз ҷумлаи он, мубоҳ шуморидани куштани шиаён аст. (Баргузидаи ахбор, шумораи 16, таърихи 7\9\80 с13.)

Ҳайъати “Доиму фатвои Саудӣ, дар посух ба суоле дар мавриди издивоҷ бо шиа менависад: “Издивоҷи аҳли суннат бо шиа ва коммунист ҷоиз нест ва агар чунин издивоҷе сурат гирифта бошад ботил аст, чун одати шиа истиғоса ба Аҳли Байт аст ва ин бузургтарин ширк ба шумор меравад. (Фатово лаҷанатуд доима лил буҳусил илмия вал ифтоъ 18/298.)

Бо ин ки ин гурўҳ, дар бораи издивоҷ бо яҳудӣ ва масеҳӣ посух додаанд: “Издивоҷи мусулмонон бо аҳли Китоб чӣ яҳудӣ ва чӣ насронӣ, дар сурате, ки аҳли фаҳшо набошад, ҷоиз аст. (Фатово лаҷанатуд доима лил буҳусил илмия вал ифтоъ 18/315.)

Ё дар китобе, ки бо ҳимояти ҳокимони Макка ва Мадина дар ҳамин солҳои ахир ба номи “Масъалатут тақриб” мунташир шуд, аввалин пешшарти ваҳдат ва тақриб бо шиаро исботи мусулмон будани шиа донистанд.

Равшан аст то вақте, ки нигариши онон ба шиа як нигоҳи берун аз мазҳабӣ аст ва бо пайравӣ аз гузаштагони худ, шиаро бадтар аз яҳуд медонанд ва виҷдони башариро зери по ниҳода ва бо душманони қасамхурдаи Ислом ҳамсадо гардидаанд, чӣ гуна мешавад ба тақриби мазоҳиби исломӣ ва ваҳдати муслимин, ки аз ниёзҳои ҷомеаи Ислом аст, даст ёфт? (Фитнаи ваҳҳобият (Салафигарӣ). Алиасғари Ризвонӣ)