Вақтҳои охир гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоии Однокласники, Фейсбук ва инчунин дар моҳвораи салафиҳои такфирӣ бо номи “Висоли Ҳақ” сару садо баланд мекунанд, ки таблиғоташон аслан ботил аст. Тӯҳмату фитнае алайҳи ҳукуматдорону уламои рӯҳонии тоҷик барномарезӣ шуда, ҳатто бадтар аз тӯҳмат ин таҳқир аст, ки он дар шакли тасвири масхараомез ва кинаварзонаву барғалат зикр намудани номи масъулони давлату милат аст. Ин роҳи мубориза барои миллати мо бегона буд. Бигзор бегона бошад, аммо нодурусту хатарзо буданаш сахт аст. Агар дурусттар нигарем, рафтори “муборизон”-и навбаромад палидонаву шайтонист. Дур намеравем, дар Осиёи марказӣ ҳеҷ миллатеро надидам, ки нисбат ба роҳбарону уламои кишвараш ба андозаи тоҷик чунин ноэҳтиромиву бадбинӣ дошта бошад. Ва ҳеҷ донишманду роҳбареро дар минтақа надидам, ки ин ҳама садоро бо гӯши кар бишнавад. Аҷабо, чунин менамояд, ки аз байн бурдани обу рӯйи миллату давлат натанҳо моро хавотир накардааст, балки раво дидаем? Агар раво надида бошем, чаро ин “муборизон”- и навбаромад бо алфози зишту хатаровар ҳар чӣ мегӯянду мо хап кардаем? Арзу норозигии онҳо дар ин буда, ки мегуянд “дар Тоҷикистон ҳукумат монеъи амри маъруф, пӯшидани ҳиҷоб, бастани масҷидҳо, тарошидани риши ҷавонон, монеъи рафтани ҷавонони поён аз синни 18-сола ба масҷид, монеъи рафтан ба ҷиҳод…” гаштааст…
Тоҷикистон рафтам, то нахуст аз ҳавои поки Ватан нафас бигирам ва ҳамчунин, воқеияти ҳаёҳуйи ҷавонони бо ном “ҷиҳодиро” таҳқиқ намоям.
“Дидам, ба чашму чашми дил…”
Субҳи 30-юми апрели 2015. Ба пойтахти кишвар фуруд омадам. Чун аз ҳавопаймо пиёда шуда, вориди толори бақайдгирӣ шудам, дидам, ки кормандони фурудгоҳ мардуми аз мусофират баргаштаро бо як тартибу интизоми хубу чеҳраҳои хандон пешвоз мегирифтанд. Ба худ гуфтам, афсӯс, ки дар гузашта ҳамеша чунин набуд, шукр, ки чунин шудааст…
Дуруд Ватан! Хуш аст, фазои Душанбе! Ҳавои басо фораму ҳамаҷо сабзу шукуфон. Ҳатто паси абрҳои пора-пора пинҳон шудани офтобро тамошо кардаму ба ваҷд омадам. Модарони тоҷикро дидам, ки пироҳани миллиро ба қавониини шаръӣ мувофиқ пӯшидаанд, хушам омад. Хушам меояд, агар хоҳарони нимбараҳнапӯш ва ҳам сияҳпӯшони ниқобдор ба ин сӯ гараванд, ки ҳам фарҳанги худисту ҳам зиннати ҷомеа.
Дар роҳ ,ба сӯйи зодгоҳам Норак аз ронанда хоҳиш намудам, суръатро аз 50 боло наронад, то бубинаму ором бигирам. Ва дидам, дар ин ду соли набуданам Тоҷикистон ҳолаш дигаргун шудааст, боз ҳам зеботару ободтар гаштааст. Роҳҳои ҳамвору рост маро ба манзил наздик мебурданд. Аз ду тарафи роҳ рақси дарахтони мевадиҳанда, биноҳои навбундёд, сабзаву гулзор, нағмасароии булбулону парандагон, шилдироси чашма эҳсоси шукргузории маро дар вуҷудам нерӯ мебахшид. Сохтумонҳои нави хонаҳои заминии дуошиёнаву сеошиёна, биноҳои навбунёди мактабу боғчаи кӯдакона, нақбҳои тавассути дили кӯҳ раҳкушо…
Ва ногаҳон… навори ҷиҳодхоҳони ноогоҳ пеши назарам меояд ва ғавғояшон дар гӯшам садо медиҳад… Ва аз худ мепурсам, ки оё иҷозат диҳем, ки ин ҳамаро ба хоку хун яксон кунанд?…
Дарёи софи Вахш чунон ҷилва медоду равон мешуд ва атрофи дарё сабзу хурам. Дарахтони сарву чанори Норак, ки дар кӯдакӣ сояаш майдони бозии ману ҳамсолонам буд…
Магар иҷозат диҳам, ки ин ҷо майдони танку тӯбӣ ифротгароён бошад?…
Мардум дар боғсароҳои назди дарёи обаш зулол, дар хонаҳои сохтаи худ осуда буданд. Намедонам, чунин нишон медоданд, ки осудаанд. Худоё, осудагиро дар ин диёру дар ин сарзамин ҳукмрон бигардон!
…Ҳама хешу табору ёру дӯстони интизори ман ба пешвозам баромаданд. Аввал чун одат, хонаву китобхонаву осорхонаи худро назар кардам ва аз азизонам, хоҳиш намудам, то дар боғчаи назди ҳавлӣ нишинем. Нишастем. Оши палав ҳам буду неъматҳои дигар низ. Аммо барои ман аз ҳама неъмати гаронарзиш шунидани садои хушҳолии наздикон ва аз дуру наздик шунидани садои идонаи парандагон ва кабки дар қафас буда, ки соҳибонаш нагузоштанд, озодаш кунам ва тамошои бозиву шеърхонии кӯдакони ба дидори мани раҳгашта…
… Ва бо хондани ояи Қуръону ғазали Саъдиву Хаёму Ҳофиз бо дӯстону ёру бародарон, шаби пурфутӯҳ гузашту субҳ шуд…
Мастиву шодист, дидори деринтизор…
Ин ҳама меҳру муҳаббат чӣ зиддияте ба дин дорад, ки онро оғуштаи хуни ҷиҳодхоҳон кунем?…
“Сафар кардам ба ҳар ҷое, ки имкон буд…”
Чун рӯзи дигар шуд вориди бозори шаҳр шудам. Дидам, растасозиву биноҳои навбунёд. Ва баъд назар афкандам бар зиндагиву гашту гозори ин шаҳр, дидам ҳеҷ масҷиде набаста, балки сохтани масҷиди нави бузург идома дошт. Мавъизаву суханрониҳо дар масҷид манъ набуд. Ва новобаста ба манъи ҷавонони то 18 сола ба масҷид, кӯдакони мактабхонро дар намозҳои асру шом рӯ ба қибла дарёфтам. Ва дар бозору роҳҳо ҳама занҳо озод буданд, яке нимбараҳнаву дигаре дар сар рӯймолу ҳиҷоб, касе монеъашон нест. Ҷавонони ришдор бо ришҳояшон кору фаъолият доштанд, касе кордорашон нест. Пас бароям маълум гашт, ки он сару садои сайтҳои интернетӣ ҳама ба ҷуз тӯҳмату дурӯғ чизе набудаст.
Ва баъди ду рӯз ба шаҳри Душанбе рафтам. Намози шомро дар яке аз масҷидҳои наздики бозори Саховат, ки чорошиёна буд хондам. Имомаш пеш аз намози шом бо баландгӯяк амри маъруф мекард ва мардум ҳам баъзеашон бо кӯдаконашон ва ин чунин ҷавонони ришдору бериш дар саф буданд. Баъди намоз ба назди имоми масҷид рафтаму ҳамсӯҳбат гашта, ӯро аз масҷидбандиву тарошидани ришу монеъи амри маъруф пурсидам ва гирифтани иҷозатнома барои ришу ҳиҷоб пурсон шудам. Ӯ гуфт, аслан чунин рафтору кирдоре вуҷуд надошта, ин ҳарфҳо ҳама бе асос аст. Чуноне, ки Шумо ҳоло шоҳид будед, бо баландгӯяк амри маъруф шуд ва дар сафи намоз кӯдакону ришдорону коркунони милиса ҳам бо сару либоси коришон намоз хонда, ҳама аз қафои кору бори худ шуданд.
Хулоса бо чунин назарсанҷиву талоши мушоҳидакорӣ ду рӯз масҷидҳои шаҳри Душанберо гаштам, ҳеҷ монеъае алайҳи диндорон надидам.
Пас аз ду рӯз ба шаҳрҳои Ҳисор, Шаҳринав, Регар сафар кардам. Дар он ҷойҳо низ масҷидҳо обод, ҷавонони ришдор ва занҳои ҳиҷобдорро дидам.
Ҳафтае бигзашт. Ба Хуҷанди бостониву шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан, Исфара рафтам ва дӯстону бародаронро зиёрат кардам. Масҷидҳои ин ҷойҳо ҳама обод ва мардумаш ҳам дар ибодату либоспӯшӣ озод буданд. Касеро монеъи ришу ҳиҷобу рафтани масҷиду бастани масҷиде надидам. Бубахшед, дағал бигӯям, ба изори касе дахолате набуд.
Ва инчунин аз имомону уламошон пурсидам, ҳама розиву хурсанд буданд ва касе чизе намегуфт. Аммо мардуму уламо аз рафтори гуруҳи ҷавонони салафишуда дар ғазабу эҳсоси хатар доштанд. Онҳо мегӯянд, ҷавонони салафишуда мехоҳанд, ҷамоату масҷиди ҷудогонае дошта бошанд. Ҳатто дар баъзе ҷойҳо гурӯҳу масҷиди ҷудогонаи худро ташкил кардаанд, ки дар он ҷойҳо мехоҳанд, дарсу таблиғоти салафигароии худро озодона дошта бошанд. Аммо мардум бо ёрии коркунони ҳукумат ҷоюу макону масҷиди ғайри расмии онҳоро мебанданд, то таблиғоти ғаразноки такфириро дар байни мардум паҳн накунанд. Ва агар фишор ҳамин бошад, фишори хубест.
Баъди ҳамаи ин диду шунид боз дилам қаноат накард. Бо коркунони амнияти кишвар ва инчунин бо аъзои Шӯрои уламои кишвар ҳамсӯҳбат шудам. Доир ба манъи ҳиҷобу тарошидани ришу бастани масҷидҳову иҷозатнома гирифтан аз барои ҳиҷобу риш пурсидам. Коркунони амнияти кишвар ва роҳбарони Шӯрои уламо ба пурсишҳо ба чунин маънӣ посух доданд, ки “аслан ҳеҷ қонуне барои манъи ҳиҷоб, бастани масҷидҳо, тарошидани ришу иҷозатнома гирифтани ришдорон вуҷуд надошта ин як тӯҳматест дар ҳаққи давлату ҳукумати мо”. Онҳо низ розӣ буданд, ки чунин ҳукуматдорон ҳеҷ гоҳ дар фикри чунин тасмим набуданд ва ҳаргиз ҳаққи диндоронро поймол карданӣ нестанд. Пас маълум мегардад, навори пурсарусадои дар Ютюб нашршуда, ки коркуни милисаи тоҷик риши ҷавонеро маҷбур метарошад, ҳеҷ рабте ба қонуне надошта, балки як сохтакорӣ ва тӯҳмат аст.
Ва инчунин расмҳои тақаллубии “иҷозатнома барои риш ва ҳиҷоб”-и истифодабарандагони Фейсбук, ки гӯё бо ситонидани андоз дар ҳаҷми 250 сомонӣ аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешудааст, ин як туҳмати ошкорое буда, мехоҳанд, миёни мардум фазои нобовариро эҷод намоянд, барангезиши фитна дар ҷомеаро ба миён оранд ва мақсадашон мардумро бо ҳам ҷангонидан аст.
Дигар мушкилоте, ки дар сари мардум балоро оварданист, мехоҳанд ин кишвари тинҷу оромро ба майдони чиҳоди шайтонии сарбурӣ мисли Ироқу Сурия, Яману Афғонистон табдил дода, боз тоҷикро ба тоҷик ҷангонанд, ин шабакаи салафия ва дифоъ аз Доъиш аст.
Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, чанд вақт инҷониб, дар фазои иттилоотии Тоҷикистон телевизиони наве бо номи «Висоли ҳақ» барномаҳои зиддидавлатӣ ва тӯҳмати ошкоро бар алайҳи уламои тоҷик ба шиъагӣ ва мардуми оддиро ба ҷанг даъват кардан, ки гӯё ҳукумат масҷидҳоро мебандаду ҳиҷобу ришро манъ карду мардумро зиндон мекунаду кишварро обод намекунаду … пахш карда истодааст, ки ҳамаи ин суханҳо як тӯҳматест, ошкоро ба алайҳи миллату ҳукумату давлати тоҷик.
Хитоб бар фитнагарон
Оғоёни фитнагар, шумо мегӯйед ҳукумати Тоҷикистон масҷидҳоро мебандад. Охир, оё чунин нест, ки шумори масҷидҳо аз шумори мактабҳо зиёд буда, сохтани масҷидҳо дар ин шабу рӯз хеле ҳам зиёд аст. Ва агар масҷидеро ҳам баста бошанд, масҷиди салафиҳои такфирист, ки бо ақидаи мазҳаби мо Имоми Аъзам душманӣ доранду фитнаро эҷод карда, хостаанд, ки аз мардум ҷудо буда, гурӯҳу ҷамоъати ҷудогонае дошта бошанд ва ё масҷидест, ки бе ҳуҷҷату бе имом буда, ки дар ҳавлии бе дару девораш гову хар мечарад. Дуруст аст, масҷид набояд чунин ҳақир бошад, ва дуруст аст, дар замони авҷи фитнагариҳо ба ҳар кас роҳ надиҳем, ки масҷид созаду худро имому пешво эълон намояд.
Ва инчунин шумо мегӯйед, ҳукумат амри маъруфро манъ кард. Ба ҷуз чанд баҳси нороҳаткунанда, ки гуфтанаш фитнаро эҷод мекунад, оё дидед, ки дар масҷиде имоми масҷидро аз сухан гуфтан манъ карда бошанд. Дониста бошед, ки агар имомеро аз имомӣ гирифта бошанд, ё мулоеро аз сухан гуфтан манъ карда бошанд, аксар маврид сабабе дорад. То ҷое, медонам, касеро, ки аз имомӣ гирифтанд, аз сабаби надоштани маълумоти динӣ, ё аз сабаби зидди мазҳаби ҳанафӣ баромаданаш, ё аз сабаби асабӣ буданаш, ё фориғуттаҳсили донишгоҳҳои салафигарои аслан ваҳобиятро хатм карданаш ва алайҳи ойинҳои миллии мо тоҷикон қиём карданаш, аз рӯйи намуна; бидъат гуфтани мавлуди Паёмбар (с) , ҳаром донистани ҷашни Наврӯз, бидъат донистани шеъру шоирӣ, пахш кардани ақидаи салафӣ ё шиъагӣ дар байни мардум, ё аз рӯйи бе асос кофиру золим эълон кардани масъулони ҳукуматро дар меҳробҳои масҷид ва ғайра.
Ва яке аз дигар даъвоҳоятон ин аст, ки мегуйед: Ҳукумат душмани дину ислом аст. Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, ҳукумат ба ҷуз гурӯҳҳои такфирии салафия касеро монеъи фаъолияташ нагаштааст, чӣ дар кишвар ва чӣ дар берун аз кишвар. Аз рӯйи намуна, касонеро ки аз кишварҳои хориҷ ба Ватан овард, онҳо бешаку шубҳа дар донишгоҳҳои Саъудии ваҳҳобия таҳсил мекарданд, ки зеҳнашонро барвақт бо ақоиди ботили салафигароӣ заҳролуд шуда буданд. Онҳо ошкоро таблиғоти салафигароӣ дошта, мардуми Тоҷикистонро мушрик дониста, ъалайҳи урфу одатҳои неки тоҷик қиём карданд ва мегуянд: “Тоҷикистон “мушрикистон” аст, мо бояд илми тавҳидро ба онҳо аз мулоҳояш саркарда омузем”, даст ба хароб кардани мақбараҳову қабристонҳо заданд, Наврӯзу шеъру мавлудро ҳарому ширк донистанд ва асли илми тасаввуфро ширку куфр хонданд, дар ҳоле, ки тамоми бузургони мо ба монанди: Абдулқодири Гелонӣ, Баҳоуддини Нақшбанд, Ҳофиз, Саъдӣ, Хаём, Румӣ, Ҷоми, Ҷунуни ҳазорон бузургони мо асосгузору пирони тариқат буданд. Ва дар он кишваре ки бар ақидаи диннии ҷавонон зиён надошт, ҳукумат монеъи онҳо нагашт. Аз рӯйи намуна ин, ки дар кишвари Русия чуноне ба ҳамагон рӯшан аст, аз сад фисад, бештар аз ҳафтод фисади намозгузорони масҷидҳо ва инчунин имомону муазинҳо аксарият тоҷиконанд ва ҳеҷ гоҳ ҳукумати Тоҷикистон ба ҳеҷ ҷавоне кор нагирифт, ба ҷуз аз нафарони салафӣ ва ҷавонони ифротгаро. Аммо ногуфта намонад, ки шаҳрвандони Ӯзбакистон аксар маврид, метарсанд, ба масҷид дароянд, аз тарси низоми Каримуф.
Ва дигар ин ки яке аз мавзӯъи рӯзи шабакаи доъишии “Висоли ҳақ”-и салафия ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳиҷобу риш гузоштанро манъ кардааст. Ва ин ҳам як тӯҳмати ошкорост, ки нодониста, нодида, аз дур истода, тӯҳмату дурӯғ гуфта, давлати Тоҷикистонро ба қавли худаш шарманда карданист. Кош, шореҳи ин шабака инсоф медошту меомад, ба чашми худ медид, ки дар пойтахти кишвари Тоҷикистон занон боҳиҷобу мардони ришдор мегарданду касе ба онҳо коре надорад. Ҳукумат танҳо норозист, аз ниқоби сиёҳ, ки як пора латаест, дар рӯйи даҳону бинии зан то чашмон, ба монанди нинза.Ниқоб на фарзасту на суннат ва на аз ойини мо…
Бо ҳазорон ормону орзуҳои нек даст бар дуост, домулло Хайриддини Абдуллоҳ, роҳбари Кумитаи дин ва фарҳан дар назди Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия.