Аз барҷастатарин хислатҳои некмардон ва озодагон, карам ва саховат аст. Ва ҳамин озодаги аз тааллуқот ва хӯи базлу бахшиш аст, ки дигаронро асири муҳаббат ва эҳсон мекунад.
“Зиёфат” ва доштани дасте боз ва суфраи гушуда ва атое пайваста ва меҳмондорӣ ва меҳмоннавозӣ, аз нишонаҳо ва ҷилваҳои ин руҳияи футувват ва ҷавонмардӣ аст.
Муоширатҳо, диду боздидҳо ва рафту омадҳо, гоҳе ба сурати “меҳмонӣ” аст. Аз ин рӯ ошноӣ бо одоби зиёфат ва русуми меҳмонӣ, дар маҳдудаи “ахлоқ”и муошират мегунҷад. Ин мавзуъ, ду ҷанба ва ду тараф дорад; яке касе, ки меҳмон мекунад, дигаре онки меҳмон мешавад ва ҳар кадомро одобу равиш ва ҳадду ҳудуде аст, қобили баҳс.
Меҳмон, баракати хона
Баъзе, аз меҳмон гурезонанд. Бархе ҳам меҳмондӯстанд. Ҳар кадом ҳам нишондиҳандаи хислати дарунии афрод аст. Ҳазрати Алӣ(к)-ро андуҳгин диданд. Пурсиданд: Ё Алӣ! Сабаби андуҳи шумо чист? Фармуд: “Як ҳафта аст, ки меҳмоне бароям наёмада аст!…” (Мизонул ҳикма, ҷ 5, саҳ. 521.)
Ин куҷо? Ва онки омадани меҳмонро нузули бало мешуморад ва куҳи ғам бар дилаш меафтад ва азо мегирад, куҷо? Баракати хона, дар рафту омади меҳмон аст. Меҳмон раҳмати илоҳӣ аст ва пазироӣ аз меҳмон, тавфиқи арҷманд аст, ки насиби ҳар кас намешавад. Меҳмон ҳабиби Худост. Дар зарбулмасалҳои форсӣ аст, ки: “Меҳмон, рӯзии худро меоварад.”(Амсолу ҳиками Деҳхудо, ҷ 4, ҳарфи мим.)
Албатта ин зарбулмасал, аз аҳодиси исломӣ гирифта шуда аст ва решаи динӣ дорад. Аз ҳазрати Расули Акрам(с) ривоят аст, ки: Меҳмон, рӯзии худро нозил мекунад. (Мизонул ҳикма, ҷ 5, саҳ. 520)
Албатта изофа бар ин, гуноҳони соҳибхона ва мизбонро ҳам мезудояд ва ин баракати шигифт аст. Боз ҳам дар ин замина ҳадисе аз имом Содиқ(а) бишнавем, ки ба яке аз ёронаш ба номи “Ҳусейн ибни Наим” фармуд:
- Оё бародарони диниатро дӯст дорӣ?
- Оре.
- Оё ба туҳидастони онон суд мерсонӣ?
- Оре.
- Сазовор аст, ки дӯстдорони Худоро дӯст бидорӣ. Ба Худо савганд, нафъи ту ба ҳеҷ як аз онон намерасад, магар онки дӯсташон бидорӣ. Ростӣ, оё ононро ба хонаи худат даъват мекунӣ?
- Оре. Ҳаргиз хурок намехурам магар токи пеши ман ду се нафар ё камтар ва бештар аз бародарон ҳастанд.
Ҳазрат фармуд:
- Огоҳ бош, ки фазилати онон бар ту, беш аз бартари ту бар онон аст! (Рови ки бо шунидани ин сухан ба тааҷҷуб омада буд, пурсид:)
- Фидоят шавам! Ман ба онон таом медиҳам, маркаби хешро дар ихтирашон мегузорам, бо ин ҳол онон бартар аз мананд?
- Оре! Чун вақте онон ба хонаи ту ворид мешаванд, ҳамроҳи худ, омурзиши ту ва хонаводаатро ҳамроҳ меоваранд ва чун мераванд, гуноҳони ту ва хонаводаатро бо хеш мебаранд. (Кофӣ, ҷ 2, саҳ. 201, ҳадиси 8 ва 9.)
Касе, ки хонаи васеъ, имконоти фаровон ва дасти саховатманд дорад, шукронаи неъматҳои илоҳиро гоҳе бояд бо инфоқ ва садақа, гоҳе бо итъом ва меҳмонӣ, ҳадя, дастгирӣ аз бенавоён, кумак ба маҳрумон ва … адо кунад вагарна шуҳрат ва сарват ва мол, домангири ӯ хоҳад шуд.
“Валима” як суннати динӣ
Дар бораи инки кай бояд сур ва таом дод ва ба чи касе ва чигуна, дар дастурҳои динӣ, одоб ва нукоти фаровоне омада аст, ки ба баъзе ишора мешавад.
Мавориди меҳмонӣ
Аз тавсияҳои ҳазрати Расули Акрам(с) ба ҳазрати Алӣ(к) яке ҳам ин буд:
Ё Алӣ! Ҷуз дар ин паҷн маврид, валимае (итъом ва меҳмонӣ додан) нест: издивоҷ ва арусӣ, таваллуди фарзанд, хатна кардани кудак, сохтан ё харидани хона, бозгашт аз сафари ҳаҷ.
Дар ин маворид, сазовор аст, ки инсон ба ин баҳона ва муносибат забҳ кунад ва муъминонро ба меҳмонӣ даъват кунад.
Дар ҳадиси дигаре аз Расули Акрам(с) нақл шуда аст, ки фармуд: Ҳар кас масҷиде сохт, гусфанди фарбеҳеро забҳ кунад ва аз гушти он ба маҳрумони бенаво итъом кунад ва аз Худованд бихоҳад, ки шарри саркашони ҷинну инс ва шайтонҳоро аз ӯ дур кунад. (Васоил, ҷ 16, саҳ. 454.)
Меҳмонӣ барои ҳар як аз мавориди ёдшуда, суннати исломӣ аст, ки дилҳоро ба ҳам меҳрубонтар ва сафо ва самимият миёни ҷомеаро бештар мекунад ва ақвому дӯстон, якдигарро мебинанд ва ошнотар мешаванд, рӯҳҳо шодобтар ва зиндагиҳо бонишоттар мешавад.
Дар зиндагии авлиёи илоҳӣ ва бузургон низ, намунаҳои фаровоне аз ингуна зиёфатҳо дида мешавад.
Меҳмоннавозӣ
Гарчи бодиянишинони араб ба меҳмоннавозӣ маъруфанд, вале дар бисёре аз шаҳрҳо ва манотиқ, бо ҷилваҳои зебои меҳмондӯстӣ мувоҷеҳ мешавед. Шояд шумо ҳам номи бархе аз шаҳрҳо ва манотиқро ба унвони меҳмоннавоз ва меҳмондӯст шунидаед, ки дар ин хислат машҳуранд ва забонзади хоссу ом ҳастанд. Ин низ реша дар фарҳанги динӣ ва боварҳои мазҳабӣ дорад ва таълиме аст, ки аз Қуръон ва дин фаро гирифтаанд. Асосан дини мо, яке аз муассиртарин авомили шаклдиҳанда ба “фарҳанги умумӣ” дар ҷомеаи исломӣ аст.
Дар ҳадисҳо, ҳатто фасле ба унвони “боби иқроиз зайф ва икромиҳ” вуҷуд дорад, ки ба такрим ва гиромӣ ва эҳтиром ва пазироӣ аз меҳмон суфориш мекунад ва меҳмондӯстиро хӯш медорад ва хушҳол шудан аз омадани меҳмонро бисёр некӯ мешуморад ва хонаи бемеҳмонро дур аз фариштагон медонад.
Имом Боқир(р.ҳ) ба нақл аз падаронаш аз қавли ҳазрати Пайғамбар(с) фармуда аст:
Ҳаргоҳ касе вориди шаҳре шуд, ӯ меҳмони ҳамдинони худаш дар он шаҳр аст, то онки онҷоро тарк кунад.
(Биҳор, ҷ 72, саҳ. 458.)
Вақте тозавориде ба як шаҳр, меҳмони мардуми онҷо маҳсуб шавад ва онон вазифаи икром ва меҳмоннавозӣ доранд, вуруди меҳмон ба хонаи шахси як мусулмон, зарурати икром ва пазироӣ бештареро дорост. Аз ҳамин ҷост, ки агар шаҳре пазирои меҳмонҳои хориҷӣ, селзадагон, оворагони ҷанг, осебдидагон аз зилзила ва ҳаводис ва оворагон аз як кишвари ҳамсоя бошад, ба ҳукми вазифаи инсонӣ ва ба дастури ахлоқи Ислом, вазифаи он шаҳрвандон аст, ки бо оғуши боз ва гарм ва бархурди каримона ва бузургворона, меҳмоннавозӣ кунанд. Аз Пайғамбари Акрам(с) ривоят шуда аст, ки фармуд: Меҳмонҳоро икром ва пазироӣ кунед.
“Истиқбол” аз меҳмон ҳангоми вуруд ва “бадрақа”и ӯ ҳангоми рафтан низ аз масодиқи меҳмоннавозӣ ва икром ба шумор меравад.
Парҳез аз исроф ва риё
Ҳар амали хайр ва шоистае, гоҳе дучори бархе офатҳо мешавад. Бо ҳамаи ситоише ки аз пазироии шоиста аз меҳмон шуда аст, агар ҷанбаи таодул риоят нашавад ва ба марзи исроф бирасад, ки ағлаб, рӯи чашму ҳам чашмӣ аст, ё реша дар худнамоӣ ва тафохур дорад нописанд аст ва ҳамин кори муқаддас ва худописанд, аз қадосат ва маҳбубият назди Худо меафтад.
Итъом, бо ҳамаи арзише, ки дорад, онҷост ки “филлоҳ” ва “лиллоҳ” бошад ва ба қасди сер кардаи шиками гурусна ё шод кардани бародари муъмин ё тақвияти робитаҳои хешовандӣ ва силаи раҳим бошад.
Дуруст аст, ки аз неъматҳои илоҳӣ бояд баҳра гирифт, аммо бо ҳифзи ҳадду марз арзиши он ва фаротар нарафтан аз марзи эътидол ва анҷом додани он кор ба сурати хирадмандона ва шаръписанд ва урфпазир!
Рӯзе ҳазрати Алӣ(к) ба Ало ибни Зиёд, ки хонаи васеъ ва муҷаллал барои худ сохта буд, фармуд: Бо ин хонаи бузург, дар ин дунё мехоҳӣ чи кунӣ? Ту дар охират, ба чунин манзили васеъе беш аз дунё ниёз дорӣ; магар онки бихоҳӣ аз ҳамин хонаи васеъи дунявӣ, ба охират бирасӣ, мисли инки дар ин хона аз меҳмон пазироӣ кунӣ, силаи раҳим намоӣ, ба бастагонат бирасӣ, ҳуқуқеро ки аз ин хона бар гардани дӯсти ту ҳаст адо кунӣ. Дар ин сурат, аз ҳамин хона ба охират мерасӣ! … (Наҳҷул балоға, хутбаи 209.)
Гоҳе асли меҳмони додан, риёкорӣ аст. Гоҳе навъи хурок ва маҳалли итъом ва кайфияти суфра чидан, тазоҳур ва худнамоӣ аст. Гоҳе меҳмонҳои хосс ва даъватшудагон, шоистаи итъом нестанд, ё бо ангезаҳои риёкорона ва ҳисобгарона ва маслиҳат андешона даъват мешаванд.
Ҳамаи инҳо норавост ва ҳадар додани неъматҳои илоҳӣ. Пайғамбари Худо(с) фармуд: Ҳар кас таомеро аз рӯи риё ва худнамоӣ итъом кунад ва меҳмонӣ диҳад, дар рӯзи қиёмат, ҳамонанди онро Худованд аз таомҳои дузахӣ ба ӯ мехуронад. (Васоил, ҷ 16, саҳ. 455.)
Ва имом Боқир(р.ҳ) фармуд: “Валима”, дар ҳадди ду рӯз, каромат ва бузургӣ аст, бештар аз он, риё ва худнамоӣ ва сумъа аст.
Албатта инҳо дар сур доданҳо ва меҳмониҳои роиҷ ва марсум ба муносибатҳои ёдшуда аст. Аммо асли меҳмондӯстӣ ва карам ва итъом ба маҳрумон, саховате аст, ки ҳарчи бештар ва бодавом бошад, беҳтар ва зебандатар аст.
Ҳошим, ҷадди бузурги Расули Худо(с) ҳамеша суфраи боз дошт ва ғизои омодаи ӯ ва хонаи муҳайёаш барои оммаи мардум, ӯро ба сиёдат ва бузургии Қурайш расонда буд.
Ҳотами Тоӣ, саховатманди маъруфи араб, хонае дошт, ки малҷаи мардум ва маҳалли умеди бенавоён ва мусофирон ва меҳмонони мухталиф буд.
Имом Ҳасан(а) меҳмонхонае дар манзил дошт, ки ба таври маъмул, аз табақаҳои мухталиф, бавижа афроди ғариб ва бехона ва бенаво ва мусофирон ва ятимон ва маҳрумон, пайваста аз он баҳраманд мешуданд.
Барои каримони баландҳиммат, “таом додан” лаззате беш аз таом хурдан дорад ва баҳраи рӯҳии онон аз ин раҳгузар аст.
Чи зебост ин каломи ҳазрати Алӣ(к), ки мефармояд:
Қут ва хуроки ҷисм, хурок хурдан аст, вале хуроки рӯҳ, таом додан ва хурок додан аст. Касе мегуфт: Бузургтарин лаззати рӯҳи ман вақте аст, ки иддае ниёзманд ва туҳидастро ба меҳмонӣ даъват кунам ва онҳо сари суфра нишаста ва машғули хурдан бошанд ва ман аз дур, ин саҳнаро нигоҳ кунам ва лаззат бибарам!
Дар Қобуснома чунин тавсия мекунад:
“Чун меҳмонӣ кунӣ, аз хубӣ ва бадии хурданиҳо узр махоҳ, ки ин табъи бозориён бошад, ҳар соат магӯй, ки фалон чиз бихур, хуб аст! ё чаро намехурӣ? Ё ман натавонистам сазои ту кунам, ки инҳо сухани касоне аст, ки як бор меҳмонӣ кунанд.” (Раҳнамун, саҳ. 724.)
Одоби меҳмонӣ
Зиёфат ва меҳмонӣ ду тараф дорад:
Яке меҳмон мешавад, дигаре мизбон аст.
Яке бар сари суфраи дигаре менишинад ва таом мехурад, дигаре суфра мегустаронад ва итъом мекунад. Лаззати яке дар хурок хурдан аст ва дигарӣ дар таом додан.