Ман забони порсиро посдорӣ мекунам,

Ҳам баёни хешро фарҳангдорӣ мекунам.

Хуни дил хӯрдам мудому бо сиришки дидаам,

Гулшани боғи адабро обёрӣ мекунам.

Забони Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон порсӣ аст. Аммо мутаассифона забони порсиро дар Афғонистон дарӣ ва дар Тоҷикистон тоҷикӣ меноманд , ки ин як иштибоҳи маҳз аст.

Ва хитоб ба ҳамаи ҳамзабонони гироме мекунам, ки ҳар касе агар : тоҷикро аз форс ҷудо кунад ва забони тоҷиконро забони порсӣ надонад ва маркази тамаддуни порсизабонони ҷаҳон Бухорои Шарифро сарзамини худ нашуморад. Агар хат ва забони миллати тоҷикро форсӣ надониста зидди баргашт ба алифбои ниёгон барояд . Ошкор ва ошкоро мегӯям, ки чунин шахс душмани миллати тоҷик буда дар байни тоҷикон сиёсати ҳукумати шуравӣ ва ё сиёсати душманонаи  пантуркизмро хоинона таблиғот мебарад….

Ва инчунин забони форсиро забони дигар донистан ва забони дариро забони дигар донистан ин ҳама як андешаи комилан ботил ва норавост, ки аз тарафи сиёсатмадорони шӯравӣ ва понтуркизм баъди сарзаминни Бухорои Шарифро аз дастамон гирифтан ин андешаи нодурусти нораворо дар зеҳни мардуми авом ба зӯрӣ ҷо карданд.

Ва пушида нест, ки то ба ҳол мардуми дур аз фарҳанги омма дар ин ақидаи нодурусти нораво дар боваранд.

Таърих гувоҳ аст мардум гувоҳ аст ҳанӯз ҳам он қадар вақти зиёде нагузаштааст, ки фаромӯш шуда бошад. Шоҳидон зиндаанд ва медонанд, ки ҳукумати шӯравӣ чӣ гуна сарзаминҳои қаламрави моро ба истону истонҳо тақсим карда дар он авбошони бехону беномро дар он хону хотун карданд . Хати моро аз форсӣ ба лотинӣ ва аз лотинӣ дар як муддати кӯтоҳи якчандсола ба кирилӣ баргардонид ва забони порсиро сахт зери таъсири забони русӣ ва ӯзбакӣ қарор доданд . Инчунин забонамонро аз номи форсӣ ба тоҷикӣ баргардониданд, ки ин як хатоии бузурги нобахшиданист .  Мутаасифона то баҳол ҷунин аст.

Инчунин дар кишвари навбунёди Афғонистон дар солҳои даҳаи сиюми садаи 20 ум дар даврони ҳукумати Зоҳиршоҳ баҷои форсӣ калимаи дарӣ ғунҷонида шуд.Ва инчунин чандин борҳо кўшиш карданд хати форсиро ба лотинӣ ё кирилӣ баргардонанд мисли Тоҷикистон, лекин хушбахтона ба орзуҳои нопоку душманонаашон нарасиданд. Аммо аз дигар тараф тавонистанд забони порсиро дар сартосари Афғонистон бозабонҳои англисӣ , ҳиндуӣ, паштунӣ омехта кунанд.

Хулоса ин, ки дар миёни як забони воҳид деворҳое бунёд карданд бо сиёсатҳои ғалати нодурусти худ. То порсӣ забононро аз якдигар бегона сохта ному забону нишони форсро решакан кунанд аз ҷаҳони ҳастӣ.

Мо чӣ хурду чӣ бузург бояд бо ҳам бошем, дасти ҳамдигарро бигирем, дар ҳар куҷое бошем, чун тоҷик ва форсизабонеро бубинем, чӣ хуросонӣ бошаду чӣ варорӯдӣ ва чӣ эронӣ оғӯши гарми хешро ба ӯ боз кунем, ба гузаштаи пурифтихор ва фарҳанги миллиамон, ки бо гаҳвораҳои тамаддунамон Самарқанду Бухоро, Балху Ҳирот, Кобулу Шероз, Исфаҳону Хуҷанд пайванди ногусастанӣ ва реша аз оини зардуштӣ дорад ва шиораш ҳам “Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек” аст, арҷ гузорем ва гоме дур аз он наниҳем ва ҳама дар андешаи ояндаи нек ва дурахшон бо Хуросони бузург ё Эрони бузург бошем, то ин якпорчагӣ моро дар гетӣ нерумандтарин мардум гардонад..

Ба фармудаи устод Лоиқ “эй кош, мо ҳама инро, чӣ хурду чӣ бузург, медонистем…”

Агар мо ҳама медонистем, ки дар Қуръони маҷид дар сураи Муҳаммад омадааст, ки “ …агар шумо рӯй ( аз дини ҳақ ) бигардонед, Худо қавме ғайри шумо, ки монанди шумо бахил нестанд, ба ҷойи шумо падид орад.(Аз расули акрам суол карданд: Мурод аз он қавм кистанд? Ҳазрат даст ба шонаи Салмони форсӣ зад ва фармуд: Қавми он мард, ки агар илм дар Сурайё бошад, мардони форс бар он даст ёбанд”);

агар мо ҳама аз истинод ба “Бурҳони қотеъ” медонистем, ки ин гуфта “Забони аҳли биҳишт забони арабӣ ва форсист” ҳадиси расули акрам будааст, ҳарчанд пиромуни мансубияти он ба Муҳаммад (с) донишмандон гоҳо шак доранд, аммо аз ин байти Абулқосими Унсурии Балхӣ, ки мефармояд:

Чу бо одамӣ ҷуфт гардад парӣ,

Нагӯяд парӣ ҷузъ ба лафзи дарӣ,

метавон ҳадс зад, ки Унсурӣ бо такя ба ин ҳадиси набавӣ байти бузурги ифтихорангези худро гуфтааст;

агар мо ҳама медонистем, ки дар айни иқтидори давлати Сомониён абармарди шеъри форсӣ Абулқосими Фирдавсӣ дар сиюпанҷсолагӣ ба Бухоро, ба қуббатулисломи билоди Шарқ меояд, то шукӯҳу азамат ва вусъати давлатдории Сомониёнро, ки дар тӯли 110 соли қамарӣ дар паҳнаи саҳнаи таърих қад алам карданд, аз худ чӣ ибтикор ва шуҷоат, майдонгирӣ ва қаҳрамониҳое рӯйи коғаз оварданд, забони дариро бар форози тахти оҷи офаринишҳои ҷовидонӣ нишонданд, Устод Рӯдакиро барҳақ Одамушшуарои назми форсӣ хонданд ва ёдгору ёдмони худро дар пешинии пурифтихори Эрон сабт карданд, бубинад ва дар “Шоҳнома” ба бонги баланд бигӯяд: Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ!;

агар мо ҳама медонистем, ки амир Исмоили Сомонӣ ба забони форсӣ зиёда аҳамият медода ва таваҷҷӯҳи бисёр дошта ва фармонҳои худро ба забони форсӣ содир менамудааст;

агар мо ҳама медонистем, ки оташхонаи Мохи Бухоро бо истилои муслимин ба масҷиди ҷомеи Мох мубаддал гашт ва бо фармони Қутайба бинни Муслим мардум ба масҷиди ҷомеъ меомаданд ва ин сардори исломӣ барои ҷазби мардум ба намоз ду дирам медод, аммо ҷолибтар ин ки мардуми Бухоро ибтидо дар намоз Қуръонро ба форсӣ мехонданд ва арабиро наметавонистанд биёмӯзанд;

агар мо ҳама медонистем, ки “агар Сомониён ба ҷаҳонбонӣ намерасиданд, Эрон ва эронӣ чунон ба тамаддун ва забони тозӣ мустаҳлиқ мешуд, ки имрӯз чун Миср ва шимоли Африқо ва Сурия ва Ироқ, ҷузъи қаламрави забон ва тамаддуни араб ба шумор мерафт;

агар мо ҳама медонистем, ки Ҳаким Низомии Ганҷавӣ дар достони “Лайлию Маҷнун”:

Туркӣ сифатӣ вафои мо нест,

Туркона сухан сазои мо нест,

Он, к- аз насаби баланд зояд,

Ӯро сухани баланд бояд!

мегӯяд ва манзури ӯ аз насаби баланд насаби эронӣ ва сухани баланд сухани ноби форсии дарӣ будааст;

агар мо ҳама медонистем, ки чун яке аз донишмандони муосираш ба Алломаи Иқбол мегӯяд: ашъори Шумо барои мо зиндагибахш ва озодибахш аст, Шумо роҳнамои мо ҳастед, мо форсӣ намедонем, Шумо ба урду шеър бигӯед, Иқбол ба забони инглисӣ чунин посух медиҳад: “ Ин ашъор ба ман ба забони форсӣ илҳом мешавад, забони рӯҳияи ман форсӣ аст”;

агар мо ҳама медонистем, ки Маликушшуаро Баҳор мегӯяд: “ Чун баъд аз ислом мардуми Бухоро ва Самарқанд китобҳои назм ва насрро ба забони форсии дарӣ навиштаанд ва шуарои Хуросон ҳам бад он забон шеър гуфтаанд ва ин забон ба тадриҷ ба соири Эрон сироят кардааст, метавонем, муқин шавем, ки забони форсии дарӣ ҳамон забони мардуми Балху Бухорост ва дар воқеъ забони суғдӣ ва аҳолии Балху Бухоро ва Хуросон ва забони Монӣ ҳама якест ва асли он забони порсист”;

агар мо медонистем, ки яке аз донишмандони бузурги эронамон зиндаёд Саиди Нафисӣ мегӯяд: “ Дар шимолу шарқи Эрони имрӯз сарзамини бисёр ҳосилхезе воқеъ аст, ки мо дилбастагии махсус ба он дорем.Бисёрии уламои бузург ақида доранд, ки нажоди ориёӣ дар он сарзамин , дар доманаи кӯҳҳои Ҳиндукуш дар канори рӯдҳои Ҷайҳун ва Сайҳун нахустин рӯзҳои зиндагии хешро гузаронидаанд. Китоби осмонии Эрони қадим, яъне Авасто кишвареро нишон медиҳад, ки обу ҳавои он хулди замин буд ва аҷдоди мо нахуст дар он ҷо парвариш ёфтанд ва ба қаринае метавон ёфт, ки мурод ҳамон арзи мавъуди эрониён ва ҳамин хиттаи дилкаши савоҳили Ҷайҳун ва Сайҳун аст. Уламои таърих ақида доранд, ки мо эрониён аз он ҷо омадаем ва Эрони имрӯз ба манзалаи хонаи дуввуми мост”;

Оҳ, оҳ, агар мо ҳама ин нуктаҳои барҷастаро , балки бештар аз инро медонистем ва медонистем, ки сарчашмадори забони форсии дарӣ — забони аҳли биҳишт, забони париён, забони зиндасоз ва зинданигоҳдори Аҷам, забони пирӯз бар ғосибони араб, забони наҷибзодагоне мисли Низомӣ, забони рӯҳияи Аллома Иқбол мо, ба истилоҳ эрониёни шарқӣ будаем, яъне Бухорову Самарқанду Балху Хуросон маҳди зоишу болишу густаришии ин забон будаанд, имрӯз онро ба чунин хорӣ, забунӣ, паршикастагӣ, бемоягӣ ва бебизоатӣ намекашондем ё дастикам то метавонистем, соҳибони ғамхору дилсӯзе аз Маскав ё дигар ҷойҳо ё аз миёни каламшикастагону забонгумкардагони худбехабару худобехабари манфиатҷӯйи паллабини бумӣ пайдо кунад ва онро ба се шоха– форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ аз ҳам ҷудо кунанд, ба он боз шоху шохчаҳое бибанданд ва ҳар кадомро ҷудо биёмӯзанд ва гоҳ- гоҳ миёни онҳо монандиҳое кашф кунанд…албатта, ин ҳар ранг карданҳои аҷониб маълум аст, ғараз аз се шоха сохтани як дарёи зулоли забони форсӣ се пора кардани Хуросони бузург будааст.

Душманон хок бар ин кор ҳамеандозанд,

Варна ман поктарам, поктар аз оби зулол.

Оҳ, оҳ, агар мо ҳама медонистем, ки хоки аҷдоди мо — варорӯдиён ва эрониёни имрӯз аз як салсол аст, ба ҳарфи онҳое, ки Эрону Афғонистону Тоҷикистонро гоҳо мамолики ҳамҷавор мегӯянд, бовар намекардем ва мегуфтем, ки эй кӯрони таърих, на! Моро ҳамҷавор гуфтан кам аст, мо ҳамтаборем, ҳамканорем, дар замин ҳамгоҳвораем, дар осмон ҳамситораем! Мо ҳамон Авасто, ҳамон Зардушт,ҳамон Эронвич, ҳамон давлати Қуръон, ки Ҳофиз ҳар чи кард, аз он кард, ҳамон фарҳанги исломӣ, ҳамон “Маснавӣ”- и Мавлавӣ, ки Қуръони паҳлавист, ҳамон Хуросони бузург ё Эрони бузург, ки бузургиямонро “бузургони” дигар чашми дидан надоштанд ва моро “хурд” карданд. Боре ба кӯрону карони таърих бояд бо садои баланд гуфт, ки “об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност”!

Оҳ, оҳ, агар мо ин ҳамаро медонистем, ба қадри ҷонсӯзиву ҷонканиҳои Аҳмади Дониш мерасидем, ба қадри қаҳрамониҳои Аллома Садриддин Айнӣ мерасидем, ки тоҷиконро “як қавми бузург” мехонад ва бузургии ононро бо пажӯҳишҳои илмӣ ва бадеътарин осори манзуму мансури худ собит мекунад ва мо баъди ӯ то имрӯз ба бузургии ин халқ бузургии тозае наафзудаем, устод МуҳаммадҷониШакурӣ мардонавор ва фарзонавор ҳиммат гумошта, ба иншои  китоби намепардохт, аммо чун миллати мо дар тӯли зиёда аз се ҳазор сол аз асотири Эрони бостон, Авасто, Қуръон, ҳама насиҳатномаҳо, ҷангномаҳо, осори манзуму мансур ва кутуби илмиву таърихӣ сабақҳои кофию шофӣ кам гирифт ё фаромӯш кард ё корбаст накард ва пештозияш гоҳо ақибтозӣ буд, устод Шакурӣ дар ин халоъ зарурати иншои чунин китоберо эҳсос кард.

Устод Шакурӣ, ки марди поксиришт ва накӯсияр, яке аз ҷонфидоёни арсаи тамаддуну фарҳанги тоҷик,ки бо чашми худ сӯхтанҳои китобҳо, ба фалак дуд кашидани сӯхтори китобҳо( яъне дуди оҳи миллати тоҷик!), ба тороҷ рафтани китобхонаҳои Бухоро, минҷумла китобхонаи қиблагоҳаш Шарифҷон Махдуми Садри Зиёро, дар тӯли умр қаламкашиву аламкашиаш аз болову поён ҳарфи таҳсинбарангезе кам шунидааст, басо бӯқаламунсифатии одамон ва замонро дидааст, ӯзбак шудани тоҷикони Бухороро бо чашми сар дидааст, хор шудани ҳар ҳиҷо, ҳар калима, ҳар вожаи забони тоҷикиро эҳсос карда ва дар китоби “ Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад” ба қадри донишу ҳиммат барои софкории забон ва саранависӣ қалам судааст;

Афсӯс садафсӯс, ки мо ҳама намедонем, ки мо тоҷикон ориёием эронием дорои як забон як хат як фарҳанг ва як торихем. Сад сол пеш кишваре бо номи Тоҷикистону Афғонистону Ӯзбакистон ин ҳама истон истонҳо вуҷуд надошт.

Ҷон ба қурбони ту, эй миҳани хунинкафанам,

Будӣ байтушшарафам, гаштаӣ байтулҳазанам.

Душманат чор тараф аҷнабию хонагиянд,

Тани танҳо ба чӣ ниру сафи аъдо шиканам?

Дӯст душманнасақу душмани ту дӯстнамост,

Рост гӯям, бипаронанд зи чашму даҳанам.

                                                  Устод Лоиқ 

Хайриддини Абдуллоҳ