Дӯст дорем зиндагиҳоямон, саршор аз самимият ва хунгармӣ ва сафо бошад.
Ҳарими инсонҳо ва ҳурмати ҳамагон, маҳфӯз бимонад ва муоширатҳоямон нашъатгирифта аз “фарҳанги қуръонӣ” ва таолими динӣ бошад.
Пойдорӣ ва истеҳкоми робитаҳои мардумӣ, дар сояи риояти нукоте аст, ки баргирифта аз “ҳуқуқи мутақобили” афроди ҷомеа бошад.
Дар инки “чигуна бояд зист” ва чи сон бо дигарон бояд робита дошт, нуктае аст, ки дар баҳси “одоби муошират” мегунҷад.
Бар хилофи фарҳанги ғарбӣ, руҳу муҳтавои фарҳанги динии мо бар пояи “иртибот”, “самимият”, “таовун”,”ҳамдардӣ” ва “отифа” устувор аст. Ҷилваҳои ин фарҳанги боланда низ дар дастурул амалҳои ахлоқии Ислом дида мешавад.
“Зиндагии мактабӣ”, дар сояи шинохти ин раҳнамудҳо ва ба кор бастани онҳо дар саҳнаҳои мухталифи зиндагӣ аст, на бо шиор ва иддао. Ба ҳар мизон, ки маишат ва муоширати мо бо ингуна ҳидоятҳои динӣ дар мақулаи рафтор, ҳамоҳанг бошад, ба ҳамон андоза зиндагиҳоямон “мактабӣ” аст. Мусулмон бояд ба гунае дар чорчуби усул ва сунани фарҳанги динии худаш зиндагӣ кунад, ки бо шаҳомат ва ифтихор, битавонад “имзои дин”-ро пои ҳамаи рафтораш бигузорад ва зиндагиаш “барчасби Ислом” дошта бошад ва улгуи исломиро бар зиндагии хеш дар хона ва ҷомеа, сояафкан созад.
“Одоби бархурд”, “диду боздид”, “рафту омад”-ҳои хонаводагӣ ва дӯстона, наҳваи “гуфтор” ва “рафтор” бо қишрҳои мухталиф, “дӯстӣ” ва ҳадду ҳудуди он, мурооти “ҳуқуқи дигарон”, “адаб ва сипосу эҳтиром”, аз ҷилваҳои ошкори ахлоқи муошират аст. Ингуна робитаҳои иҷтимоӣ, бо унвонҳои мухталиф ва дар шароити гуногун анҷом мегирад. Гоҳе ба сурати “силаи раҳим” аст дар иртибот бо қавмҳо ва бастагон. Гоҳе номи “аёдат” ба худ мегирад дар мавриди беморон. Гоҳе нисбат ба бародарон ва хоҳарони динӣ, унвони “зиёрат” меёбад, гоҳе бо ҳамсоягон аст, гоҳе бо мустамандон. Гоҳе ҳам бар меҳвари итъом аст ва гоҳе ба шакли мусофиратҳои дуру наздик ва бурдани ҳадя ва овардани “савғоти сафар”. Гоҳе ҳам барои ширкат дар маҷлиси ақду арусӣ ё мушорикат дар маросими азодорӣ ва таслиятгуӣ аст.
Ба ҳар ҳол, ҳамаи инҳо навъе “робита” ва “муошират” ва нишондиҳандаи маниши инсонӣ ва фарҳанги ахлоқии ҳар фард аст. Ислом низ дар ин бора бисёр сухан гуфта ва раҳнамуд дода аст, ки дар ин китоб, гушае аз маориф ва омузишҳои дин дар ин заминаро мурур мекунем.
Бошад, ки “фарҳанги худӣ” ва “ҳувияти динӣ”-ро пос бидорем ва бо ифтихор ва сарбаландӣ ва раҳо аз султаи фарҳанги бегона ва бо такя бар роҳнамоиҳои дин зиндагӣ ва робитаҳои хешро бар пояи арзишҳои баргирифта аз Қуръон ва мероси набавӣ сомон бахшем ва барои наслҳои оянда ҳам “адаб ва ахлоқ”-ро мерос бигузорем.
Шинохти вазифа, пояи анҷоми вазифа аст.
Инсонҳо дар ҷомеа нисбат ба якдигар “вазоифи мутақобил” ва “ҳуқуқи мутақобил” доранд. Шинохти ин ҳуқуқ ва анҷоми онҳо ва мурооти дуҷониба, зомини тасҳеҳи робитаҳо ва солимсозии муоширатҳо ва зудудани кудуратҳо ва коҳиши ихтилофҳо ва гиламандиҳост.
Дар ҷомеаи инсонӣ, ҷуз бо мурооти дигарон ва ҳуқуқашон, вазъи рафторӣ сомон намепазирад. Масалан падару модар нисбат ба фарзандон ва фарзандон нисбат ба падару модар вазифаҳое доранд. Зан дар баробари шавҳар ва шавҳар дар баробари зан, тааҳҳудоте доранд. Фармондеҳ ва сарбоз, нисбат ба ҳам ҳуқуқ ва вазоифе доранд. Ду шарик бо якдигар, корфармо ва коргар, раис ва кормандон, муаллим ва шогирд, ҳамсоя бо ҳамсоя, мушовир ва машваратхоҳ, хешовандон нисбат ба ҳам, бародарон ва хоҳарони динӣ нисбат ба якдигар, мусулмон бо мусулмон ва … намунаҳои дигаре аз иртиботҳои иҷтимоӣ, ҳар кадом нисбат ба ҳам маҳдуда ва маҷмуае аз такоилифро доранд, ки дар оини Ислом, ба анҷоми онҳо супориш шуда аст. Ин вазоиф ва таколиф ва ҳуқуқ, агар:
- “Шинохта” шавад.
- Ба онҳо “амал” шавад,.
- Амал ҳам дусӯя ва “мутақобил” бошад.
Бисёре аз мушкилот, ё пеш нахоҳад омад, ё бартараф хоҳад гашт.
Монанди ин дар қавонини роҳнамоӣ ва ронандагӣ вуҷуд дорад ва ронандагон агар он қонунҳоро бидонанд ва ба онҳо амал кунанд ва амал ҳам ба сурати мутақобил ва аз сӯи ҳамаи ронандагон бошад, на якҷониба ва ноқис, табиӣ аст, ки бисёре аз тасодуфот ва ҳаводис ва зоеоти ронандагӣ пеш нахоҳад омад.