Яке аз дӯстон хост, маънои ин шеърро тавзеҳ бидиҳам:
Мо кофири куфрему Худо кофири мост,
Мо бандаи ӯ нестем, ӯ бандаи мост.


Куфр дар забони арабӣ ба се маъно ба кор меравад, ки албатта ин се маъно ҳама як реша доранд:
1) “Пӯшондан”. Араб мегӯяд:
کفر درعه بثوبه
“Зиреҳи худро бо ҷомааш пӯшонд”, яъне зери ҷомааш пинҳон кард.
2) Адами эътиқод ба Худо. Албатта, ин маъно ҳам реша дар маънои аввал дорад. Зеро агар ба кофир кофир мегӯянд, ба ин ҷиҳат аст, ки ӯ фитрати худро пӯшондааст. Фитраташ мегӯяд, Худо ҳаст, вале ӯ ин фитратро мепӯшонад ва пинҳон мекунад.
3) Носипосӣ. Ин ки мегӯянд, куфри неъмат яъне носипосӣ ва ношукрӣ кардан ба неъмат аст.


Ҳол, бо таваҷҷӯҳ ба ин, дар байти “Мо кофири куфрему Худо кофири мост”, ду маъно аз куфр ба кор бурда шуда; ҳам куфр ба маънои “носипосӣ ва куфрони неъмат” ва ҳам куфр ба маънои “пӯшондан”.
Ин ки мегӯяд, “Мо кофири куфрем” яъне мо, одамҳо носипоси пӯшондан ҳастем. Худо, ки сатторулъуюб аст, мудом айбҳои мо ва гуноҳони моро мепӯшонад, вале мо ин пӯшонданҳоро намебинем ва нодида мегирем ва носипоси он ҳастем. Вале бо ин ҳама, Худованд боз ҳам, “кофири мост», яъне айбҳои моро мепӯшонад, Ӯ саттор аст.
Аммо ин ки мефармояд: “Мо бандаи ӯ нестем, ӯ бандаи мост”, дар инҷо вожаи банда киноя аз раззоқият аст; киноя аз касест, ки моро ризқу рӯзӣ медиҳад. “Мо бандаи ӯ нестем” яъне мо ӯро рӯзӣ намедиҳем, балки ин ӯст, ки “бандаи мост”, яъне розиқ ва рӯзидиҳандаи мост.
Ба ҳамин соддагӣ.