Таблиғи ғаразнок ва нодурусти мавзӯи: «Ҷиҳоди исломӣ» аз ҷониби асҳоби такфирӣ ва бемазхаб яке аз масъалаҳои бисёр хатанок ва доғи рӯз аст. Дар асари нофаҳмидани маънии «Ҷиҳоди исломӣ» ва зарурияти оғоз, сабаб, омил ва ҷанбаҳои шаръии ҷиҳод бисёр ҷавонони сабукпойӣ дар доми дасиса ва талбисоти гуруҳҳои ифротӣ ва такфирӣ афтида, қатлу куштор ва тахрибу ғоратгариро барои худ шараф-ҷиҳод дар роҳи Худо меҳисобанд!

Дар ҳоле ки қатлу куштор ва тахрибу дуздӣ, зино дар қолаби «Ҷиҳоду-н-никоҳ» ва «Ҷиҳоду-л-ливота», ғоратгарию, зинда ба зинда сӯзондан, худкафонӣ, интиҳор, инфиҷор, дилу ҷигар ва гушти бадани инсон хӯрдан ва такбир: «Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар» гуфта, сари инсонҳоро аз тан буридан ошкоро ҷинояти бузург дар назди Худо ва инсоният аст!

Магар марди мусалмон ва парвардаи Қуръон ба чунин амалҳои номашруъ, фаҳшо ва кирдорҳои террористӣ даст мезанад? Албатта, шахси мусалмон ба амалҳои номашруъ ва хушунатбор даст намезанад, балки дигаронро аз рафтор ва кирдорҳои ҳаром ва дорои мохияти ҷиноятдошта манъ мекунад!

Оё террор, худкафонӣ, такфири дигарон ва кирдорҳои пур аз ҷинояти ҷинояткорони такфирии салафия ва хилофи таълимоти Қуръони карим ва «Ҷиҳоди исломӣ» нест? Бешак тамоми кирдор ва даъвату таблиғоти асхоби такфирӣ натанҳо хилофи Қуръоу суннат, балки хилофи тамоми қонунҳои байналмилаӣ мебошанд!

Мусаллам аст ки таълимоти дини мубини ислом қатъиян хилофи қатлу куштор, худкафонӣ ва паймол намудани ҳақ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонҳо новобаста аз эътикодӣ динӣ мебошад!

Насли ифротгарпойи такфирие, ки саодат ва пирузии худро дар «Ҷиҳоди шайтонӣ» ва таъсиси «Хилофат»-хои тахрибкор мебинанд, парвардаи ислом ва Қуръон нестанд, балки онон таълимгирифта дар урдугоҳ-марказҳои террористӣ ва созмонҳои экстремистӣ мебошанд! Даҳҳо артишҳои такфирӣ аз ҷониби террористон бо номи «Лашкари Худо», «Артиши саҳоба», «Гурдонҳои Имом Бухорӣ» ва «Ҷиҳоди исломӣ» феълан дар гушаву канори ҷаҳон барои бадномкунии дини ислом ва муслимин таъсис дода шудаанд! Ин урдугоҳҳои террористи аз фарзандони мусалмон наслеро парвариш ва ба камол расонидаанд, ки онҳо маърифати Худошиносӣ ва оддитарин ахлоқи исломӣ надоранд! Агар ба таҳқиқ бингарем назди асҳоб ва гуруҳҳои такфирӣ қатлу куштори мусалмон ва худкафонию интиҳор баландатирин нуқтаи шаҳодат махсуб меёбад! Дар асоси меъёрҳои зидди исломӣ ва зидди башарӣ тарбия намудани ноболиғон ва бехабар аз омӯзахои исломии фарзандони мусалмон бисёр нигаронкунанда аст. Зеро ин гуруҳҳои такфирӣ ва бемазҳаб дар ояндаи наздик дигар аз идора ва контуроли худкафонҳо ва размандагони гушти одамхӯр нахоҳанд баромад!

Агар ба таърихи ислом ва кишваркушоиҳои садри ислом чашм бидузем, дармеёбем, рафтор ва кирдори Салафи солеҳ (рт) мусбат ва беҳтарин равиш буданд! Паёмбари Худо (с) саҳобагонро таълим медод, ки: «Беҳтарин мусалмон ҳамон аст, ки касе аз дасту забонаш озор наёбад». Аммо имрӯз балномкунии дини мубини ислом, омӯзаҳои Қуръонӣ ва асҳоби Паёмбар (с) аз ҷониби харакат ва ҳизбу созмонҳои такфирӣ як амали маъмул ва машҳур гаштааст!

Ахли такфир ва асҳоби ҷоҳил, ки мусалмонкушӣ ва тахриби осори исломиро шеваи ҷиҳодии худ қарор додаанд, қадам фаротар гузошта, барои бадном кардан, зишт ва қабеҳ нишон додани номҳои мубораки ёрони Паёмбар (с) дар чашми салибиён ва ҷахониён номҳои: Ибни Умар, Умарӣ, Умари Форуқ, Абубакр, ибни Абубакр, Абумарям, Алӣ, ибни Алӣ, Алӣ Алӣ, Абуоиша ва Усмон ибни Усмон ба худ пазируфтаанд! Хадафи ин ҷоҳилони такфирӣ, яъне салафия ва ҳампаймонҳои гумроҳашон эҷоди саҳобабадбинӣ ва исломҳаросӣ мебошад!

ҶИҲОДИ ТОЛИБОНӢ

Хадамоти кашфи Покистон ва созмонхои ҷосусии ғарбӣ дар ҳамкорӣ бо Арабистони Саудӣ дар ибтидои ҷанги Иттиҳоди Шуравӣ навчавонон ва ноболигои афғониро ба урдугоҳ ва марказхои «Чиҳодӣ»-и худ интиқол дада, дар рӯҳияи муқовимат бо куффор парвариш намуда, онҳоро ба таври комил мағзшӯйӣ намуданд, ки дигар барои ин ҷангиёни ҷиҳодӣ фарҳанг, миллат ва муқаддасоти исломӣ моҳият надошт ва надорад! Толибон парвардаи ҳамин хадамотхоӣ ҷосусӣ мебошанд! Ҳаракати «Толибон» дар ибтидо хамчун харакати «Ҷиҳодӣ» аз ҷониби Амрико, Арабистон ва Покистон таъсис дода шуда, дар муқобили СССР эътироф ва пазируфта гардид!

Ҳаракати ҷиҳодии «Толибон» бо кӯмаки пулию моли Арабистон ҳадаф ва мақсадҳои Амрикоро дар Афғонистон амалӣ ва пиёда менамуд. Инчунин Ҳаракати Толибон барои худ ва пуштибону дастгоҳҳои хориҷияшон қатлу куштори сарбозони Артиши Шӯравиро вазифаи мукаддаси динӣ медонистанд!

Ҳамзамон дар қаламрави Афғонистон даҳҳо ҳизб, харакат ва созмонҳои размандагӣ таъсис ёфта, ҳамчун ҳаракати «Ҷиҳодӣ» шинохта шудаанд, ки онҳо дар муқобили артиши Шӯравӣ инчунин ҳамзамон бар зидди харакати «Толибон» муқовимати низомӣ мекарданд ва мекунанд!

Баъди хориҷ гаштани Артиши Иттиҳоди Шуравӣ аз Афғонистон ҳаракати «Толибон» ҷиҳоди шайтонии худро дар муқобили мусалмонони ин кишвар даҳчанд зиёд намуда ва Кобул-пойтахти Афғонистонро бо зурӣ дар зери тасаруфи худ дароварданд! Арабистони Саудӣ аз аввалин кишварҳое буд, ки Толибон ва далати ононро расман эътимроф намуд, зеро толибон парвардаи Арабистону Амрико буданд! 

Аммо дар муқобили ҳаракати террористӣ ва давлати тозатаъини Толибон дар Афғонистон мардумони бумӣ ва сокинон «Ҷиҳоди исломӣ» эълон нкамуда, ҳокимият ва давлати Толибонро напазарифтанд, балки ча сарнагун намудани Толибонро аз раъси қудрати сиёсӣ вазифаи ҷиҳодӣ ва муқаддаси шаръӣ ҳисобиданд.

Толибон дар зери парчами ҷиҳоди исломӣ амалҳои террористиеро ба анҷом мерасониданд, ки ягон иртибот ба омӯзаҳои Қуръон ва таълимоти дини мубини ислом надоштанд! Тақвиятёбии наҳзатҳои ҷохлият ҳамзамон тақвият меёфт. Ёдгориҳои таърихӣ ва осори исломӣ аз ҷониби толибони муҷоҳид тахриб ва билкулл тахриб карда шуд. Намоядаҳои миллату қавмиятҳои гуногуни Афғонистон, аз ҷумла, тоҷикону хазораҳо, турку узбакҳо берахмона аз ҷониби муҷохидони толибонӣ ба қатл расонида мешуданд.

Амрико соли 2001 аритиши мусаллаҳи хешро бар зидди Террозим-Ал-Қоида ва Толибон ба Афғонистон ворид сохт ва то имрӯз даргир бо онхо аст! Аммо Амрико муваффақ нагардид, ки терроризмро аз Афғонистон покшӯйӣ намояд, балки худи Амрико ва ҳампаймонҳои низомии он омили рушди терроризм, аз ҷумла пурқувват гардидани Толибон, Салафия, Ансоруллоҳ, ҲИУ ва Ҳаракат исломии Туркистони Шаркӣ дар Афғонистон гаштанд!

Имрӯз мусалмон мусалмонро дар Афғонистон дар зери парчами «Исломи инкилобӣ» мекушад! Низоъҳои қавмӣ ва забонӣ реша дар хатсайри фикрии ҷомаи Афғонистон реша давонада, хатари порашавии ин кишварба чанд давлати алоҳида наздик расидааст!

Ҷиҳоди исломӣ дар муқобили ҷиҳоди толибонӣ

Иғвоангезӣ ва қатлу куштори мардумони бумӣ аз ҷониби харакати «Толибон» гардиши бузург ва таҳаввулоти азимеро дар Афғонистон ба вуҷуд овард, яъне тоҷикону хазораҳо ва турку узабакҳои муқими Афғонистон дарёфтанд, ки ҳаракати «Толибон» парвардаи Амрикову Арабистон ва мустакбироти куфри ҷаҳонӣ аст ва онҳо аз аз ҷониби кудратхои бузурги саҳюнистӣ сармоягузорӣ ва бо яроқу аслиҳа таъминкарда мешаванд!

Ҳамин тариқ созмон ва ҳизбҳои ҷиҳодии Афғонистон, ба монандӣ:

  1. Ҳизби исломӣ, раҳбараш Гулбуддин Ҳикматёр, у дарвулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз соли 1944 таваллуд шудааст, миллаташ паштун, аз қавми харрутии ғилозой:
  2. Ҳизби исломӣ, раҳбараш Юунуси Холис, Ӯ соли 1920 дар Деҳ Қозии вилояти Нангарҳор дар хонаводи рӯҳонӣ таваллуд шудааст. Миллаташ паштун, аз қавми хугиёнӣ аст. Аз сарлашкарҳои маъруф мебошад, ки баъдан бо Толибон пайваст:
  3. Ҷамъияти исломӣ, раҳбараш Бурҳониддин Раббонӣ, тоҷик, собиқ Президенти Афғонистон:
  4. Ҷабҳаи наҷоти миллии Афғонистон, раҳбараш С. Муҷаддадӣ;
  5. Маҳози мили исломии Афғонистон, раҳбараш Сайид Аҳмади Гелонӣ;
  6. Иттиҳоди исломӣ, раҳбари он Абдуррасули Сайёф, ҳаракати ваҳҳоиятгаро, ки бевосита аз ҳисоби Арабистони Саудӣ маблағгузори карда мешавад:
  7. Ҳаракати исломӣ, раҳбабари он Абдуррашид Дӯстум, аз қавми узбактаборони Афғонистон,
  8. Ҳаракати Исломии Узбакистон, муассиси он Ҷуъмаи Намангонӣ;

дар муқобили ҳаракати «Толибон» ҷиҳоди исломӣ эълон намуданд! Тавлиди ҷиҳоди исломӣ дар муқобили ҷиҳоди толибонӣ дар таърихи кишвари Афғонистон ва дунё падидаи тозаи таърихӣ ба шумор меравад!

Аз ҳамин лиҳоз метавон хулосагирӣ намуд, ки амал ва кирдорҳои террористии харакати «Толибон» ва ҳампаймонҳои онҳо ягон омили ҷиҳодӣ ва унсури исломӣ надошта, балки ин размандагони толибонӣ хазорон фарсах дур аз таълимоти дини мубини Ислом буда, ҳадаф ва нақшаҳои дастгоҳҳои зидди исломиро дар ҷомеаи Афғонистон пиёда месозанд! 

Ҳизбҳои исломӣ ва гуруҳҳои ҷиҳодӣ дар Афғонистон моҳияти қавмӣ ва миллӣ касб намуда, аз қавму миллияти худ ҳимоят мекунанд!

Муҷоҳидин ва ҷиҳоди исломӣ дар Афғонистон моҳияти қуръонӣ, шаръӣ, байналмилалӣ ва фаромиллии худро аз даст дода, омили хушунат ва парокандагии қавму миллатҳои гуногун дар ин кишвар гаштааст!

Дафтарҳои корӣ ва марказҳои аслии раҳбарияти ҳаракати «Толибон» аз ҷониби Амрикову Арабистони Саудӣ дар кишвари Қатар ифтитоҳ гашта ва феълан андар онҷо фаъоланд, ҳарчанд ки «Толибон» аз чониби Амрикову ҳамкосагонаш ҳамчун ҳаракати «Террористӣ ва экстремистӣ» шинохта шудааст!

Қаҳрамони миллати бошарафи тоҷик ва сарлашкари артиши ҷиҳодии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд (р) то охирин нафасҳои худ бо ҳаракати «Толибон» меҷангид, зеро дар симои «Толибон» ягон омили исломӣ ва ҷиҳодиро намедид. Онҳо амал ва кирдорхоеро ба сомон мерасониданд, ки ягон мусалмони воқеи онҳоро иҷро намекард, балки хоси террористон буд. Омили шинохти душман ва эътироф накардани ҷиҳодҳои шайтонӣ, боиси он гардид, ки яке арабзодагони аъзои такфирии ҳаракати «Салафия» тибқи нақшаи қаблан тарҳрезигаштаи дастгоҳҳои террористӣ аҳмадшоҳи Масъудро бо роҳи интиҳор ба қатл расонид!

Ба-дин хотир наметавон амал, кирдор, рафтор, нақша, ақида ва муборизаи мусаллаҳонаи созмон, ҳизбу ҳаракатҳои ба ном диниро «Ҷиҳоди исломӣ» номид, зеро онҳо дар асл моҳияти исломӣ надоранд!

Имрӯз дини мубини ислом бозичаи дасти ташкилотҳои террористӣ, дастгоҳҳои экстремистӣ ва мансабхоҳон, гуруҳ, созмон ва қудратҳои ҷаҳонӣ гашта, чеҳраи зебои дини мубини исломро бадном месозанд!

Аз ҷониби дигар дастгоҳ ва ташкилотхои иттилоотии фаромиллӣ, ки шабонарӯзӣ кори онҳо ангехтани хусумат, иғво, фитна, миллатгаройӣ, мазҳаббадбинӣ ва бадномкунии уламои ростини исломӣ мебошад, мавзуҳои исломӣ, аз ҷумла, «Ҷиҳод»- ро тибқи нақшҳои тарҳрезигаштаи душманони ислом муғризона ва баръакс тавзеҳ матраҳ месозанд! Дар зер оид ба «Манқуртсозии иттилоотӣ» ба таври комил маълумот хоҳем дод.

Агар мо аз рӯи ҳисоби оморӣ террор ва ҷиноятҳои махсусан вазнин содир намудаи Толибонро дар муддати 15 соли охир баршуморем, дар меёбем, ки ин қотилони бераҳм, ки худро муҷоҳид ва қатлу куштори мусалмононро «Ҷиҳод дар роҳи Худо» меноманд, ҳазорон инсонҳои бегуноҳро ба қатл расонида ва ҳазорон кудакони мусалмонро ятиму занонро бева намудаанд! Барои ин ҷохилони қотил ва ҷинояткор ислом ва хуну моли муслимин моҳият надорад!

Ба ибораи дигар Арико ва Арабистон аз ҳисоби ноболигон Афгонистон ҳаракати ҷангҷуёнаеро ба камол расонидаанд, ки бо номи «Толибон» маъруфтанд ва аъзоёни ҳаракати «Толибон» қатлу куштори ҳамватанони худро «Ҷиҳод дар роҳи Худо» меҳисобанд! Дар ҳоле, ки ҷиҳоди исломӣ моҳияти умумибашарӣ, инсондӯстона дошта, ҳифзи адолати иҷтимоӣ, таъмини амнияти Ватанӣ ва дӯстию бародарии ҳама инсонҳо вазифаи ҳар фарди муҷоҳид дар ҳолати размандагӣ бо артиши куффор аст! Ҷиҳод ин таъмини амнияти кишвардорӣ ва ҳифзи нангу номуси имондории ҳар мусалмон аст!

Оқилонро маълум аст, ки лидер, амир ва пешвоёни ҳаракатҳои ба ном «Ҷиҳодӣ» аксарият худ гумоштахои ташкилотҳоги чосусӣ ва ҷинояткорони машхур буда, оддитарин саводи динӣ ва маълумоти ибтидоии исломӣ надоранд ва ҳамзамон ходимони хадамотҳои саҳюнистӣ мебошанд! Ин ҷинояткорони бемаърифат барпои расидан ба ғаразҳои шахсӣ ва гуруҳҳии худ таҳриф дар матни оятҳои Қуръон ва аҳодиси шарифи Паёмбар (с) намудаанд!

Ҷиҳодҳои арабӣ ё табадулоти давлатӣ

Тавре ки аз даҳаи дуввуми қарни 21 мо шоҳид ҳастем дар як катор кишварҳои арабӣ, аз ҷумла, дар Либиё, Миср, Ироқ, Фаластин ва Сурия нооромӣ ва ҷангҳои дохилю таҷовузкорона идома дарад! Дар баъзе аз ин кишварҳо бо роҳи табаддулоти давлатӣ ва чангу зурӣ низоми давлатдорӣ барҳамзада шуд! Дар кишварҳо даҳҳо ҳаракат ва созмонҳои ба ном динӣ фаъолият доранд ва саҳми онхо дар ин бозихои сиёсӣ чашмрас мерасид! Ҳар яке аз онҳо дар зери шиорҳои «Аллоҳу акбар» рақиби худро ба қатл мерасонд,молу мулк ва дороии якдигарро ғорат мекарданд! Маълум буд, ки думболи ин гуруҳҳои ҷиҳодӣ, қудратхои бузурги ҷаҳонӣ нақши калидӣ мебозиданд, на дини ислом ва муслимин.

Вақте Саддом Ҳусейн президенти Ироқ буд, бештар манфиатхои Руссияро ҳимоят мекард ва русгаро буд. Ҳамзамон хатсайри Амрико ва идеоложи саҳюнистиро пушти по зада буд. Ин омил мунҷар ба-дон гашт, ки Амирико ва хампаймонҳои низомияш ба баҳонаи саркуб намудани терроризм ва аз байн бурдани ярокҳои хастаӣ ба Ироқ ҳуҷуми низомӣ намуданд. Аз бахру хушкӣ Ироқро гулулаборон сохта, оқибат президенти конунии Ироқ- Саддом Ҳусейнро дастгир намуда, дар рӯзи муқаддаси исломӣ- Иди Курбон ба дор овехтанд!

Ҷаҳони Араб ва раҳбарияти Олимақомӣ он аз Амрико пуштибонӣ намуда, лабайк ба Амрико гуфтанд! Кишварҳои худро дар ихтиёри пайгоҳҳои низомии артиши НАТО гузоштанд! Пас аз 10 соли сипари гаштани ҷанги Ироқ намояндагони Кохи Сафеди Амрико худ эътироф намуданд, ки дар Ироқ мо ягон намуди яроқи ҳастаиро наёфтем! Худи Амрико ва косалесонаш заминаҳои сиёсӣ ва иҷтмойии пайдоши терроризми байналхалқиро дар Ироқ муҳаё сохт!

Кохи Сафед ва ҳампаймонҳои низомии он аз ҳучуми низомии худ изҳори пушаймонӣ намуданд! Аммо то имрӯз касе дар бораи куштани хазорон сокини Ирокӣ масъулиятро ба душ намегранд, балки ҷиноятхои содирнамудаи худро мехоханд рӯйпуш намоянд. Ин омил боиси он гашт, ки дар Ироқ даҳҳо ҳаракатҳои озодихоҳана ва террористӣ мавқеи худро мувстаҳкам намоянд. Ва ҳар яке аз ин созмону харакатҳо барои ғасби ҳокимият ва давлати Ироқ мубориза мебаранд. Муборизаи онҳо дар зери шиори «Ҷиҳоди исломӣ» ва таъсиси давлати «Холофат»ҳамеша садо медиҳад!

Террористии «Ал-Қоида» ва мухолифони давлати имрӯзаи Ироқ, ки гӯё ҷиҳод дар роҳи Худо доранд, садҳо амалҳои террористӣ, аз ҷумла, амалҳои интиҳорӣ, инфиҷорӣ, гаравгонгирӣ, одамрабойӣ ва қатлу куштори бераҳмонаи намозхонҳоро дар масоҷид ва бозору ҷойҳои ҷамъиятӣ роҳандозӣ намудаанд! Қатлу куштори бераҳмонаи ин тоифаи тоғутсалафия маар аҳли имон ва аҳли зиммаро дар зери парчам ва шиорҳои «Ҷиҳодӣ» танҳо ба фодаи душманони ислом буда, манбаи хушунат ва Исломҳаросӣ мебошанд!!

Мусаллам аст ки дар кишварҳои арабӣ ягон ҷиҳоди исломӣ набуда, балки танхо табадулоти давлатӣ буданд. Дар замони ҳукмронии Қаддофӣ сатҳи зиндагии мардуми Либиё хеле олӣ ва хуб буд! Аммо асҳоби такфирӣ, ки хидматгори Куфри ҷаҳонӣ ҳастанд ва ба истилоҳи худашон «инқилобҳои рангин»-ро раҳандозӣ намуданд, ҳадафашон ба сари қудрати сиёсӣ омадан буду бас! Онҳо ҳаргиз ғами дини мубини ислом ва мусалмононро намехӯранд. Салафия ва пуштибонҳои саҳюнистии онхо баъди ба дор овехтани Саддом Ҳусейн собиқ Президенти Ироқ ва ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидани Президенти Либиё- Қаддафӣ миллиардҳо доллари онҳоро, ки дар бонкҳои Аврупой нигоҳ дошта мешуданд, аз худ намуданд!

Ҷиҳоди исломиро наметавон барои сарнагун намудани низомҳои давлати секулёрӣ ва барои ба даст овардани қудрти сиёсӣ истифода бурд! Табадулоти давлатӣ ва ғарати молу мулки дигарон ҷиҳоди исломӣ нест, балки он ошкоро ҷиноят ва ҷиноякорӣ аст!

Имрӯз гумоштахои ташкилотхои террористӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна, Озарбойҷон, Мочаристон, Уйғуристони Чин, Доғистон, Чиченистон, Ингушетия ва Руссия бо роҳи қочоқ мусалмонони ҷавону гумроҳ ва ғофил аз динро барои қатлу куштори мусалмонони Сурия ва Ироқу Афғонистон мебаранд ва ин қатлу куштор ва дуздии амволигайрро «Ҷиҳоди исломӣ» меҳисобанд! Ба ибораи дигар одамрабойӣ ва одамфурушӣ барои гумоштаҳои экстремистӣ ва ҷосусхои ҷинояткори ташкилотхои террористӣ касб, балки вазифаи хидматӣ маҳсуб меёбад! Аммо ин гумоштҳои ифлос ва чосусхои ташкилотҳои террористӣ ҳама кирдорхои ҳароми худро дар пероҳани «Ҷиҳоди исломӣ» пинхон месозанд! Шинохти башараи террористии аҳли такфир, гумоштаҳои террористӣ, возони ифлоси бемазҳаб ва мавлавиҳои язидманиши ҷохил вазифаи ҳар мусалмони окил аст! Набояд ба мавъизаҳои ҷиҳодӣ ва дасисаҳои ин Иблисрӯёни бемазҳаб, ки онҳо мубаллиги ғояҳои террористӣ хастанд бовар намуд, балки ҷомеаро аз вуҷуди нопок ва заҳролуди онхо пок бояд сохт!

Беҳтарин ҷиҳоди исломӣ илмомӯзӣ, эҳтироми волидайн, худшиносии миллию мазҳабӣ, меҳандӯстӣ, омӯзиши омӯзахои Қуръон ва аходиси Паёмбар (с), кӯмак ба муҳтоҷону ниёзмандон, таъмири роҳ кардан , сохиби касби халол будан ва хидмати калонсолону хурдсолон намудан аст!

Ҳадафи аслии аҳли такфир ва ташкилотҳои террористӣ ташкил ва таъсиси «Артиши мусалмонкуш» аз ҳисоби фарзандони исломӣ ва фидоиёни ин тариқат мебошад! Чунин «Артиши мусалмонкуш» алакаи дар «Хилофати язидӣ»-и Абубакри Бағдодӣ таъсис дода шудааст, ки ҷаҳони ислом ва муслмин онро наҳй намудаанд! «Артиши мусалмонкуш»-и «Хилофати язидӣ» асли терроризм ва симои пурхушунати ифротгароёни асҳоби такфирӣ мебошад!

Ҳуҷуми низомӣ ва истилогаронаи режми саҳюнистии Исроил ба Фаластин падиди тоза ва нав нест! Аз ҳамин лиҳоз ҳифзи марзу буми Ватан барои сокинон ва шахрвандони Фаластин айни ҷиҳоди исломӣ аст! Яъне дар Фаластин заминаҳои шаръии ҷиҳоди исломӣ падид омад, зеро хатарии нестшави Фаластин ва ҳудуди чӯғурофии он пеш омадааст! Дар ин холат мусалмонони ин кишвар вазифадоранд, ки барои хифзи нангу номус ва таъмини амният ва бехатарии якпорчагии Фаластин ба мубориза, яъне ҷиҳоди исломӣ бархезанд!

Аммо дар Ироқу Сурия ташкилотхои террористӣ ва экстремистӣ чун режми ҷинояткори саҳюнистӣ фаъолият доранд ва барои бархамзадани низоми конститутсионии ин кишварҳо талош доранд!

Ҷиҳоду-н-никоҳ ва ҷиҳоду-л-ливотаи салафия дар сангарҳои ҷангӣ

Яке аз зишттарин амалҳои муосир ва номашруъи асхоби такфирии «Салафия» ва ҳампаймонхои террористии онҳо эълони «Ҷиҳоду-н-никоҳ» дар қаламрави Сурия ва Ироқ мебошад! 

Муфти ва мавлавихои язидӣ барои таъмини хостаҳои шахвонии террористони такфирӣ ва зархаридони разманда дар сангарҳои ҷангӣ дар муқобили ҷузъу том ва неруҳои давлатию ҳукуматӣ эълони «Ҷиҳоду-н-никоҳ» намуданд ва амр карданд, ки шаҳрвандони Сурия ва Ироқ вазифадоранд, ки духтарони душиза, занон ва модарони худро барои размандагон ва террористони «Ҷиҳодӣ» таслим намоянд! То зархаридон ва террористони ба ногм «Муҷоҳид» бо онҳо ҷимоъ намуда,оромш пайдо намоянд, зеро «Муҷоҳидон» барои нусрати Ислом меҷанганд!

Уламои исломӣ ва афроди бомаърифате, ки «Ҷиходу-н-никоҳ ва ҷиҳоду-л-ливота»-и террористони саркаш ва бемурувватро наҳй намуданд, бо сахтарин усул аз ҷониби террористони салафия ва хамкосагони такфирияшон ба қатл расонида шуданд!

«Ҷиходу-н-никоҳ ва ҷиҳоду-л-ливота» қатъиян мохияти сломӣ надорад! Дар дини мубини ислом чунин «Ҷиходу-н-никоҳ ва ҷиҳоду-л-ливота» тамоман вуҷуд надорад! 

«Ҷиҳоду-н-никоҳ»-ро нахустин маротиба Язиди лаъин баъди истилои Мадинаи мунаварра истифода бурд, ки кабиру сағир бар Язиди қотил лаънат гуфта, рафтор ва кирдори артиш ва сархангони зинокорашро наҳй намуданд!

Масуллам аст ки барои таъмини ризоияти нафсонии зархаридони такфирӣ ва хостаҳои шаҳвонии террористони қотил душманони ислом тавассути муфтӣ ва мавлавихои фосиқи салафия ва каззоб талош варзиданд, ки «Ҷиҳоду-н-никоҳ»-и ҳаром ва зидди исломиро машруъият бибахшанд!! Дар ҳоле ки ин навъ никоҳи иҷборӣ ва муваққат ошкоро зино ва ҷинояти махсусан вазинин махсуб меёбад!

Тавассути гумошта ва далолаҳои такфирӣ, муфти«Папа»-ву воиз«Мама»-розаҳои бемазҳаб аз кишварҳои гуногун фоҳишаҳои нопок барои дарёфти манфиъати пулӣ ва лаззати бештари ҷисмонӣ дар маъракаи «Ҷиҳоду-н-никоҳ» иштирок намудаанд, ки дар натиҷаи он садҳо мавлавӣ, муфтӣ, лидер, қумандонхои саҳроӣ, «Мучохидони разманда»-и шабакаҳои террористии «Ал-Қоида» , «ДОЪИШ» ва «Ан-нусра»-и салафия гирфтори касалии «Сифлис ва Спид» гаштанд!

Артиши ҷиҳодии ДОЪИШ феълан дар як қисмати ишғолкардаи худ «Ҷиҳоду-н-никоҳ ва ҷиходу-л-ливота»ро ба роҳ мондаааст! Аз ҳамин лиҳоз мардуми бумии Ироқ барои таъмини амнияти занону духтрон ва модарони худ онҳро гурезонда, ба кӯҳу пуштаҳои беоб ва сӯзон бурдаанд! 

Ҳамзамон ДОЪИШ хатнаи бонувон ва занонро иҷборан ба роҳ монда, садҳо духтаракони ноболиғ ва..калонсолро хатна намудаанд!

Тибқи иттилоот ва гузориши хабаргузории Олмон, салафиятеррористҳои ДОИШ, 700 занро аз минтақаи Санҷор дар устони Салоҳиддин, яъне аз шимоли Ироқ рабудаанд, ҳар кадом духтари бокираро ба маблағи 1000- ҳазор доллари амрикойи ба размандагон-муҷоходони шайтонпарасти ҷиҳодии салафия дар шаҳрҳои Ҳалаб, Риққа фурухтанд!

Язидсалафияҳои террорист пас аз харидории ин занони бокира, бидуни ризоияти духтарон, онҳоро ичборан ба никохи худ дароварда, эшонро ба чабҳаҳоии “Ҷиходу-н-Никоҳ”- худ оварданд! Ҷангиёни зония, ки худро муҷоҳид муаррифи мекунанд, олудаи аносири куфр ва лорои акидаи хабиси язидиянд, ки аз ягон амали зишт даст намекашанд!

Ифротгароёни террорист ичборан бо ин духтарони бикр зино намуда, оддитарин меъёрҳои шаръиро риоя накарданд!!! Тибқи қонунгузории шаръ бояд ҳами ин муҷоҳидони ҷинояткор сангсор карда шаванд! Хамчунин раиси Анҷумани олии занони хиттаи Курдистони Ироқ рӯзи ҷумъа аз рабудани 700 духтар ва зани эзидӣ аз сӯи салафиятеррористҳои ДОИШ хабар дод. Муҷоҳидтеррористҳо дар пайи ҳамалоти худ ба шимоли Ироқ, бахшҳое аз шимол, шимолу ғарби ин кишварро ишғол карданд.

Мебинеам, ки кирдор ва рафтори ин ҷинояткорони такфирии ба ном муҷоҳид хеҷ иртиботи динӣ ва пайвастагии мантиқӣ ба «Ҷиҳодӣ исломӣ» надоранд, балки онон ба тамом ҷинояткороне мебошанд, ки тибқи дастур ва барномаҳои дастгоҳҳои террористӣ фаъолият мекунанд!

Ҷиҳоди уйғурӣ ё худкушии мусалмонҳо дар Чин

Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ низ аз ташкилотҳои террористии Ал-Қоида мебошад, ки дар асоси сармоягузории дастгоҳҳои иртиҷойи такфирии хоричӣ барои ноорому бесубот ва заъифу нотавон сохтани иқтисодит ва халалпазиру осебпазир намудани амнияти кишвари Чин таъсис дода шудааст!

Аъзоёни ин харакат аз уйғурҳои фиребхурдаи хиттаи Цинзияни Чин буда, ошкоро аз ҷониби ал-Қоида, Толибон, ҲИУ, Салафия ва Ансоруллоҳ дастгирии маънавӣ ва иқтисодӣ меёбанд! Ячекаҳои махфии ҲИТШ дар Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Узбакистон, Сурия, Ироқ, Қирғизистон ва Тоҷикистон ғайрирасмӣ фаъолият мекунанд! Аъзоёни ин ҳаракати ифротгаройӣ чандин амалхои террористӣ-интиҳорию инфиҷориро дар зери парчами «Ҷиҳоди акбар» дар қаламрави Чин амалӣ намуданд, ки дар натиҷа инсонхои бегуноҳ кушта ва захмдор гаштанд!

Дар ҳоле ки мардуми мусалмони хиттаи Цинзиян ҳанафимазҳб буда, тамоми шароити ибодатӣ барои онхо муҳаё аст! Андар ин нуктаи исломӣ низ миссионер ва мубалиғони харкатҳои иртиҷойӣ ва такфирии «Салафия», «Ансоруллоҳ»-у ҲИУ ва Толибон аз Покистону Афғонистон, Ҳиндустону Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистон ба бахонаи тиҷорат ва сайру тамошо ворид гашта, ақидаи террористӣ ва ифротгаройи хешро дар байни ҷавони уйгурӣ ташвиқу таблиғ мекунанд! Ҷавонони мусалмони уйғуриро барои таъсиси далати исломии «Хилофат» дар қаламрави Уйғуристони Чин мефиребанд ва оноро бо ҳар роху васила барои ширкат намудан дар ҷангхои зидди давлати Сурия ва Ироқ бо роҳи қоҷок вуорид сохтаанд!

Таблиғи ақидаи террорстӣ аз ҷониби бемаз ҳабон ҳамчун идеологияи «Ҷиҳоди исломӣ» дар муҳити динии Цыинзиян бисёр шигифтовар ва фоҷиабор аст! Мақомотҳои интизомии давлатии кишвари Чин барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва якпорчагии ҷугурофии кишвари худ, метавонанд маҳдудиятҳои лозимаро барои мусалмонон роҳандозӣ намояд!

Худкафон ва такфирихои цинзиянӣ амалҳои номашруъ ва зидди исломии хешро «Ҷиҳод» дар муқобили куфр мехисобанд, ки катъиян хато мебошад! Мебинем, ки созмон, ҳизбҳо ва ҳаракатхои террористии такфирӣ чун занҷираи ногусастанӣ ва густурдаеро мемонад, ки моҳияти байналхалқи касб намудаанд.

Дастгоҳҳои террористии ифротгарйи такфирӣ тибқи нақша ва барномаҳои тарҳрезӣ гаштаи хоҷагони худ дар ҳамаи гушаву канорхои олам таблиғи нодуруст ва гаразноки «Ҷиҳоди иломӣ» намуда, аз ҳисоби ҷавонони гумроҳи исломӣ артиши қавии террористиро созмон додаанд! Ҳамин буд, ки тамоми салафияҳои такфирии тоҷику арабӣ, покистонию афғонӣ, уйғурию чиченӣ, қазоқиву қирғизӣ, урдунию мисрӣ, суриягиву туркӣ, инглисию русӣ, бритонию амрикойӣ дар канори ҳам истода, дар як шаб дар Ироқ давлати «Хилофати террористӣ»-и хешро таъсис дода, ҳазорон инсонҳои бегуноҳро дар зери шиорҳои ҷиҳодӣ қатли омм намуданд!

Таъсиси артиши худкафон ва террористии уйғурҳо аз ҷониби ташкилотҳои ифротгаройи хориҷӣ аз он шаҳодат медихад, ки думболи ин созмон ва ҳаракатҳои ислоткори такфирӣ ва ҷиҳодӣ қудратхои бузурги ҷаҳонӣ, аз ҷумла, саҳюнизми байналмилалӣ пинҳонанд!

Аз рӯи инсоф касе ба Қуръон ва суннат муроҷиат намояд, пас дармеёбад, ки «Ҷиҳоди исломӣ» ҷанбаи аслӣ ва омили субот ва амниятӣ дошта, мухолифи ҳама гунна қатлу куштор ва тахрибу вайронкориҳо мебошад!

Мутассифона, вокеҳои охири террористии «муҷоҳидони уйғурӣ» дар музофоти Цинзиян аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷалби ҷавонони мусалмонони уйғурӣ ба созмон ва харакатхои террористӣ барои таъсиси «Хилофати исломӣ» хеле афзоиш ёфтааст! Ноогоҳии мақомотҳои расмии давлатӣ ва бехабарии мусалмонони чинӣ аз макру дасиса ва тавтиҳои ҳаракатҳои террористӣ, ки аз онҳо ёд намудем, омили бесуботӣ ва нооромӣ дар қаламрави Чини бузург мегардад!

Таркишҳои марговари рухдодаро дар қаламрави хиттаи Цинзияни Чин Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ бар душ гирифтааст, ки дар он таркишхо бисёр инсонҳо ҷони азизи худро аз даст додаанд!

Танҳо дар соли 2009 дар натиҷаи амалҳои террористии «салафиямуҷохидони ҷиҳодӣ»-и уйғурӣ дар Урумчӣ 197 нафар кушта ва 1ҳазору 700 нафар чароҳати вазин бардоштанд!

Ҷиҳоди шайтонии такфириҳои тоҷик

Ҷиҳоди шайтонии салафияи тоҷикреша дар таърихи миллат ва осори исломии мардуми тоҷик надорад! Салафияи тоҷик таблиғи ақидаи такфирӣ ва андешаи бемазхабиро дар муҳити иттилоотӣ «ҷиходи илмӣ» ва «исломи инкилобӣ» ҳисобида, тамоми нерӯи зеҳнии хешро дар зинаи аввал ба-дон сарф намудаанд! Лидерҳои Шайтонпарсти салафияи тоҷик аввал гуфтанд, мо «ақида» ҳастем, ҳаракат, ҳизб ва гуруҳ надорем, аммо чун шумораашон афзуд, изҳор доштанд, ки «Салафия» ҳаракати динӣ аст! Лидерҳои бефарханг, ҷохил ва такфирии ҳаракати иртичойи «Салафия» вазъи динӣ ва сиёсии ҷомеаи Тоҷикистонро ба инбот гирифта натавониста, пеш аз ҳама, барои мвқеъёбии худ дар ҷомеаи Тоҷикистон худро ҳамчун як ҳаракати «Ислоҳкор» ва «Бидъатситез» муаррифӣ намуданд! Лидерҳои такфирӣ ва воизони мебазҳаб то андозае шердил гашта, ки таблиғи ақидаи фасод ва ғаразноки худро аз минбарҳои телевизонӣ интишор намуданд!

Гӯё дар мухити динии Тоҷикистон як инқилоби ҷадиди ақидавӣ ва исломи инқилобӣ рӯи кор омада буд! Воизони сафсатагӯ ва лидерҳои салафияи такфирӣ гиребони уламои суннатии кишвар гирифта, заминахои муноқиша ва баҳсу ҷадалхои ихтилофрезро муҳаё сохтанд! Ин тоифаи бефаросат ва тундгаройи салафия ҳамзамон тамоми сарчашмаҳои илмӣ ва динии мардуми мусалмони ҳанафимазҳаби тоҷикро икор намуда, бидъат, ширк ва куфр номиданд! Аз бехи ҳар як саргини хар як мавлавии нопок ва муфтичаҳои такфирӣ ба «Ҷиҳоди шайтонӣ» бархостанд!

Ин тоифаи такфирии ҷоҳил мактаби ҳадисро дар муқобили мактаби фиқҳӣ қарор дода, ҳастии мазохиби исломиро хамчун омили аслии исломӣ маҳкум ва наҳй намуданд! Ошкоро даъват менамуданд, ки дар ислом мазхаб вуҷуд надорад ва иддаъо намуданд, ки бунёдгузори бидъат дар ҷаҳони ислом Имоми Аъзам- Абӯҳанифа (р) мебошад!

Даъватҳои ғаразнок ва пуросеби «Салафия»-ро воизони сафсатгӯ ва мардумфиреб асоси шаръӣ бахшида, тавассути «Амри маъруф ва наҳй аз мункар» заминаҳои рушди ифротгаройиро дар Тоҷикистон омода сохтаанд! Бинобар халогиҳои маънавӣ ва бехабарии ҷавонони диндӯстдор, онон идеялогияи террористии «салафия»-ро ҳамчун ақидаи солими исломӣ ва ормонҳои динӣ ба худ пазируфтанд! Ҷавонони мутаддайн аз бехабарии динӣ ҷиҳоди шайтонӣ ва «Исломи инқилобӣ»-и Салафияро дар муддати кутоҳ пазируфтанд! Бархе аз гумроҳон ва ҷохилон дар ҳол шомили ҳаракати террористии «Салафия» гашта, мубориза бар зидди арзишҳои фарханги миллӣ ва муқаддасоти исломиро «Ҷиҳод дар роҳи Худо» пиндоштанд!

Вазъи динӣ дар кишвар бинобар фаъол гаштани «Салафия» рӯ ба табоҳи овард! Уламои бедор, рӯзноманигорони хушманд ва сиёстшиносону исломшиносони моҳир аз оқибатхои пурхатари ин падидаи номатлуб, яъне «Салафия» мардуми кишвар ва пешвоёни миллатро ҳушдор дода, андешаи такфирӣ ва идеялогияи зидди умумибашарӣ ва зидди конститутсионии «Салафия»-ро фош сохта, маҳкум намуданд! Ҷиҳоди илмии рушанфикрони миллат ва дустдорони сулху субот дар муқобили «ҷиҳодии шайтонӣ»-и Салифия ба майдон омад! Даҳҳо мақолахои динӣ ва илмӣ андар радди акидаи экстремистии «Салафия» дар рӯзнома ва ҳафтаномахои ватанӣ ба табъ расид! Ин раванди бедории миллӣ тавонист то андозае тақвиятёбии ифротгарпойӣро дар ҷомеа заъиф созад!

Вобаста ба вазъи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дар кишвар лидерҳои Шайтонпарасти салфияи тоҷик услуби даъват ва муборизаи худро тағийр медоданд! Худро ғамхори давлат ва қонуният нишон медоданд, гӯё барои «Танзими расму анъанаҳои миллӣ» хидмат намуда, бар алайҳи бидъат ва расму оинҳои ғайриисломӣ убориза мебаранд! Ин ахмақони такфирӣ фаромӯш сохтаанд, ки қононхои эҷодшудаи Тоҷикистон моҳити динӣ надоранд ва бениёз аз химояти такфирихо ва идеологияи ватансӯз ва миллаткуши онҳо мебошад!

Оқибат фаъолияти харакати иртиҷойи «Салфия» ба таври расмӣ аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон манъ гардид! Як қисм фаъолони ҳиҷрат намуда, ба Сурия, Арабистон, Афғонистон, Туркия, Урдун, Яман, Миср ва Шому Ироқ рафта, шомили дигар ҳаракатхои террористии «Салафия» гаштанд!

Муҳаммадии Раҳ матулло муассис ва лидери собиқи «Салафия» аз даъвати салафиягаройӣ дар зоҳир боз мондааст ва вазифаи ледерии ҳаракати «Салафия»-ро ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон Муътадӣ, хатмнамудаи мадориси динии Яман, ки яке аз салафйияҳои мадхалӣ ва такфирӣ шинохта шудааст, ба уҳда гирифта дар даву тоз аст!..

Самти даъвати ҷиҳодии ақидаи такфирии ҳаракати «Салафия» тағийир ёфт. То ин замон даҳҳо китоб, адабиёт ва фитаҳои динӣ аз ҷониби салафия дар муҳити иттилоотии кишвар ба табъ расида, дар байни аҳолӣ ройгон таксим карда шуда буд, яъне мағзи даҳҳо ҷавонон бо собуни идеологияи такфирӣ шустушӯ гашта, заҳрогин гашта буданд!

Мағзшӯйи ҷавонони исломӣ аз ҷониби ифротгароён поён наёфт, балки услуби муборизаи худро ифротгароён тағийир доданд! Ҷиҳодҳои даъватии «Салафия» махфиёна ва дар зерпусти ҷомеа тақвият ёфта истодааст!

Пешваёни харакати «Салафия», «Байъат», ҲИУ ва «Ансорулло» дар хамкори бо дастгоҳҳои иртичоии хориҷӣ махфиёна ва ғайрирасмӣ тавассути Миср, Москва, Туркия ва Афғонистону Урдун хаммаслакони такфирии тоҷики худро барои ширкат намудан дар муқовиматҳои зидди давлатии Сурия ва Ироқ ирсол намуда ва менамоянд!

Дар Миср низ салафияи такфирӣ аз ҷумла, мавлави Абдураҳими кӯлоби ва Юсуфи ҳисорӣ ҳамроҳ бо Сайдбурҳони фалхорӣ дар ҳоли фиреб ва мағзшӯйи намудани тоҷикони Тоҷикистон буда, духтарон ва навчонони мӯхоҷири тоҷикро тавассути Руссия ба Миср меоваранд ва баъдан назди пешвоёни ҳизби «Нур»-и салафия ононро ба тадрис фаро мегиранд! Ба ҷиҳодхои шайтони ирсол намудани ҷавонони хунгарми минтақи Кӯлоб бесабаб нест!

Авҷгирифтани таблиготи салафиягаройӣ ва решадавонии ақидаи заҳролуди ифротгароён дар ноҳияи Восеъ, Фалхор, Темурмалик ва Кӯлобу Муминобод бисёр нигаронкӯнанда буда, аз он шаҳодат медихад, ки таълимоти мазҳаби ханафӣ андарин ҷойҳо заъиф ва хароб гаштааст! Ин омили фитна ва игвоангез заминаҳои ташаккули «Хилофати исломии такфириёни тоҷикро дар кишвар мухаё месозад! Ба-дин ҷиҳат зарур аст, ки решав а заминаҳои рушди «Ҷиходи шайтонӣ»-и такфириёни бемазҳабро дар ҷомеа ба тамом несту нобуд бояд кард! Пешвоён ва мубаллиғони ғояхои такфирӣ ва бемазҳабиро аз вазифаҳои сархатибӣ ва муллоимоматию мударисӣ дафъ бояд сохт:

Дидам, ки басе оби сарчашмаи хурд,

Чун бештар омад шутуру бор бибурд!

Чунин муздурони хилофтсоз ва бемазҳаб аз таассуб озодӣ ва истиқлолро танхо дар таъсиси «Хилофат ва ҷиҳодҳои шайтонӣ» мебинанд! Низоми демократии кишварҳои низомашон секулёриро сирф низоми кофирӣ ҳисобида, сарнагун сохтани онҳоро вазифаи ҷиҳодӣ ва муқаддаси акидавии салафия мехисобанд!!

Даъват ба ҷангу ҷидол ва қатлу кушторро такфириҳои бемазҳаби тоҷик «Ҷиҳоди исломӣ» ҳисобида, даст ба одамрабойӣ ва одамфурушӣ задаанд!

Бо касофатии ва иллати идеологияи «Салафия»-и мутаассиб равиши намозхонии ҳанафимазхабони точик анқариб дар Тоҷикистон тағийр биёбад! Пешвёни риёкор ва ахмақи такфирӣ луқма мепартоянд, ки салафия танҳо дар масъалаҳои фаръӣ ихтилоф доранд, дар асл онҳо дар роҳи Ислом ҷиҳод доранд! Салафия ҷиҳоде, ки мусалмонони тоҷик онро фаромӯш сохтаанд, аз нав зиндагардонида истодаанд! Дуруягӣ ва мунофиқии душахсиятҳо бадтар аз офати саратон аст!

Саркуби илмию шаръӣ ва фош сохтани афроди душахсият ва пуштибонҳои аслии ҳаракати салафия ва ҳампаймонҳои такфирии онон вазифаи шаҳрвандии ҳар як инсони комилҳуқуқ аст! Зеро ҷиходи шайтони ҳаракатхои ифротгаро ягон мохияти динӣ надоранд, ба чуз қатлу куштор ва тахрибкорию гаратгарии молу мулки шахсӣ ва давлатӣ. Ҳаракати иртиҷойии «Салафия» ва «Байъат» мазҳаби расмии ягон давлату кишвари дунё нест!

Касоне, ки ақида доранд, ки салафия мазҳаби расмӣ давлатҳои арабӣ аст, бас хато кардааст! Мусаллам аст, ки чунин афрод оддитарин маълумоти динӣ аз улуми исоломӣ ва диншиносӣ надоранд. Чунки харакати ҷиҳодию террористии «Салафия» ягон мазхабро эътироф намекунанд, балки аз нуқтаи назари эътиқоди ва диёнатии онон мавҷудияти мазҳаб дар ислом номашруъ ва бидъат аст! Бесаводи динӣ хатто баъзе мансабдорон ва сисатшиносонро ба пуштибони харакати террористии салафия водор сохтааст!

Яке аз принсипхои ҷиходии ҳаракати «Салафия» пеш аз ҳама, ба доми тазвири худ даровардани риҷоли масабдор, афсарони баландрутба ва афроди сарватманди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад! Шинохти ин принсипи чиҳоди шайтони харакатхои ифротгароёна вазифаи хар инсони оқилу Ватандӯст мебошад! Дуввумин принсипи пурзалолати ҷиҳодии харакатхои террористӣ ба сифати муддарис, муфтӣ, пешво, сархатиб, коршинос ва мутахассиси динӣ ворид сохтани гумоштаҳои такфирии худ дар таълимгоҳҳо ва ташкилоту ниходҳои динии кишвар мебошад!

Мутассифона, бо ин ҳама, ки 1310 сол мешавад, мардуми Тоҷикистон мусалмони ҳанафимазҳабанд, салафия тавонист тавассути воизони хоин ва миссионерҳои ширинсуханашон мавқеи террористии худро дар байни ҷавонони тоҷик мустаҳкам намояд! Яъне ҷиходи таблиғотии ифротгароёни бемазҳаб дар муҳити динии Тоҷикистон ба осонӣ роҳ ёфта, мавкеъ пайдо намуд!

Ҳамкории салафияи тоҷик бо дигар созмонҳои террористии «Алқоида», «Аннусра». «Ансоруллоҳ», «Байъат», «ҲИУ», Толибон», «ҲИТШ», «Гордонҳои Имом Бухорӣ» ва даҳҳо ташкилотҳои террористии дигар ошкор аст! Даҳҳо такфириҳои тоҷик шомили ҳизби «Нур»-и Миср гашта, дар пайи таъсиси далати «Хилофат» дар Осиёи Миёна ҳастанд!

Ҷиҳоди шайтонии точиксалафия дар Ироқу Шом бозгӯйи симои террористии онон мебошад, ки онон ба «Ҷиҳоди исломӣ» ягон иртибот надоранд, ин такфириҳои бемазҳаби тоҷик бозичаи дасти ташкилот ва дастгоҳҳои террористию экстремистӣ гаштаанд!

Ҳоло барои заъифсозӣ ва поксозии ҷомеа аз боқимондахои харакати иртиҷойи «Салафия» мақомотхои дахлдор камари химмат бастаанд, ки бисёр кори хай рва сари вақтӣ аст! Раванди мубориза бо такфириҳои бемазҳаб омили саъодатмандии миллат ва ҳифзи амнияти миллӣ мебошад!! Таъмини амният ва тартиботи ҷамъияти вазифаи ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ва қарзи нсонии хар фарди огоху оқил аст!

Фош сохтани ҷиҳодҳои шайтонии салафия вазифаи сархатибон, уламои исломӣ ва донишмандони мусалмон ва ватандӯст мебошад!

Ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои хоричи кишвар бо номи «Ҷиходи исломӣ» бояд нигаронкунада бошад, зеро онон ба мучарради баргаштан ба Тоҷикистон дар паи таъсиси «Хилофати шайтонӣ» шуда, даст ба «Ҷиҳодҳои мусалмонкӯш» мезананд!

Ошкор гардида аст, ки ҳаракати террористии «Салафия» сарчашмаи бидъат ва хурофот буда, ягон ҷараёни ислоҳкор ва харакати диёнатӣ наст! Рафтор, кирдор ва тафаккури шахсиятҳои ин чамоати такфирӣ хилофи таълимоти Қуръон ва суннат буда, маҳсули дастгоҳҳои иртиҷойӣ мебошад!

Аз ҳамин лихоз сазовор аст, ки марзу бум ва фарзандону наздикони худро аз вирусҳои миллаткуш ва ватансӯзи террористии салафия ва тохту тозҳои чингизӣ ва ҷиҳоди шайтонии онон хифз намоем, балки алорағми онон посухи сазовор ва шоиста бидиҳем.!
Манқуртсозии иттилоотӣ-ҷузъи ҷиҳоди шайтонӣ

Хабаргузорӣ ва иттилотии ҷаҳонӣ, ки моҳияти фаромиллӣ доранд, дар замони муосир бисёр фаъол ҳастанд. Аз рушди иттилооти замонавӣ гуруҳ, созмон, ҳизб ва ҳаракатҳои моҳияти ифротгаройӣ ва террористӣ дошта, бисёр сари вақтӣ ва зиракона истифода мебаранд, ҳамзамон онон даҳҳо шабакаҳои таблиғотӣ кушода, андеша, ақида, идеология ва ғояҳои ифротгаройӣ, иғвоҷӯйӣ ва моҷароҷӯйро аз номи дини мубини ислом, ки моҳияти умумибашарӣ дорад, барои эҷоди фитна ва иғвоангезӣ дар фазо ва муҳити динии ҷомеаҳои мухталиф муғризона мекоранд.

Бинобар халогиҳои маънавӣ ва бехабарии ҷавонони мутаддайин дар ҷомеа нисбат ба осори фарҳанги миллӣ ва исломӣ, ки онҳо таҳдоби решагӣ ва манбаъи аслии амният, сулҳ ва суббот дар ҷомеа ҳастанд, гирифтори тавтиа ва дасисаҳои шабакаҳои ғаразноки хориҷӣ ва дастгоҳҳои таблиғоти афкори экстремистӣ мегарданд!

Тақвиятёбии раванди ифротгаройи иттилоотӣ дар фазои фарҳангию муҳити динӣ ва дар заминаи он решадавонӣ ва тақвиятёбии мафкураи экстремистии ҳаракат, ҳизбҳои ба ном исломӣ ва созмонҳои моҳияти террористӣ дошта, бисёр фоҷеабор аст!

Андеша ва идеологияи маргзо ва заҳрогини онон мағзи ҷавонони диндӯстдорро дар ҷомеаҳои мусалмионнишин гирифтори вирусҳои миллаткӯш ва Ватансӯз мегардонад.

Мутаассифона, хабаргузорӣ ва иттилоотии дохилии кишварӣ ҳарчанд дар таҳкими суботи ҷомеа корҳои муҳимро ба сомон расонада бошад ҳам, аммо онҳо то кунун дар муқобили шабакаҳои интернетӣ ва моҳворавӣ, ки моҳият фаромиллӣ доранд, ҷавобгӯ нестанд!

Даҳҳо шабакаҳои моҳворавӣ ва сомнаҳои интернетӣ чун «Висоли Ҳақ», «Висоли форсӣ»-и Муллозада, «Калима», «Аҳли байт»-и Ҳасани Аллоҳёрӣ ва «Сунни Нюз» «Бутшикан» шабонарӯзӣ машғули таблиғ ва ташвиқи идеология ва ғояҳои террористӣ ва экстремстӣ буда, оятҳои Қуръони карим ва аҳодиси Паёбари Ислом (с)-ро бардуруғ ва ғаразнок дар асоси принсипҳои аҳли такфир ва идеологияи созмонҳои террористӣ шарҳу маънидод менамоянд.

Гуруҳҳои бунёдгарои тахрибкор ва ифротгароёни тудрав дар арсаи байналмиллалӣ ва дар қаламрави кишварҳои гуногун даҳҳо ҳизб ва созмонҳои ба ном исломӣ таъсис додаанд, ки ҳеч иртибот ва ҳамбастагӣ ба дини мубини Ислом надоранд, балки ҳизбу созмонҳои оонҳо омили аслии тафриқа, низоъ ва боъиси сар задании амалҳои террорстӣ ва ба қатл расидани инсонҳои бегуноҳ, мутафаккирону донишмандони миллӣ, уламои исломӣ ва боиси тахриб гаштани хонаҳои истиқоматӣ, масоҷид, куништ ва осори арзишманди таърихӣ гаштаанд. Аламовар он аст, ки асҳоби такфир ва ҳаракатҳои террористӣ амалҳои зидди башарӣ ва кирдорҳои ҷинояткоронаи худро ба васила ва тавассути ҷавонони гумроҳу ноболиғи исломӣ ба анҷом расонда, хиёнат ва қатлу куштори худро «Ҷиҳод дар роҳи Худо» меҳисобанд.

Бояд бидонем, ки амалу кирдорҳои маъсиятбори инфиҷор, худкафонӣ ва тамоми анвоъи амалҳои интиҳорӣ қатъиян хилофи таълимоти Қуръони карим ва суннати Паёмбар (с) аст. Худкафонӣ маҳсули фарҳанги исломӣ набуда, балки ин кирдорҳои номашруъ ва амалҳои ҷинояткорона равшангари дурнамои пурзалолати террористон ва бунёдгарони такфирӣ мебошад. Дастгоҳҳои хабаррасонии ҷаҳонӣ, ки бастаи таблиғи дингаройӣ хастанд, қори ҷинояткорони интиҳориро ситоиш намуда, дар олам таблиғ менамоянд.

Муғризини нопок ва ҷинояткорони бемаърифате, ки дар зери шиорҳои сохтаи «Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар» дар ҷойҳои сераҳолӣ ва ҷамъиятӣ даст ба худкафонӣ ва дигар амалҳои террористӣ мезананд ва касонеро, ки андеша ва ақидаи ботили онҳоро намепазиранд, кофиру мушрик ҳкм намуда, сар мебуранд, сина медаранд ва зинда ба зинда оташ мезанад, ҳаргиз наметавон мусалмон ҳисобид, зеро рафтор ва кирдорҳои зиддибашарии онҳо қатъиян зиди таълимоти дини мубини Ислом мебошанд! Ҷинояткорони қотил ва мутаассибони ифротӣ танҳо бадномкунандаи дини ислом ва чеҳраи зебои он ҳастанд!

Аҳмадшоҳи Масъуд (р), Бурҳониддин Раббонӣ (р) дар Афғонистон, донишманди машҳури аҳли суннат ва пири тариқат Сайид Афандӣ (р) дар кишвари Доғистон ва Рамазон Бутӣ (р) муфтии аҳли суннат ва ҷамоъат дар Сурия аз ҷониби террористони худкафони салафия, ки дар пайи таъсиси «Хилофат» ҳастанд, мавриди ҳуҷуми номардона қарор гирифта, дар ҳангоми адои намоз дар дохили масҷид бо ҷумлаи намозҳонҳо тарконда, ба шаҳодат расонида шуданд! Аммо гумоштаҳои террористон ин амалҳои нангин ва террористиро тавассути дастгоҳҳои иттилоотии хориҷӣ ва шабакаҳои интернетӣ «Ҷиҳод дар роҳи Худо» баён намуда, изҳори қаноатмандӣ ва хурсандӣ мекунанд, балки дигар ҷавононро ба «Ҷиҳодҳои шайтонӣ» даъват менамоянд! Иттилооти фаромиллӣ рафтор ва кирдорҳои худкафонҳои ҷоҳилро вазифаи муқаддаси шаръӣ ҳисобида, ҷавононро мағзшӯйӣ месозанд! Фирор ва худкушии ақидаи солими исломӣ тавассути таблиғоти дастгоҳҳои хориҷӣ бисёр падидаи хатарнок дар замони муосир мебошад.

Барои бемазҳабони такфирӣ яксон аст, ки онҳоро аз хатари ақидаи ботил ва кирдорҳои террористияшон огоҳ бисозӣ ё хабардор намоӣ, онон ҳақиқатро намепазиранд, ба ақидаи солими исломӣ имон надоранд, балки қобилияти маърифати ҳақиқат ва қабули даркро аз даст додаанд! Манқуртсозии такфирӣ дар либоси ҳизб ва созмонҳои ба ном исломӣ, ки дар пайи таъсиси «Хилофат»-и зидди ҳокимиятҳои мардумсолорӣ ва давлатҳои секулёрӣ ҳастанд, бисёр нигаронкунанда буда, хатари ҷиддӣ ба амнияти мазхабӣ, давлатӣ ва оромии ҷомеаи мо тоҷикон дорад! Дини мубини ислом бениёз аз ҳар гуна ҳизбсозӣ дар ислом ва низову тафриқаи ақидавӣ мебошад.

Худованди Маннон дар чандин оятҳои мубораки Қуръони карим дар бораи рафтору кирдорҳои номашруъ ва ақидаву афкор ва ҷаҳонбинии пурзиллати қотилони бемурувват, ки барои расидан ба ҳадафҳои сиёҳи гуруҳӣ ва ҳизбии худ, муъминон ва аҳли китобро ошкоро ба қатл мерасонанд, лаънат хонда, кирдор ва амалҳои номашруи онҳоро қатъиян наҳй намудааст!

«Ва ҳар кӣ муъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ (қотил) дузах аст, дар он ҷовид бошад. Ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯ (қотил)-ро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст»,- Қуръони карим, сураи Нисо, ояти 93.

Дар асоси талаботи ҳамин ояти 93-и сураи Нисо маълум аст, ки ифротгароёни тундрав ва такфириёни қотил шомили лаънати Худо гашта, ҷояшон андар Дузахи ҷовидон аст. Зеро онон даҳҳо ва садҳо инсонҳои бегуноҳро барои эҷоди тарс, воҳима ва бадномкунии дини бубини ислом сар бурида ва ҳатто зинда ба зинда оташ заданд.

Куфру илҳод ва ширку туғёнҳои такфирӣ вуҷуд ва пайкараи пуриллату пурзиллати ифротгароёни бемиазҳаб ва созмонҳои такфириро сар то по фаро гирифтааст, ки онон аз нерӯи биноӣ, қудрати шунавоӣ ва дарки ҳақиқат маҳрум гаштаанд.

Аносири тавҳидӣ ва диёнатии аъзоёни ҳаракати иртиҷоии «Салафия», ки таъсиси «Хилофат»-ро шеваи диёнатии хеш қарор додааанд аз вирусҳои дуруғ, ғараз, дасиса, тавтиъа, фаҳш, ҷаҳонбини ботил ва авомили дасисаву талбисот таркиб ёфта, ба андешаи солими Қуръонӣ ва таълимоти гуҳрбори ҳазрати Муҳаммад (с) ягон рабт ва хампайвандӣ надоранд! Аҳли такфир дорои тафаккури террористӣ ва зиёнзада буда, аз пазириши ақидаи тавҳидӣ ва суннатҳои зебои исломӣ оҷиз ва маҳруманд!! 

Ҳаракати «Салафия» аз ҷониби дастгоҳҳои мустаъмиротӣ барои эҷоди фитна, тавҳини уламои исломӣ, тахриби осори таърихӣ, қатлу куштори имондорон, туҳмату таҳкир, фитна, иғвоангезӣ, интиҳор, инфиҷор, таблиғи «Ҷиҳоду-н-никоҳ»-у «Ҷиҳоду-л-ливота», таълими ғояҳои террористию экстремистӣ, ташвиқи андешаву ақидаи асҳоби моҷароҷӯйи абраҳаҳо, фиръавнҳо, заҳҳокҳҳои қотил, Язидони саҳобакӯш, абӯчаҳлону абӯлаҳабҳои мунофиқ таъсис дода шудааст!

Бехаборон аз улуми диншиносӣ ва пуштибонҳои аслии паси пардагии ҳаракатҳои иртиҷойӣ ва экстремстӣ талош доранд, ки ҳаракатҳои ифротгаройӣро мазҳаби расмии кишварҳои Арабӣ муаррифӣ намоянд. Аммо ин пуштибонҳои ифротгаро фаромуш сохтаанд, ки ҳаракатҳои ифротӣ-такфирӣ ва иртиҷойӣ дар ягон нуктаи олам мазҳаби расмӣ нестанд. Бунёдгарёни ифротӣ ва такфирӣ ҳастии мазоҳиби ҳаққаро дар ислом қабул надоранд, балки мазҳабро бидъат ва ширк хисобидаанд!

Такфир ва ифротгаройӣ мазҳаби расмии ягон давлату кишвар нестанд! Ифротгароёни тундрав мазҳабро дар ислом бидъат ва ширк ҳукм намуда, худро бемазҳаб мехисобанд. Аҳли такфир қиёс, урф ва раъйро, ки моҳияти шаръӣ дошта, истифодаи онҳо ҷоиз аст ҳаром ҳукм намудаанд! Аҳли такфир ва ҷохилони «Хилофат»-соз худро танҳо пайрави «Қуръону суннат» мехонанд ва ба-дин васила қиёс, урф ва раъйро, ки дар мазоҳиби аҳли суннат ва ҷамоат машруият доранд, куфр, ширк, бидъат ва ҳаром ҳукм намудаанд. 

Бемазхабони «Хилофат»-соз то андозае такфирӣ ва ҷоҳил хастанд, ки Имоми Аъзам (р) ва Имом Шофеъӣ (р), Имом Молик (р) ва Имом Ҳанбал (р) -ро аҳли ҳаво-кофир, аҳли бидъат- Шайтон ва аҳли шубуҳот (шубҳаангез) меҳисобанд! Дар саҳифаи «Бутшикан» салафие ҳукм кардааст:

-«Ва ин Душмани аввалиндарача ИБЛИС -Лаънати Аллох бар у- чи тавре Аллох дар ин бора {дар Куъони Карим} зикр карда аст, Иблис буд, ки аввалин маротиба «Қиёс»-ро -“Ченак бо Акл” карда буд..»

Аз инҷо маълум мешавад, ки тибқи ақидаи тавҳидӣ ва эътиқодоти ифротгароёни тундхӯйӣ ва аҳли хушунат, касе дар шариат «Қиёс»-ро мавриди истифода мекунад, пайрави Шайтон ва кофир аст. Ҳол он ки қиёс, яъне ченаки ақлӣ дар мазоҳиби аҳли суннат ва ҷамоат баъд аз Қуръон, суннат ва қавли саҳобагон ҳамчун муайянкунандаи меъёрҳои ҳуқуқи исломӣ шаръан пазируфта шудааст. Қиёс дар мазҳаби ҳанафӣ машруъият дорад! Аммо ба ақидаи тавҳидӣ ва андешаи диёнатии пайравони «Салафия»: «Иблис аввалин нафаре аст, ки «Қиёс»-ро истифода намудааст ва Имоми Аъзам (р) аз пайравони Иблис аст, ки мазҳаби ҳанафиро дар асоси қиёс таъсис додаст».

Мо мегӯем, ки ақидаи ахли такфир ботил буда, зеро Паёмбар (с) ва асҳоби гиромии Он (с) қиёсро ҳамеша истифода менамуданд. Ифротгароён ва аҳли такфир дар асоси усулияти муғризона ва беасли худ фақеҳи шаҳид- Имоми Аъзам (р), Имом Шофеъӣ (р), Имом Молик (р), Имом Ҳанбал (р) ва инчунин тамоми пайравон ва муқаллидони мазоҳиби аҳли суннат ва ҷамоатро асҳоби «Иблис» ҳисобида, мушрик ва кофир медонанд…

Имоми Аъзам (р) барои ҳалли бисёр масъалаҳо дар асоси талабот ва принсипҳои Қуръони карим ва аҳодиси шариф аз қиёс, урф ва раъй истифода намуда, арзишҳои фарҳанги миллии тоҷикӣ ва дигар қавму миллатҳои ғайри арабро аз нестшавӣ ҳифз намудааст.. Абӯҳанифа дар асоси талаботи Қуръон ва принсипҳои «Қиёс» бо забони тоҷикӣ намоз хонданро иҷозат дод! Аҳли Бухоро намозро бо забони тоҷикӣ мехонданд. Феълан ҳам мардуми мусалмони тоҷик «Нияти лафзии намоз»-ро бо забони тоҷикӣ мехонанд!

Ба-дин хотир дар пусти лидерҳои ҷоҳил, воизони ифротгаройи дуруя ва тарафдорони ҳаракатҳои иртиҷойӣ «Кайку шапӯш» даромадааст, онҳо душмании худро бо қонунгузории Тоҷикистон ошкоро изҳор карда наметавонанд, ба-дин хотир тарки «Нияти лафзии намоз»-ро бо забони тоҷикӣ афзал ва беҳтар ҳукм намуда, гуфтаанд,ки: «Нияти қалби» кофӣ аст, яъне аҳли такфир ва душманони забони тоҷикӣ ҳадафҳои сиёҳи зидди тоҷикӣ ва пурғарази худро талош доранд, ки дар зери шиорҳои сохта ва бофтаи исломии худ пинҳон намоянд то расвогӣ ва шармандагияшон дар ҷомеа ошкор нашавад!

Акнун мегӯем, ки дар рӯҳияи қатлу куштор ва тахрибкорию иғвоангезӣ тарбия намудани ноболигон ва ҷавонони исломӣ, ки бехабар аз маориф ва омӯзаҳои исломӣ ҳастанд, омили бисёр нигаронкунанда ва фоҷеабор маҳсуб меёбад!

Мавлавиҳои такфирӣ, воизони ширинсухани авомфиреб тавассути амри маъруфу наҳй аз мункари худ, тибқи барном аҳои тархрезигаштаи хоҷагони хориҷияшон имондоронро вориди созмонҳои экстремистии «ал-Қоида», «Давлати Исломии Ироқ ва Шом», «Салафия», «ан-Нусра», «Ҳаракати Исломии Узбакистон», «Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ», «Байъат», «Ансоруллоҳ», «Толибон», «Ҳизби Таҳрир ал-исломия», «Артиши аҳли суннат ва ҷамоъат» (дар асл ҳаракати террористии Салафия), «Армияи ат-Тоиф ва-л-Мансур», «Армияи ал-Фотеҳин», «Армияи ас-Саҳоба», «Артиши ҷиҳодии Бухорои шариф» (дар Афғонистон), «Гурдони Имом Бухорӣ» (дар Сурия аз ҳисоби размандагони ифротии Осиёи Миёна) месозанд, бояд огоҳу воқиф бошем ва мактабҳои даъватии асҳоби фитнагарро решакан намудан бисёр муҳим ва зарурӣ буда, вазифаи шаҳрвандӣ ва конститутсионии хар як сокини Тоҷикистон мебошад.

Бояд уламои суннатии кишвар, донишмандон, аҳли зиё ва садову симои ватанӣ бедории миллӣ ва зиракии мазҳабиро аз даст надода, миллат ва давлати худро аз таҳҳоҷуми ақидаи фирқаи ифротгаройӣ ва тундхӯйи ҷоҳил ҳифз намуда, ҳамзамон бо мақомотҳои интизомӣ ва ниҳодҳои амниятӣ ҳамкории бештар намоянд!

Тақвиятёбии андеша ва идеологияи созмон ва ҳаракатҳои фавқу-з-зикр ҳамчун иделогияи динӣ дар муҳити динӣ, пеш аз ҳама, дар хиттаи Осиёи Миёна боъиси заъиф ва аз байн рафтани мактаби таҳаммулпазирии Имоми Аъзам (р) ва ақидаи Мотуридии Саарқандӣ (р) гашта истодааст! Фиқҳи ҳанафӣ ва ақидаи Мотуридии Самарқандӣ, ки то ҳол омил ва унсури меҳварии мутаҳидкунандаи қавм ва миллатҳои гуногун дар Осиёи Миёна маҳсуб меёбад, бинобар сабаби таҳоҷувми иттилоотии хаворич заъиф гашта, ба ҷойи адешаи суннатӣ ва афкори солими таҳаммулпазирии динӣ, идеологияи ҳизбҳои сиёсии динӣ, ақидаҳои созмон ва ҳаракатҳои моҳияти террористӣ дошта, решшадавонӣ доранд!

Заъиф ва нест намудани нақши забони тоҷикӣ, таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва ақидаи каломи Мотуридӣ, ки онҳо дар Осиёи Миёна, омили аслии мутаҳидкунандаи қавм ва миллатҳои мухталиф ҳастанд, яке аз самтҳои асосӣ ва аслии муборизаи ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ мебошад, ки пайравони такфирӣ ва мутаассиби онон дар асоси дастур ва барномаҳои тарҳрузигаштаи хоҷагон ва ташкилотҳои хориҷияшон фаъолияти густурдаеро дар ин ҷода роҳандозӣ намудаанд.

Таъсис ва созмони армияҳои ифротгаройӣ ва артишҳоии ҷиҳодӣ чун «Гордонҳои Имом Бухорӣ» дар асоси принсип ва методология ҳаракатҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони мутаддайни Осиёи Миёна дар Сирия, ки ғофил аз таълимоти Қуръон ва аҳодиси Паёмбар ҳастанд, бисёр падидаи хавфнок ва омили пурзалолат аст, ки дар ояндаи наздик метавонанд, таъсири ҷаҳонсӯз, манфӣ ва пурхатари худро дар кишварҳои Осиёи Миёна бирасонанд ва Осиёи Миёнаро майдони тохту тозҳои ҷангиёни террорист ва амалҳои интиҳорӣ бисозанд.

Лозим аст, ниҳодҳои интизомӣ, ташкилотҳои динӣ, марказҳои таълиму тарбиявии Вазорати Маориф ва садою симои хабаргузорӣ ва иттилоотрасонӣ барномаҳои зидди ифротгаройӣ ва хушунатангезиро дар асоси нақшаҳои илмӣ ва динӣ роҳандозӣ намуда, заминаҳои рушди иҷтимойӣ ва сиёсию иқтисодии андеша, ақида ва афкори ҳаракатхои террористӣ-экстремистӣ доштаро дар ҷомеа решакан намоянд. Нафаронеро, ки дар хориҷи кишвар таълимоти динӣ гирифта, дорои ҷахонбинии такфирӣ хастанд, дар вазифаҳои калидии ниҳодҳои динӣ ва сархатибу муллоимомҳои масоҷид таъин нанамоянд! Ин тоифа дар асл қонунгузории давлати Тоҷикистонро қабул надоранд, зеро онхо низоми секулёриро онро ҳаром ва номашруъ ҳисобида, дар пайи таъсиси «Хилофати язидӣ» ҳастанд!

Барои таъмини амнияти сиёсӣ, бехатарии фарҳанги миллӣ ва ҳифзи таълимоти таҳаммулпазири мазҳаби ҳанафӣ, ки бузургтарин монеаи ҷиддӣ барои густариши идеологияи террористӣ ва тақвиятёбии ақидаи такфирӣ ва идеологияи ҳаракатҳои ифротгаройӣ мебошанд, лозим аст, ки омӯзаҳои маорифи исломӣ ва дидгоҳи солими мутафаккирони аҳли суннат ва ҷамоатро барои ҳамагон дастрас бояд сохт. Дар ҳолати баръакс раванди ифротгаройӣ ҳамчун идеологияи динӣ дар ҷомеа реша давонда, оқибатҳои фоҷиаборро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ сари кор меорад! Ин авомил пеш аз ҳама хатари ҷиддӣ ба ахком ва аркони сохти конститутсини давлати демократии Тоҷикистон дорад!

Бедрию зиракии миллӣ ва худшиносии динӣ афзалтарин мубориза бо аҳли такфир ва ифротгаройию хушунатангезии дастгоҳ ва ташкилотҳои иғвоангези моҷароҷӯ мебошад, ки онон талош доранд, нерӯҳои созандаи имонӣ ва исломиро барои расидан ба ҳадафҳои сиёҳ ва ғаразҳои экстремистии худ сӯйистифода намоянд.

Аҷзои ақидаи пуросеб, ифротгаройӣ ва хушунатбори такфирии ҳаракатҳои иртиҷойӣ аз ҷаҳонбинии бидъатӣ ва унсурҳои пурзалолати рофизия, салафия, сумания, кароматия, мурҷиа,ҷаҳмия, ҷисмия, зоҳирия, қарромия, қадария, ва ҷабрия иборатанд, ки мардуми оддӣ аз шинохти онҳо бехабаранд, ҳатто масъулини ниҳодҳои динӣ, кормандони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва Олӣ, раисони маҳаллаву ҷамоатҳо, ки бевосита бо аҳолӣ сару кор доранд, маълумот надоранд! Ин равнди бехабарӣ омили аслӣ ва калидии тақвиятёбии иттилооти фаромилӣ дар ҷомеа мебошад!

Дар як тараф пайравони андешаи солими исломӣ, уламои мутаққӣ, дӯстдорони арзишҳои фарҳанги умумибашарӣ, омилони хайру некӣ, иффату покӣ, ростгӯйӣ, ростқавлӣ ва андешаи созандаи ҷомеаи саъодатманд қарор грифтаанд, ки онҳо аҳли саъдот ва ҳидоятанд, яъне муъминону мусалмонон-посдорони арзишҳои умумибашарӣ ҳастанд ва дар сангари дигар пайравони ҷаҳолату гумроҳӣ, аҳли тафриқаву низоъ, асҳоби каззобу фосиқ, дасисабозони бемазҳаб ва нопокони такфирӣ, андешаҳои шайтонӣ, афкори каҷу ланг, таассабу ҷаҳолат, иллату зиллат, пучиҳо, ғажднажодон, муқассирин, муфассирони дузд, муҳаддисини муғриз, муваҳҳидони тафирӣ қарор доранд, ки онон мункирини роҳи ҳидоят, яъне тундагаёни интиҳорӣ мебошанд!!

Салафия дар саркашӣ, лаҷоҷат ва душмании ошкорои худ бо Қуръону суннат ва ба арзишҳои дини мубини ислом ва муқаддасоти фарҳанги миллӣ ба ифрот расидаанд, ки омодаи шунидани паёмҳои Қуръонӣ нестанд, балки қадам фаротар гузошта, таҳриф дар матни оятҳои Қуръони карим ва аҳодиси шарифи Набавӣ намудаанд! Дуруғ ва ғараз чашми дил ва биноии зоҳири ононро кӯр сохтааст. Конститусия ва низоми демократир комилан ширк ва куфр ҳукм намуда, дар пайи таъсиси «Хилофат» ҳастанд! Хилофате, ки ДОЪИШ ва ҳампаймонхои террористии он дар қаламрави Ироқ таъсис дода, ҳазорон инсонхои бегуноҳ ва рӯҳониёни мусалмон ва масеҳиро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидаанд! Онҳо дар зоҳир мегӯянд, ки мо бо рофизия мубориза мебарем, аммо дар асл андеша ва тафаккури диёнатии онҳо бо рофизия як себи дукафон аст!

Худованд сифатҳои асосӣ ва нишонаҳои бемазҳабони такфириро, ки бо номи ифротгаройӣ ва тахрибкорӣ машҳур гаштаанд, бисёр зебо ва оммафаҳм ошкор сохтааст, ки дар мавриди лозим онҳоро манзури ҳамагон хоҳем намуд.

Набояд ба макру фиреб ва найрангҳои авомфиреби аъзоёни «Салафия» чашми хайр ва умед дошта бошем, таблиғу андешаи диёнатӣ ва иттилоотии фаромиллии ононро бипазирем ва фикр намоем, ки онон рӯзе ислоҳ мешаванд ва аз роҳи шарр бозмегараданд.

Барои равшан шудани андешаи матраҳгашта, ба фатвои ифротгароёни тундхӯйи такфирӣ таваҷҷуҳ фармоед:

-«Наврўз маросими динии мушрикон аст! Дар Точикистон ин иди “Фархундаи миллии баҳор” беҳад ситоишу мадҳ карда мешавад, ки бо таърихи қадимаи точикон алоқаи бевосита дорад. Бар замми расонаҳои давлатӣ ва сохтори таблиғотии ниҳодҳои ҳукуматгарои Точикистон чанде аз “уламои исломии” кишвар низ бидуни шарму ҳаë ин “Анъанаи милли”-ро таърифу тавсиф менамоянд ва бо ин кори худ шахсони камсавод ва таҳти таъсири афкори омма қароргирандаро ба нофаҳми мебаранд….Ин танҳо қатрае аз саркўбсозиҳои режими диктатории Эмомали Раҳмон нисбати муслимони Точикистон барои дини худро маҳкам доштани онҳо мебошад. Мо бори дигар ба муслимони Точикистон хотиррасон карданием, ки чашн гирифтани ин иди иблисонаи оташпарастон, ки “Наврўз” ном дорад, ҳаром мебошад.Ҳамчунин, мо изҳор менамоем, ки бо марҳамати Аллоҳ ба наздики дар майдони байналхалқи Давлати «Хилофат» арзи ҳасти мекунад, ки Халифаи одил дар сари он қарор гирифта, бино бар манҳач ва тариқати Расулуллоҳ (с) кор хоҳад бурд. Он гоҳ вазифаи расонидани ҳақиқат ва бурдани даъвати исломи ба ин давлат вогузор мешавад.Давлати «Хилофат» тамоми муслимонро зери парчами тавҳид муттаҳид намуда, кишварҳои парокандаи онҳоро бо ҳам мепайвандад ва дар ҳаëт қонунҳои илоҳиро татбиқ менамояд».

Аз матни фавқ маълум мешавад, ки ифротгароёни тундхӯйӣ пеш аз ҳама заминаҳои табадуллоти давлатӣ ва барҳамзадани аҳкоми низоми давлати секулёриро шеваи ҷиҳодӣ ва вазифаи муқаддаси худ қарор додаанд. Расму ойин ва урфу одатҳои миллӣ ва мардумиро куфр ва ҳаром ҳукм намуда, тавтиъа ва дасисакории хешро аз номи дини ислом пинҳон месозанд! Ҳадафи аслии аҳли такфир таблиги андешаи динӣ набуда, балки мақсади асосии онҳо бархам задании оромӣ, субот ва дарҳамшикастани аркони давлатдорӣ ва ҳокимияти сиёсии Тоҷикистон аст.

Дин ва таълимоти имонӣ барои ҳаракатҳои иртиҷойӣ танҳо василаи расидан ба ҳадафҳои террористӣ ва ғаразхои сиёсию гумоштавияшон мебошаду бас. Дин барои асҳоби такфир дигар ягон моҳият надорад! Дар ин ҷода аҳли такфир талош доранд, ки зеҳният, осори исломӣ ва нерӯҳои ҷавони исломиро ба манфиати худ иститфода намоянд.

Аз ҳамин лиҳоз аз нигоҳи динӣ чандин нуктаҳои махфӣ ва усулияти боризи ҳаракатҳои иртиҷойӣ ва бунёдгаройи экстремистиро манзури ҳамагон месозам, то ҷавонони хайрхоҳ ва саъадатманд фирефтаи тавтиа ва талбисоти ифротгароёни ҷиҳодӣ ва тахрибкори бемазҳаб нагарданд.

Хилофатҳои шайтонӣ

Дастгоҳ ва марказҳои иттилотии моҳияти ифротгаройӣ доштаи ҳаракатҳои иртиҷойӣ дошта бастаи таблиғ ва ташвиқи идеологияи таъсиси «Хилофат»-и дуруғин ва артиши такфирӣ дар хиттаи Ироқ ва соири кишварҳои Ховари Миёна ҳастанд! Ин дастгоҳҳои хориҷӣ террористон ва асҳоби такфирро «Ислоҳкорон»-и бунёдӣ ва барқароркунандагони «Хилофат»-и исломӣ дар рӯйи замин муаррифӣ доранд! 

Ба андешаи онҳо итоат аз амру фармонҳои фармонравоёни кишварҳои демократӣ куфр ва ҳаром буда, ҷиҳод дар ҷомеаҳои исломӣ бар зидди раҳбарону пешвоёни секулёрӣ воҷиб аст!

Воизони фосиқ ва мубаллиғони такфирӣ таъкид ба-дин доранд, ки таъсиси «Хилофат» ва ҷиҳод бар зидди мушрикин ва давлатҳои низомашон демократӣ вазифаи муқаддаси ҳар мусалмон аст..Ба Амири «Хилофат» имон овардан ва иҷобати амру фармонҳои он Фарзи ай наст!

Амири «Хилофат» Абубаки Бағдодӣ ном дорад ва ба он байът намудан воҷиб ва вазифаи шаръии ҳар мусалмон мебошад!

Касоне, ки аз байъат ва хидмат намудан ба Амири «Хилофати шайтонӣ» саркашӣ мекунанд, мулҳид ва тоғутпараст буда, қатли он воҷиб мегардад…».

Аз таҳлилу хулосаҳои мутахссисони диншиносу уламои сиёсатмадор ва хабарҳои моҳворавӣ ва интернетӣ ошкор аст, ки бо роҳи қочок ва ғайрирасмӣ афроди нолоиқ ва муғризини пуркину ҷоҳил аз кишварҳои мухталиф барои бастани байъат ба Ироқ, назди амири «Хилофати шайтонӣ»- Абубакари Бағдодӣ рафтаанд!

Аз ҷониби дигар ҳақикати шаръӣ ҳамин аст, ки иттилооти дастгоҳҳои хориҷӣ ва миссионерҳои бемазҳаби такфирӣ хидматгори аҳли фитна буда, дуруғ мегӯянд, дар ҳоле ки онҳо худ мунофиқ ва иғвоангези акбаранд ва ба таблиги таъсиси «Хилофат» ва «Ҷиҳоди шайтонӣ» пардохтаанд!

Таъсиси давлати «Хилофат» дар замони муосир бо усули бунёдӣ дар асоси принсипҳои аҳли такфир ва барномаҳои зиддибашарии ҳизбу созмонҳои ифротгаройӣ ғайримкон буда, мухолиф ба таълимоти Қуръон ва Суннат мебошад!

Аз сӯйи теруристҳои ДОЪИШ, ки иборат аз ифротгароёни салафияи такфирӣ, таҳририён, ансоруллоҳ, толибон, ан-нусра ва дигар шохаҳои ал-Қоида иборатанд,, ба таври иҷборӣ дар Ироқ низоми давлатдории «Хилофат»-ро феълан таъсис додаанд ва ҳамзамон онҳо 21 имом масоҷиди аҳли суннат ва ҷамоати шаҳри Мусилро ба таври оммавӣ эъдом ва зиёда аз 1, 700 нафар кормандони давлатӣ ва хитзматчиёни низомиро, ба иллати шиа будан қатли омм намуда, осори таърихӣ ва исломии ин сарзамини бостониро тахриб сохтаанд. Масҷиду куништҳоро тахриб намуда, ба харобазорҳо табдил додаанд!

Уламои бедор ва ҳушмани аҳли суннат ва ҷамоати шаҳри Басра, ки ҳанафимазҳабанд бар алайхи ДОЪИШ эълони «Ҷиҳод» намуданд:

«Набард ва рақобат дар баробари ДОЪИШ ва тамоми созмонҳои ифротгаройи террористӣ , аз ҷумлаи воҷиботи миллӣ ва муқаддасоти шаръӣ аст.»

Уламои аҳли суннат ва ҷамоати Ироқ дар устони Басра, аз омодагии комили аҳли суннати ин кишвар барои дифоъ аз хоки Ироқ ва пуштибонӣ аз дину мазхаби худ дар баробари теруризм хабар доданд.

Пешвоёни аҳли суннат, аз ҷумла, ҳанафимазҳабони Ироқ дар ин устон эълом карданд, ки: “Гурӯҳи ДОЪИШ намояндаи ҳеч як аз аҳли суннат ва ҷамоат ё аз аҳли шиъа нестанд, балки онон қотилтеррористони ифротӣ ва тахрибкор мебошанд».

Дар асл ин мунофиқони такфирӣ худро мефиребанд, лекин инро дарк намекунанд! Қалбҳои онон саршори амрози муҳлик ва пур аз микробҳои зиёнзо буда, сирояткунандаи муҳити иттилоотии динӣ ва байналмилалӣ ҳастанд!

Худованди карим ҳушдор медиҳад, ки ба амри маъруф ва аз наҳйи мункари мунофиқсалафия бовар насозед ва гӯш надиҳанд, зеро онон оят ва аходиси шарифро дар асоси принсипҳои зидди исломӣ ва ғаразхои сиёсӣ шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Оятҳои муташшобеҳи Қуръониро аз рӯи ғаразҳои моҷароҷӯёна ва ҷаҳонбинии фитнаангез қаламдод ва маънипардоз месозанд.

«Ва чун ба онҳо гуфта шавад, ки дар рӯи замин фасодкорӣ нанамоед, гӯянд: Мо (ифротгароёни такфири) бе ягон шубҳае Ислоҳкор ҳастем. Аммо бидонед, ки дар ҳақиқат онон (ифротгароёни такфири) фасодкоронанд, аммо худ намедонанд»,- с. Бақара, ояти 11-12.

Ин паёми Илоҳӣ афкори заҳролуд ва андешаи дуруғини дарунии «Салафия»-ро хеле зебо ва вокейӣ мекушод ва ҳушдор медиҳад, ки ки иллати аслӣ ва омили амалҳои террористӣ интиҳорӣ дар барномаҳои тавҳидии ҳаракати «Салафия» аст. Таълимоти «Салафия» дар асоси барномаҳое сурат мегирад, ки онҳо аз ҷониби ташкилотҳои экстремистӣ ва дастгоҳҳои хориҷӣ тарҳрезӣ гаштаанд. Онон роҳи ботил ва ақидаи заҳрогини худро ҳамчун як раванди Ислоҳкорӣ дар ҷомеаи башарӣ муаррифӣ менамоянд. Дар ҳоле ки Ислоҳкории бемазҳабон ҷуз фасодкорӣ дигар чизе нест.

Салафия тавассути иттилооти фаромиллӣ ва шабакаҳои моҳворавӣ дар байни аҳолӣ бо коридани ақидаи такфирӣ, андешаҳои шайтонӣ ва нифоқу моҷароҷӯйӣ дигар ба ҳеч коре машғул нестанд. Чун Язиди саҳобакуш дар талоши хунрезӣ ва тафриқаҳои бузурганд. Куръони карим дар ояти зикр шуда., ҷаҳолат ва мунофиқии Салафияро ошкор сохта, ҳамзабон тафаккур ва ҷаҳонбинии ононро маҳкум намуда аст.

Вақте ки ба салафия гуфта мешавад, ки аз рафторҳои мунофиқона даст бикашед, фитна ва иғво наангезед ва аз фасодкорӣ дар байни мусалмонон даст бикашед, яъне ба истилоҳи Қуръонӣ: «Вақте ки ба онҳо гуфта шавад, ки дар рӯи замин фасодкорӣ нанамоед», онҳо бардуруғ худро аҳли «Куръон ва суннат» муаррифӣ мекунанд, яъне ҳамон амалу кирдориҳои зишт ва ботили мунофиқии худро Ислоҳоти фикрӣ ва Ислоҳоти ақидавӣ дар ҷомеа ҳисобида, аз амалу кирдорҳои зишт ва ҷинояткорона даст намекашанд! Талош меварзанд, ки шеваҳои шайтонӣ ва ғамзаҳои Абӯҷаҳлияшонро паёми ҷовидонаи Илоҳӣ нишон бидиҳанд ва ҷавонони гумроҳ ва бехабар аз омӯзаҳои маорифи исломиро дар рӯҳияи такфирӣ, бемазхабӣ, интиҳорӣ, инфиҷорӣ ва аҳкоми номашруъ парвариш намоянд. Салафия душманони дохилӣ ва пӯшидае мебошанд, ки хатарҳои онон барои мусалмонон бештар аз дигарон аст. Дар пушти пардаи даъвати салафиягаройӣ хадамотҳои гумоштавию сервисҳои хориҷӣ ва душманони Паёмбар (с) пинҳонанд. Ҳаргоҳе пардаи дуруғ аз башараи мунофиқии «Салафия» гирифта шавад, муъминон мебинанд, ки онон ҳамон бутпарастони Фиръавну Намруди салаф, ва салафи Абраҳаву Абӯҷаҳлони салафанд.

Салафия асҳоби дуруғ ва нифоқанд, ки бо ин чолишҳои ислоҳкоронаи фикрӣ ва ақидавияшон низоми мустаҳками давлатдории секулёриро тахриб ва хатти эътиқодоти ақидаи тавҳидиро барғалат баён менамоянд. Сабаби чунин фиребкори, найрангҳои сиёсӣ, каззобию мунофиқии онон натанҳо барномаҳои ҷоҳилонаи эътиқодӣ, балки бинобар заъфи дониш, нуқси ақлӣ ва амрозҳои қалбии онон мебошад, ки аз асари дуруғгӯйӣ мар ононро фаро гирифтааст.

Худованди Баландмартаба башара ва сирати заҳрогини «Салафия»-ро бисёр ҷолиб ва воқеъбинона ошкор намудааст:

-«Баъзе аз мардум мегӯянд: Ба Худо ва ба рӯзи охират имон овардем, вале дар воқеъ онҳо имондор нестанд. Зеро онҳо мехоҳанд, ки Худо ва муъминонро фиреб диҳанд. Вале дар ҳақиқат (Салафия) ғайр аз худ касеро фиреб намедиҳанд ва дарк намекунанд»,-с. Бақара, ояти 8,9.

Аз ҳамин лиҳоз бар макру дасисабозии иттилооти бурунмарзӣ ва амри маъруфу наҳй аз мункари воизони хушсухани мунофиқ, муфтиҳои каззоб, мавлавиҳои бемаърифат, пирзолҳои такфирӣ ва миссионерҳои хиёнаткор, ки ғуломони фурухташудаи дастгоҳҳои гумоштавии хориҷӣ ҳастанд, бовар набояд кард! …

Худованди Меҳрубон дар ояти 10-уми сураи Бақара ҳолати рӯҳӣ ва оқибати мунофӣконаи Салафияро баён намудааст:

«Дар дилҳояшон беморие аст ва Худо низ ба бемории онҳо афзудааст ва барояшон ба сабаби он ки дуруғ мегуфтанд, азоби дардноке бошад».

Мусаллам аст, ки нифоқ ва дуруғ бемории равоние мебошад, аз ҷоҳилӣ, тарсуӣ, ноҷавонмардӣ, беимонӣ ва номуътадилию номавзунии фикрӣ ва ақидаи осебзадаи шахс хабар медиҳанд. Рушди бемории нифоқ ва дуруғ дар ботини инсон асли пайдоиши саратони Худоситезӣ ва мазхабгурезиро пайдо намуда, ангезаҳои шайтониро андар қалбҳои мунофиқон тақвият мебахшад. Мунофиқии салафия башараи язидӣ ва сирати иблисии ононро фош сохтааст! Онхо бад-ин сабаб наметавонанд дигар дар ҷомеаи башари мавқеъ ва ҷойгоҳи хоссаи худро касб намоянд, зеро мардум аз шарри ифротгароёни салафия огоҳ гашта, онҳоро ҳамчун шахсияти исломӣ напазируфтанд.

Дуруғгӯйӣ ва нифоқ бемории сироятӣ аст, ки қалби инсонро сиёҳ ва онаи дилро пур аз зангор мегардонад. Табоҳкорӣ, ифротгаройӣ ва моҷароҷӯйӣ нишонахои олии аҳли такфир ва салафияи мунофиқ мебошад.. Вақте ки мутафаккирон, донишмандон, ҷомеашиносон, сиёсатшиносмон ва уламои бедори исломӣ пайравони ҳаракати «Салафия»-ро аз оқибати пурфоҷиаи фасодкорӣ, низоъангезӣ, ситезаҷӯйӣ, ифротгаройӣ ва такфиру интиҳор огоҳ месозанд, онон аз рӯи кибр ва ғафлати зотӣ худро «Ислоҳкор» муаррифӣ менамоянд ва амалҳои мунофиқонаи худро ҷузъи аслии «Ҷиҳоду иҷтиҳоди исломӣ» мепиндоранд. Аз ин ҷо аст ки Худованди Меҳрубон аз офат ва нишонаҳои ошкори ин тоифаи бемазҳаб ва Язидпарастони бемазҳаб муъминон ва ҷомеаи башариро дар Қуръони карим огоҳ намудааст:

-«Ва чун ба онҳо (ифротгароёни тундгаро) гуфта шавад, ки дар рӯи замин фасодкорӣ нанамоед, гӯянд: Мо (салафия) бе ягон шубҳае Ислоҳкор ҳастем. Аммо бидонед, ки дар ҳақиқат онҳо(салафия)-янд фасодкорон, аммо худ дарк намекунанд»,- с. Бақара, ояти 11-12.

Вақте ки ба салафия гуфта мешавад, ки дар ҷоме иғвоангезӣ ва фитнаандозӣ накунед, уламои исломиро эҳтирому беиззатӣ нанамоед, суннатҳои Паёмбар (с)-ро пушти по назанед, намозҳои суннатиро бихонед, нопоку чирпко вориди масҷид нашавед, нисбат ба Қуръон беэҳтиромӣ накунед, ҷавони камхабар аз маориф ва омӯзаҳои исломиро ба урдугоҳҳои террорстӣ нафиристед, ҳайҳот, ки ин мунофикони ватанфуруш ва зархаридони дастгоҳҳои хориҷӣ, паёми ҳақро намешунаванд! Балки хоҳишоти нафс ва барномаҳои террористии худро болотар ва муҳимтар аз Қуръон ва омӯзаҳои фарҳанги исломӣ меҳисобанд!.

Чун «Вақте ки бо муъминон бархурд ва мулоқот намоянд, гӯянд, ки (мо низ) имон овардаем ва чун бо Шайтонҳои худ (хадамотҳои ҷосусӣ ва гумоштавӣ) хилват намоянд, гӯянд: Мо (салафия) дар воқеъ ҳамроҳи шумоем. Мо истеҳзокунанда (-и муъминон) ҳастем.

Худованд эшонро (салафияро) истеҳзо менамояд ва бо онҳо дар туғёнашон, ки андар он кӯру саргаштаанд, мадад ва муҳлат медиҳад. Онҳо (мунофиқонсалафия) касоне мебошанд, ки гумроҳиро дар ивази ҳидоят харидаанд.Пас ин тиҷорати онҳо ҳеҷ суд надошт ва ҳидоятёфта набуданд»,- с. Бақара, ояти 14-16.

Парвардигори Баландмартаба андарин оятҳои фавқ бо зеботарин усули баён сиррати пурзалолати мунофиқсалафия ва дигар душманони башариятро ошкор сохтааст. Салафия дар назди Шайтонҳои худ, яъне раҳбарони ташкилотҳои экстремистии худ иқрори забонӣ ва тасдиқи қалбӣ мекунанд, ки мо бардуруғ худро дар назди мусалмонон муъмин ҳисобидем, аммо дар асл онҳоро масхара намудем, дар ҳақиқат мо асҳоби салафия ҳаргиз аз ҷумлаи муъминон нестем!

Худованд барномарезони пушти пардагӣ ва тарроҳони нақшаҳои зидди исломии онҳоро агар фош сохта бошад, ҳамзамон сири махфӣ ва кирдорҳои фаврӣ-оперативии гумоштаҳои саҳюнистии Салафияро дар маърази чашми хонанди азиз гузоштааст, ки онҳо харгиз аз ҷумлаи имоновардагон нестанд, ба ришу фа шва намуди зоҳирию амри маъруфхои пуриллати бемазхабони салафия овар накунед, чунки онҳо шуморо тамасхур мекунанд. Ин ходимони дастгоҳҳои зидди исломӣ чун назди хоҷагони хориҷӣ, яъне Шайтонҳояшон ҳозир шаванд, «Маълумотнома»-ҳо махсусан манфӣ пешниҳод менамояндва ошкоро изҳор менамоянд,ки мо бо шумо ҳастем ва харгиз муъмину мусалмон нагаштаем. Вазифаи гумоштавӣ ва чосусии худро иҷро намудем. Рисолати мо салафия танҳо эҷоди нифоқ ва фитнаандозию дасисакорӣ мебошад, ки онро дар ҷомеаҳои исломӣ сарбаландона иҷро намудем.

Ин таъбири дақиқи Қуръонӣ: «Ва чун бо Шайтонҳои худ (хадамотҳои ҷосусӣ) хилват намоянд, гӯянд: Мо (салафия) дар воқеъ ҳамроҳи шумоем. Мо истеҳзокунанда (-и муъминон) ҳастем», робитаи бепардаи салафияро бо хадамотҳои гумоштавии истикбори ҷахонӣ кашф сохтааст.

Манзур аз «Шайтонҳо» дар ин оят лидер, мавлавӣ, муфтӣ, пешвоҳои ташкилот, хадамот ва дастгоҳҳои зидди исломӣ мебошанд, ки ҳазорон язидбачаҳоро барои дасиса, талбисот ва тавтиъакорӣ дар мадорису ҳавзаҳои террористи худ парвариш намудаанд.

Мусаллам аст, ки асҳоби муширкин дар минбарҳои иттилоотӣ барои фиреби назари мусалмонон худро «Муваҳҳидун ва муҳаддисун» муаррифӣ месозанд. Бо шеваҳои «дилнишин»-и ва сайтараҳои мунофиқӣ имоновардагонро мефиребанд. Оятҳои Қуръон ва аҳодиси шарифро бардуруғ шарҳу тавзеҳ намуда, таҳриф дар асли матнҳои исломӣ намудаанд!

Муъминонро сазовор аст, ки ба оятҳои Қуръони маҷид диққати ҷиддӣ бидиҳанд, бедорӣ ва хушёрии исломии худро аз даст надиҳанд. Дуст ва душманшинос бошанд! Мунофиқро мусалмон ва мусалмонро мунофиқ наҳисобанд. Ба дасисаҳои миллаткӯш ва тавтиъаҳои ботили салафия ва дигар нақшаву барномаҳои созмонҳои моҳияти террористӣ ва характери экстремистӣ дошта, бовар накунанд, зеро онҳо ходимон ва мунофиқони бузурге ҳастанд, ки афкор ва ақидаи Шайтонҳои ҷаҳониро таблигу ташвиқ мекунанд.

Асҳоби ҷоҳил ва мутаассибсалафия ғофил аз он ҳастанд, ки Худованди Меҳрубон Худ Муҳофизаткунадаи Қуръон ва ислом мебошад! Салафия дар миёни анвори арзишҳои исломӣ ва торикиҳои куфру таассуб дар ҳолати саддамавӣ қарор гирифта, ҳамеша парешонҳол ва парешонрӯзгоранд. Мунофиқон дар назди Худованд бадтарин, нопоктарин ва сахтарин кофирон мебошанд, зеро салафия бо роҳи фиреб у дасиса ва тибқи дастур ва нақшаи Шайтонҳои бузурги ҷаҳонӣ дар либоси исломӣ даромада, барои фиребу тамасхур намудани мусалмонон аз ҳама шеваҳои Иблисӣ истифода мекунанд!

Бо лутфи Худои Меҳрубон наздик аст, ки тундбодҳои шаддиду нафратбори мардуми мусалмон решаҳои куфромезаи Салафияро аз қаъри тафаккури ҷаҳонӣ бармеканад! Сиёсати дурӯя ва тағирёбандаи бемазхабони такфирӣ аз розхои махфии усулияти онон мебошад, ки Худованд парда аз макру дасисаҳояшон бардоштааст! Дуруғ ва дасиса бузургтарин омил ва ошкортарин нишонаҳои асҳоби такфирсалафия мебошад.

Муъминон ва мусалмонони азизро воҷиб аст, ки аз рафтор, гуфтор ва кирдорҳои мунофиқонаи бемазҳабони суннатситез ва барномаҳои нифоқангези дигар созмону ҳизбҳои иғвоангез дар ҳар давру замон шинохти дуруст дошта бошанд! Минбарҳои исломӣ ва ҷойгохи уламои иззатманди исломиро дар ихтиёри экстремистсалафияи и ва ҳаммаслакони рофизияи ҷоҳил нагузоранд!

Паёмбари ислом (с) нишонаҳои мунофиқсалафияро чунин баён доштааст: «Нишонаи мунофиқ се чиз аст:

1) Чун сухан гӯяд, дуруғ гӯяд;

2) Ваъда намояд, ба ваъда хилоф кунад;

3) Чун дар назди вай амонате гузошта шавад, бар амонат намояд.

Асҳоби мунофиқсалафия барои шикасти ирода ва азамати ҳувияти исломӣ ва тахриби қомати ақидаи солими тавҳидӣ ва осори исломӣ бештари вақт оятҳои муташшобеҳ аз Қуръон ва аҳодиси шарифро тибқи барномаҳои тарҳрезишудаи ташкилот ва дастгоҳҳои зидди исломии худ тафсир ва шарҳу маънидод мекунанд. Дар ин росто алакай даҳҳо китобу асар ва тафсирҳои дуруғин ба Қуръону аҳодиси шариф навиштаанд. Ва даҳҳо шабакаҳои ғаразолуди зидди динӣ худро бо пероҳани исломӣ ороста, шабона рӯзӣ ақида ва афкори осебпазир ва заҳрогини ташкилот ва дастгоҳҳои саҳюнистию язидиро дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ бардуруғ аз номи Худо, Паёмбар (с) ва асҳоби ӯ (с) таблиғ менамоянд!

Мусаллам аст, ки ин дастгоҳҳои таблиғӣ аз ҷониби ниҳодҳои куфри ҷаҳонӣ бапои эҷоди ихтилоф дар ҷомеа ва кишварҳои исломӣ сармоягузорӣ мегарданд.

Худованди Маннон мефармояд: Эй Муҳаммад! «ӯст он Худое, ки Китоб (-и Қуръон)-ро бар Ту нозил кард, ки қисмате аз он оятҳои уҳкам мебошанд. Онҳо умм (асас ва мадор) –и Китоб ҳастанд.

Пас онҳое, ки дар дилҳояшон зайғ (каҷӣ ва инҳироф)-е ҳаст барои фитнаҷӯйӣ ва ёфтани таъвили он аз оятҳои муташшобеҳи он пайгирӣ менамоянд. Дар ҳоле, ки таъвили онҳоро ба ҷуз Худо ва росихони дар илм кассе намедонад. Мегӯянд (ба Қуръон) имон овардаем. Ҳама аз ҷониби Парвардигорамон мебошад. Аз он панд намегиранд, магар соҳибхирадон»,- с. Оли Имрон, ояти № 7.

Тавре ки аз таҳқиқотҳо, мушиҳида ва баҳсу мунозираи бевосита бо асҳоби бемазхаб ва бемаърифати Салафия ва ҳампаймонҳояшон ошкор гардид, онҳо хамешава пайваста барои эҷоди ихтилоф ва нифоқангезӣ дар бйни мусалмонон оятҳои муташшобеҳа ҳастанд, мавриди баҳс ва шарҳу баён қарор медиҳанд. Ин равиши ситезаҷӯйӣ, дуруғбаёнӣ, душмантарошӣ ва мавзеъгирии мунофиқсалафия дар ҳама давру замон мавчӯд буда, аммо дар замони муосир ин раванди фаҳшо хеле пурқувват гаштааст, зеро душманони ислом оиннома ва тибқи барномаҳои санҷидашудаи саҳюнистӣ фаъолиятҳои густурдаеро роҳандозӣ намуда истодаанд.ки аксарияти мусалмонон аз чолишҳои онҳо бехабаранд.

Ин равиши фитнаҷӯйӣ ва суитаъвилро мухолифони ақидаи тавҳидӣ, махсусан, салафия ва ҳаммаслакони бемазхабашон барои рӯйпушнамудани андешаву ақидаҳои зиёнзо, пуч, фач ва эътиқодоти ботил ва экстремистии худ, инчунин барои фиребидани афкори солими суннатии аҳли ислом истифода мебаранд!

Оятҳои муташшобеҳи Қуръонӣ, оятҳое мебошанд, ки дорои чанд тобиши маъноӣ ва мантиқӣ мебошанд. Дарки маънои воқеӣ ва ба дастовардни хақиқати мафҳуми оятҳои муташшобеҳи Қуръонӣ ба илми Худо ихтисос дорад ва ғайр аз Худо онҳоро намедонад. Ин қисмати оятҳо аз назари забонӣ эҳтимоли чандмаъногиро доро мебошанд, на ҳар ношустапое метавонад ба дарки маънии онҳо сарфаҳм биравад!

Аз ҳамин лиҳоз Салафия барои эчоди ихтилоф ва гумроҳ намудани ақидаи тавҳидии исломӣ оятҳои муташшобеҳи Қуръониро аз дидгоҳ ва назарияи даҳригароӣ шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Ҳамчуноне, ки Худоро дар замон ва макон қарор медиҳанд. Ва ин ҷоҳилони бемазҳаб эътиқод доранд, ки Худо соҳиби дасту пои бузург ва дорои ораз, чеҳра, абрӯи кашида, мижгонҳои сиёҳ, қомати хамида ва чашмони гулобӣ мебошад. Худованд ниёзманд ба ҷисм аст, балки иборат аз пайкару ҷисм аст. Ва Худо бо зоти Худ андар болои боми Арш бар Курсӣ нишаста аст, ки ҳомилони Арш, яъне фариштагон Арш ва Худоро бардошта мегарданд! Ин андешаи ботил ва ақидаи тавҳидии Салафия аз эътиқодоти Яҳудият ва унсурҳои говпарастони қавми Фиръавн ва Бутпарастони замони ҷоҳилият маншаъ гирифта, ягон ҳамбастагӣ ва робита ба тавҳиди Исломӣ надоранд!

Мутаассифона баъзе аз ҷавонони ҷоҳил ва бехабар аз тавҳиди исломӣ андеша ва ақидаҳои заҳрогину ботили Салафияро ҳамчун андешаи тавҳиди исломӣ мефаҳманд!

Худои Меҳрубон барои огоҳии уммати исломӣ онхоро огоҳ намудааст, ки ба тавтиъаҳои Салафия бовар накунанд: «Онҳое, ки дар дилҳояшон зайғ (каҷӣ ва инҳироф)-е ҳаст барои фитнаҷӯйӣ ва ёфтани таъвили он аз оятҳои муташшобеҳи он пайгирӣ менамоянд. Дар ҳоле, ки таъвили онҳоро ба ҷуз Худо ва росихони дар илм касе намедонад».

Салафия барои эҷоди фитна, низоъ ва табоҳкорӣ дар миёни мардум нисбат ба осори исломӣ ва арзишҳои имонӣ даст ба «Ҷиҳоди таблигшайтонӣ» задаанд! Ё ба мақсади симои дурусти шаръӣ бахшидани дасисаву туҳматҳои ботил ва андешахои гумрохкунандаи худ ва зишт нишон дпдани чеҳраи зебои дини ислом дар чашми ҷаҳониён ба таъвил ва маъноҷӯйҳои номашруъ ба оятҳои муташшобеҳ рӯ овардаанд!

Муфассир ба ин ақидаанд, ки ҳикмати оятҳои муташшобеҳ дар Қуръон аз он иборат мебошад, ки бандагон бад-ин восита мавриди озмоиш қарор мегиранд.

Наҳзатҳои Язидӣ ва иқилобҳои Абӯҷаҳлӣ дар симои ҳаракати «Салафия» ва ҳаммаслакони ин террористони тунгаро аз он шаҳодат медиҳад, ки Куфри ҷаҳонӣ аз бедории исломӣ, ваҳдати динӣ, густариши маориф ва фарханги тамаддунсози исломӣ дар ҳарос афтодааст! Асҳоби тоғутпараст барои пешгирии рушди босуботи маориф ва ақидаи исломӣ ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистиро коркард намуда, онҳоро таъсис додаанд то бо дасти золимони бемазҳабон ва асҳоби ҷоҳили такфирӣ омузаҳои исломиро решакан ва бедории исломиро саркуб намоянд!

Ҷоҳилсалафия фаромӯш сохтаанд, ки оятҳои муташшобеҳа низ аз ҷумлаи оятҳои мухками Қуръонӣ махсуб меёбанд: « Алиф, Лом, Ро. Китобест, ки тамоми оятҳои он муҳкам гардонида шуда ва сипас аз ҷониби Худои Ҳакиму Огоҳ ба тафсил баён шудаанд»,- с. Ҳуд, ояти №1.

Каҷандешон ва лангафкорони бемазҳаби ҷоҳили Салафия дар ҳама давру замонҳо бо номҳои мухталиф буда ва боиси ихтилофи бузург дар байни мусалмонон гаштаанд. Ҳамчуноне, ки кофирони салаф ва мушрикони чадидсалафия хангоми баҳсу мунозираҳо қотеъона талаб мекунанд, ки ҳуҷчат пешниход намоед! Тамоми Паёмбарони мурсал аз Одам (ъс) то замони ҳазрати Муҳаммад (с) ҳангми бахсу мунозираҳо ва тасдики тавҳиди Худовандӣ бо салафи кофир ва мушрикони салаф ба он рӯ ба рӯ мегаштанд, ки мунофиқон аз Паёмбарон (ъс) ҳуҷҷаату санад талаб мекарданд, ки то ҳастии Худоро барои онон кашф ва исбот намоянд. Паёмбарони Худо (ъс) бо иршод ва раҳмати Худованди Меҳрубон аз тавҳид ва ягонагии Худо ҳимоят намуда, онро исбот менамуданд.

Кофирону мушрикон Аз Паёмбарон (ъс) талаб мекарданд, ки бигӯ: «Худои Ту» аз чӣ, яъне аз тилло ё аз марворид офарида шудааст? Дар куҷо зиндагӣ мекунад? Макони Худо дар куҷо аст? Худо чӣ мехӯрад? Худо чанд зан ва фарзанд дорад? Риш ва либосҳои Худо чи тавр мебошад? Худоро ки Офаридааст? Худо дорои чанд шох мебошад? Ин равнди санаду далоил ва ҳуҷчатхоҳии салафия аз замони мозӣ то имрӯз идома дорад.

Вакте ки мушрикини салаф ва салафкофирони Абӯҷаҳлӣ саволҳои мазкурро аз ҳазрати Муҳаммад (с) пурсон шуданд. Паёмбар (с) хомӯш монд ва интизори паёми Илоҳи буд. Аммо асҳоби салафмушрикин ҷащнҳои иғвоангез ангехтанд, шӯру валвала афканданд ва табли шодӣ мезаданд, ки Мухаммад (с) намедонад, ки Худои ӯ чи гуна аст ва Худои ӯ (с_дар кадом макон мустакар мебошад!

Ҳазрати Ҷабраили амин (ъс) бо дастури Худои Меҳрубон сураи «Ихлос»-ро бар ҳабиби Худ- ҳазрати Муҳаммад (с) нозил намуд, то Паёмбар (с) ба мудаъиёни салафмушрикин ва кофирсалафиёни мутаассиб посухи дандоншикан дода, мегуфт, ки Парвардигори Меҳрубон бениёз аз замону макон ва фарзанду волидайн ҳаст. Ниёз ба ҷисму пайкара ва лаззатҷӯйӣ надорад. Орӣ аз сифатҳои башарӣ аст.

Аммо салафмушрикин то охири умр аз Паёмбар (с) дархости он менамуданд, ки макони истиқомати Худо ва замони пайдоиши онро барои онҳор исбот намояд ва онон аз Паёмбар (с) далел ва санади шаъӣ пешниҳод дархост менамуданд! Салафмушрикин иддаъо доштанд, ки Қуръон махсули фикрии Муҳаммад (с) мебошод. Муҳаммад (с) соҳиру ҷодугари бузург аст.

Имрӯз низ аҳли ҳаво ва мудаъоёни ҳаракати «Салафия» ақида ва андешаҳои салафмушрикин ва кофирсалафияро тақвият бахшида, ақидаи муштарак доранд, яъне онҳо Худоро дорои ҷисм ва пайкар ва ниёзманду муҳтоҷ ба макону замон медонанд! Ақида доранд, ки Аллоҳ бо зоти Худ дар болои Арш ҷойгир аст ва иборат аз аз шаш ҷиҳат, яъне дорои зеру забар, чапу рост ва мағрибу машриқ мебошад! Ҳар нимашаб ба осмони Дунё фуруд меояд ва Аршро муваққатан тарк мекунад! Ҳамонтавре, ки як инсон аз болои кӯҳи баланд ба зери он, яъне ба лаби дарё фуруд меояд ва сипас мебарояд ба баландии кӯҳ!

Душмаони ислом, аз ҷумла ҳаракати иртиҷойии «Салафия» ба ин қаноат накарда мафҳум ва истилоҳи «Ҷиҳод»-ро бардуруғ ва ғаразнок шарҳу маънидод намуда, ҷавонони камогоҳ аз исломро барои ширкат варзидан дар ҷангҳои давлатҳои Арабӣ истифода мебаранд!

Онҳоро чун маводи тарканда, яъне худкафон истифода намуда, хуни инсонҳои бегуноҳро мерезанд ва мусалмононе,ки ақидаи террористии салафияро намепазиранд, кофиру мушрик ва шиаву рофизӣ ҳукм мекунанд.

Ҷиҳоди исломиро ташкилотҳои террористӣ, аз ҷумла, ҳаракати экстремситии «Салафия», «Байъат», «Ан-Нусра», «ҲИУ» ва ҳамкешону хампаймонхои хуношоми онҳо дар қатлу куштор ва тахрибу сарнагун сохтани низомҳои секулёрӣ мебинанд! Ифротгароёни бемазҳаб дар пайи таъсиси давлати истисморгари язидия ҳастанд! Мутмаинам, ки аҳли андеша ва соҳибони қалам хатар ва офати ҳаракати «Салафия» ва дигар созмону ҳаракатҳои экстремистиро шинохтаанд!

Салафия ҷуз мунофиқон беш нестанд. Ба Паёмбар (с) ва асҳоби ӯ (с) дуруғи зиёд бастаанд. Таҳриф дар Қуръони карим ва тафсирҳои суннатӣ намуда, идеологияи аҳли такифирро табъу нашр месозанд.

Худованди Меҳрубон дар сураи «Мунофиқун» симо сирати аслии Салафия ва ҳампаймонҳои экстремистии ононро бисёр сода ва оммафаҳф кашф ва баён намудааст. 

Асҳоби такфирии каззоб дар ибтидои дини мубини ислом думболи Абӯҷаҳлу Абӯлаҳабҳо ҷамъ омада, бар зидди Паёмбар (с) ва Салафи солеҳ (рт) ҳазорон амалҳои террористиро барои аз байн бурдани онҳо анҷом додаанд! Дар тӯли таърих ин бемазҳабони ифротгаро аз ягон ҷинояти зидди башарӣ даст накашидаанд! Ҳазорон саҳобагон, қориёни Қуръон, шайхони парҳезгор, сӯфиёни поктинат ва уламои равшанфикри исломиро ба қатл расониданд!

Вақте ки Имоми Аъзам (р) аз низоми ҷинояткоронаи язидӣ дар Ироқ ҳимоят накард. Зимомдорони замони язидӣ Имоми Аъзам (р)-ро зиндонӣ намуда, аз шаллоқкории бисёр ба қатл расониданд! Қатли Имоми Аъзам (р) сирф моҳияти сиёсӣ дорад, ки то имрӯз ин масъала нокушода боқӣ мондааст…

Ҳудованд мефармояд:

Эй Муҳаммад (с)! «Чун мунофиқон назди ту биёянд, гӯянд: Гувоҳӣ медиҳем, ки ту Паёмбари Худоӣ. Ва Худо медонад, ки ту Паёмбари ӯ ҳастӣ.

Ва Худованд гувоҳи медиҳад, ки мунофиқон дуруғгуёнанд», – с. Мунофиқон, ояти № 1.

Дар ин ояти шариф сареҳатан дуруғгӯйи мунофиқсалаф ва ҷадидсалафия баён шудааст, ки онҳо на танҳо инсонҳои оддӣ ва бемаърифатро мефиребанд, балки ин асҳоби дугаро ва дуруя назди Паёмбар (с) рафта, шаҳодати дуруғ медоданд, то ҳазрати Муҳаммад (с)-ро бифиребанд. Ин тоифаи носипос, ки Паёмбар (с)-ро дидаву аз файзи суҳбати ӯ (с) баҳраманд гаштаанд, шаҳодати дуруғ медоданд ва ҳадафи аслии онхо бадномнамудани Паёмбари Худо (с) буд, ҳаргиз саҳоба шумурда намешаванд ва инчунин аз ҷумлаи «Салафи солеҳ» нестанд, балки ошкоро мунофиқони бадсигол буданд. Ҳамчуноне ки салафия шаҳодат медиҳанд, ки мо аҳли суннат ҳастем, аммо дар асл тамоми мактабҳои ҳуқуқии исломиро мункир ҳастанд ва мазоҳиби ҳақкаи аҳли суннат ва ҷамоатро бидъат ва номашруъ меҳисобанд ва худро бемазҳаб эълон намудаанд! Дурӯягӣ ва душахсиятии аҳли такфирсалафия ошкор ва равшан аст!

«Онҳо савгандҳои (валлоҳи, биллоҳи таллоҳи)-и худро сипар гирифтаанд ва (мардумонро) аз роҳи Худо боз медоранд. Ба дурустӣ ки он чӣ онҳо (салафмунофиқон ва ҷадидсалафия) мекунанд, ба даст»,- с. Мунофиқун, ояти № 2.

Аз ин ояти муборак бармеояд, ки мунофиқон барои фиреби мардум қасам мехуранд ва қасамҳои худро кафолати эътимод муаррифӣ месозанд. Худованд шаҳодат медиҳад, ки ба мунофӣкон эътимод нест, чунки шаҳодати онҳо забонист, аммо дар дил ниятҳои бад ва хатарнок доранд! 

Имрӯз Салафия ва ҳаммаслакони ҷиҳоду-ш-Шайтонияи онҳо чун мунофиқон танхо мегӯянд, ки мо ба «Ақида» кор дорем. «Ақида»-ро таблиғ мекунем. Ақидаи мусалмононро аз ширку куфр покшӯйӣ мекунем. Аммо дар асл аҳли тафир, ки моҷароҷӯ ва фитнагар ҳастанд, тибқи барномаҳои ақидавии худ, андеша ва афкори террористӣ ва экстремистиро таблигу ташвиқ намуда, заминаҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ихтилофи мазҳабӣ ва тахриби осори миллӣ ва мазҳабиро мекоранд! Набояд ба барномаҳои «Ақида»-вии ин тоифаи мунофиқсалафияи такфирӣ ва моҷароҷӯйи бемазҳаб бовар бикунем. Зеро андеша ва ақидаи онҳо бисёр пурхатар ва пурзиллат мебошанд!..

«Чун онҳо (ифротгароёни мунофиқ)-ро бубинӣ, ҷисмҳояшон туро ба таааҷҷуб орад. Агар (сухан) бигӯянд, ба суханҳояшонгӯш бидиҳӣ, гӯё онҳо чӯбҳои ба девор бозниҳода ҳастанд. Ва ҳар авози тундро (ҳалоке) бар худ мепиндоранд. Онҳо душманонанд, пас аз онҳо барҳазар бош! Худо онҳоро халок кунад! Чӣ гуна гардонида мешаванд?»,- с. Мунофиқун, ояти № 4.

Субҳоналлоҳ!

Алҳамдулиллоҳ!

Аллоҳу акбар!

Худованди Меҳрубон дар ин ояти шариф бисёр зебо симои салафмунофиқон ва мунофиқсалафияро баён доштааст. Имрӯз ҳам ба симои салафия чашм медӯзем, чисмҳои кӯлула ва халтаҳои пурпашмеро мебинем, ки почаҳои изорҳояшон боло задагӣ, бо либосҳои танги ношоям, бо гарданҳои пурчирку ғавси чарбӣ, бо пойҳои ношуставу бӯйгин муштҳои дастонро гиреҳ намуда, бо таккабур ва беодобона вориди масҷид мешаванд, намозхои суннатиро намехонанд, торикуддуъо ҳастанд. Ришҳои жулида ва дарози пурчиркишаон нафрати касро бинандро зиёд мегардонад. Ҳангми дар рукуъ ва саҷда рафтан пушти дуғоза ва зери кашҳои пурпашмашон намоён мегардад. Оддитарин одоби намозхониро риоя намекунанд. Воқеан ҷисмҳои зоҳирии мунофиқсалафия касро ба таааҷҷуб меоварад!

-Субҳоналлоҳ!

Салафмунофиқон ва мунофиқсалафия чун кундаҳои ба девор овехтаанд, ки қобилияти маърифяат ва дарки муҳит ва динро надоранд. Ашёи мурда ва кундаи беҳисанд! Ин кудаҳои ба довер овезон хушкида ва бурида шудаанд, яъне чубҳои хушке ҳастанд, ки онхоро дигарон ба инҷо авардаанд. Ин тасвири Қуръонӣ хелӣ олӣ ва мантиқӣ аст. Аҳли андеша бояд сари ин нукта биандешанд, ки Худованд чӣ қадар барои инсоният меҳрубону ғамхор мебошад!

Худованди Меҳрубон эълон медорад, ки салафмунофиқон ва мунофиқсалафия, ки онҳо душманони ислом ва муслиманд., эътимод накунед. Амният ва бехатарии динӣ ва хонаводагии худро таъмин намоед.

Аз мунофиқони такфирӣ ва аҳли фитнаи бемазҳаб барҳазар бошед! Ба ақидави пуросеб, пурзалолат ва хатарноки салафмунофиқон ва мунофиқсалафия набояд боварӣ намуд. Онҳо асли низоъ ва иғвоангезӣ, нооромӣ ва бесуботӣ дар ҷомеа ҳастанд.

Салафияроо дар маҳфилу хонахои худ набояд роҳ дод! Фарзандони хешро назди ин гургони одамхӯр набояд бигзошт ва ин гургсифатони такфириро набояд шубони гусфандони худ қарор бидиҳед, чунки Худованд Худ таъкид намудааст: «Онҳо душманонанд, пас аз онҳо барҳазар бош!».

Худованд андарин оят мусалмон ва тамоми аҳли андешаро ба бедории исломӣ ва душманшиносӣ фаро хондааст! Пас зарур аст, ки ба иззат ва моҳияти ин ояти мубораки Худованди Баландмартаба бирасем, зеро куфрони неъмат яке аз нишонаҳои заволёбии имони афроди мусалмон аст! Марди мусалмон ҳаргиз куфрони неъмат нестанд, балки аз ҷумлаи шургузорон мебошанд.

Дар охири ояти мазкур Парвардигори Баландмартаба хитоб ба Паёмбар (с) намуда, дастур додаст, ки дуъо намо, ки :

«Худо онҳо (салафмунофиқон ва мунофиқсалафия»-ро ҳалок кунад!».

Тибқи моҳияти ин ояти мукаррама ҳар мусалмон вазифадор аст, ки дуъо ва тазарруъ намояд, ки:

Худоё! Салафмунофиқон ва мунофиқсалафияро ҳалок бигардон! Хондани ин дуъои Қуръонӣ воҷиб аст мар имондоронро то рӯзи Қиёмат.

Парвардигори Баланмартаба дар ояти характер ва меъёрҳои махфии этиқодии салафмунофқон ва мунофиқсалафияро мекушояд: «Ва чун ба онҳо гуфта шавад: Биёед, то Пёмбари Худо барои шумо талаби омӯрзиш кунад! Сари худро бипечонанд ва онҳо (салафмунофиқон ва мунофиқсалафия»-ро бубинӣ, ки такаббурона рӯй мегардонанд», -с. Мунофиқун, ояти № 5.

Вақеан, вақте ки ин мунофиқони бемазҳаб сухани Худо ва Паёмбари Худо (с) мешунаванд, рӯйҳои худро пинҳон мекунанд, бо куфру илҳод башарахои худро мепечонанд, яъне аҳодиси саҳехро мавзуъ ва заъиф ҳисобида, аз пазируфтан ва қабули суннатҳои Паёмбар (с) саркашӣ мекунанд. Чун Иблису Язид мутакаббирона аз Қуръону Суннат рӯй мегардонанд ва бо раъйи номашруъ ва зимни нақшаҳо ва барномаҳои саҳюнистии яҳудияшон амал мекунанд! Барнома ва нақшаҳои қаблан тарҳрезишудаи душманони ислом барои ин асҳоби мунофиқ болотар ва арзишмандтар аз Қуръону суннат маҳсуб меёбанд!

Салафмунофиқон ва мунофиқсалафия дар ҳеч замон василаро напазируфтанд. Агар бигӯйӣ, ки Паёмбари Худо (с) барои умматон омӯрзиш хоста буд. Дар ҷавоб мегӯянд, ки Паёмбар (с) ба Худо ширк варзидааст! Астағфируллоҳ!

Ба андешаи тавҳидии ин мунофиқон: Паёмбар (с) кӣ ҳаст, ки барои мо , яъне асҳоби салафияи бемазҳаб талаби омӯрзиш мехохад? Мо салафия ба омурзиши касе, аз ҷумла, ба омӯрзиши Паёмбар (с) ниёз надорем. Васила қарор додани Паёмбар (с) ва уламои покдин ширки ба Худо аст!!

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки Худованди Меҳрубон иллати ақидавӣ ва унсурҳои эътикодии салафмунофиқон ва мунофиқсалафияро дар Қуръони карим 1, 500 сол қабл фош сохтааст, бояд мусалмони азиз беш аз ҳама ба Қуръони карим муроҷиат намоянд, то душманшинос бигарданд!

Дар ин ояти фавқ Худованд агар нишонаҳои аслии каззобони дуруяро фош сохта бошад, аз ҷониби дигар моро ба душманшиносӣ даъват намудааст, то ба доми Шайтонҳои бузург гирифтор наоем,усулият ва нақшаҳои зиёновари ононро бишносем, бедории миллӣ ва исломии худро аз даст надиҳем. (Абдуллоҳи. М, (28 сентября 2014 г).)