Дар замони муосир ҷаҳоншавӣ ва бархурди манофеъи абарқудратҳои ҷаҳонӣ, ба ҳамойӣ  ва ё аз ҳам гурехтани тамаддунҳо масъалаи мубрами ҷаҳонӣ гаштааст. Тақсимоти нави ҳудудии олам ва минтақаҳо ба таври пинҳону ошкоро дар ҳолати густариш мебошад. Худшиносии миллӣ ва динӣ андар кишварҳои Осиёи Миёна баъди шикасти низоми таталитарии Иттиҳоди Шӯравӣ тақвият ёфтааст.
Аз ҳам гусастан ва пошхурдани занҷираҳои маънавӣ, муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимойӣ, фарҳангию мафкуравии дастҷамъонаи низоми ҳукумати Шӯравӣ дар аксарияти кишварҳои митақаи Осиёи Миёна вобаста ба низом ва ҳолати ҷойгиршавии ҷуғурофии онҳо муносибатҳои нав ва тозаи ҷаҳонбиниро  чолон гардонида, қувват бахшидааст.
Чунин сурат гирифтани вазъу ҳолат дар замони муосир нигоҳдошт ва ҳифзи суботу амнияти минтақаи Осиёи Миёна диқкати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намудааст, ки оё кишварҳои Осиёи Миёна, ки аксарияти аҳолияшонро мусалмонони гуногун нажод ва мухталифзабон ташкил мекунанд,  метавонанд амният ва суботи хешро  ба танҳоӣ, яъне  бедахолат ва бастагиҳои Амрико ва Русия таъмин ва ҳифз карда метавониста бошанд?
Зеро Осиёи Миёна дар тӯли 150 соли охир дар ихтиёр ва ҳамбастагии Русияи подшоҳӣ ва болшевикӣ қаррор гирифта буд. Дини ислом аз канори хаёти мусалмонон гирифта шуда, дар канори зиндонхонаҳои сиёсии империяи бузурги болшевикӣ зиндонӣ гашта буд. Бо ин ҳама тангравиҳо ва бадномкуниҳо мазҳаби ҳанафӣ тавонист, ки дар ҳифзу нигоҳдошти амният ва суботи Осиёи Миёна саҳми назаррас ва бузург гузорад.
Азбаски дар ин минтақа халқу қавмиятҳои мухталифи муқимӣ умр ба сар мебаранд, онҳо аз нигоҳи муошират ва муносибати этникӣ ва забонӣ бисёр тафовут доштанд ва доранд. Аммо бо ивази ҳама тафовутҳо сокинони ин минтақа аз лиҳози пайравӣ ба дин муштарак ва воҳид будаанд. Яъне тамоми мусалмонони кишварҳои Узбакистон, Туркманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистону Афғонистон, Туркия дар тӯли 1300 соли охир ҳанафимазҳаб буда, тамоми расму оинҳои динии худро дар доираи муқаррароти фиқҳи ҳанафӣ баргузор намудаанд. Марказҳои бузурги тамаддун ва таълиму тарбиявии исломӣ дар диёр ва шаҳрҳои Бухорои шариф, Самарқанд, Марв, Исфаҳону Табрез, Ҳироту Кашмир қомат рост намуда, дар онҳо тамоми муҳассилин дар асоси таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва тариқаи нақшбандия ва қодирия илму дониш фаро мегирифтанд.
Мазҳаби ҳанафӣ тавониста, ки дар тӯли таърихи худ муноқишаву мухолифат, бухл ва бадбинию низоъҳои дохилию берунӣ ва маҳалагройӣ,  зиддиятҳои қабилвӣ, тафоввутҳои байни миллатҳо ба монанди забон, рангу пуст ва нажодиро барҳам зада, онҳоро дар атрофии як мухити солими тавҳидӣ парвариш ва ба камол расонад. Мазҳаби ҳанафӣ натанҳо ҷанбаҳои муҳиму асосии  худшиносию Худошиносӣ ва ибодатиро барои ин сокинони минтақа фароҳам сохтааст, балки яке аз омилҳои асосии субот ва амнияту оромӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ва то имрӯз ягон сиёсат ва мафкурае дар олам натавониста, ки ҳамчун таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ҳамбастагӣ, баробарӣ ва дӯстию бародариии ин миллатҳоро пайванду таъмин карда тавонад.
      1.Аз ҳамин лиҳоз то имрӯз бо баракати мактаби ягонаи динӣ, яъне мазҳби ҳанафӣ доштан тоҷикон ва узбакон, туркманҳо, қазоқу қирғизҳо ҳамчун бародар дар фазои сулҳу субот бо ҳам робитаҳои ҳасана ва муносибатҳои хешу таборӣ доранд.
      2.Муқаддасоти имонӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва исломии мардумони ин минтақа дар канори ҳам дар доираи андешаи солими динӣ ба ҳам парвариш ёфта, то имрӯз аҳаммияти худро гум накардааст.
Низоми шуравӣ дар киштизори маърифатии мардумони Осиёи Миёна ҳарчанд садҳо маротиба тухми илходу куфр корида бошад ҳам, аммо СССР  натавонист, ки иродаи имонии мусалмоноро хушк ва аз саҳнаи зиндагӣ берун андозад. Ҳарчанд ки Марказҳои бузурги илмӣ дар Мовоуроуннаҳр ва Хуросон аз ҷониби балшевикҳои сурх ва идеологияи атеизми ҷанговар барҳам зада, несту нобуд гардонида шуданд…
      3. Алҳамдуллилоҳ, то ҳол нақши боризи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ дар нигоҳдошти субот ва амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ хеле бузург аст.
Тақвият бахшидан ба ихтилофҳои динӣ- мазҳабӣ, қавмӣ ва миллатгаройӣ, ба монанди он ки яке мегӯяд: Забони тоҷикӣ хуб ва беҳтар аст, дигаре мегӯяд: Забони узбакӣ афзалтару афзалтар аст, дигаре гӯяд:  Забони қирғизию қазоқӣ хуштар аст, чандон самарии нек ва моҳияти умумибашарӣ надорад.
        4.Дар Осиёи Миёна  орзӯи деринаи мухолифони мазҳаби ҳанафӣ ҳамин аст, ки ба хотири барҳамзаданӣ суботу оромӣ дар ҳамин минтақа   аз фарқият, нишона ва тафовутҳои забонии халқиятҳои ин марзу бум истифода бурда, мардумони ин кишварҳоро роқиб ва душмани ҷонии ҳамдигар муаррифӣ намоянд.
         5. Муссалам аст, ки барои тоҷикон забони тоҷикӣ муқаддасу мукаррам аст, барои узбакону қирғизҳо ва қазоқҳо забони модарияшон азизу арзишманд мебошанд. Сари ин масъла набояд ба талбиси дигарон ба эҳсосот роҳ дода шавад. Мо бояд аз дигар равзанаи биниш бад-ин масъала бидуни таъассуб ва хурофот ворид бигардем, ки кадом омили бузург ва қудратманд тавонист ва дар оянда метавонад, ки ин ҷудоиандозиҳо ва ихтилофоти назарӣ ва эҷоди низоъи байни миллатҳоро  барҳам занад, балки тафовути забони ва нажодиро омили сулҳу субот муаррифӣ намояд!
       6. Аз назари мо танҳо таълимоти инсонмеҳварии ислом ва мактаби тавҳидгароии мазҳабӣ ҳанафӣ тавонистааст, ки ихтилоф ва низоъҳои бузургро дар Осиёи Марказӣ маҳв ва нобуд созад, балки омили тафриқа ва иғовою низоъро ба омили сулҳу субот ва
оромии ҷомеа, муҳаббату дӯстӣ, бародарию баробарӣ ва хешу табории ҳама халқу қавмиятҳои гуногун табдил додааст.
7. Бинобар дигаргун шудани авзои сиёсӣ ва иқтисодии минтақа ва геопалитикии ҷаҳон, феълан, барои барҳам задании субот, оромӣ ва амнияти Осиёи Миёна, тибқи нақша ва барномаҳои мукаммали тарҳрезигашта, ки кори хадамотҳои гумоштавӣ -ҷосусӣ мебошанд, садҳо ва ҳазорон ҷавонони ин минтақаро аз тоҷику узбак: ургутию фарғоначӣ ва қирғизу қазоқҳо дар ҳавзаҳои салафиягаройӣ ва таҳриргарйӣ парвариш намуда, ононро барои корҳои таблиғию даъватии худ ҳамчун муҷоҳид-разманда дар роҳи Худо бо кофирон (пайравони мазҳаби ҳанафӣ) ба қаламрави Осиёи Марказӣ ва Русия фиристодаанд.
      8. Агар фарди оқил ҳар ҷое бо намояндагони фирқаи бемазҳаби салафия дучор ояд ва ё дар сӯҳбату ҳалқаи дарсҳои «уламо ва муҷтаҳидон»-и онон нишинад, ба хубӣ дарк мекунад, ки аъзоёни фирқаҳои салафия торику-д-дуъо, бемазҳаби торику-л-ҷамоъат, торику-л-васила, торику-л-истиғосса, торику-с-субот, торику-т-табаррук, торику-з-зиёрат, торику-с-суннат, торику-л-қиёс, торику-л- раъй, торику-л- урф, торику-л-истеҳсон, торику-л-иҷмоъ ва торику-л-ҳадис буда, урфу оинҳои мардуми мусалмони ғайри араб (маволо)-ро бидъат ва аз равиши кофирон меҳисобанд.
       9. Бемазҳабони ғайримуқаллидини салафия нисбат ба мактаби тавҳидӣ-каломӣ ва ақидавии шайх Мотуридии Самарқандӣ (р), ки аз донишмандон ва мутафаккирони барҷастаи миллати тоҷик мебошад, инчунин ба фиқҳи ҳанафӣ ва тамоми дигар мактабҳои фиқҳӣ нафрати зиёд ва душмании беандозаи зотӣ ва решагӣ доранд. Чунки ҳар фарди оқилу фарзона ва ҳушёру донишманд агар аз  илм ва ҳикмати фиқҳ, равиши он ва ё аз ақидаи шайх Мотуридии Самарқандӣ (р) воқифу ошно бигардад, дигар ҳамагуна чеҳраҳои сиёҳ ва андешаҳои ботилу беасоси салафияро хуб мешиносад. Салафия дигар қудрати фиреби чунин афроди ҳушёру ҳушманд ва донишмандро аз даст  медиҳанд.
     10. Аз ҳамин лиҳоз салафия ва уламои дурӯғин ва козибандешаи онон талош ва кӯшиш доранд, ки бо ҳар роҳу тариқ, васила, восита андар дили туллоби арҷманд ва муҳассилини мусалмон тухми бадбинӣ ва душманӣ нисбат ба арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти мазҳабии мардуми Осиёи Миёна бикоранд ва расму оинҳои миллии ин минтақаро, ки ба оини ислом ҳеч мухолифат ва зиддият надоранд, бидъат, ширк ва равиши кофирон меҳисобанд.
        11. Дар минтақа агар рақобати арабу аҷам ва зиддитҳои дохили минтақавӣ бо шарофати мазҳаби ҳанафӣ муддати тулонӣ хомӯш ва нест гардида бошад ҳам, аммо бархе аз фирқаҳои тундрави такфирӣ ва ҷоҳилони манқуртнутфаю торикандешаи интиҳорӣ барои эҷоди фитна, тарсу ваҳм, барҳамзадани субот ва амнияти минтақа ва эҳёи мухолифатҳо ва муқовиматҳои миллӣ, пеш аз ҳама роҳҳои нест намудан ва решакан кардани таълимоти мазҳаби ҳанафиро дар ин кишварҳо роҳандозӣ ва барномарезӣ намудаанд ва менамоянд. Зеро бидуни ин амал душманони минтақа ба ягон ҳадфҳои нопок, сиёҳу чиркин, номашруъ ва ифлоси зиддибашарии худ мушарраф нахоҳанд гашт.
12. Дар ҳолати заъифу чароҳатгин намудани чеҳраи андешаи солими исломӣ ва ё аз саҳнаи ҳаёту зиндагии мусалмонон ва шуури ҷамъиятӣ дур сохтанӣ таълимоти мазҳаби ҳанафӣ, на танҳо салафияи бемазҳаб, балки дигар расму оинҳои таассубии козибаи зиёновар ва ботилаи лутигарои замони мозӣ, андешаву ақидаи хурофотрешаи мулҳидию баҳоигаройӣ,  омилҳои манфӣ ва расму оинҳои хисоратбори фарангию мардудӣ, ба монанди худтарконию худкафонӣ, зинои бо ақориб-никоҳи бо марҳам -модару хоҳар, апаву амма, модаркалону модарарус,инчунин афкори ботилаи осебпазир, муҳлику ғуборолӯди маздакманишӣ ва тафаккури зиёнзадаю заҳрогини мазҳабгурезӣ ва бинишу ҷаҳонбинии хатарбору хатарзо, амали бад, гуфтори бад рафтори бад, муносибат ва кирдорҳои мухликмеҳвари ҳамҷинсгаройии фарангимаобон метавонанд, ки ба фазои ором ва субот ва ахлоқии ҷомеаи Осиёи Марказӣ ба осонӣ ва бемушкилӣ ворид гардида, дар навбати худ ахлоқи ҳамида, афкори солим, андеша ва мактаби таҳаммулгарои ҳанафӣ ва  расму оинҳои ҳасанаи шарқиёнаро дар минтақа ба осонӣ барҳам зананд ва фазои ороми иттилоотии динӣ ва ахлоқи ҳасанаи мардумсолории  шаҳрвандони ин марзу бумро доғдор, осебпазир ва дучори газанди рӯзгор ва афкори хатарбори худ гардонанд.. Чунки барои салфия ва дигар афроди хавориҷақида зарур ва аз умури эътиқодии онон мансуб меёбад, ки тамоми ёдгориҳо-экспанентҳои таърихӣ, нақшу нигораҳои таърихӣ, мақбараҳои бузургон, зиёратгоҳҳо ва муқаддасоти исломӣ-миллӣ, миллӣ-исломӣ, расму оинҳои мардумии мардумони тоҷику узбак ва қирғизу қазоқ, турку тотор ва таълифоти зеҳнии бузургони миллатро харобу абтар бисозанд.
     13. Яке аз хатарҳои бузурги дигари салафия дар Осиёи Миёна ва Чину Туркия ва ФР ба баҳонаи тозасозии «ақидаи исломӣ» ва мубориза ба «ширку куфр ва решаҳои бидъат» тамоми муқаддасоти исломӣ ва таълифоти зеҳнии уламои суннатиро несту нобуд хоҳанд сохт, ҳамчуноне ки Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб амал намуда буд, зеро бидуни чунин чораандешии фаврӣ ва саривақтӣ то вақте ки уламои суннатӣ дар мазраъаи ҳаёт ва саҳнаи зиндагӣ мебошанд, иншоаллоҳ, андарин минтақаи Ховар ва қаламрави Мавороуннаҳр салафия пирӯз нахоҳад гашт ва доимо  нокомӣ, оворагӣ, беҳудагӯӣ ва саргардонӣ насибашон мегардад.
То ҳол мо дар ихтиёри худ ба таври саҳеҳ ҳисоботи омориеро надорем, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ тайи чандсадҳазор мақбараҳои арзишманди таърихӣ, муқаддасоти исломӣ, оромгоҳи бузургон ва таълифоти илмию зеҳнии ҳанафимазҳабон мастур ва маъруф мебошанд.
14. Мусаллам аст, ки дар ҳолати ошӯфта ва ноором гаштани андеша ва эҷоди хатари ҷиддӣ ба тафаккури таҳаммулгароии ҳанафиён ё таҳдид ба муқаддасоти имонию таълифоти зеҳнии аҷдоду гузаштагонашон ононро ором намеузранд, маҷбуранд, ки барои ҳифзу номусу нанг ва барои пасдорӣ ва эҳтироми хотираи таъриху таммадун ва муқаддасоти хеш аз дигар усулҳои муҳофизатӣ ва муборизаи ақидавӣ истифода баранд.
Равшан аст, ки эҳёи ихтилофҳои мазҳабӣ-миллӣ, қавмӣ ва нажодӣ, пеш аз ҳама сарманшаъӣ бесуботӣ ва нооромӣ дар дилхоҳ низом ва ҷомеаи башарӣ мебошад ва ба шумор меравад.
15. Иллати бузургтари дигар ҳамин аст, ки зиддият ва ихтилофи решагӣ ва замони муосири Арабистони Саъудӣ ва Ҷумҳурии Исломии Ирон то ҳадде расидааст, ки ҳар салафияи торикуддуъо ба ҷои зикру тоат ва ибодати Парвардигор мубориза алайҳи эрониҳоро ҷиҳод дар роҳи Худо ва аз муқаддасоту воҷиботи ислом ва аркони имони худ мешуморанд. Аз ҷониби дигар мутаъассибон ва тундгароёни рофизӣ ба монанди барномаи «Аҳли байт»-и Инглистон тамоми сунниҳоро кофири мутлақ ва умарию усмонӣ меҳисобанд ва алайҳи чеҳраҳои аввалаи исломӣ таҳқиру таҳвинро айни амри маъруфу наҳй аз мункари худ мешуморанд.
     16. Салафияи бемазҳаб ва рофизияи хавориҷ барои зери назорати худ қарор додани ФР, Осиёи Миёна ва Афғонистону Ҳиндустон ва пурзур намудани мавқеи худ дар ҳоли талош ва ҷаҳиданҳо қарор доранд. Яъне ҳар яке чи салафияи торикуддуъо ва рофизияи таассубреша думболи ҳадафҳои сиёсии хеш мебошанд.
Осебпазир гардидани бехатарии минтақа барои онон ҳеч арзиш ва қимате надоранд, балки онон хуб медонанд, ки кирдору амал ва таркиби ҳаракатҳояшон чи зиён ва хисоратҳои маънавӣ, молӣ ва ҷонӣ думболи худ доранд ва чи микробҳои заҳрогини ақидавӣ аз худ тавлид хоҳад намуд.
     18.  Руёрӯйи салафия бо арзишҳои мазҳаби ҳанафӣ ва муқаддасоти миллӣ паҳлӯи дигари ҳамин масъала мебошад.  Чуноне ки аз рафтору амали салафия бармеояд, онон худро бардурӯғ аҳли суннат ва ҷамоъат номида, саъю талош доранд , ки пайравони мазҳаби ҳанафии Осиёи Миёнаро алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон равона ва даргири муноқиша созанд.
Мусалмонони Осиёи Марказӣ бояд дуруст дарк намоянд, ки салафия ҳеч иртибот ва муштаракоти фарҳанги динӣ  ба аҳли суннат ва ҷамоат надоранд ва оқилонро сазовор аст, ки набигзоранд фарзандону наберагон, ҷавонону духтарони боимону диндӯстдори зебои худро дар ҳавзаҳои динии салафиягаройӣ ва бемазҳабӣ таълиму тадрис бигиранд, илло ба гузаштани чанд даҳсолае бо дасти ҳамин фарзандони худӣ, яъне салафиягардида муқаддасоти миллӣ ва динии ин митақаи Осиёи Миёнаро ба коми оташ хоҳад кашид.
19. Аз ҷониби дигар шикастану заъиф, ба нестӣ расонидани  таълимоти ақида ва фиқҳи ҳанафӣ худ баёнгари несту нобуд намудани мактаби тавҳидӣ ва таҳаммулгаройии Имоми Аъзам (р) яке аз вазифаҳои калидии салафия мебошад, ки бад-ин восита онон ба ҳадфҳои сиёҳу таассубии ифротии худ бемушкилӣ ва сангинӣ метавонанд расид.
Касе ба таври мушаххас ва дақиқ намедонад ва гуфта наметавонад, ки салафияи бемазҳаб ва дигар фирқаҳои радикалӣ аз қуҷои олам ва аз ҷониби Кӣ ва кадом хадамот идора карда мешаванд. Маркази идории онҳо чун як мафҳуми астракт ва маҷҳул  боқӣ мондааст, ҳарчанд ки пешвоён ва бунёдгузорони салафия ва дигар ҷараёнҳои ифротӣ ошкоро маълум мебошанд.
      20. Тибқи назарияи диёнатӣ ва таълимоти ақидавии салафия бояд тамоми шахсони фавтидаи аҳли исломро, ки дар муддати 1300 соли охир вафот намудаанд, бояд аз сари нав бо услуби диёнатии салафия намози ҷаноза хонда шаванд, зеро мардуми фавтидаи ин минтақа, яъне собиқ мусалмонони ин минтақа дар доираи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ  ё шофеъӣ ба хок супорида шудаанд , на бо усули дини ислом намози ҷаноза ба онҳо хонда шудааст. Пас кӣ гуфта метавонад, ки дар Осиёи Миёна дар муддати 1300 соли охир чанд миллион ё миллиард  мусалмонони ин минтақа фавтидаанд ва чӣ миқдор намози ҷаноза бояд аз ҷониби салафия ба онҳо хонда шавад? Мушкили дигар он аст, ки чаро салафия мусалмонони фавтидаи ин минтақаи бузург-Осиёи Миёнаро то ҳол аз зумраи мусалмонон намеҳисобанд?

 21. Ба андешаи таъассубӣ ва ақидаи ботилаи салафия бояд сару риши тамоми пайравони мазҳаби ҳанафӣ, шофеъӣ, моликӣ ва ҳанбалӣ бояд пок тарошида шаванд ва онҳоро маҷбур сохт, ки бо усули ҷадиди арабият-инглисӣ, яъне хилофи суннати Паёмбари раҳмат (с) ришгузорӣ намоянд. Чунин рафтори пуртаъассуб ва хурофотии салафия ба мусалмонони Мадина, Макка ва Тоифу Ироқ аз ҷониби ваҳҳобиятгарён бо раҳбарии ибни Абдулваҳҳоб қаблан иҷро шуда буд.

        22. Чизи қабеҳу зишт, осебпазир ва пурхатари дигари салафия  ҳамин аст, ки бояд тамоми мақбараҳо, оромгоҳҳои бузургон, қабрҳои орифону суфиён, пешвоёни тариқат дар Осиёи Миёна, Туркия, Ироқ, Афғонистон вайрон ва ба замин ҳамвор карда шаванд.
Муаммои сарбаста ҳамин аст, ки салафия барои чунин амалҳои зидди исломӣ ва зиддии башарии худ чанд ҳазор ва чанд миллион «Булдозрҳои бемазҳабӣ» ва «Экскваторҳои такфирӣ»-ро сафарбар мекарда бошанд, барои касе то кунун равшан ва маълум нест?
Вақте ки бо салафияҳо дар дохил ва хориҷи кишвар ҳамсӯҳбат гардида будам, баъзе аз онҳо ифтихор мекарданд, ки мо қабрҳои падару модари худро ба хок ҳамвор намуда, аз сари нав, бо усули салафия ба падару модари худ намози ҷанозаи нав хондаем, падару модари худро аз азоби қабр наҷот додаем, аммо падару модари ҳанафиёну шофеъиён андар азоби алим ва оташи азим гирифторанд. То вақте ки ба онҳо бо усули салафия намози ҷаноза хонда нашавад.
        23. Тибқи нақшаи меҳварии салафия бояд тамоми махзан ва китобхонаҳое, ки дар онҳо китобҳои мазҳабӣ ё қадимаи миллӣ нигохдошта шудааст, бояд бо роҳи фиреб ва  ҳар баҳона онҳо несту нобуд карда шаванд, то ин ки муносибат ва ҳамбастагии хунӣ, таърихӣ, фитрӣ ва таҳдобии аҳли мазҳаби ҳанафӣ аз решаҳои таърихии худ мунқатеъ ва буррида гардонида шаванд ва дигар мусалмонон худро нашиносанд ва роҳу равиши суннат, яъне пайравӣ аз рафтору кирдори Расули раҳмат (с)-ро фаромӯш намоянд. Ҳамчуноне ки дар ибтидо ва зуҳури худ ифротгароёни ваҳҳобӣ бузургтарин Китобҳонаи Исломиро ҳангоми забти Мадинаи мунаввара оташ зада несту нобуд намуда буданд.
«Соли 2005 ҳангоми сафари кори дар Қоҳира бо чанде аз фаъолони ҷараёни салафии Тотористон сӯҳбат доштем аз боби филми мустанаде, ки дар бораи ифроти баъзе шоҳзодагони Арабистони Саъудӣ дар масъалаи фасоду ишқбозӣ (секс) буд, сӯҳбат рафт. Ин бародарон, ки шахси босавод буд ва яке аз онҳо ҳатто хатм намудаи «Донишгоҳи Мадина»-и Арабистони Саъудӣ буд, бо далелҳои фаровон «Фаҳмонданд», ки арабҳо мардуми Хос ва Баргузидаанд ва аз ҷумла дар масъалаи ҷинсӣ (ҷимоъ намудан) низ бартарӣ доранд. Аз ин рӯ онҳо (шаҳзодаҳои Арабҳо) ҳақ ва зарурат доранд, ки бо теъдоди бештари занон бошанд… Ва ин қадар ба хонадони Оли Саъуд ихлос доштанд, ки ҳатто мехостанд фисқу фасоди машҳури баъзе аъзои онро асоси динӣ бахшанд»
Ҳамчунин метавонам садҳо далели дигар рӯи варақ ва кӯзаи ақлҳо бирезам, ки салафия як ҳаракати ифротӣ ва сирф арабагаройи таъассубӣ мебошад, ки ба муҷарради дастёбӣ дар Осиёи Миёна фазои суботи иттлоотии динӣ ва амнияту оромии ҷомеаро осебпазир мегардонад ва заминаҳои низоъу иғво ва тафриқаҳоро дар ҷабҳаҳои «ҷангӣ-размандагӣ» қарор медиҳанд.
24. Аз назари ақидаи диёнатии салафияи бемазҳаб тамоми самтҳои таълимоти мазҳаби ханафӣ, шофеъӣ, моликӣ ва ҳанбалӣ бидъатӣ мебошанд ва тамоми низомҳои идории ғайри салафия дар олам низоми куфрӣ ва мушрикӣ ба ҳисоб мераванд.
Вуруди ақида, андеша таълимоту тарбияи диёнатӣ ва инкишофи тассуби салафиягаройӣ дар Осиёи Миёна бинобар омилҳои ишорат гашта ва зикр мегардида хатари бузурге ба адабиёт, таърих, фарҳанг, маориф, инчунин барои суботи минтақа ва ҷаҳони муосир дорад.
        25. Фазои динии Осиё то ҳол аз чеҳрахои динии суннатӣ ва пешвоёни тариқати Нақшбандия ва қодирия медурахшанд, метавон ин нерӯи пурқуввату бузурги исломӣ ва тавонои имониро , ки омили асосии субот мебошанд,  дар муқобили густариши андешаи ботил ва ақидаи пурхисороти салафиягаройӣ-тундгаройӣ ва такфиргароию интиҳоргаройӣ дар кулли минтақа истифода бурд, то амният ва бехатарии куллии Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна ба таври худкофӣ таъмин бигардад…
        Муҳаммад Анвари Бадахшии ҳанафӣ, фарзанди Мирзо Муҳаммад, зодаи Бадахшони Афғонистон, яке аз чеҳраҳои маъруф ва  донишманди улуми исломии аҳли суннат ва ҷамоъат, ҳанафимазҳаб, тоҷик ва муқими шаҳри Қарочии Покистон, ки таълифоти илмии ӯ ба 42 номгӯ мерасад,  мавсуф чунин ибрози ақида нисбат ба салафия ва салафиятгаройӣ намуд:
— «Салафия дар ҳар кишвар вобаста ба макон, замон ва муҳити зист тариқи хоси даъват ва муборизаи худро доранд. Ҳадафи муштараки салафия бо дигар ҳизбу ҳаракатҳои дорои характери ифротгаройӣ дошта, дар ҳама ҷо тафриқарезӣ, хушунат ва нооромӣ, худнамойӣ ва ба мардуми оддӣ «осонии динӣ» нишон додан ва уламои аҳли суннат ва ҷамоъатро бад гуфтан мебошад. Иҷтиҳоду иҷмоъи уламо, раъй, урф, истеҳсон ва қиёсро инкор мекунанд ва бад-ин васила таълимоти мазҳабии ҳанафия, шофеъӣ, моликӣ ва ҳанбалиро комилан рад ва инкор месозанд.  Усули роиҷаи исломии 14 асраро аз байн бурдан мехоҳанд. Дар ақоиду ибодат дини наверо дар усули бемазҳабӣ ба миён овардан вазифаи дигари онон мебошад. Ғайри ҳамфикрони худ дигар ҳамаро кофиру мушрик ва ғайримусалмон меҳисобанд.
26. Азимтарин хатари салафия он аст, ки дар ақидаи исломӣ бинӣ халонда, онро ба таври пурғалату пурхато ва дар усули тундгаройӣ шарҳу тавзеҳ дода ва медиҳанд. Зуҳури  фирқаи салафия андар ҳар билод хатари ҷиддӣ  думболи худ дорад. Тафаккури такфирӣ ва андешаҳои зиддибашарии онон дар дилхоҳ ҷомеаи  башарӣ ва мусалмоннишин хатар ба субот, аминият ва оромию осудагӣ доранд.
       27. Дар натиҷаи бетарафӣ, ғофилӣ, танбалӣ, ҷоҳилӣ ва бемасъулиятӣ метавонад равишу амрҳои такфирӣ ва кирдорҳои интиҳории салафия ҷойи ибодати ором, зикру тасбеҳ ва меҳнату касби  ҳалолро иваз намояд. Ин аст, ки то ҳол салафия тамоми кишварҳои низомашон демократӣ ва ғайри исломиро «Дору-л-куфр» ва «Дору-л- ҳарб» хондӣ. Намояндагони ин фирқаи салафияи бемазҳаб ҳеч гуна намозҳои нафлӣ ва суннатиро ҳаргиз намехонанд ва набигзоранд, Мисол намози зуҳур-пешин, ки аз 10 ракъат иборат мебошад, салафия танҳо чаҳор (4) ракъати онро бидуни  таҳорату дуъо мехонанд ва дигар шаш (6) ракъат боқӣ монда, намози суннатро набигзоранд ва нахонанд, чунки аз назари диёнатии онҳо мубориза бар алайҳи низоми демократӣ ва дигар сохторҳои ҷамъиятӣ- давлатӣ ва низомҳои идории ғайрисалафиягаройӣ аз вазифаҳои асосӣ ва воҷиботи динию муқаддасоти имонияшон мансуб меёбад, агар чанде ки андарин низомҳою давлатдориҳо мусалмонон озодона пойбанди Қуръон ва суннати дин бошанд.
Дар умум салафия ҳеч нуқсоне ба Қуръон ва суннат расонда наметавонанд, онҳоро кофир намешуморем, аммо фирқаи саафия тухми низоъ, фитнаю фасод ва эҷоди тафриқа ва бадбиниро дар шӯразори тафаккури бехаборон аз дин ба осонӣ мекоранд.
Салафияи бемазҳаб ба чанд гуруҳ ва зергуруҳҳо тақсим мешаванд ва бисёр торикандеша ва дур аз покии ботинию зоҳирӣ ва ақидивию эътиқодӣ мебошанд. Худованд тафсири оятҳои муташшобеҳи Қуръонро манъ кардааст, аммо салфия онҳоро барои эҷоди фитна ва низоъ бо усули худ тафсиру шарҳ дода, ихтилофро дар байни уммати исломӣ эҷод кардаанд.
       28.Андар тамоми қаламрави Покистон, Афғонистон, Ироқ, Туркия, Озарбайҷон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон салфия равия ва фирқаи ирсолӣ ва таҳмилӣ мебошад. Набояд ҳавзаҳои илмии исломии хонаводагӣ, дастҷамъӣ ва минбару меҳроби масоҷдиҳои ватаниро уламои суннатӣ аз ҷоҳилӣ, танбалӣ, ғофилӣ ё ба хотири иззу ҷоҳ ва сарвату мол, шӯҳрату мақом, вазифаву мансаб ва дуруягию тарс дар ихтиёри фирқаи бадхӯю мазҳабгурезони салафия ва тундравони мулҳидӣ бидиҳанд, чунки салфия иддаъо доранд, ки Имоми Аъзам (р) ва Имом Шофеъӣ (р) аз улуми ҳадис бехабар буда, бештар аз аҳодиси заъифу мавзуъ  ва козиб истифода бурдаанд. Инчунин тибқи ақидаи салафия тамоми масҷидҳои феълиро, аз ҷумла, дар Бухорову Самарқанд, Марву Шаҳрисабз, Тирмиз, Мазори Шариф, Ҳироту Қандаҳор, Бадахшон  ва  дар тамоми олам бояд вайрону чаппа намуд, чунки самти масҷидҳои суннатии мардуми мусалмон  ба ҷониби Қибла то кунун рост намеоянд ва аз сари нав мусалмонон бояд масҷид бунёд намоянд. Тақвият бахшидан ба ҷаҳонбинии зидди исломӣ ва зиддибашарӣ дар гуфтору амал ва таркиби рафтору кирдори салафия бепарда ошкор аст».
     29.Таҳмил, тарғиб, ташвиқ, таблиғ, ирсол ва воридоти ақидаи ботил ва андешаи хисоратбор ва хатарзои салафиягаройӣ ба василаи китобу адабиёт, дастурамал, наворҳои дискӣ, дар қолабҳои «амри маъруфу наҳй аз мункар» ба монанди такфиргаройӣ ва интиҳоргаройӣ дар мазраъаи сабзу хуррами исломи суннатӣ ва фарҳанги миллӣ, ки ҷузъи аъзами тамаддуни халқиятҳои Осиёи Миёна ба шумор меравад, яке аз омилҳои асосӣ, решагӣ ва таҳдобии бесуботӣ,нооромӣ ва бенизомӣ дар мағзҳои ноогоҳу бехабар аз улуми динӣ, ақидаи тавҳидӣ ва маорифу фарҳанги исломӣ, андар тамоми қишрҳо ва ҷанбаҳои гуногуни зиндагии мардумони ин минтақа мебошад.
      30. Барои мусалмонон лозим аст, ки бо тамоми ниҳодҳои интизомӣ, мақомотҳои дахлдор, марказҳои илмӣ, аз ҷумла, ба ҷузъу шохаҳои Академияи улум, вазорати Маорифу Фарҳанг, Маркази исломию Шӯрои уламо, Маркази исломшиносию диншиносӣ, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ  ҳамкории мутақобилаи илмӣ-исломшиносӣ  ва ҳасанаи динӣ барқарор намоянд ва дар шинохти чеҳраҳои сиёҳ ва фош намудани ҳадафу дурнамо ва барномаву нақшаҳои пуртаззоди салафия ва рофизияи хавориҷреша-иғвоангезу тафриқарез кӯмаку ҳамкорӣ намоянд.

  31. Ҳамзамон тамоми масъулини ниҳодҳои дахлдорро месазад, ки барои ҳифзи суботи ҷомеъа ва пешгрии воридоти ақидаҳои таъаассубӣ ва  амалу кирдорҳои иғвоангезу фитнабори ирсолию таҳмилӣ, ки ба дини мубини ислом доғ меоранд ва ба амнияту субот ва якпорчагии кишвар хатар доранд ба мусалмонони кишвари худ, ки аз ҷумлаи аҳли суннат ва ҷамоат мебошанд, муносибати нек ва  ҳамкории тарафайнро пурқувват намуда, аз донишу малака, сарчашмаву маъхазҳои торихию таҷриба ва нерӯҳои созандаи уламои исломӣ, собиқаи донишмандон, мутафаккирони ватанӣ, ки махзани ганҷинаи тамаддуни инсонию исломӣ ва офтоби пурнури фарҳанги миллии минтақа Осиёи Миён, балки ҷаҳон мебошанд,  ба манфиати ҷомеа, ватану давлату  ва саодату саломатии одамон ва таъмини бехатарии фазои иттилоотии динии ватанӣ  истифода намуда, ҳамзамон аз таъмини бехатарии арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти фарҳанги исломии ватанӣ, ки ҷузъи фарҳанги умумибашарӣ ба ҳисоб мераванд,  инчунин аз  уламову муҳассилини мазҳабии  худ дифоъ намоянд…

      32. Барои решакан ва несту нобуд сохтани ақида ва кирдорҳои эксремистии бунёдгароёни тундгаро ва бемазҳабон бояд, пеш аз ҳама, дар Осиёи Миёна  ҳавзаҳои илмӣ ва динии мазҳабиро зинда ва пурқувват намудан лозим ва зарур аст, то ин ки таълимоти мазҳабӣ худкофӣ ва ҷавобгӯи дилхоҳ ормонҳои имонӣ буда, бо дилхоҳ ҳаракату фирқаҳои тундгарои радикалӣ ва экстремистӣ рақобат карда тавонад.
     33. Дар ҳолати набудани ҳавзаҳои илмӣ ва мактабу муҳити солими маърифати исломи суннатӣ, мактаби фиқҳи ханафӣ  ва таълиму тарбияи дурусти динӣ, диншиносӣ, исломшиносӣ  ва кулли адёни ҷаҳонӣ дар минтақаи Осиёи Миёна дигар бо роҳи зуроварӣ ва таҳдиду тарс ва фиребу дуруғ пеши роҳи интишори ифротгароӣ ва тундгароии радикалиро гирифтан ғайри имкон аст.
34.Бояд масъулини Вазорати маориф дар ҳамкорӣ ва дастгирии бевоситаи худ барои саломатии фазои суботу амниятии таълимию тарбиявӣ аз фақеҳони ҳушманд, олимон,  мутафаккирон, диншиносон, уламои динӣ ва донишмандони ҷонфидои миллат истифода бурда, барномаҳои солими илмӣ ва маърифатии динӣ омода сохта, ба атфоли мусалмонон дар қатори дигар фаннҳои дақиқ ва ҷамъиятӣ барои омӯзиши улуми динӣ китобҳои дарсӣ навишта, омода ва дастраси ҳамагон намояд, то хонандагон аз хурдсолӣ битавонанд, ки аз маърифати динӣ бархурдор ва огоҳу воқиф бошанд ва аз нодонию ҷҳилӣ барои дарёфти ормонҳои имонӣ ба доми тазвир ва фиреби ифротгароён, даъвати воизони мазҳабгурези салафия ва хадамотҳои игвоангез ворид нагарданд.
       35. То ҷое ки ба мушоҳида мерасад ва аз таҳлилу таҳқиқ ва пажуҳишҳои илмӣ бармеояд, ҳоло дар аксарияти манотиқ ва  ҳавзаҳои дарсии динии Осиёи Миёна баъди пирӯзшудани Инқилоби болшевикӣ таълиму тадриси динӣ ба таври нокофӣ боқӣ мондааст, балки бештари адабиёт ва дастурамалҳои воридотии динӣ моҳияти салафиягаройӣ ва бемазҳабӣ касб намуда, магар каме аз афроди донишманду ҳушманди исломӣ аз зуҳури ваҳҳобия-салафиягаройӣ ҳушдор додаанд.
        36. Мисоли рашан ҳамин аст, ки Маркази исломӣ ва Шӯрои уламои Тоҷикистон бо роҳбарии собиқ муфтии он- шайх Амонуллоҳи Неъматзода (р) барои муаррифӣ ва шинохти башараи сиёҳи салафия дар Осиёи Миёна нахустин китобе бо номи «Симои воқеии салафия» навишта, ба табъ расонид, ки бозгӯйи ҳақиқат мебошад. Аммо то кунун чунин амали хайр ва манфиатовар аз ҷониби дигарон дар Осиёи Миёна сурат нагирифтааст, балки башараи сиёҳ ва амалу кирдорҳои номашруъи бемазҳабон аз ҷониби ҷавонони исломӣ ношинохта боқӣ мондааст.
      37. Бисёре аз мулло ва муфтию воизсалафияҳо то ҳол андар Осиёи Миёна манфиатдор ва вазифадоранд, ки бо ҳар роҳу равиш ва сабку усули ҷадид  кӯшиш намоянд, ки ҷавонони диндӯстдор ва туллоби исломиро дар доираи ҳавзаю ақидаи разила ва андешаи ботилаи салафия таълиму тадрис намоянд. Тамоми муқаддасоти миллӣ ва захираҳои илмии мазҳабиро бидъат, ширк ва куфр муаррифӣ намоянд.
     38. Зарур ва лозими вақт аст, ки пеш аз ҳама мактаб ва ҳавзаҳои таълимӣ ва тарбиявии салафия ва дигар ҳаракатҳои иртиҷойӣ барҳамзада шавад, то ин ки онҳо дигар натавонанд аз номи фарҳанг ва маорифи исломӣ бардурӯғ фитна эҷод намоянд, худро соҳиби дини ислом муаррифӣ намоянд.
      39. Аз ҳамин лиҳоз сазовор аст, ки барои заъифу решакан намудани афкору ақида ва таблиғи зиёновари диёнатии фирқаҳои тундгаро ва дигар ҳаракатҳои экстремистӣ, ба рушду тараққии ақида ва андешаи солими исломӣ дар Осиёи Миёна заминаҳои воқейӣ ба таври бояду шояд муҳаё сохт ва то ин муҳити солими исломи суннатӣ худ бо дилхоҳ ақидаю андешаи ифротгаро ва пуртаассуб рақобат карда тавонад. (Абдуллоҳи.М)