Тасмим гирифтам, ҳар рӯз сари фурсат аз Маснавӣ биёварам ва ба шарҳ ва тавзеҳи ашъори Мавлоно ба андозаи дониши андакам ва бо истифода аз шарҳҳои маъруфи Маснавӣ мисли “Шарҳи ҷомеи Маснавӣ” ба қалами Устод Карими Замонӣ ва низ дигар шарҳҳо бипардозам. Саъй мекунам, бо забони равон шарҳашон бикунам.
Инак, шурӯъ мекунам аз дебочаи Маснавӣ:
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,
Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.
Маъно: Аз най бишнав, ки чӣ гуна аз фироқ ва ҷудоиҳои худ аз Найистон шикоят мекунад.
Шарҳ: Шореҳони Маснавӣ манзур аз найро “инсони комил” донистаанд, аз он ҷумла Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ (дар “Рисолаи ноия”) ва Мавлоно Яъқуби Чархӣ (дар замимаи “Рисолаи ноия”). Най руҳи валӣ ва инсони комил аст, ки аз “Найистон” — яъне олами руҳонӣ, ки дар мартибаи пеш аз вуҷуди моддӣ он ҷо ватанаш буд – ҷудо шуда ва инак нолон аст.
Муносиб аст, андаке дар бораи истилоҳи “инсони комил” тавзеҳе дода бишавад. Ин истилоҳ дар ирфон ва тасаввуф бисёр ба кор меравад. Ибни Арабӣ инсонро “кавни ҷомеъ” медонад. “Кавн” дар истилоҳи урафо иборат аст аз “олами ҳастӣ” ва инсон зубда ва хулосаи олами ҳастӣ мебошад. Инсон дар воқеъ руҳи олами ҳастӣ ва олам ҷасади ӯст. Яъне ҷаҳон бидуни дар назар гирифтани инсон ҷасаде аст мурда ва ҷомид.
Бинобар ин, урафо инсони комилро нусхаи комили олам донистаанд. Ва аммо ин ки чӣ касеро метавон инсони комил донист ва нишонаҳо ва вижагиҳои ӯ кадом аст, урафо гуфтаанд: “Инсони комил он аст, ки ӯро чаҳор чиз ба камол бошад: ақволи нек ва афъоли нек ва ахлоқи нек ва маъориф”. (Мақсади ақсо, с.219)
Ташбеҳи инсони комил ба най аз он рӯст, ки даруни ӯ аз таъаллуқоти дунявӣ ва ҳавоҳои нафсонӣ холӣ аст. Ҳамон тавр ки найи дарунпур дами найзанро мунъакис намекунад, инсоне ҳам, ки дарунаш пур аз таъаллуқоти дунёӣ ва нафсонӣ бошад, наметавонад дами илоҳиро мунъакис кунад. Мавлоно дар ин байт фироқи инсон аз асли худро бо баёне тамсилӣ бозгӯ кардааст.
К-аз найистон то маро бубридаанд,
Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Маъно: Аз ҳамон рӯзе ки маро аз асл ва хостгоҳам (найистон) ҷудо кардаанд, марду зан дар нолаҳои ман нолаҳои чонгудози худро сар додаанд. Яъне ҳамроҳи ман аз дарду фироқ нолидаанд.
Шарҳ: Манзури байт ин аст, ки аз вақте ки руҳи латифи одамӣ аз мартабаи илоҳӣ ба ин ҷаҳони моддӣ оварда шуд сахт ғамгин гардид ва иштиёқ дорад, ки ба асли худ баргардад.
Сина хоҳам шарҳа-шарҳа аз фироқ,
То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ.
Маъно: Диле мехоҳам, ки аз дарду сӯзи фироқ пора-пора шуда бошад, то барои чунин диле, аз дарди иштиёқ ба висол сухан бигӯям.
Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.
Маъно: Ҳар кас ки аз асл ва сарчашмаи худ дур уфтода бошад, саранҷом ба такопӯ меуфтад ва рӯзгори висоли худро меҷӯяд, то ба он ноил шавад.
Шарҳ: Руҷӯъ ва бозгашт ба асл ва сарчашма, ба ду навъ аст: яке, руҷӯъи ихтиёрӣ ва дигаре, руҷӯъи иҷборӣ. Руҷӯъи ихтиёри он аст, ки солик бо иршоди инсони комил ва пир тариқи тасфияро бипаймояд ва ба таҳзиби нафс бирасад ва ҳақиқатро шуҳуд кунад. Вале руҷӯъи иҷборӣ фақат бо марг ва фанои ҷисм таҳаққуқ меёбад.
Ман ба ҳар ҷамъияте нолон шудам,
Ҷуфти бадҳолону хушҳолон шудам.
Маъно: Ман барои ин ки ҳамдам ва ҳамрозе пайдо кунам ва дарди фироқро бо ӯ дар миён бигузорам, дар миёни ҳар ҷамъияте ҳозир шудам ва нолаҳо кардам; ҳам дар миёни онҳое ҳозир шудам, ки ҳоле бад ва паст доранд ва ҳам дар миёни касоне ки ҳоле хуш ва олӣ доранд.
Шарҳ: Бадҳол дар асл ба маънои бемор ва ғамгин аст, вале маҷозан ба касе гуфта мешавад, ки ҳолоти қалбиаш бад аст. Аммо хушҳол ба маънии шодмон ва некбахт аст ва маҷозан ба касе гуфта мешавад, ки ҳолоти қалбии вай олӣ ва шукӯҳманд аст.
Дар “Шарҳи Маснавӣ”-и Акбарободӣ омадааст: “Хушҳол он касе аст, ки бо истимоъ (шунидан)-и нағма, дари маърифат ва ҳузур ба рӯйи ӯ гушуда гардад. Ва бадҳол касе аст, ки фисқу фуҷур дар ботинаш пайдо шавад ва ё муҳаббати молу ҷоҳ дар табиати ӯ ҳувайдо гардад.”
Ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман,
Аз даруни ман наҷуст асрори ман.
Маъно: Ҳар кас аз рӯйи гумони худ бо ман ёру ҳамроҳ шуд, вале ҳеч кас аз асрори даруни ман воқиф нашуд.
Шарҳ: Бархе аз маснавишиносон байти дуввумро инчунин ҳам донистаанд: “В-аз даруни ман наҷаст асрори ман”. Албатта, бештари шореҳон ба ҳамон сурате ки оварда шудааст, медонанд. Бино бар ин эҳтимол, маъно ин мешавад, ки бисёр касон бо ман ҳамроҳ ва ёр шуданд, вале ҳеч кас ҷӯёи асрори даруни ман нашуд ва надонист, ки ман чӣ мехоҳам бигӯям.
Ва аммо бино бар эҳтимоли дуввум, маъно ин мешавад, ки ҳар кас ба занну гумони худ ёру ҳамраҳи ман шуд, вале аз асрори дарунам чизе наҷаст. Устод Козими Муҳаммадӣ, мавлоношиноси муъосир, дар ин хусус, ки чаро бояд “наҷаст” хонда бишавад, на “наҷуст”, мегӯяд:
“Мавқеъе, ки “наҷуст” бихонем, ҳарчанд ғалат нест, вале бо ин қироат фоъилиятро ба ғайр ва ба мухотаб нисбат додаем, (яъне, он ёр наҷуст ва ин ӯст, ки дар пайи ҷустуҷӯи фаҳми асрори ман набаромад, ва ҳол он ки) дар ҷое ки суханваре мисли Мавлоно ҳаст, магар касе ҷуръати фоъилият, суханварӣ ва ҷуръати ҷустуҷӯгарӣ дорад?.. Агар инро “наҷуст” бихонем, намехоҳам бигӯям, ғалат аст, аммо агар “наҷаст” бихонем, ба фалсафаи Мавлоно наздиктар аст, ки сифати “Хамӯш”-ро барои худаш баргузида. Яъне ки тараф мехост маро бишносад, (вале) ман ба гунае сухан гуфтам, ки пинҳон шудам, суханамро задам, вале намехостам, ки асрори ирфон аз даруни ман берун бирезад ва лизо чунон гуфтам, ки берун ҳам нарехт. Бар ин асос аст, ки бояд бипазирем, ки лаҳни ӯ, лаҳни гӯёи хамӯш аст. Чунон аст, ки мегӯяд ман ҳарфамро задам, аммо нагузоштам, ки тараф ба умқи маъонии ман роҳ пайдо кунад, чун ҳамеша дар ин таҳайюр бошад, ки чӣ гуфта шуда ва низ дар ин саргардонӣ, ки: пас чӣ бояд кард?..” (Фаҳми забони Мавлоно, Устод Козими Муҳаммадӣ, с.85-86).
Сирри ман аз нолаи ман дур нест,
Лек чашму гӯшро он нур нест.
Маъно: Ҳарчанд асрор ва розҳои даруниам дар нолаҳои ман наҳуфта ва аз он ҷудо нест ва ба гӯши ҳар кас мерасад, вале чашмро он биноӣ ва гӯшро он шунавоӣ нест, ки ба асрори наҳуфтаи ман пай бибарад.
Шарҳ: Ин байт посухи як суоле аст, ки баъд аз байти пешин худнамоӣ мекунад. Суоле, ки худнамоӣ мекунад ин аст, ки ҳазрати Мавлоно! Агар ба асрори даруни авлиё ва орифон аз ҷумла худи шумо бо роҳҳои оддӣ наметавон роҳ ёфт, пас роҳи вусул ба ин махзани асрор кадом аст? Ҷавоби Мавлоно ин аст, ки сирри даруни ман аз каломи ман дур нест, зеро калом ҳамчун ойинае асрори дилро ошкор мекунад, вале чашму гӯши ҳамагон он нури маърифатро надорад, ки аз каломи авлиё ба аҳволашон пай бибарад.
Устод Фурӯзонфар дар зайли ин байт мегӯяд: “Ҳар касро аз гуфтор ва оҳанги сухан метавон шинохт, зеро аъмол ва ҳаракоти хориҷӣ аз аҳволи нафсонӣ мунбаъис мешавад. Ва ба ақидаи Мавлоно, гуфтор ва амали инсон шоҳид ва гувоҳи кайфиёти руҳии ӯст ва аз ин роҳ метавон ба замир ва даруни ҳар кас пай бурд… Агарчӣ розу сирри даруни ҳар кас дар амал ва қавл ҷилвагар аст, (вале) онро ба василаи ҳавосси берунӣ идрок натавон кард ва тариқи шиносоии он, дили пок ва замире аст, ки аз олоишҳо муҷаррад аст.” (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.1, с.12)
Тан зи ҷону ҷон зи тан мастур нест,
Лек касро диди ҷон дастур нест.
Маъно: Ба унвони мисол, бо ин ки ҷисму ҷон ба ҳам пайвастаанд ва ҳеч кадом аз дигарӣ пӯшида ва наҳуфта нест, вале касе иҷоза надорад, ки ҷонро бибинад. Яъне онон, ки асири ҷисм ва ҷисмиёт ҳастанд, наметавонанд руҳи латифро идрок кунанд.
Шарҳ: Устод Фурӯзонфар дар зайли ин байт гуфтааст: “Ин байт ба манзилаи далел ва мисоле аст барои (байти) собиқ, ки ба мӯҷиби он, сирру рози дил дар нола зоҳир мешавад. Аз ин рӯ, “нола” ба манзилаи тан, ва “роз” ба манзилаи руҳ аст, ки ҳам муҳаррики нола ва ҳам дар вай ҷилвагарӣ мекунад, вале ҳар чашму гӯше сирри дилро дарнамеёбад.” (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.1, с.14)
Оташ аст ин бонги нойу нест бод,
Ҳар ки ин оташ надорад, нест бод!
Маъно: Ин нағмаи най дар воқеъ оташ аст. Яъне каломи гарм ва оташини авлиёст ва натиҷаи кори бодҳо ва ҳавоҳои нафсонӣ нест. Ва ҳар кас ки аз ин оташ баҳрае надорад, нест бод, яъне адамаш беҳ аз вуҷуди ӯ.
Шарҳ: “Нест бод” дар мисроъи аввал ва дуввум ҷинос (таҷнис)-и томм аст. Зеро дар лафз ваҳдат доранд, вале дар маъно ихтилоф. Бархе аз шореҳон аз ҷумла Онқуравӣ барои “нест бод!” дар мисроъи дуввум маъное дигар қоил шудаанд. Ва он ин ки “нест бод” дар ин мисроъ ҷанбаи лаъну нафрин надорад, балки Мавлоно дуо мекунад, ки ба лутфи илоҳӣ касоне ки ба каломи ӯ гӯш диҳанд, битавонанд ба мақоми фано, ки мақсади ниҳоии авлиёст ноил бишаванд. (Шарҳи кабири Онқуравӣ, ҷ.1, с.22)
Албатта ин эҳтимол ба назар дуруст намеояд. Зеро Мавлоно мегӯяд: «Ҳар ки ин оташ надорад, нест бод!» Агар қарор бошад, Мавлоно дар мақоми дуо барои касе бошад, ки ба мақоми фано ноил бишавад, аз ӯ ба унвони касе ки «оташ надорад» ном намебурд.
Оташи ишқ аст, к-андар най фитод,
Ҷӯшиши ишқ аст, к-андар май фитод.
Маъно: Агар най ба нола меуфтад, ба хотири оташи ишқе аст, ки дар он уфтода ва мӯҷиби навои ҳазини он шуда. Ва агар бода меҷӯшад, он ҳам ба хотири ҷӯшиши ишқ аст.
Шарҳ: Шореҳон бар ин назаранд, ки байти фавқ бар ин асли ишроқии афлотунӣ мубтанӣ аст, ки ишқ дар ҷамиъи коинот ҷорист. Ба ин маъно, ки ҳар мавҷуде ба сӯи мартибаи олитари худ иштиёқ дорад ва усулан сабаби ҳаракат ва такопӯи мавҷудот, шавқ ба камол аст.
Ишқ вожае арабист ва аз “ашқ” (ки дар форсӣ ба маънои часпидан аст) гирифта шудааст. Ба ҳамин ҷиҳат, ба гиёҳи печак низ “ашақа” гӯянд; чаро ки бар танаи дарахт мепечад ва мечаспад ва боло меравад. Аммо калимаи “ишқ” дар Қуръони Карим наомадааст, ҳарчанд ки дар бархе аз ривоёт омада. Аммо наомадани лафзи “ишқ” дар Қуръон далел бар мазаммати он нест. Ҳукамо ва урафои пешин барои ишқ таърифҳое қоил шудаанд. Ва чун рисолаи шишуми Ихвонус-сафо дар боби ишқ ҷомеият дорад, хулосаи онро дар ин ҷо тарҷума мекунем:
Бояд дид, ки ҳукамо ва фалосифа дар моҳияти ишқ чӣ гуфтаанд. Баъзе онро накӯҳиданд ва онро палид донистаанд. Баъзе аз онон низ ишқро фазилате нафсонӣ шумурдаанд ва таҳсинаш кардаанд ва бархе онро ҷунуни илоҳӣ донистанд ва бархе онро беморӣ номидаанд. Аммо инон ҳеч кадом ба ҳақиқати амр воқиф нашудаанд. Баъзе аз ҳукамо низ пиндоштаанд, ки ишқ ифрот дар муҳаббат ва шиддати майл ба касе ё чизе аст. Бо ин мулоҳиза, ҳеч кас аз ишқ холӣ нест, зеро билохира ҳар кас ба чизе ишқ меварзад. Ва бисёре дигар ишқро молихулиё донистаанд. Ва баъзе низ ишқро шиддати шавқ ба итттиҳод (бо Худо) қаламдод кардаанд. (Расоили Ихвонус-сафо, рисолаи шишум, с.269, ба нақл аз Шарҳи ҷомеъи Маснавӣ ба қалами Устод Карими Замонӣ, ч.1, с. 58-59)
Рӯзбаҳони Бақлӣ мегӯяд: “Аз ҷумлаи сифоти Ҳақ ишқ аст. Ишқ камоли муҳаббат аст ва муҳаббат сифати Ҳақ аст. Дар исм ғалат машав, ки ишқу муҳаббат якест.” (Абҳарул-ошиқин, с.138)
Азизуддини Насафӣ низ дар боби ишқ мегӯяд: “Ишқ буроқи соликон ва маркаби равандагон аст. Ҳар чӣ ақл ба панҷоҳ сол андӯхта бошад, ишқ дар як дам он ҷумларо бисӯзонад ва ошиқро пок ва софӣ гардонад ва солик ба сад чилла он миқдор сайр натавонад кард, ки ошиқ дар як турфатулайн кунад.” (Инсони комил, с.279)
Аммо Мавлоно мӯътақид аст, ки ишқ қобили баён нест. Дар ин бора баъдан сӯҳбат хоҳем кард.
Най ҳарифи ҳар ки аз ёре бурид,
Пардаҳояш пардаҳои мо дарид.
Инсони комил, ки ҳамчун най навои илоҳӣ месарояд, ёр ва мусоҳиби касе аст, ки аз ҳамаи таъаллуқоти дунявӣ бурида бошад. Мақомоти маънавии инсонҳои комил ва авлиёи илоҳӣ ҳиҷобҳои зулмонӣ ва ҳатто нуронии соликонро аз ҳам медарад.
Бархе аз шореҳон найро дар ин ҷо ба ҳамон маънои ҳақиқии он, яъне ҳамон сози маъруф донистаанд. Пас бо таваҷҷӯҳ ба маънои парда дар мусиқии қадим, мисроъи дуввумро метавон чунин маънӣ кард: оҳангҳо ва нағмаҳое, ки бо най навохта мешавад, мӯҷиби таҳзиби нафс ва талтифи руҳи одамӣ мегардад ва ҳиҷобҳои нафсониро бартараф месозад.
Ҳамчу най заҳреву тарёқе кӣ дид?
Ҳамчу най дамсозу муштоқе кӣ дид?
Маъно: Оё то кунун касе заҳр ва подзаҳре монанди най дидааст? Маълум аст, ки надидааст. Ва оё то кунун касе ҳамдам ва муштоқе монанди най дидааст? Мусалламан, надидааст.
Шарҳ: Ҳамон тавр ки ҳазрати Ҳақ бо сифати қаҳр ва лутф мавсуф шуда, инсони комил низ ба сифати қаҳр ва лутф муттасиф аст. Инсони комил заҳр аст нисбат ба аҳли фисқ ва арбоби фуҷур. Ва подзаҳр аст нисбат ба аҳли салоҳ ва асҳоби маърифат. Албатта метавон нисбат ба шахси воҳид, ҳам заҳр бошад ва ҳам подзаҳр. Зеро ҳамин ки баёни фироқ ва ҳиҷрон мекунад, заҳр мешавад ва чун муждаи қурб ва висол медиҳад, подзаҳр мегардад, чунон ки мегӯяд:
Гоҳ шарҳи миҳнати ҳиҷрон диҳам,
Бедилонро доғҳо бар ҷон ниҳам.
Гоҳе орам муждаи қурбу висол,
Бахшам аҳли завқро сад ваҷду ҳол.
Мавлоно Яъқуби Чархӣ низ мегӯяд: “Анфоси шарифаи эшон, ки аз сари ҳолу виҷдон мебувад, тарёқе аст мар муридонро ва заҳре аст мар мункиронро, ҳамчун оби Нил, ки қибтиро хун бувад ва сибтиро об.” (Рисолаи ноия, с.12)
Най ҳадиси роҳи пурхун мекунад,
Қиссаҳои ишқи Маҷнун мекунад.
Най аз роҳи пурхун сухан мегӯяд. Яъне инсони комил аз роҳи пурмушкил ва хатарноки ишқи раббонӣ ҳарф мезанад. Ва достонҳое аз ушшоқи покбоз ва маҷнунсифат бозгӯ мекунад.
Роҳи пурхун киноя аз марги ихтиёрӣ аст, ки баъдан тавзеҳаш хоҳад омад.
Маҳрами ин ҳуш ҷуз беҳуш нест,
Мар забонро муштарӣ ҷуз гӯш нест.
Маъно: Ин ҳуш маҳрамаш танҳо касоне ҳастанд, ки аз ақли маъош беҳушанд. Яъне асрори ҳақиқатро танҳо аҳли фано, ки аз ғайри Ҳақ беҳушанд, дарк тавонанд кард ва ноаҳлон ва мункирон дар муқобили ин асрор кару гунг ҳастанд, ҳамон тавре ки толиби забон танҳо гӯш аст ва ҳеч узви дигаре алфозро, ки ба василаи забон гуфта мешавад, наметавонанд бишнаванд. Пас, то шахс лавҳи замирро аз авҳом ва хиёлот напардозад, рози ҳақиқатро дарк натавонад кардан. Мисроъи дуввум ҷанбаи тамсилӣ дорад ва мисли далел аст барои исботи мафоди мисроъи аввал.
Дар ғами мо рӯзҳо бегоҳ шуд,
Рӯзҳо бо сӯзҳо ҳамроҳ шуд.
Маъно: Дар ғами ишқи мо рӯзҳо аз пайи ҳам омад ва умр сипарӣ шуд. Ва айём ва авқот тавъам бо сӯзу гудоз гардид. Яъне дарди талаби ушшоқ ва майл ба висол бо ҳазрати Ҳақ дар онон доимӣ аст ва лаҳзае мунқатеъ намешавад.
Рӯзҳо гар рафт, гӯ: рав, бок нест,
Ту бимон эй он, ки чун ту пок нест.
Маъно: Агар ин рӯзҳои пурсӯз сипарӣ шуд ва умр гузашт, бигӯ: эй умр! Бигзар, ки аз гузари ту ҳеч боке надорам. Аммо ту эй ҳазрати Маъшуқ иноятҳо ва лутфҳоят ҳамвора мутаваҷҷеҳи мо бошад, ки туӣ пок ва муназзаҳ ва ҳамчун ту касе пок ва муназзаҳ нест.
Шарҳ: Манзур аз ин ду байт он аст, ки арзиш ва эътибори ҳаёт аз диди ошиқи ориф найл ба ҳазрати Маъшуқ аст. Ва ҳаёте, ки орӣ аз талаби ҳақиқат бошад, дар назари ӯ ҳеч арзише надорад.
Ҳар ки ҷуз моҳӣ, зи обаш сер шуд,
Ҳар ки берӯзист, рӯзаш дер шуд.
Маъно: Берӯзӣ ба маънои маҳрум ва бенасиб аст. Дер шудани рӯз киноя аст аз малолат. Ҳол, маънои ин ду байт он аст, ки ба ҷуз моҳӣ, ҳар кас аз об сер мешавад; зеро ҳаёти моҳӣ фақат дар об муяссар аст. Ҳамин тавр ошиқи содиқ низ бидуни ишқ ва талаби ҳазрати Маъшуқ зиндагӣ натавонад кард. Пас мояи ҳаёти ошиқ ишқ аст. Ва ҳар кас ки аз оби ишқу ирфон бенасиб бошад, руҳе пажмурда ва афсурда дорад. Яъне ҳар гоҳ касе дучори малол гардад, маълум мешавад, ки аз ишқ ва маърифат бебаҳра аст.
Шарҳ: Мавлоно ба такрор ошиқи содиқро ба моҳӣ ташбеҳ кардааст, ки мояи ҳаёт ва бақояш ишқ аст. Мавлоно Яъқуби Чархӣ мегӯяд: “Ғайри моҳӣ, аз об сероб шавад. Аммо моҳиро аз об серӣ нест. Ушшоқро ҳамчун моҳиён бидон, ки аз оби ҳаёти ирфон эшонро серӣ аст.” (Рисолаи ноия, с.16)
Дарнаёбад ҳоли пухта ҳеч хом,
Пас сухан кӯтоҳ бояд, вассалом.
Маъно: Шахси хом наметавонад аҳволи пухтагонро дарёбад; зеро ҳоли ононро наметавон бо алфозу иборот дарк кард. Ҳол ки чунин аст, пас бояд суханро кӯтоҳ намуд ва дам фурӯ баст.
Шарҳ: Ин ду байт ишора ба ин аст, ки шарти маърифат ва дарки ҳақиқат, муносибати ҳол аст; зеро маърифати ҳақиқӣ вақте ҳосил шавад, ки даркунанда бо даркшаванда иттиҳод дошта бошад. Мавлоно Яъқуби Чархӣ дар ин бора мегӯяд: “Аҳлуллоҳ (орифон), ки ба мушоҳида ва муойина ба мақсуди асл мушарраф шудаанд, аҳволи эшонро касе ки муқайяд ба тақлид аст ва асири нафси аммора, дарнаёбад. Пас суханро ҷуз ба тариқи ишорат ва киноят натавон гуфт.” (Рисолаи ноия, с.16)
Банд бугсал, бош озод эй писар!
Чанд бошӣ банди симу банди зар?
Ин байт дар ҷавоби суоле аст, ки пас аз байти пешин худнамоӣ мекунад. Гӯё касе мепурсад: эй ҳазрати Мавлоно! Пухтагони маърифат ва яқин чӣ сон ба он мақоми баланд расидаанд ё чӣ гуна метавон ҳоли пухтагонро дарёфт? Ҷавоб: эй писари маънавӣ! Қайду банди таъаллуқоти дунявиро пора кун ва аз занҷири дунявӣ ва нафсонӣ озод шав. Охир, то кай гирифтори симу зар хоҳӣ буд?
“Эй писар!” хитоб ба соликон аст, ки дар воқеъ фарзанди маънавии машойих ба шумор оянд. Зеро дар тариқат навъе иттисол миёни мурид ва мурод эҷод мегардад, чунон ки мурид ҷузъе аз аҷзои мурод маҳсуб шавад ҳамон тавр ки фарзанд ҷузъе аз падар маҳсуб ояд.
Озодӣ ва ҳуррият дар ин ҷо ба ин маъност, ки банда дил ба чизе насупорад магар ба Ҳақ. Пас шарти пухтагӣ ва камоли руҳонӣ, гусастани риштаи алоқа ва муҳаббат ба молу маноли дунявӣ аст.
Гар бирезӣ баҳрро дар кӯзае,
Чанд гунҷад? Қисмати як рӯзае.
Мавлоно дар ин ҷо мисол мезанад барои он чӣ дар ду байти пешин омада. Мегӯяд: агар оби баҳрро даруни кӯзае бирезӣ, чӣ қадр дар он ҷамъ мешавад? Мусалламан, ба андозаи насиб ва баҳраи як рӯз.
Ин истидлол дар баёни ҳирсу ози озмандон пардохта шудааст. Пас набояд гирифтори ҳирсу оз шуд, зеро озмандӣ одамиро ба парешонӣ ва изтироб дармекашад.
Кӯзаи чашми ҳарисон пур нашуд,
То садаф қонеъ нашуд, пурдур нашуд.
Чашми озмандон бо ҳамаи маҳдудияте, ки дорад ҳаргиз сер намешавад ва ҳар чӣ зару сим биандӯзанд, парешонии хотирашон бартараф намешавад, балки ҳар рӯз оташи ҳирсу озашон тезтар гардад. Ба унвони мисол, то садаф қонеъ набошад ва аз қатраҳои фаровони борон ба чанд қатра иктифо накунад, ҳаргиз дарунаш пур аз марворид нагардад.
Дар қадим бархе мепиндоштанд, ки марворид аз донаҳои борони моҳи нисон ҳосил ояд. Нисон моҳе аст сирёнӣ мутобиқи фарвардин ва урдибиҳишт. Хоҷа Насир мегӯяд: “Ва дар афвоҳ (даҳонҳо) машҳур аст, ки он вақт ки борони нисон меояд, садаф даҳон бозгушода ва қатароти боронро мегирад. Ва чун ин қатарот ба ботини садаф мерасад, ба хоссияте, ки дар ҷавфи (даруни) садаф қудрати азалӣ (ниҳода аст) таъбеҳ карда марворид мутаваллид мешавад.” (Тансухномаи Илхонӣ, с.85-86)
Мавлоно дар баёни зарурат ва фоидаи қаноат ин бовари омиёнаро ҳамчун мисол овардааст.
Ҳар киро ҷома зи ишқе чок шуд,
Ӯ зи ҳирсу ҷумла айбе пок шуд.
Маъно: Ҳар кас ҷомаи худхоҳӣ ва нафсониаш аз шиддати ишқ ба ҳазрати Маъшуқ чок шавад, ӯ аз ҳирс ва ҳар навъ айбе пок хоҳад шуд.
Шарҳ: Ишқ (хоҳ ҳақиқӣ ё маҷозӣ) сабаби табдили ахлоқ аст. Мо мебинем, ки шахс пеш аз он ки ошиқ шавад, мумсик ва молдӯст ва ё баддил ва тарсуст, вале ҳамин ки ишқ бар вуҷудаш истило ёбад, сари кисаҳои баста ва мӯҳрзадаро боз мекунад ва ҳамаро дар роҳи маъшуқ фидо мекунад ва ё ба истиқболи хатар меравад ва хешро дар балоҳои сахт меафканад ва аз ҳеч чиз намеҳаросад.
Он чӣ гуфтем, дар ишқи сурат буд, ки онро ишқи маҷозӣ меноманд. Ва ин таъсир дар ишқ ба як ҳақиқат ва як шахсияти маънавӣ ҳам қобили инкор нест. (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.1, с.29)
Шод бош эй ишқи хушсавдои мо!
Эй табиби ҷумла иллатҳои мо!
Савдо яке аз ахлоти чаҳоргона (сафро, савдо, балғам ва хун) аст, ки мабнои тибби қадим буд. Ғалабаи савдо мӯҷиби бемориҳои асабӣ ва хиёлоти воҳӣ мегардад. Аз ин рӯ, молихулиёро низ савдо мегуфтанд. Аз ин рӯ, “эй ишқи хушсавдои мо!” дар ин байт ба ин маъност: эй ишқе, ки ба вуҷуд оварандаи ҳаяҷонҳои хуб ва чаззоби руҳӣ мешавӣ!… Ва “эй табиби ҷумла иллатҳои мо!” яъне эй табиби ҳамаи дардҳо ва амрози мо! Ҳамеша шодмон ва бонишот бош.
Баъзе аз шореҳон (мисли Никелсун) мӯътақиданд, ки савдо тақрибан муродифи фикр аст.
Аҳвол ва ҳаёҷонҳои руҳӣ агар аз ишқӣ сурӣ ношӣ шавад, нописанд ва бадсавдост, вале агар аҳвол ва ҳаёҷонҳои руҳӣ аз ишқи ҳақиқӣ ношӣ шавад, писандида ва хушсавдост.
Эй давои нахвату номуси мо!
Эй ту Афлотуну Ҷолинуси мо!
Маъно: Эй ишқ! Туӣ давои худбинӣ ва худнамоии мо. Туӣ табиби руҳонӣ ва ҷисмонии мо.
Шарҳ: Ишқ дар ин ҷо ва бисёре аз мавориди Маснавӣ, киноя аз маъшуқ аст. Афлотун ҳакими маъруфи Юнони бостон дар соли 427 пеш аз милод мутаваллид шудааст ва наздик ба 80 сол зиста. Вай аз шаҳри Отен (Афина) буд. Ӯ пизишк ва олим буд ва ба ҳайъати афлок ва илми хоссиятҳо ва табиатҳои ададҳо доно буд. Вайро пешвои ҳукамои ишроқӣ донистаанд. Чаро ки роҳи вусул ва расидан ба ҳақиқатро таҳзиби нафс ва мукошифа медонист. Аз ин рӯ Афлотун дар ин байт киноя аз табиби руҳонӣ аст.
Аммо Ҷолинус аз машҳуртарин табибони Юнони бостон маҳсуб мешавад. Вай бисёр ҷаҳонгардӣ мекард ва бисёре аз шаҳрҳоро дидааст. Ӯ дар синни 17 солагӣ дар тибб ва фалсафа ва улуми риёзӣ ба дараҷаи камол расида ва дар 24 солагӣ дар ин улум ба мақоми иҷтиҳод ноил шуд. Ҷолинус ҳангоме зуҳур кард, ки санъати тибб дастовези суфастоиён шуда буд ва хубиҳои он аз миён рафта буд. Ба ҳамин ҷиҳат Ҷолинус худро муҳайё кард, ки аз тибб дифоъ кунад ва онро дар маҳалли муносиби худ гузорад. Ӯ ақоид ва орои Абиқрот ва пайравонашро таъйид ва таҳким кард ва китобҳои бисёре дар ин боб нигошт ва ҳақоиқи тиббро ошкор сохт. Ҷолинус дар ин байт киноя аз табиби ҷисмонӣ аст.
Ҷисми хок аз ишқ бар афлок шуд,
Кӯҳ дар рақс омаду чолок шуд.
Ҷисме, ки аз хок аст, бар асари ишқи илоҳӣ, бар авҷи афлок ва осмонҳо рафт ва кӯҳ ба рақс ва рафтор омад. Мисроъи аввал ба мавзӯи меъроҷ (ба маънои омми он) ишора дорад, ҳарчанд ки меъроҷи Паёмбар (с) ва уруҷи Исо (а) ва Идрис (а)-ро низ шомил мешавад.
Ишқ ҷони Тур омад, ошиқо!
Тур масту “харра Мусо соъиқо”.
Эй ошиқ! Он руҳе, ки ба кӯҳи Тур ҷону ҳаёт бахшид, ишқ буд. Ва ба баракати ишқ буд, ки кӯҳи Тур маст шуд ва Мӯсо (а) аз азамат ва маҳобати он беҳуш бар замин уфтод.
Бо лаби дамсози худ гар ҷуфтаме,
Ҳамчу най ман гуфтаниҳо гуфтаме.
Ин байт дар ҷавоби суоле аст, ки баъд аз байти пешин худнамоӣ мекунад. Гӯё касе мепурсад: эй ҳазрати Мавлоно! Ин ишқ чист, ки аз азамати он ҷисмҳои хокӣ ба меъроҷ мераванд ва кӯҳи Тур ба рақс меояд ва Мӯсои Набӣ (а) беҳуш бар замин меуфтад? Агар мумкин аст, асрори он ишқро барои мо бозгӯ кун. Ҷавоб: агар бо лаби ёрам, ки бо забони ҳоли ман дамсоз аст, қарин мешудам, монанди най гуфтаниҳои бисёре мегуфтам ва асрори ишқро ба шарҳ боз мекардам.
Ҳар кӣ ӯ аз ҳамзабоне шуд ҷудо,
Безабон шуд, гарчӣ дорад сад наво.
Зеро ҳар кас ки аз ҳамзабонаш ҷудо шавад, агар сад наво ва нағма ҳам, ки дошта бошад, боз ҳам лол ва безабон хоҳад буд.
Яке аз одоби орифон ва аҳли сулук, самт (хомӯшӣ) аст. Самт бар ду навъ аст: яке самти оммагон ва дигаре самти хоссагон. Мурод аз самти оммагон ин аст, ки солики мубтадӣ бояд забони худро мувозибат кунад ва онро камтар ба кор гирад, то хато ва лағзиши камтаре муртакиб шавад. Ва аммо мурод аз самти хоссагон ин аст, ки орифон ва соликони комил иҷоза надоранд, ки асрори тариқат ва ҳақиқатро ба ҳар гӯше илқо кунанд, магар ба қадри аҳлияти ашхос.
Мавлоно Яъқуби Чархӣ мегӯяд: “Аҳли тасаввуфро суханонест, ки ба ҳар забон баёни он натавон кард ва эшон ба он забони хосс баёни асрори ҳақиқат мекунанд дар миёни ҳамдигар. Ҳар кӣ воқиф нест, пеши ӯ сухани тасаввуф натавон гуфт.” (Рисолаи ноия, с.20)
Ибни Арабӣ дар асрори самт мегӯяд: “Самти мутлақ дуруст нест, зеро банда маъмур аст, ки зикри Худо гӯяд, балки танҳо ин хомӯшӣ дар зоҳири ӯст ва на дар ботини вай.” (Алфутуҳотул-маккия, ҷ.2, с.180)
Чун ки гул рафту гулистон даргузашт,
Нашнавӣ з-он пас зи булбул саргузашт.
Маъно: Ҳамин ки фасли гул сипарӣ шавад ва айёми гулистон бигзарад, дигар аз булбул нағмае нахоҳӣ шунид.
Шарҳ: Ин байт низ монанди байти пешин мазмуни байти моқабли онро таъйид мекунад. Мавлоно Яъқуби Чархӣ мегӯяд: “Чун булбул рӯи гул бинад, ҳазордастонро навои худ созад. Ва аммо дар хористони зимистон бенаво монад. Яъне ҳукми илоҳиро ба аҳли он тавон гуфт, аммо пеши ҷоҳилон аз он баён натавон кард. Ҳазрати Амири мӯъминон ба Кумайл гуфт: дар дили ман улуми бисёр аст ва касеро намеёбам, ки ба ӯ бигӯям. Аз ин ҷо гуфтаанд: Каллимин-носа ало қадри уқулиҳим.” (яъне бо мардум ба андозаи ақлҳояшон сухан бигӯ) (Рисолаи ноия, с.21)
Ҷумла маъшуқ асту ошиқ пардае,
Зинда маъшуқ асту ошиқ мурдае.
Маъно: Ҳар чӣ ҳаст, маъшуқ аст, ва ошиқ пардае беш нест. Ва он ки зиндаи ҳақиқист, фақат маъшуқ аст, ва ошиқ бидуни маъшуқ колбади бе ҷоне беш нест.
Шарҳ: Парда-ро агар ҳамон пардаи маъруф бигирем, ки бар дар меовезанд, мисроъи аввал ҷанбаи тамсилӣ хоҳад ёфт. Ба ин маънӣ, ки ошиқ ҳамчун пардае аст, ки ҳаракат ва ҷунбиши он аз худ нест, балки аз тасарруфоти маъшуқ аст. Чунон ки ҷунбиши парда низ аз бод аст, на аз худ. Ва агар пардаро киноя аз ҳиҷоби ҳастии башарӣ ва зоҳирии ошиқ бигирем, манзур ин аст, ки вуҷуди мавҳуми башарии ошиқ ҳиҷобе аст, ки ӯро аз ҳазрати Маъшуқ ҷудо мекунад. Ин ваҷҳ муносибтар аст.
Ба ҳар ҳол, ғолиби шореҳони Маснавӣ ин байтро ҳамл бар ваҳдати вуҷуд кардаанд.
Мисроъи дуввум муносиб аст бо мафоди ояти 88 сураи Қасас: “Ҳама чиз ба нестӣ равад ҷуз зоти Худованд.” Низ муносиб аст бо ояти 26 ва 27 сураи Раҳмон: “Ҳама чиз ба фано равад ва танҳо зоти Парвардигорат, ки шукӯҳманд ва бузургвор аст боқӣ аст.”
Чун набошад ишқро парвойи ӯ,
Ӯ чу мурғе монд бе пар, войи ӯ!
Ин байт аз лиҳзои мазмун такмилкунанда ва таъйидкунандаи байти пешин аст. Маънои байт: Агар ишқ ба сӯи ошиқ таваҷҷӯҳ накунад, ошиқ монанди парандаи паркандае аст, ки вой ба ҳолаш!
Шарҳ: Баъзе аз шореҳон дар маънии байти фавқ фармудаанд: “Ҳар кас ки парвойи ишқ надошта бошад…” Ин маънӣ ҳамон тавр ки Никелсун гуфтааст, суст ва тардидомез аст. Зеро ишқи Ҳақ аз Ҳақ сарчашма мегирад ва ба лутфи Ӯ илҳом мешавад. Вақте ки Худованд ба ошиқони хеш инояте надошта бошад, лутфи худ аз онон дареғ медорад. (Шарҳи Маснавии маънавии Мавлавӣ, дафтари аввал, с.26-27)
Ва дар натиҷа наметавонад дар мадориҷи камол ба парвоз дарояд. “Парвойи ӯ” ва “пар, войи ӯ!” ҷиноси мураккаб аст.
Ман чӣ гуна ҳуш дорам пешу пас,
Чун набошад нури ёрам пешу пас?
Маъно: Агар нури ботини ҳазрати Маъшуқ дар пешу паси ман набошад, ман чӣ гуна метавонам бо ин ақли ҷузъӣ ва идроки маҳдуд худро биёбам ва дар он сулук кунам?
Шарҳ: Байти фавқ муносиб аст бо ояти 12 сураи Ҳадид: “Рӯзе ки мардону занони мӯъминро бинӣ, ки нурашон дар пешопеш ва самти росташон меравад”. Манзури байт ин аст, ки ҷамиъи маъорифи руҳонӣ ва идрокоти маънавии одамӣ нури ботини ҳазрати Ҳақ аст.
Ишқ хоҳад, к-ин сухан берун бувад,
Ойина ғаммоз набвад чун бувад?
Маъно: Ишқ эҷоб мекунад, ки маъонӣ ва асрор ба зуҳур расад. Зеро чӣ гуна мумкин аст, ки ойинаи сайқалӣ ашёро дар худ мунъакис накунад?
Шарҳ: Агар ишқ дар ҷони одамӣ шарар занад, осори он дар афъол ва аҳволи ӯ намоён гардад. Пас метавон гуфт, ки ишқ монанди ойинае аст, ки суратҳои ашёро дар худ намоён мегардонад. Ҳамин тавр дар ойинаи ишқ низ аҳволи ошиқ ошкор шавад. Пас ишқ кашшофи замир аст.
Ойина-т донӣ чаро ғаммоз нест?
З-он ки зангор аз рухаш мумтоз нест.
Маъно: Медонӣ чаро ойинаи дил ва руҳат асрор ва ҳақоиқи маънавиро нишон намедиҳад? Ба хотири ин ки зангори ҳавову ҳавасро аз рӯи он пок накардаӣ.
Шарҳ: Манзур ин аст, ки чун дил соф ва равшан шавад, асрори ирфонӣ ва ҳақоиқи раббонӣ дар он мунъакис гардад. Шахс дил аз зангор напардозад, ҳақоиқи раббонӣ дар он нақш наёбад. (Сайидюнус. И)
Поёни дебочаи Маснавӣ