Мо бояд бидонем, ки Маснавӣ асосан чӣ китобе аст? Худи Мавлоно ба он чӣ гуна нигоҳ мекардааст?
Бисёриҳо мегӯянд, ки Маснавӣ маҷмӯае аз достонҳост. Аммо ин дуруст нест. Агар Маснавӣ маҷмӯае достон аст, пас чаро Мавлоно як бора достонашро қатъ мекунад? Агар ангеза ва ҳадафи ӯ достонгӯӣ ва достонсароӣ аст, метавонист як достонро то ба охир идома бидиҳад ва баъд ба суроғи як достони дигар биравад. Аммо аслан ин гуна нест.
Достони аввали Маснавӣ яъне “Подшоҳ ва канизак”-ро нигоҳ кунед. Ду се то достони дигар ҳам васати ин достон ҳаст. Албатта на танҳо ин достон, балки тақрибан ҳамаи достонҳои Маснавӣ ин гуна аст. Гоҳе авқот достон дар достон ва гоҳе, матлаб даруни достон ё байни ду ҳикоят ва достон қарор гирифтааст. Чаро Мавлоно ин шеваро ихтиёр кардааст? Ин шева аз куҷо омадааст? Чаро мисли бисёре аз достонсароҳо аз як нуқта оғоз намекунад, то ба як қисмат хатм кунад?
Мавлоно мегӯяд, ман ин шеваро аз Қуръон гирифтаам. Мегӯяд, магар на аст, ин ки Худованд олитарин суханвар аст? Пас чаро як достонро аз аввал то охир тамом намекунад? Достони ҳазрати Мӯсо (а) ҳама ҷои Қуръон пахш аст. Достони ҳазрати Исо (а) дар ҳама ҷои Қуръон пахш аст. Достони ҳазрати Марям ва Яъқуб ва Иброҳим (алаҳимус салом) ҳам ҳамин тавр… Бисёре аз достонҳо дар дили Қуръон пахш аст. Оё Худованди Алим ва Ҳаким наметавонист, як достонро, ки шурӯъ кардааст тамом кунад ва баъд достони дигарро оғоз намояд? Метавонист, вале ҳадаф танҳо баёни қисса ва достон нест.
Қисса дар назари ориф, навъе калимоте аст, ки канори ҳам радиф мешавад ва ҳадафи аслӣ ҳиссае аст, ки аз ин қисса ба даст меояд. Ва аз ин рӯй Мавлоно мегӯяд, ин Маснавӣ мисли хеле аз китобҳои дигар барои ин аст, ки ту бихонӣ ва ба авҷи осмонҳо биравӣ. Вале дар айни ҳол ба воситаи ҳаҷмаш чунон аст, ки онро “Болиш ҳам гар кунӣ, он мешавад”. Зеро ҳаҷми он чунон аст, ки метавон ба ҷои болиш ҳам зери сар гузошт. Аммо бадеҳӣ аст, ки барои ин кор сохта ва пардохта нашудааст. Умда ин аст, ки шумо битавонед забони Мавлоноро бифаҳмед. Ва фаҳми забони Мавлоно бисёр сахт ва печида аст. Ва ин сахтии забони Мавлоно, яке аз ин бобат аст, ки достон дар достон, ҳикоят дар ҳикоят ва қисса дар қисса аст ва аз ин рӯй, наметавон мустақиман ва бе восита ба фаҳми он чӣ ки Мавлоно гуфтааст, роҳ пайдо кард.
Ва ба таъбири Мавлавишиноси муосир Устод Козими Муҳаммадӣ, “китобиМаснавӣҷазира дар ҷазирававодӣ дар водӣаст. Бисёре аз ин водиҳокалидҳоихоссе дорад, киафродимуҷаррабвадоноҷоварамзи ин калидҳоромедонанд, ки дар куҷост. Он калидробоядбизанӣ, то фазоравшаншавад[1].”
Манзури ин Мавлавишинос аз “афроди муҷарраб ва доно”, урафо ва мутасаввифае ҳастанд, ки бо сайру сулук ба ҷоҳое расидаанд. Ҳаминҳо ҳастанд, ки медонанд рамзи калидҳои Маснавӣ куҷост. Дар ҳақиқат, Маснавӣ як давраи комили ирфон ва тасаввуф аст ва ба қавли худи Мавлоно, дар он аз мақоми “табаттул” то мақоми “фано” баён шудааст. Яъне, аз замоне ки солик бо нури яқза ба навъе аз худаш холӣ ва ҷудо мешавад ва аз ин замин барои як лаҳза канда мешавад, то он замоне ки маҳви куллӣ дар ҳақиқати Ҳақ мешавад, пилла пилла ҳамаи инҳоро дар ин китоб гуфтаам:
Аз мақомотитабаттул то фано,
Поя поя то мулоқоти Худо.
Пас он касе ки бо калимоти машойихи тариқат ошно нест ва аз сайру сулуки мардони Худо огоҳӣ надорад, шояд дарки Маснавӣ барояш хеле сангин бошад ва фаҳми он низ барояш бисёр мушкил бинумояд. Ва балки болотар аз ин, вақте бо ирфон ва тасаввуф ва сайру сулук ошно набошад, на ин ки фақат Маснавиро намефаҳмад ва фаҳми он барояш сангин аст, балки чи басо ин нафаҳмӣ мунҷар ба ин бишавад, ки Мавлоноро ба “куфр”, “фисқ” ва “фуҷур” муттаҳам бикунад. Дар ҷое хонда будам, ки бархе аз фуқаҳо Маснавиро ба даст намегирифтанд, чаро ки мегуфтанд, “наҷис” аст ва ҷуз “куфриёт” дар он гуфта нашудааст. Ва ҳатто дар замони худи Мавлоно ҳам буданд касоне ки ӯро ба куфру фисқ муттаҳам мекарданд.
Ба ҳар сурат, банда дар шарҳу тавзеҳи достонҳо ва ҳикоёти Маснавӣ ва нукоте, ки Мавлоно аз лобалои ҳикоятҳояш мехоҳад бароямон бирасонад талош хоҳам кард ва албатта мустанадам дар ин шарҳу тавзеҳот машҳуртарин шарҳҳои Маснавӣ хоҳад буд, ба хусус “Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ” ба қалами Устод Карими Замонӣ[2].
[1] (ФаҳмизабониМавлоно, с.30)
[2] (Сайидюнус. И.)