Баноми Худованди бахшандаву бахшоишгар

Дуруд ба ҳамаи Шумо, ҳаммеҳанони гиромӣ, дар сарзамини бегона дур аз ёру диёри хеш афтодагон, ранҷкашони ситамдида, дар нишону доми душман дармондагон! 

Пӯшида нест, ки дар ин садсолаи охир шояд чунин бошад, ки ҳеҷ нажоде дар ин рӯзгори навин, ба монанди мо тоҷикон арзишҳои хешро аз даст дода, ё аз онҳо ситонида барбод дода бошанд. Гирифтани сарзаминҳое ба монанди Самарқанд, Бухоро, Хоразм…, ки аз тоҷикони Фарорӯд аст, дабираи (хатти) порсии онҳоро решакан намудан, дабираи худро ба зӯрӣ бар дӯши мардум бор намудан, ба ҳар як хонаи тоҷик ворид шуда, ҳамаи китобҳои онҳоро ситонида дар пеши чашмони онҳо сӯзониданд, донишмандону орифону андешамандони моро зиндонӣ ва дар Сибири яхбаста несту нобуд ва беному нишон намудан… Ба монанди чунин ситамҳо, ки ба мардуми мо раво диданд, доғест бар дили ҳар касе аз мо мардуми ориётабор.  

Акнун танҳо он чизе, ки пасафканд аз падарону ниёгонамон ба мо бозмондааст, ин ҳам як пора кӯҳистон, як порае аз он сарзаминҳои бузурги меҳанамон, кишварамон –Тоҷикистони гиромӣ аст. Аз арзишҳои дигари бисёр муҳим ҳаминзабони мо аст, ки натавонистанд решакан намоянд. 

Ин ки тавонистанд номаш, ки порсист ба номи дигар баргардонанду тоҷикиаш номанд, ӯро пур аз вожаҳои русӣ намоянду роҳро бар густариши забони русӣ зери чирагии хеш дароваранд. Пӯшида нест, ки натиҷаи корашон бисёр зиёнрас бар камҳуввиятону душманнашносон расида, ки бо русӣ сухан гуфтанро сарфарозӣ ва забони моро як забони хонагӣ ё бозору кӯча мепиндоранд. Дар инки барои ҳар каси бохираду боҳушу огоҳ рӯшан аст, ки рӯй гардондан аз забони модарии худ чӣ фарҷоме дорад.   

Рӯзгор ва мардум гувоҳ аст, ки забони порсиро дар Қафқоз решакан карданд, аврупоиҳо чӣ гуна забони порсиро дар Ҳинд аз миён бурданд, забони инглисии худро бар дӯши он мардум бор намуданд. Кишвари Шуравӣ чӣ гуна дар пайи решакан кардани забони порсӣ дар Осиёи Миёна камар баст, забони порсиро бо дабирааш дар маркази забони порсӣ – Бухорои Шариф аз ҷойгоҳаш решакан намуданд, ба забони кӯчагӣ ва хонагӣ табдил доданд, ба ҷояш ҳам забони узбакиро ҷойнишин намуданд, инчунин дабираи мардуми порсигӯйи тоҷикро дар Тоҷикистон решакан намуданд. Амрикову Исроил дар кишвари Афғонистон бо дасти ифротгароёни толибонӣ мехоҳанд забони порсиро аз мардуми он ҷо ситонда, ба ҷояш забони паштуро ҷойгузин намоянд, то тавонмандиҳои мардуми иронзамин суст гардад.

Имрӯз Шуравӣ аз миён рафта, аммо мардумони Осиёи Миёна ҳанӯз зери бозрасию бозбинии русҳо ҳастанд, аз дигар сӯй ниёзмандӣ водорашон сохтааст, ки дар зери сояи русҳо бимонанд.

Имрӯз аз ҳар кишвари Осиёи Миёна беш аз ду миллион ҷавонону ҷавонмардон дар Руссия кору зиндагӣ мекунанд, шаҳрванди ин кишвар гаштаанд. Фарзандони онҳо, ки дар ин кишвар ба воя мерасанд танҳо нажодашон тоҷик аст, забонашон русӣ гаштааст, забони модарии худро бисёриашон намедонанд. Бештари падару модарон мегӯянд, ки се-чор фарзанд доранд, ки дар дабистонҳои русӣ омӯзиш мегиранд ва фарзандонашон забони модарии худро  намедонанд. 

Бо чунин рӯзгор, як ё ду пушт бигзарад бо фарҳанги русӣ бузург шаванд, аз нажоду фарҳангашон ҳеҷ чиз дар онҳо пойдор нахоҳад монд.

Кишварҳои порсигӯ бояд дар андешаи зинда мондани забони тоҷикӣ дар миёни ин ҳамзабононашон бошанд, посухгӯйи мардум ва дар андешаи фарзандони дархориҷмонда бошанд, то инҳо аз нажоди хеш бурида нагарданд.

Омӯзгоҳҳои омӯзишӣ, дабистонҳои охириҳафтаӣ, шабнишиниҳои омӯзишӣ бояд ин ҳама шабу рӯз дар иҷрои кор бошад.  

Дуруст аст, ки худи забонамон аз миён намеравад, то даме ки адабиёти ҷаҳонгири порсӣ ҳаст ва асарҳое чун “Шоҳнома”, “Маснавӣ”, девони Ҳофизу “Гулистон”-у “Бӯстон” -и Саъдӣ пойдор аст,  забони порсӣ ҳам пойбарҷост.  

Паҳлуи дигар ин аст, ки  забон метавонад дар як хонадон хор шавад, дар як шаҳр коҳиш ёбад, дар кишваре аз ҷойгоҳаш решакан гардида нобуд гардад. Мардум агар забонашонро фаромӯш созанд, нажодашонро ҳам гум хоҳанд кард, ғурури нажодияшонро аз даст хоҳанд дод, ҳамзабону ҳамнажодашонро бегона хоҳанд пиндошт.

Имрӯз барои ҳар падару модар бисёр бойиста буда, ки ба фарзандон забони модариро биомӯзонанд, ба фарҳанги худашон ошно созанд. Ба ҳар як сарпараст боист аст, ки дабираву забон, фарҳанги гузаштагони худро нигаҳбонӣ намоянд, арзишҳои гумгаштаву аздастрафтаи мардумро бозгардонанд ва зинда нигоҳ доранд.

Чаро мо бояд беғайрат бошем?  Бепарво бошем? Фарзандонамон дар пеши чашмонамон аз фарҳангамон, аз забонамон бегона мешаванд. Ҳамзабононамон дар кишварҳои Осиёи Миёна дар рӯзгори кӯтоҳ дар Ӯзбакистон, Қирғизистону Қазоқистон, ки он ҷо ҳазорсолаҳо боз зиндагӣ мекунанд ва сарзамини тоҷикон аст, танҳо ба тозагӣ, ин заминҳо бо дасти Шуравӣ ба чунин номҳо кишварҳо сохта шуд, дар ин сохтаҳо забони порсии тоҷикӣ аз миён меравад, фарзандони онҳо забони модарии худро намедонанд, забони онҳо узбакиву қирғизӣ, қазоқӣ мешавад.

Мо набояд дар гӯшаи бепарвоӣ либоси беномусӣ ба бар кунему биншинем. Чаро мо аз таҷрибаи дигарон баҳра нагирем, чаро паҳлу ба паҳлуи ҳамовард гом назанем? Русҳо дар Осиёи Миёна дар ин сад сол чӣ қадар комёб шуданд, чӣ қадар бегонагонро рус сохтанд, забонашонро дар хонаи ҳар сокини кишварҳои Осиёи Миёна ҷой намуданд, таъриху адабиёташонро кориданд.

Онҳо барои он ки адабиёти порсиро дар ин кишварҳо аз байн баранд, “Шоҳнома”, “Маснавӣ” девони Ҳофиз, осори Саъдӣ ва умуман адабиёту фарҳанги моро аз байн баранд, адабиёти маҳаллии мардумҳои қазоқ, қирғиз, узбак… сохтанд, бо орзуи он ки адабиёти порсӣ дар миёни ин мардум камрангу нобуд шавад, тақвият мекунанд то ба далели фақри ҳамин ҷомеаи маҳаллӣ битавонанд дар гомҳои оянда адабиёти русиро дар он ҷо густариш бидиҳанд. Шуравиҳо барои ин корро иҷро намудан дар ҳар кишвар ҳамоишу маросимҳои пайдарпай баргузор мекарданд, дар Маскав барояшон бо сарфи хазинаҳо ва шароитҳои бисёр хуб нишастҳои фарҳангӣ, таърихӣ гузаронида барои ҳар яки онҳо забону адабиёту таърих сохтанд, ин ҳама ба орзуи он ки аз адабиёти порсӣ дурашон намоянд. Пас аз чанде мебинанд, ки таъриху забонаш, адабиёташ хело камрангу суст аст ва дар муҳити зисташ бархурд нест, наметавонад муҳтавои лозимиро аз фарҳанги худаш гирад, пас маҷбур мешавад, ки Достоевский, Толстой, Чехов, Лермонтов ва Пушкинро бихонад. Дар ҳоле ки ҳамаи ин миллатҳо садсолаҳост аз адабиёту тамаддуну фарҳанги форс об мехӯранд, ойину мазҳаб фарҳангу русумашон ҳама аз порсист, хатташон, забони давлатиашон то ҳамин садсоли охир порсӣ буд. Шуравӣ ба мардуми ин минтақа намегузошт, то ба хатти ҳазорсолаашон, ки порсист баргарданд. Шуравӣ дар ин муддати сад сол аз худи ин мардум чунон мутахассисоне омода намуд, ки он манқуртшудагон аз фишори шуравиҳо ҳам бархурдашон сахттар аст, ба дабираву фарҳанги ниёгонашон бадбинӣ доранд, аз номи Эрон ва эронии хеш меларзанд. 

Ҳанӯз чанд даҳсолаи дар иҳотаи сиёсати Шуравӣ зистан ба ин рӯз овард, пас андеша намоед фарзандоне, ки аз кишвар дур, дар Руссия мезиянд, забони модариашонро намедонанд, пас онҳо чӣ гуна мешаванд? Аз онҳо умедвор шудан дуруст аст, ки ватандӯсту пуштибони фарҳангамон бошанд?

Руссия дар ин сад сол дорад ин корро мекунад, ба мардумони ин сарзамин, гарчанд ин мардум аз нигоҳи динӣ, фарҳангӣ ва ҷуғрофӣ моли Эронзамин аст, ва ҳатто аз худи эронитаборон пешрафтатар аст. Эрон дар ин сарзаминҳои худ ҳеҷ коре ҳам намекунад ё наметавонад ва шояд ҳам дар гӯшаи фаромӯшӣ хоб аст.

Аз дигар сӯй, худи тоҷикони Руссия ба фарзандони худ кӯшиши омӯзондани забони модариашонро надоранд, то забонашон зинда бимонад. Чунин ба нигоҳ мерасад, ки охурбинанд на охирбин, дар пайи пайдо намудани донанд на ному нишон.  

Эрон бо ҳама ин тавонмандӣ ва дӯстиаш бо Руссия як омӯзгоҳи омӯзиши забони форсиву дабираи форсиро барои ин ҳама ҳазорон ҳазор ҳамзабонаш, ҳамтабораш, ҳамнажодаш дар Руссия ва ё дар Осиёи Миёна надорад. Роҳи баромад аз ин ҳама нестшуданҳо чист? Ба умеди кӣ ва чӣ бошем? Чикасе бояд пуштибони забону фарҳанги мо бошад? Ин ҳама пурсишҳоест, ки ҳанӯз посухашро наёфтаем.

Хайриддини Абдуллоҳ