Рӯзи якшанбеи ин ҳафта (24.01.21) бо лутфу ҳидояти Худои меҳрабону латиф бароям муясар шуд, то ба хизмат ва дидори яке аз устодони бузургам Рӯзимуҳҳаммад Устоев мушарраф шавам. Умри эшон ба як торих 105 ва бо ҳисоби дигар 96 сола мебошад, ки ҳарду ҳисоб дар асоси тахминҳост. Ӯ беш аз 70 сол дар фанҳои мухталиф ба монанди ҷуғрофиё, табиатшиносӣ, таърих, ҷомеашиносӣ ва адабиёт ба ҳайси омӯзгор садҳо шогирдон ба воя расонида, ба ҷомеа додааст. Солҳои охир аз сабаби беморӣ ва нотавонии пирӣ эшон дар бистари бемористу аз ҷойи худ хестан наметавонад. 

Соате бо устод ҳамсӯҳбат будаму аз маслиҳату насиҳатҳои пири хирадманд файзу ҳикмат гирифтам. Дар рафти сӯҳбат аз ӯ пурсидам, ки аз ҳамкорону шогирдонатон касе ба дидору аётати шумо меояд? Чашмони ӯ пур аз ашк гардиду сараш хам, бо овози ғамгин сар ҷунбонду инкор кард. Ба дурустӣ, ки пас аз посухи дардноку пур аз ғаму афсӯсҳо дилам пур аз ғам шуду дар андеша фурӯ рафтам, ки чаро мо чунинем, чаро на раҳме дорему на шафқате. Аз арзишҳои инсонӣ хеле дур афтодем. Ҳамаи дағ-дағаи зиндагиамон танҳо ҳамин шудааст, ки пул, вазифа ва фахр аз доштани мадраки донишгоҳи олӣ. Инсонҳоро бо доштани пулашон ва вазифаву унвонҳои илмиашон мепазирему таърифашон мекунем. Бароямон муҳим нест, ки инсонияташ дар чӣ сатҳ аст, дарунаш пур аз лутфу меҳрабониву поксириштист ва ё баръакс пур аз кибру ғуруру сангдиливу бедардиву бехабарӣ. 

Ҳар сол ду маротиба ба Ватан меояму аз аҳволи ҳамаи хешу таборону дӯстон бохабар шуда, ба зиёраташон меравам ва ё ба хонаам таклифашон мекунам. Гоҳо якеро аз аҳволи дигаре мепурсам, дар посух инро мешунавам, ки мегӯяд, чанд моҳ шуд, надидамаш, ё мегӯяд, беш аз як сол мешавад, ки аз ҳолаш бохабар нестам, ё мегӯяд, аз аҳволаш ҳаминро медонам, ки дар ҳамин ҷойҳо зинда аст ва баъзеҳо аз ин посух каме шарм намуда, бо заҳрханд аз вазъият баромадан мехоҳанд. Хулоса, на аз аҳволи якдигар бохабаранду на дар ғами якдигар шарик, на ақли ҳамдардиро доранду на раҳми инсонӣ. Дар ғаму андешаам,  ки чаро дар чунин афрод на нишонаи инсонӣ, на нишонаи динӣ. Худоё, паноҳ аз чунин афроди сангдилу бераҳму инсонсурат, аммо ҳайвонсифат. Бештари мо на қадри инсонро медонему на қадри фарҳанги волою динни раҳимро. Вой бар мову сад вой бармо, ки на номус бар худ дорему на меҳр бар кас.

Хайриддин Абдуллоҳ