Ончи руҳияҳоро шодоб ва зиндагиҳоро босафо месозад, “дидор” аст. Чи дидорҳои дӯстона, чи хешовандона! Бавижа агар дар дидорҳо, суханони дилнишин гуфта шавад ва хотироти ширин ва ҳамфикрӣ дар масири гушоиши мушкилот.

“Зиёрат”и бародарони динӣ рафтан ва “дидори муъминон”, мавриди суфориши авлиёи дин аст; ки ҳам робитаҳоро устувортар месозад, ҳам муҳаббатҳоро меафзояд, ҳам кудуратҳоро мезудояд, ҳам нишот меоварад ва ҳам Худо ва Расулро хушҳол месозад; ва чи кори неке беҳтар аз ин? …

Баҷост, ки ингуна дидорҳо ба хотири Худо ва бо ангезаи хулуси амал ба суннати дин бошад, на рӯи тамаъҳои дунявӣ ва ангезаҳои моддӣ ва судгароёна ва савдогароёна!

Муҳтавои дидорҳо

Гоҳе рафту омадҳо ва зиёратҳо, ба ҷои судмандӣ, зиёнбор аст ва ба ҷои онки баҳраи тарбиятӣ ё подоши ухравӣ дошта бошад, маҳсуле ҷуз афзоиши гуноҳ ё ҳадар рафтани фурстаҳо ё тасири манфӣ бар худ ва хонавода надорад. Ҳушёрон мекушанд аз ҳамаи дидорҳо суд бибаранд ва аз табоҳии фурсат, ҷилавгирӣ кунанд.

Бояд бо “ҳисоршиканӣ”, худ ва зиндагии худро аз инзиво даровард ва руҳияи ҷамъу таовун ва ҳамизистиро тақвият кард. Онон ки пойи худу хонаводаи худро аз рафту омад бо афроди боимон ва хонаводаҳои шарифу бо фарҳанг мебуранд, роҳи хайрро ба рӯи худ мебанданд. Магар на инки ингуна инзивоҳо, ҳолате аз яъс барои инсон падид меоварад ва афсурда месозад ва нишот аз чунин зиндагиҳое рахт бармебандад?!

Баҳраҳои дидор

Муносиб аст дар сояи мулоқотҳо ва диду боздидҳо, хонаводаҳо ва афрод, аз дардҳо, ниёзҳо ва мушкилоти якдигар огоҳ шаванд ва дар ҳадди тавон, дар рафъи онҳо бикушанд. Машварат, ҳамдилӣ ва ҳамдардӣ, гушае аз ин баҳарҳо аст.

“Хайсама” мегӯяд: Хидмати имом Боқир(р,ҳ) расидам то бо он ҳазрат худоҳофизӣ кунам. Имом фармуд: “Эй Хайсама! Ҳар кадом аз дӯстону ҳаводорони моро дидӣ, саломи моро ба онон бирасон ва ононро ба тақвои илоҳӣ тавсия кун ва суфориш кун, ки тавонгаронашон ба фақирон сар бизананд, тавонмандон ба нотавонон саркашӣ кунанд, зиндагон дар ташйиъи ҷанозаи мурдагон ширкат кунанд, дар хонаҳои ҳам, якдигарро дидор кунанд. Ингуна дидорҳо сабаби эҳёи амри мо мегардад.”(Кофӣ, ҷ 2, саҳ. 175. )

Агар дидорҳо, чунин баракатҳое надошта бошад, ҷуз итлофи вақт ва сармоя чизе нест!

Вақте ҷамъе даври ҳам менишинанд ва соатеро ба суҳбат мегузаронанд, дар ҷамъбандии поёнӣ, агар диданд аз он ҳама суҳбат, чизе на дар ёд монда аст, на суде ба каф омада аст ва на мушкиле баратараф шуда аст дареғ аз он итлофи фурсат! Аммо агар баҳсҳои илмӣ ва иҷтимоӣ, ба равшангарии афкор кумак кунад, нақли хотирот ва саргузаштҳо, барои дигарон ибратомуз ва роҳгушо бошад, бозгӯии ҳолоти дигарон, ҳисси ҳамдардӣ ва кумакрасониро тақвият кунад, инҷост ки мулоқот, ба баҳраварӣ расида аст.

Зиёрати муъмин

Дар як ҷомеи имонӣ, ҳамбастагии аҳли имон зарурӣ аст. Ин пайванд, дар сояи дидорҳо падид меояд ва истеҳком меёбад.

Онон ки “кор”-ро баҳонаи костан аз дидорҳо ва силаи раҳимҳо ва рафту омадҳо мекунанд, бояд худи инҳоро ҳам кор ба ҳисоб овард, балки аз беҳтарини корҳо. Ин, иқтидо ба сираи Расули Акрам(с) аст. Дар ҳадис аст: Ҳаргоҳ Пайғамбари Акрам(с) яке аз мусулмононро се рӯз намедид, аз ҳоли ӯ мепурсид. Дар ҷавоби саволи Пайғамбар(с), агар мегуфтанд, ки ғоиб аст (масалан сафар рафта аст) барояш дуо мекард. Агар ҳозир буд, ба дидораш мерафт ва агар бемор буд ба иёдаташ мешитофт. (Макоримул ахлоқ, саҳ. 19.)

Дидори ҳузурӣ

Бархе ба ҳар далел, иёдат ва зиёрату аҳволпурсиашон “ғайри ҳузурӣ” аст. Мекушанд то аз тариқи ину он, ё аз роҳи телефон ва нома аҳволпурсӣ кунанд ва тамос дошта бошанд. Гарчи аз ин раҳгузар, “касби иттилоъ” метавон кард; вале дидору рӯёрӯи ва нишасту гуфтугӯи чеҳра ба чеҳра, ҳаловат ва баракати дигаре дорад.

Дар аҳодис дидану мулоқот кардани ҳузурӣ матраҳ аст. Албатта аҳволпурсии телефонӣ ҳам хеле хуб аст ва навъе силаи раҳим маҳсуб мешавад, вале ҷои “дидори ҳузури”-ро пур намекунад. Нома навиштан ба ақвом ва дӯстон некӯ аст, аммо бори сафар бастан ва ҳузуран хидмати падару модар ва бастагон ва ошноён расидан ва ононро шод кардан, савоби ду баробар ва таъсири афзунтар дорад. Мегӯед не? Имтиҳон кунед!

Шумо худатон аз дидори чеҳраи бародар ё фарзанд ё дӯст бештар хушҳол мешавед – агар аз сафар оянд – ё аз шунидани садояшон аз он сӯи симҳои мухобирот? Тоза, ин худаш нишони муҳаббати бештарва самимият ва якдилӣ дар робитаҳост. Агар ҳангоми даргузашти яке аз ақвом, аз дӯстону ошноёнатон касе телефон бизанад ва телегрофи таслият бифристад, ё онки аз шаҳру маҳаллаи худ пеши шумо омада, аз наздик дар ғаматон шарик шавад ва дар маросиматон ширкат кунад, кадом якеро самимитар меёбед? Рафту омади худатон бо дигарон низ чунин аст. Ҳаргиз ба телефон ва нома қаноат накунед ва ”садо” ва “сурат”-ро ба ҷои дидори ҳузурӣ нанишонед.

Увайси Қараниро шунидаед, ки аз модар иҷоза гирифт ва аз Яман ба Мадина омад, то маҳбубаш, Муҳаммади Мустафо(с) –ро як бор бубинад ва баргардад … ва чунон шуд, ки Пайғамбари Акрам(с) фармуд: Ман бӯи биҳиштро аз сӯи Қаран мешунавам, чи бисёр муштоқи ту ҳастам, эй Увайси Қаран! (Сафинатул биҳор, ҷ 1, саҳ. 53.)

Бо ин ҳама осор ва баракот, дигар чи ҷои диранг ва баҳонаҷӯӣ ва узртарошӣ барои тарки муровида ва рафту омад аст?! Барои ингуна дидорҳо, бояд дар пайи баҳона буд ва ҳар фурсатеро муҳтарам шумурд, … албатта то ҳадде, ки ба музоҳимат наянҷомад ва сабаби итлофи вақти дигарӣ нашавад.

Вақте касе аз мусофират ё зиёрат бармегардад, ё Худованд ба касе фарзанде иноят мекунад, ё издивоҷе сурат мегирад, ё хонаи ҷадиде харидорӣ мешавад, ё беморӣ ва касолате барои касе пеш меояд, инҳо ҳама баҳонаи “таҷдиди аҳд” ва дидори ҳузурӣ аст. Ҳатто агар ӯ ҳам меҳмонӣ надиҳад, вале дар сурати фароҳам будани шароит, рафтан ба дидору гуфтани хушомадӣ, таҳнияте, табрике, таслияте, Худо шифо диҳаде, чашм равшане ва … муносиб аст ва ин “дидорҳо мояи таҳкими дӯстиҳост”.

Дидори каримона

Чи хуб, ки дар дидорҳо, қасди қурбат кунед ва инҳоро ба ҳисоби Худо бигузоред. Агар муомила ва савдо ҳам мекунед, бо Худо савдо кунед, то аҷр бибаред. Нагӯед: Ман чанд бор рафтаам, онҳо наёмадаанд, навбати ҳам ки бошад, ҳоло навбати онҳост …

Дар баҳраварӣ аз савоб ва подоши илоҳӣ, ки набояд ингуна муҳосиботро ба миён кашид. Дуруст аст, ки ҳар “диде”, “боздиде” дорад ва ҳар саломе, алейке ва ҳар нома ҷавобе! Вале гоҳе ҳам бояд каримона ва бузургворона бархурд кард. Дидори муъмин, дидори Худост ва чи қадар савоб дорад. Дар ҳадиси қудсӣ омада аст, ки Худованд мефармояд:

Ҳар мусулмоне, ки ба дидори мусулмоне биравад, ӯро не, балки маро зиёрат карда аст. Ва подоши ӯ бар уҳдаи ман, биҳишт аст. (Сафинатул биҳор, ҷ 1, саҳ. 567. )

Чи чизе болотар аз ин? Дидори муъмин, ҳампои дидори Худо!

Аз имом Боқир ва имом Содиқ(а) ривоят аст, ки фармуданд:

“Ҳар муъмине, ки ба қасди дидори муъмини дигар берун равад ва ӯро ҳамроҳ бо маърифат ба ҳуқуқаш зиёрат кунад, ба подоши ҳар гомаш дар ин роҳ, Худованд ҳасанае барои ӯ менависад ва гуноҳе аз ӯ маҳв мекунад ва дараҷае меафзояд. Чун дар бизанад, дарҳои осмон ба рӯяш боз мешавад ва чун бо якдигар мулоқот ва мусофиҳа ва муониқа кунанд, Худои Мутаол рӯ ба фариштагон карда ва мубоҳот мекунад ки: Ду бандаамро бингаред! Ба хотири ман бо ҳам дӯстӣ ва дидор мекунанд. Бар ман аст, ки аз ин пас аз азоб, масунашон дорам ва чун баргардад. Фариштагон бадрақааш мекунанд ва агар то шаби баъд, аз дунё биравад, аз ҳисоб, маоф мешавад …”(Сафинатул биҳор, ҷ 1, саҳ. 567. )

Вақте дидорҳо ин ҳама фазилат ва савоб ва осори дунявӣ ва ухравӣ дорад, чи маҳруманд онон, ки ба баҳонаҳои мухталиф ё лаҷоҷатҳо ва андешаҳои кудакона ва ҳақирона, бо ҳам қаҳр ё тарки рафту омад мекунанд ва дарҳои баракатро ба рӯи хеш мебанданд!

Гармои дилҳо дар сояи дидорҳои самимона ва моширатҳои мухлисона ва омехта ба садоқат ва маваддат аст.

Конуни зиндагӣ ва хонаводаҳоро гармтар кунем, бо муошират ва маваддат ва дидор …