…Дар ибтидо барои ба шикаст кашонидани артиши Сурия, яъне танҳо қудрати осиёие, ки қодир ба ҷанг бо артиши “Изроил” аст, аз ҳастии гурӯҳи тундгарое бо унвони “Давлати исломии Ироқу Шом” хабар дода шуд, ки намуди ихтисоршуда ба ҷуз ҳарфҳои аввали калимаҳояш “Доъиш” аст…
Ҳадафи Амрико ва саҳюнизм тавассути Доъиш
Дар кишвари Сурия мусалмон бародари мусалмонашро мекушад. Ин аст, тадбиқи лоиҳаи ҷадиди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико(ИМА) ки эҷодгараш давлати “Изроил” аст. Сарчашмаи ин ҷанги дар оғоз шаҳрвандӣ ва ниҳоят ҷаҳонӣ аз ин ҷо сар зад, ки замоне миссионерҳои саҳюнист диданд, аз кишварҳои арабнишин ягона кишваре, ки метавонад, бар алайҳи нақшаҳои нопоки “Изроил”-у ИМА муқовимат нишон диҳад, артиши давлатии Сурия буд. Аз ин рӯ ИМА асосгузори зозмони терористии Доъиш-ро аз зиндони худ озод карда, ба кишвари Сурия фиристод, то корро аз ҷанги шаҳрвандии “ ту шиъаву ман суннӣ” оғоз кунад. Миссияи зиддиисломии душманони дини барҳақ бо ҳимояти дастгоҳҳои итилоотии ғарб ва бо кӯмаки молии бархе аз кишварҳои ғарбии мухолифи Сурия иҷро гашт.
Дар ибтидо барои ба шикаст кашонидани артиши Сурия, яъне танҳо қудрати осиёие, ки қодир ба ҷанг бо артиши Исроил аст, аз ҳастии гурӯҳи тундгарое бо унвони “Давлати исломии Ироқу Шом” хабар дода шуд, ки намуди ихтисоршуда ба ҷуз ҳарфҳои аввали калимаҳояш “Доъиш” аст. Сипас, “Ироқу Шом” аз унвони созмон ихтисор шуд ва “Давлати исломӣ” монд, ки ҳеҷ амалкарди муассисони истилогару бераҳмаш ба аҳкоми давлатдории исломӣ созгор нест.
Расонаҳои мубаллиғи ғарбӣ, ки дар дасти яҳудиён мечархад дар хабарҳояшон аз Доъиш бо унвони “Давлати исломии Ироқу Шом” ном мебаранд, дар ҳоле, ки ҳеҷ кишваре дар ҷаҳон онро ба расмият нашинохта аст. Журнализми ғарбӣ, ки ин қадар даъвои озодӣ мекунад, чаро ҳудуди терористии Доиъшро “давлати исломӣ” муаррифӣ мекунад, аммо ҳозир нест, ки аз кишвари Фаластин бо унвони як давлати қонунӣ ёд кунанд?
Пӯшида нест, ки аз ин ҳама найрангҳо ҳадафҳое ки ИМА ва саҳюнизм мехоҳад, бо тариқи Доъиш амалӣ созанд, инҳоянд:
– артишҳое, ки дар ҷаҳони ғарб боқӣ мондааст, яъне артишҳои Ироқ ва Сурия аст, инҳоро фурӯ бипошад;
– ҷанги мазҳабиро дар ховари миёна, миёни шиъаву суннӣ, яъне Эрон ва кишварҳои ҳавзаи халиҷи форс эҷод кунад;
– аз байн бурдани осори фарҳанги ва торихии ҷаҳони араб ва фароҳам овардани замина барои эҷоди осори саҳюнистии худ омода кунад;
– нобуд кардани динҳои осмонии Масеҳият ва Яҳудиро низ коршиносон зикр намудаанд, аммо дар асл муборизаи сахт бо Ислом, ки бо воқеияти хосе ҷаҳонгир шуданист. Дар ин роҳ аз гурӯҳҳои тундрави ҳар дине истифода мешавад, то ҷанги адёнӣ ба вуҷуд орад ва яке аз муҳимтарин ҳадаф дар ин масир вайрон кардани бинои Каъба аст ва ба назар мерасад, дар ҳоли ҳозир талош мешавад, то ин ҳадаф бо дасти худи мусалмонон иҷро шавад ва дар ин самт пайравони Доъиш борҳо алайҳи Каъба ҷанги лафзӣ намуда, ба қасди хароб кардани Каъба иқрор карданд.
– эҷоди ихтилофҳои ҷадид миёни кишварҳои Эрон, Русия ва Чин бо истифода аз усули сиёсии ихтилофҳое, ки миёни ИМА ва ғарб вуҷуд дорад.
Хулоса, ҳадафи аслии ИМА бо истифода аз нерӯи худ ва кишварҳои ҳампаймонаш аз ин найрангҳо ин аст, ки давлати ягонаи ҷаҳонӣ ва бо артиши ягона ташкил диҳад ва худ ҳам ҳокими он бошад.
Доъишро кӣ мепазирад ва пайравонаш киҳоянд?
Дар ҷаҳон ҳеҷ кишваре ва ҳеҷ уламое ҷанги шаҳрвандии Сурияву Ироқро напазируфта ва ҷиҳоди исломӣ нахондаанд. Уламои ҷаҳони Ислом дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба монанди Эрон ва Русия конфронсҳо бар алайҳи Доъиш гузаронида, пешвоёни ҳар миллати мусалмон дар ин ақидаанд, ки кору рафтори Доъиш ғайри исломи буда, ҳеҷ рабте ба дини мубини Ислом надошта, ҳар амалашон хилофи дин ва шариати Ислом буда ва рафтору кирдори хунхориву золимиаш ба ҳеҷ дину равияе созгор нест.
Ва он чизе, ки ба пайравонаш таалуқ дорад, ин аст, ки лашкариёни Доъиш аз милатҳои мухталиф, танҳо ҳамон гумроҳонеанд, ки аз мазҳаб рӯй тофта, “салафӣ” шуданд, ки ин ҳамон равияи ваҳобияти ботил аст. Бале, ҷанговарони Доъиш танҳо он ҷавононе ҳастанд, ки аз мазҳабу ойину миллати худ рӯй гардонида, ба ақидаи ғаразноки шайтонии Ибни Таймия, Муҳаммад ибни Абдулваҳоб ва Насриддини Албонӣ гаравида, фиреб хӯрдаанд. Чунин бераҳмиву хунхорӣ, инсонро зинда сӯзонидан, таҷовуз баномуси мардҳо, никоҳуҷҷиҳод, куштори ҳукуматдорон ва дигар роҳгумзадагиҳо танҳо ва танҳо дар ақоиди Ибни Таймия , Муҳаммад ибни Абдулваҳоб ва Насриддини Албони аст. Ин аст, “салафизм”, ки ба душманони Ислом хуш омада, сарпарасташ гаштаанд.
Пайёмбари Ислом Муҳаммад(с) дар мавриди пайдоиши ин хунхорҳо дар даҳҳо ҳадисҳои шарифи худ огоҳӣ додааст. Ва инчунин амирал мӯъминин Алӣ(р) дар замони ҳаёти худ аз пайдоиши ин гурӯҳи хунхори Доъиш ва аз нишонаҳои он хабар додааст.
Нуъайм ибни Ҳаммод, устоди Имом Бухорӣ дар китоби “Ал-фитан”-и худ аз Ҳазрати Алӣ (р) бо ривояти саҳеҳ ривоят мекунад; “замоне, ки парчамҳои сиёҳро дидед, аз ҷойи худ ҳаракат накунед (ба онҳо напайвандед ва онҳоро ҳамроҳӣ накунед), дастон ва пойҳои худро ҳаракат надиҳед (бо дастони худ бо онҳо байъат накунед,), сипас қавм ва одамҳои заъиф ва нотавоне (пушти ин парчам) зоҳир ва ошкор мешавад, ки дилашон мисли оҳан сахт ва сангин аст (бе раҳм ҳастанд), онҳо давлат ва ҳукумат доранд (Давлати Исломии Ироқ ва Шом) ба ягон аҳд ва паймоне пойбанд ва вафодор нестанд. Мардумро дар зоҳир ба Ҳақ даъват мекунанд, дар ҳоле ки худашон аҳли (аҳкоми) Ҳақ нестанд. Номҳояшон куня аст ва насабатҳояшон ба шаҳрҳо бар мегардад (мисле, ки имрӯз ҷанговарони гумроҳ дар Сурия исму насаби худро чунин иваз намудаанд: Абӯ Бакри бағдодӣ, Абӯ Ёсини Ҳарронӣ, Абӯ Ямомаи Дусарӣ, Абӯ Зиннати Либӣ, Абӯ Ҳафсаи Анборӣ, Абӯ Анаси Шомӣ, Абӯ Аюби Сумолӣ ва ҳо казо,). Инҳо дар миёни худашон ихтилоф пайдо мекунанд (ҳамчуноне, ки мо ин ихтилофҳоро мушоҳида мекунем), сипас Худованд ҳақро он гуна, ки мехоҳад ошкор мекунад”.
Дар ин ҳадиси шариф ҳазрати Алӣ (р) нӯҳ сифати Доъишиҳоро ишора кардааст ва ноҳақ будани онҳоро ба ҳамгон пешопеш гуфтааст, ки хулосаи он ба тартиби зер аст:
1. Доштани парчами сиёҳ.
2. Доштани давлат (воқеан рост аст, чун онҳо худашонро давлати исломӣ хондаанд ва халифаи худхонда доранд, ки ҳеҷ донишманде эътироф накардааст).
3. Аз шаҳрҳои гуногунанд (воқеан рост аст, чун онҳо аз дигар кишварҳо ҷамъ шудаанд. Муфтии Сурия эълом кард, ки онҳо аз 86 мамлакат ҷамъ шудаанд, аз ҷумла тоҷикҳои фиребхӯрда, ки тибқи гуфтаҳо ба 700 нафар расидаанд).
4. Ҳамааш аҳли куняанд (воқеан рост аст, чун ҳамаашон номҳояшонро ба номҳои араби иваз кардаанд, ба монанде, ки дар боло зикр намудем).
5. Доштани мӯйи баланд (воқеан рост аст, чун аксарияти онҳо бо мӯйи дарозу риши жӯлида, мисли яҳуд ҳастанд, ҳамчунон, ки дар суратҳо, дар ҳама ҷо мебинем).
6. Бераҳмӣ ва сангдилӣ (воқеан рост аст, аз инҳо одами бераҳм намешавад, чун фақат инсонро сар мебуранд, ҳатто сари кӯдаконро, ҳамчуноне, ки дар видиёҳо дидаем ва мебинем).
7. Ихтилофҳои дарунӣ доранд (воқеан рост аст, чун имрӯз дар ахбор мехонем, ки худашон бо худашон соз намегиранд ва рӯз ба рӯз як гуруҳ ва як халифаи нав мегиранд ва ё аз ҳам ҷудо мешаванд).
8. Ноҳақ будан ва гумроҳӣ (воқеан рост аст, чун корҳои онҳо тамоман бо Ислом ва рафтору дастури Паёмбар(с) созгор нест).
9. Шикаст хоҳанд хӯрд (воқеан рост аст, чун рӯз ба рӯз онҳо дар ҳоли шикаст ҳастанд, дар Сурия, ки шикаст хӯрданд ва андак қудрате, ки онҷо доранд, бо ҳимояти Туркия ва ИМА аст. Дар Ироқ низ ҳоли шикастхӯрдае доранд ва ҳукумати Ироқ заминҳои бо зулму зӯрӣ забтнамудаи онҳоро рӯз ба рӯз аз дасташон гирифта истодааст).
Дӯстони гироми! Ҳазрати Алӣ пас аз Паёмбар(с) босаводтарин одам дар рӯи замин буд. Инро худи саҳобаҳо ҳам гуфтаанд, худи Паёмбари гиромии Ислом ҳам ҳазрати Алиро дар ҳадиси машҳуре “дари илму дониш” хондааст. Яке аз ҷоҳое, ки ҳазрати Алӣ илми худашро ба хуби нишон додааст, дар ҳамин ҳадис аст. Шумо агар хусусиёт ва рафторҳои гурӯҳаки терористии Доъишро бидонед, ба хубӣ мефаҳмед, ки сад дар сад ин ҳадис бар онҳо нисбат дода шудааст. Он ҳазрат дар ин ҳадис сифатҳои ин гурӯҳаки терористиро чунон баён кардааст, ки гӯё онҳоро дидаву донистааст. Ин ҳам яке аз каромотҳои он ҷаноб буда, аз ин рӯст, ки сифати он ҷанобро Али каромуллоҳи ваҷҳаҳу(соҳибкаромот) гӯянд.
Таблиғоти Доъиш дар Тоҷикистон
Он чизе, ки давлатро метавонад ба қулаҳои баланд расонад ё ба харобиву нестӣ барад, ин итилоот аст. Телевизион, радио, рӯзнома ва шабакаи интернетӣ аст, ки бо ин восита ҳар ҳадаферо метавон пахш кард ва хулоса, ба натиҷае ҳам расид. Таблиғоти ғаразноки Доъиш дар кишвари мо бо ин равишҳои номбаршуда дар авҷ аст, ки мо ҳар якеро ошкоро тавзеҳ хоҳем дод.
Таблиғоти Доъиш аз тарафи шабакаи бо ном “Висоли ҳақ” гоми нахусти худро бо ёриву кӯмаки салафиҳои дар дохили Тоҷикистон буда гузошт. Ин шабака бо назарияи ваҳҳобия зеҳни ҳазорон ҷавони нодонро заҳролуд карда, онҳоро бар алайҳи ҳукуматдорон ва ҷанг дар Сурияро омода кард. Ва камтарин таъсираш ин шуд, ки имрӯз баъди шунидани ин барномаҳо ҷавони нодони тоҷик омода ба ҷанг алайҳи ҳукумати худ ва кофир шумурдани шиамазҳабону ҳукуматдорон ва раво донистани қатли онҳо шуданд.
Дигар роҳи таблиғот ба воситаи хабарнигорону рӯзноманигорони худ аст, ки инҳо аз рӯйи нодонӣ ҳар вақте хабареро пахш мекунанд, аз Доъиш ҳамчун хилофати исломӣ ва аз Сурия ҳамчун давлати исломӣ ном мебаранд, дар ҳоле, ки дар ҷаҳон ҳеҷ кас Абӯбакр ал Бағдодиро халифаи Ислом ва ҳудуди мардумонаш зери ранҷмондаи Сурияро давлати исломӣ напазируфтаанд. Ҷавони ноогоҳ вақте мешунаваду мехонад, ба зоҳири мавзӯъ мафтун мешавад.
Ва равиши таблиғотии дигари Доъиш ин аст, ки бо ишора ба шиъаёни тундгарои дастпарварди Инглистон мардумро омодаи бадбиниву душманӣ бар кулли шиъамазҳабон ва ҳукумати Эрон карданист. Ин равиши таблиғот аз тарафи пайравони Доъиш ба воситаи салафиҳои тоҷик аст, ки хеле ҳам бозори фитнаву тафриқаашон гарм аст. Ҳар нафари хатиб ва имоме, ки дар доншкадаҳои салафияи хориҷ таҳсил кардааст, дар масҷидҳо ошкор шиъаёнро ҳукми куфр дода, ба авом дар хусуси ҷанг алайҳи шиъаён ва “ҷиҳод” ба Сурия фатво содир мекунанд. Ва ҳар уламое ки шиъаро мусалмон донад ва ё бо шиъаён дар душманӣ набошад, дарҳол шиъаи кофираш мехонанд. Ҳамагон шоҳиданд, ки ҳар олиме аз ҳанафимазҳаб дар конфронсҳои ҷаҳонии бо ном “Ваҳдати Исломӣ” дар ҳолати салому алейк бо уламои шиъамазҳаб дар чашми дурбини аксбардорон афтодааст, расмаш дар навори шабакаҳои иҷтимоии интернет пайдо мешавад ва он олим ба унвони “шиъа” тӯҳмат зада мешавад. Гуноҳи он олими ҳанафимазҳаб ҳамин будааст, ки бо уламои шиъа салом кардаасту халос. Агар салом накунад, пас он конфронси ваҳдат чи мешавад? Чуноне, Хоҷа Ҳофиз сурудааст:
…Дар миёни чор дарё тахтабандам кардаӣ,
Боз мегӯӣ, ки доман тар макун, ҳушёр бош…
Яъне аз нигоҳи салафияи такфирӣ тамоми шиъамазҳаб ва коркунони ҳукумати Тоҷикистон кофир буда, қатли онҳоро “ҷиҳоди исломӣ” медонанд. Хулоса, кор ба ҷое расидааст, ки баъзе аз уламои ҳанафимазҳаби Тоҷикистон аз ифодаи номи кишвари Эрон дар забон ва кишвари исломӣ шинохтани он ва мардуми шиъамазҳабро мусалмон эътироф намудан метарсад, то бо унвони “шиъа” гирифтори тӯҳмат нашаванд. Дар ҳоле ки мо сунниҳои ҳанафимазҳаб ҳар касеро, ки Худову Паёмбару Қуръону Қибларо қабул кунад, мусалмонаш медонем. Ва инчунин метарсанд, уламои мо ъалайҳи Доъиши хунхор сухан гӯянд, то онҳоро тарафдори шиъаён ном набаранд.
Нишонаҳои “тоҷиксалафия”-и Доъишпараст инҳоянд:
Ҳар ҷавони дар хориҷи кишвар таҳсилдида дар мадрасаҳои бо ном суннимазҳаб, чи Зоҳидони Эрон ва чи Покистону кишварҳои арабнишин ин аст, ки фикру ақидаи онҳо бо ақоиди ботили салафия заҳролуд гаштааст. Ҳарчанд ин маконҳо худро суннимазҳаб ҳам гӯянд, аммо таҳти таъсири шадиди афкори салафияи дар асл ваҳобия қарор гирифтаанд, зеро ки ин мадрасаҳо аз ҷониби Арабистони Саъудӣ ва сарватмандони пайрави равияи ботили ваҳҳобия сарпарастӣ мешаванд. Бо таҳқиқоти дар ин замина анҷом дода, банда ба чунин хулоса расидам, ки суннии ҳанафимазҳаби ноб танҳо дар кишварҳои Осиёи Миёна мондаасту халос. Ва ин ҳам дар ҳоли заҳролуд шудан аст.
Афкори салафият чи аломат ва нишонаҳое дорад ва фарқи ҳанафияи ноб аз салафияи дар ниқоби ҳанафия буда чист?
Дақиқ чунин аст:
Ба Худованди Субҳон ҷисмият қоил шудан, ба монанди даст, пой, чашм, ҷову макон, андоза, гашту гузор ва ғайра, ки чунин ақида хилофи дини Ислом. Зеро Худованд бе мислу монанд ва ба маконе ниёз надорад.
Бидъату ҳаром донистани маросими чилу сол гирифтани азо, ҷашни мавлуди Паёмбар(с), бидъат донистани қироати Қуръон дар ҳақи майит, бидъат ва ҳаром донистани хондани Қуръон дар қабристон барои майит, бидъат донистани зиёрати аҳли қубур, нарафтан ба масҷиди бунёдшуда дар канори қабристон, зидият бо бардоштани даст дар ҳолати дуъо кардан, бидъат донистани пеши кас хестан ва салому зиёрат карданро, бидъат донистани шеъру шоирӣ, кофиру мушрик донистани шиъаёну сӯфиён, бидъат донистани пайравӣ ба мазҳаб, ҳаром донистани кор дар ҳукумати ғайриисломӣ, кофир донистани шахси бенамоз, шаробнӯш ва зиннокорро. Дар ҳоле ки дар шариъати Паёмбар(с) бенамозу шаробхӯру зинокор гунаҳгор дониста мешавад, на кофир. Ба монанди чунин фарқият боз садҳо фарқияти дигар доранд, ин салафиҳои такфирӣ, ки дар ин мақолаи кӯтоҳ ҷойи ғунҷониданаш нест. Ва он чизе, ки ба шаклу намудашон таалуқ дорад, ин аст, ки ҷавонони ришдарози бе муйи лаб, изорҳои кӯтоҳ мепӯшанд, намозхониашон мисли занҳост, ки дар ҳолати азон рост меистанд ва дар нияти намоз даст бар гӯш намебаранд ва дастонашонро ба ҷои дар зери ноф бастан, мисли равиши намози зан дар қафаси сина медоранд ва дар рукӯъ рафтан ба ҷои зонуҳо кафи дастонашонро дар замин мегузоранд ва баъди салом додани имом даст ба дуову тасбеҳу қироати Қуръону саловот фиристоданро қабул надошта, дарҳол бар болои сари намозгузорон бетартибонаву бе адабона гузашта, аз масҷид фориғ мешаванд, ё аз дур истода, даст ба дуо нишастагонро имову масхара мекунанд.
Ба Худо, ин равияи тафриқаандоз барномаи ҳадафманди душманони Ислом аст, ки бо дасти мусалмонони нодону камандеша амалӣ мешавад. Вагарна чи зарур аст, ки ту салафии изоркутоҳ бо чанд ҳаракати бофта аҳли илмро таҳқир куниву мо аз хатари ту ба ҷомеа иттилоъ диҳем.
Хайриддини Абдуллоҳ